Муҳаммад ҲАСАНОВ,
сардори Маркази тестии коллеҷи
тиббии ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ

 

 

Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар. 
Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва суханронии пурмуҳтавояшон дар ин нишаст бори дигар ҳар яки мо, аҳли ҷомеа ва махсусан, кормандони соҳаи маорифи мамлакатро такон дод.
Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз назари худро доир ба онҳо кушоду равшан баён намоем ва моҳияти равандҳои номатлуби замони муосир – бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаю низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳоро, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, умқан дарк намоем ва барои пешгирии таъсири онҳо кӯшиш намоем[1].
Муҳиммияти ин мулоқот дар он буд, ки Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таҳлили вазъи ташвишовари замони муосир ва омилҳои нигаронкунандаи он таъкид намуданд, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳама аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Пешвои муаззами миллат ба таъкид иброз доштанд, ки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳони муосир метавонанд, Ватан ва миллатро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд. Бинобар ин, ба таъкиди Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд. Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа мебошад» [1].
— Талаботи замони нав дигар аст. Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияи навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад, — тазаккур доданд Пешвои муаззами миллат.
Дар ҳақиқат ҳам, ин таъкидҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки хеле оқилона, дилсӯзона ва ояндабинона баён гардиданд, ҳар яки моро чун узви ҷомеа, махсусан, мо — аҳли маорифро боз ҳам бештар такон бояд диҳад, то дар иҷрои масъулиятҳои бар дӯш доштаамон бештару беҳтар талош намоем ва вазифаҳои касбии худро содиқона анҷом диҳем. Хушбахтона, дар ин самт ташаббусҳои ҷолиб ҳастанд, ки “яке aз сaмтҳои нaвовaрии низоми тaълим ин тaтбиқи технологияи мултимедиa бa ҳисоб мерaвaд, ки он яке aз сaмтҳои пешрaфтаи иттилоотонии рaвaнди тaълим мебошaд. Дaр шaроити имрӯзa бaрои бaлaнд бaрдоштaни сифaти тaҳсилот истифодaи технологияҳои информaтсионии нaв ногузир aст. Истифодaи технологияи чандрасонаӣ дaр ҷaрaёни тaълим барои сайқали ҷaҳонбинии хонaндaгон вa бaлaнд бaрдоштани сaтҳи дониш саводнокии онҳо кумaк мерaсонaд. Гузaронидaни дaрс бо истифодaи технологияи чандрасонаӣ, пеш aз ҳaмa, ҳaвaсмaнд шудaни хонaндaгон бaрои омӯзиши предмет вa фaъолнокии онҳо дaр дaрс мебошaд. Ин имкони ҷaлби диққaти хонaндaгон вa фaъолнокии онҳо, мустaқилонa фикр кaрдaн вa дaр ниҳоят инкишофи шaхсияти хонaндaгон мебошaд”[4].
Ман ҳамчун омӯзгори информатика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз таҷрибаи омӯзгории худ мегӯям, ки таваҷҷуҳи нав- расону ҷавонон ба фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ аз муҳити оила сарчашма гирифта, баъдан дар муҳитҳои васеътари дигар инкишоф меёбад. Масалан, дар вуҷуди кӯдакон бедор намудани ҳисси кунҷковии огоҳона, таваҷҷуҳ ба асли мавҷудияти воситаву таҷҳизоти техникӣ, водор намудан ба он ки ӯ низ метавонад, дорои қобилияти эҷодкорию ихтироъкорӣ бошад, аз муҳити хонавода сарчашма мегирад.
Барои мисол, барои кӯдакон фаҳмонидани он, ки ҳамин дастгоҳҳои техникие, ки мо дорем, ихтирои як нафар инсон аст ва ӯ низ имкон дорад, ки аз уҳдаи чунин амал барояд, метавонад зеҳни кӯдакро ба самти хубе равона созад. Мо одат кардаем, ки ба ҳар як дастоварди техникию технологие, ки ба кишвари мо ворид мегардад, ҳамчун як рӯйдоди маъмулӣ муносибат намоем ва ҳамин тарзи муносибатро кӯдакону наврасони мо низ идома медиҳанд ва гумон мекунанд, ки минбаъд низ ҳамин тавр идома хоҳад ёфт, яъне, навгониҳо аз берун ворид мешаванд ва мо аз онҳо истифода мебарем.
Аммо ба назари мо, набояд ин тавр бошад. Парваридани ҳисси кунҷковии огоҳона, ки гуфтем, ҳамин аст, ки барои кӯдакону наврасон ин дастовардҳои навини техникиву технологӣ на рӯйдоди маъмулии ҳаёт, балки ҷолиб бошад. Онҳо бояд таваҷҷуҳ кунанд, ки дигарон чӣ гуна ба ин дастовард ноил шудаанд ва чӣ бояд кард, ки мо низ чизе бунёд ё ихтироъ намоем. Баъдан чунин тарзи муносибати огоҳона, ки ба як равиши муайян даромад, зарур аст, ки дар зинаи дигари таълиму тарбия – муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома ёбад, яъне, акнун омӯзгоронро лозим аст, ки чунин тарзи тафаккурро дар зеҳни кӯдакон завқ диҳанд ва ба онҳо фаҳмонанд, ки барои даст ёфтан ба комёбиҳои эҷодии техникӣ бояд аввал заминагузорӣ кард ва ин замина омӯзиши дурусту ҳамаҷонибаи фанҳои дақиқ мебошад. Ҳамин тавр, зеҳни кӯдакон ба омӯзиш ва барои пурра аз бар намудани илмҳои дақиқ аз нигоҳи равонӣ омода мешавад, яъне, онҳо зарурати омӯзишро хуб дарк менамоянд ва огоҳона ба ин самт мераванд.
Ин воқеиятро ҳамагон медонанд, ки омӯзиши фанҳои дақиқ нисбат ба фанҳои гуманитарӣ мураккабтар аст, аммо вақте аз нигоҳи равонӣ зарурати чунин омӯзиш ҳамчун тақозои ҳаёти минбаъда дарк мешавад, аз бар намудани он ҳам ҳамчун мароми ҳаёт ба як рафтори муқаррарии ҳамарӯза табдил меёбад ва ҳамин тавр, ба зина ба зина ташаккул меёбад.
Ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба ин раванд мусоидат мекунад, зеро “тафриқавӣ ва фардӣ шудани ҷараёни таълиму тарбия бо дарназардошти хусусиятҳои фардӣ ва синнусолии хонандагон, сатҳи омодагӣ, лаёқат, талабот ва шавқу рағбати онҳо; дигаргун шудани фаъолияти омӯзишии хонандагон аз ҳисоби афзудани мустақилияти онҳо ва ҷанбаи ҷусторӣ касб кардани он; ҳавасманд кардани хонандагон ба худтакмилдиҳӣ ва худомӯзӣ; омӯзиши таълими ҳамгирои фанҳо, падидаҳо ва воқеаҳо, тавсеаи робитаи байни фанҳо дар таълим; ба роҳ мондани шакли ғайримаъмули ҷараёни таълим, таъмини зудҳаракатӣ ва чандирӣ, таҷдиди мунтазам ва босуръати он натиҷаҳои дилхоҳ хоҳад дод” [5].
Ба он хотир дар бораи чунин раванди парвариши ҳисси таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ изҳори назар кардем, ки аз таҷрибаи худ чунин ҳолатро мушоҳида намудем. Яъне, мутаассифона, дар фаъолияти амалиям дар коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки баъзе шогирдон интихоби огоҳона ва устувор надоранд, дар соҳае, ки барои таҳсил омадаанд, чун шахсони тасодуфӣ ба назар мерасанд, ҳол он ки набояд чунин бошад. Ҳамчун омӯзгор андеша дорам, ки имрӯз дар кишвари мо барои амалӣ намудани ин раванд тамоми шароит муҳайё мебошад ва аз илмомӯз танҳо талошу кӯшиш мебояд. Масалан, сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадобири давлат дар соҳаи маориф аст, ки дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2003, таҳти № 1174 (3) ба тасвиб расидааст, инчунин, дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд [2].
Инчунин, интиҳои соли 2019 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуданд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат дар кушодани роҳҳо ва имкониятҳои нави раванди камолоти насли наврас дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, ихтироъкориву навоварӣ, ба омодаву рақобатпазир ва боз ҳам баланд шудани сатҳи фарҳанги техникии шаҳрвандони кишвар нисбат ба динамикаи ҷаҳони имрӯзаи иттилоотӣ такон бахшида истодааст.
Ин ташаббус ҳар яки моро водор месозад, то бори дигар барои худ амиқан дарк намоем, ки дар замони муосир яке аз самтҳои калидии пешравии кишварҳои ҷаҳон – рушди раванди таҳқиқот ва таълим дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад, зеро таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки илмҳои мазкур ҳамчун асоси дастовардҳои инноватсионии кишварҳои ҷаҳон ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандони онҳо мавқеи марказӣ ва аслии хешро ишғол намуда истодаанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии пурмуҳтавояшон дар мулоқоти мазкур бо мисолҳои возеҳ аз солҳои қабл иброз намуданд, ки вазъи замон дар шароити бемории фарогири Ковид гувоҳи он буд, ки набояд ба умеди дигарон шуд. Яъне, танҳо умед бастан ба он, ки ҳама навгониҳо, ҳама пешравиҳо ба мо аз хориҷи кишвар ворид мешаванд ва мо аз онҳо истифода мебарем, яъне, ба заминагузорӣ ва ихтироъкориҳо чандон зарурат нест, чун харидорӣ кардани онҳо осонтар аст, метавонад фикри ботиле бошад, ки воқеияти ҳамон солҳо гувоҳи ҳол мебошад.
Бо дарназардошти ин ҳама, ҳамчун омӯзгори информатика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аллакай зинаи сеюми таълиму тарбия ба шумор меравад, чунин назар дорам, ки мо-омӯзгорон ҳам худро масъул медонем, то дар замири шогирдон ҳисси ихтироъкориро парвариш диҳем. Мо бояд донем, ки «асосҳои назариявии информатикаро гурӯҳи илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ташкил менамоянд, ки онҳоро дар як сатҳ ҳам ба математика ва ҳам ба кибернетика мансуб донистан мумкин аст: назарияи иттилоот, назарияи алгоритмҳо, мантиқи математикӣ, назарияи забонҳои шак-лӣ ва грамматикӣ, таҳлили комбинаторӣ ва ғайра. Ба ғайр аз ин, информатика ба омӯзиши архитектураи компютер, системаҳои амалиётӣ, назарияи пойгоҳи додаҳо, технологияи барномарезӣ ва дигар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ машғул аст»[3].
Шароити имрӯзи замон гувоҳи он аст, ки заминаи ҳама кашфиёти дигар маҳз дастовардҳои электронӣ мебошанд. Яъне, агар вобаста ба тахассуси худи мо, ки аз муҳимтарин фанҳои замони муосир ба шумор меравад, изҳори назар кунем, чунин ба мушоҳида мерасад, ки сохтани барномаҳои гуногуни компютерӣ ҳам кашфиёту дастовард дониста мешаванд. Аммо бояд донем, ки барномасозӣ ҳам замина мехоҳад ва заминаи нахустин омӯзиши ҳамаҷонибаи нозукиҳои техникиву технологии компютер аст. Бояд қайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика аз як фанни техникӣ дар бораи усулҳо ва воситаҳои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор ба илми бунёдӣ дар бораи иттилоот ва равандҳои иттилоотии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфта тавонист. Сабаби асосии ба чунин музаффариятҳо ноил гаштани илми информатика ба раванди бебозгашти саросар иттилоотонӣ гаштани ҷомеа вобаста аст, ки он як шакли зуҳуроти қонуни умумии инкишофи башарият аст. Иттилоотонии ҷомеа бо худ таҳаввулоти илмию техникӣ ва иқтисодию иҷтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ ҳаёту фаъолият ва тафаккуру арзишҳои инсониро дигаргун месозад[3].
Хушбахтона, чунин имкониятҳо, ки ба иттилоотонии ҷомеа мусоидат менамоянд, дар кишвари мо вуҷуд доранд, танҳо талошу кӯшишу заҳмат мебояд, ки гумон мекунам, пас аз ин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳар яки мо дучанд мегардад.
                                                                Адабиёт:
1. Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар [Манбаи электронӣ: http://president.tj/node/32921. Санаи истифодабарӣ: 01.04.2024]
2. Государственная стратегия «Информационно-коммуникационные технологии для развития Республики Таджикистан», принятая Указом Президента РТ от 5 ноября 2003 года, №1174. Национальная стратегия развития образования Республики Таджикистан на 2006-2015 г.г. — Душанбе: Матбуот, 2007. — 81 с.
3. Комилов Д., Шарапов Ф., Раҳмонов З. Технологияи иттилоотӣ (китоби дарсӣ). – Душанбе, 2014. – 200 саҳ.
4. Ғаюров Ҳ., Муродов М. Тaтбиқи технологияи чандрасонаӣ барои бaлaнд бaрдоштaни сифaти тaҳсилот дaр муaссисaҳои миёнaи умумӣ // Номаи Донишгоҳ (Паёми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд). – Хуҷанд, 2019. — №2(59). – С.136-142
5. Шарофов Ш., Аҳмадова С. Баъзе ҷанбаъҳои илмию протсессуалии иттилоотонии соҳаи маориф // Номаи Донишгоҳ (Паёми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд). – Хуҷанд, 2015.- №4(45). – С.254-257.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *