Фараҳноз Юсуфализода, 

омӯзгори забони англисии

мактаби №6-и ноҳияи Исмоили Сомонии 

шаҳри Душанбе

Омӯзиши забони англисӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои инсонӣ яке аз василаҳои муҳими расидан ба донишҳои васеи муосир ва густариши ҷаҳонбинии инсон маҳсуб мешавад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки татбиқи он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар бомаром идома дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба насли ҷавон ҳидоят медиҳанд, барои ҳар як ҷавон, ба ғайр аз забони модарӣ, донистани ду забони хориҷӣ муҳим мебошад.  Наврасону ҷавонон низ ҳамарӯза кӯшиш менамоянд, ки дар пайравӣ аз фармудаҳои Сарвари маҳбуби кишварамон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ  бештар машғул шаванд. Вале ҳамарӯза шоҳид мешавем, ки иддае аз наврасону ҷавонон дар омӯзиши забони англисӣ ба танқисии зеҳнӣ мувоҷеҳ мешаванд. 

Ҳамчун омӯзгори забони англисӣ метавонам бигӯям, ки роҳи ягонаи таълими забони англисӣ вуҷуд надорад. Солҳои охир усулҳои гуногун ҷорӣ карда шудаанд, ки ҳар як омӯзгор вобаста ба шароити синф усули таълими забони англисиро интихоб мекунад. Ин усулҳо гуногунанд ва ҳар яке аз онҳо афзалиятҳову нуқсони худро доранд. Дар ин мақола мо беҳтарин усулҳои таълими забони англисиро аз Академияи Ровани Иёлоти Муттаҳидаи Америка (Rowan universiti) баррасӣ хоҳем кард. Шумо-омӯзгорони азиз, бо ҳар яки онҳо ошноӣ пайдо намуда, метавонед беҳтарин усули таълими забони англисиро бо дарназардошти таҷрибаву малакаи худ ва шароити мавҷуда интихоб кунед. 

 

                                                        Усули параллелӣ

Яке аз омилҳои муҳимми омӯзиши забони англисӣ ин таҳкими ҳама чаҳор малакаи забонӣ мебошад. Дар усули омехтаи параллелӣ, тавре ки аз номаш бармеояд, тамоми малакаҳои забони англисӣ, яъне, гӯш кардан, хондан, навиштан ва гуфтан дар баробарӣ ва ба таври омехта омӯхта мешаванд. Дар ин усул истифода бурдани забони тоҷикӣ ба миқдори кам ҷоиз аст.

Яке аз меъёрҳои муҳимми таълими забони англисӣ чандирӣ ва қобилияти мутобиқ шудан ба услубҳои гуногуни омӯзиши забони англисӣ мебошад. Донишомӯзон бо ҳама гуна услуби омӯзиш ва бо ҳар миқдори вақт барои омӯзиш бояд тавонанд худро ба дарсҳо ва пешрафт дар самти омӯхтани забони англисӣ мутобиқ кунанд.

Дигар меъёри муҳим дар интихоби беҳтарин усули таълими забони англисӣ доштани омӯзгори банақшагирӣ ва ҳамроҳ дар давраи омӯзишӣ мебошад. Омӯзгорон ва мураббиёни инфиродӣ забономӯзонро дар раванди таълим набояд танҳо гузоранд, балки дар паҳлуяшон буда, тамоми ниёзу мушкилиҳояшонро ҳал намоянд ва онҳоро ба омӯзиш ташвиқ кунанд. 

 

                                                         Усули мустақим

Дар усули мустақими омӯзиши забони англисӣ, ҳама таълим ба забони мавриди ҳадаф сурат мегирад, тарҷума ба забони модарии шумо дар дарс иҷозат дода намешавад ва диққати ҷиддӣ ба суханронӣ аст, на грамматика. Ин хусусиятҳо усули бевоситаи таълими забони англисиро ба як усули ба донишҷӯён нигаронидашуда табдил медиҳанд, ки солҳои охир хеле маъмул шудааст. Хатоҳое, ки ҳангоми суҳбат дар синф рух медиҳанд, ислоҳ карда мешаванд ва муаллимон дар ҷойи дуруст истифода бурдани калимаҳои англисиро таълим медиҳанд. Ин усул аксар вақт ҳангоми омӯзиши бархати (онлайн) забони англисӣ истифода мешавад, зеро бисёре аз мактабҳои виртуалии ESL аз муаллимон талаб мекунанд, ки ҳангоми дарс танҳо бо забони англисӣ ҳарф зананд.

Дар тафаккуру тасаввури умумии мардуми ҷаҳон донистани забони инглисӣ нишонаи саводнокист, аз ин рӯ, устодони муосир усулҳои гуногуну осони таълими забони англисиро ҷорӣ мекунанд, то ҳамаи афроде, ки дар ҳар сатҳе маҳорат дошта бошанд, ин забонро омӯзанд.

                   Шинос шудан бо шаклҳои гуногуни таълими забони англисӣ

 Омӯзиши забони дуюм барои ҳар як инсон мушкилоти худро дорад. Аксар вақт омӯзанда (таълимгиранда) наметавонад забони хориҷиро аз атрофиёнаш ёд гирад ва аз ин сабаб, хоҳиши омӯхтани ин забонро дар сар намепарварад. Барои ҷалби як нафар ба омӯхтан шумо бояд бо сабру таҳаммули зиёд ӯро ташвиқ намоед ва мунтазам таълим диҳед, то донишомӯз сидқан ба аз худ кардани ин забон камар бандад ва бидуни мушкилот бо забони англисӣ хонда, навишта ва гуфтугӯ карда тавонад.Забони англисӣ забони муштараки мардуми саросари ҷаҳон аст ва муаллимони забони англисӣ дар тӯли солҳо усулҳои таълимии худро барои қонеъ кардани ниёзҳои донишҷӯён тағйир додаанд.

Вақте ки мо номи синфро мешунавем, мо муҳитеро ба ёд меорем, ки муаллим дар назди тахта истода, ба 20-30 хонанда нуктаҳои муҳимми грамматикаи забони англисиро таълим медиҳад. Ҳарчанд ин усули таълим то солҳои пеш хеле маъмул буд, имрӯз корбурди он кам шудааст ва усулҳои дигар ҷойгузини он гардидаанд. Донишомӯзони имрӯза низ нисбат ба қабл каме дигар шудаанд ва барои ҷалби диққати онҳо бештар аз усулҳои эҷодӣ истифода бурдан лозим аст. Ташкили бозиҳо, муколамаҳо, саҳнаҳои хурде, ки дар онҳо муоширати ду ё се инсонро ифода намояд, аз усулҳои муассири омӯзонидани забони англисӣ мебошад. Бо ин тарз хонанда ё донишҷӯ аз усули маъмулии дарсгузарии мо дилтанг нашуда, бо шавқ калимаву ибораҳоро ҳифз мекунад ва тарзи истифодаи онҳоро дар амал таҷриба менамояд. 

Дар маҷмуъ, омӯзгорон метавонанд аз ҳар усули барои худашон ва барои донишомӯзонашон мувофиқ истифода намуда, забони англисиро барои шогирдон омӯзонанд. Ин усули озоди таълимӣ-таҷрибавӣ метавонад дар шароити синфхона, толори таълимӣ, китобхона, боғчаи мактаб, майдончаи варзишии мактаб, ошхонаи мактаб ва умуман, муҳити созгор барои хонандагон баргузор карда шавад. Зеро рушди технологияи иттилоотӣ вусъати маълумотро афзоиш дода, насли наврасро низ барои пайдо намудани маълумоти нав омода кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *