Тарҷумаи Ризои БАҲРОМЗОД,
номзади илмҳои физика ва математика
Бо шунидани батакрори андешае, ки омӯзгорро метавон бе мушкилӣ бо телевизор ё ком- пютер иваз кард, ҳар бор ба фикр фурӯ меравам, ки омӯзгор дар мактаб ё устод дар донишгоҳ (сухан сари ҳардуяшон меравад, ҳарчанд ба тарзи гуногун) чӣ нақши нодирро мебозанд. Албатта, маълум аст, ки лексияи мунтазами бе робитаи баръаксро барои донишҷӯён метавон ба тамошои видео иваз кард. Хусусан, лексияи омӯзгори олидараҷаро як бор ва бо сифати баланд сабт кардан кифоя аст. Ҳатто, санҷиши дониш низ дар платформаҳои ададӣ имконпа- зир аст. Аз ин ҷост, ки суханҳои батакрорро дар бораи “микромаориф”, гузариш аз низоми омӯзишии анъанавӣ ба омӯзиши иловагии касбии фосилавӣ ва ғайраро мешунавем, вале инҷо ногуфтаҳое ниҳон аст. Масалан, далели равшане мавҷуд аст, ки аксари шунавандагони курсҳои онлайнӣ (аз ҷумла, онҳое, ки пулакӣ ҳастанд ё таҳти назорати мудирон мегузаранд) то охир таҳсил намекунанд: ҳарчанд омори дақиқ нест, вале мувофиқи маълумоти гуногун танҳо аз 10 то 50 дарсади онҳо то охир таҳсил мекунанд. Дар мавриди омӯзиши малакаҳои алоҳида неву таҳсили комили низомманди фанни ҷиддӣ (ба мисли қисматҳои математика ё физика дар сатҳи донишгоҳӣ) гӯем, бе иштироки омӯзгор, тибқи мушоҳидаҳои шахсӣ танҳо як гурӯҳи ангуштшумор то охир мераванду халос. Дар мавриди таҳсилоти комили олӣ бошад, ҳатто, ҳоҷати фикр кардан нест.
Маҳз барои ҳамин ҳам, ба таври баҳсбарангез чунин хулоса кардам: нақши омӯзгор дар вазъияти имрӯза ин мубориза бо танбалии хонанда ё донишҷӯ (ба маънои васеи ин вожаҳо) аст. Одат кунонидан ба интизом ва ҳавасманднамоӣ аст ва танҳо дар навбати дуюм расонидани маълумот ё додани вазифа аст, зеро маълумотро дар Гугл ҷустуҷӯ кардан имкон дорад, вале ангезаву мотиватсияро не. Аз ин рӯ, мубориза бо танбалӣ аз омӯзгор неруи ахлоқию равонии на камтар аз омода ва пешниҳод кардани маводи дарсиро талаб мекунад.
Танбалӣ шаклҳои гуногун дорад. Масалан, ҳангоми хондани китоби дарсӣ ё сабтҳои хаттии лексия, одат дорем, ки сарамонро ҷунбонида, “ин фаҳмо аст” гӯем, вале, дар асл шояд умуман нафаҳмем, ки чаро маҳз “А” боиси “Б” мегардад, пас ин донишро наметавонем ба таври дуруст истифода барем, дертар бошад, ҳатто, онро такрор карда наметавонем. Мағзи сари инсон танбалӣ карда, сели иттилоотро бозмедорад ва мустақилона фикр намекунад. Нақши омӯзгор дар он аст, ки гум шудани фаҳмиши хонандаро на аз нуқтаи назари он, балки тавассути мушоҳидаи реаксияи он ба саволҳои санҷишӣ ё худи маводи дарсӣ назорат кунад. Бо тарзи дигар, хонанда (донишҷӯ) на ҳамеша дарк карда метавонад, ки иттилооти ба таври мантиқӣ сохторбандишударо аз худ кардааст ё на.
Танбалӣ метавонад одӣ бошад, яъне, замоне, ки омода кардани дарсҳоро ба ақиб партоем, вазифаҳоро иҷро накунем, лексияро такрор нанамоем ва ғайра. Ин ҷо нақши интизомдиҳандаи омӯзгор бармало аст: ӯ шахсест, ки муҳлат мегузорад, месанҷад, хотиррасон мекунад ва дар интиҳо баҳо мегузорад. Ҳолатҳои нозуки гум шудани ҳавасмандӣ низ мавҷуданд: масалан, дар дохили дилхоҳ курси ҷиддӣ қисматҳо ё мавзуъҳое ҳастанд, ки ҳангоми омӯхтанашон бо норозигӣ мегӯем: “Ин ба мо барои чӣ лозим аст?”. Ин гуна руҳафтодагиро танҳо устоди хуб метавонад бартараф кунад: бо далелҳо, бо ҳазлу шӯхӣ, ҳатто бо берун шудан аз барномаи таълимӣ ё фаҳмонидани мавзуъҳои оянда.
Аз як тараф, гуфтаҳои боло чун гузориш аз боғчаи кӯдакон менамояд, махсусан, ҳангоми дар назар доштани ашхоси калонсоле, ки ба таҳсил машғуланд. Ба назар чунин мерасад, шахсе, ки барои дохил шудан ба донишгоҳ қарор қабул кардааст ё аллакай таҳсил мекунад, ин интихоби ӯст ва барои овардани далели тан- балӣ зарурат набояд бошад. Барои хондан, ки омадӣ-бихон! Вале бояд фарқи мотиватсия (ҳавасмандӣ)-и глобалиро дар сатҳи стратегӣ ва минтақавӣ ҷудо кунем: дар умум, шахсе табиб шудан мехоҳад, вале дар як лаҳзаи муайян мехоҳад, ки бо дӯстонаш ба назди соҳил равад, на дар маҳдудаи чаҳор девор истода, анатомияро аз худ кунад.
Беҳуда нест, онҳое, ки англисӣ омӯхтан мехоҳанд, новобаста ба синну сол ба назди омӯзгор меоянд, ҳол он ки интернети беинтиҳо ва онҳое, ки забони модариашон англисӣ аст, дастраси шумост ва он ҳам комилан ройгон. Ҳатто, курсҳои низомманд низ хеле зиёд ҳастанд, вале ба назар мерасад, ки шахсе зарур аст, ки шуморо барои бе баҳонаҷӯйӣ дар соати расо 19:30 ба сари дарс нишастан маҷбур кунад.
Манбаъ: интернет
Р. S. Иловаи тарҷумон ба андешаҳои муаллифи матн:
Дар замони муосири иттилоотӣ, ки воситаҳои технологии ҳуши маснуӣ ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти инсонӣ ворид шуда истодаанд, зарурати дарки дурусти соҳаи истифодаи онҳо ва имкониятҳои ин технологияҳо мавҷуд аст. Яке аз самтҳое, ки истифодаи ҳуши маснуӣ як масъалаи баҳсбарангез аст, ин соҳаи омӯзишу парвариш, яъне, маориф мебошад. Ба андешаи банда, ҳуши маснуӣ бояд чун ёвари омӯзгор дар таҳияи барномаҳои дарсӣ, чун маводи аёнӣ ва як василаи осонсозии фаъолияти пурмашаққати омӯзгор дида шавад, на ҳамчун ивазкунандаи он. Зеро омӯзгор-инсон якчанд хусусият дорад, ки ҳанӯз ҳуши маснуӣ аз уҳдаи иҷрои он баромада наметавонад:
1. Масъулияти тарбияи шахсият
Маҳз омӯзгор метавонад бо нишон додани рафтору кирдори намунавӣ барои хонанда ва донишҷӯ идеал бошаду барои сохтани шахсият мусоидат кунад. Ҳуши маснуӣ ҳарчанд, ки ба саволҳои зиёд ҷавоб дода, манбаи маълумоти беинтиҳо буда метавонад, вале масъулияти тарбияи инсон ва шахсиятро бар дӯш гирифта наметавонад, зеро дар ҳоли ҳозир дар аксари маврид фаъолияти ҳуши маснуӣ пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Омӯзгор бошад хислати шогирдонро шакл медиҳад, тарзи муносибат бо дигаронро меомӯзонад ва маҳоратҳои иртиботиро сайқал дода, одатҳои худтакмилдиҳиро тарғиб мекунад.
2. Муоширати зинда ва қаробати эҳсосӣ
Азбаски ҳуши маснуӣ эҳсоси инсонро ба таври воқеӣ дарк намекунаду танҳо дар асоси алгоритмҳои муайян баҳо медиҳад, суҳбати зиндаи омӯзгор, дилсӯзии ӯ, эҳсоси самимӣ ва табиӣ ба хонандагон таъсири дигар мерасонад, ки суҳбатҳои ҳуши маснуӣ ҷойи онро гирифта наметавонад.
3. Назорати истифодаи қобилиятҳои ақлонӣ
Имрӯз, ки хонандагону донишҷӯён ба осонӣ метавонанд, аз василаҳои гуногуни ҳуши маснуӣ барои ҳалли вазифаи хонагӣ, навиштани корҳои курсиву дипломӣ ё ёфтани ҷавоб ба саволҳо истифода мебаранд, мағзи сари шахс “танбал” гардида, кӯшиш мекунад, ки ҳамеша ҷавобҳои омода ёбад ва худаш мустақилона барои ҳалли масъалаҳои мураккаб машғул набошад. Маҳз омӯзгор бо назорати хонандагону донишҷӯён онҳоро маҷбур месозад, ки аз ҳуши табиии худ истифода карда, бо омӯзиш онро рушд диҳанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода баранд.
4. Фаъолияти инфиродӣ
Ҳуши маснуӣ на ҳамеша метавонад, қобилияту имконият ва эҳсоси шахсро ба назар гирифта, бо ӯ ба таври инфиродӣ кор кунад. Ин нақшро танҳо омӯзгор иҷро карда метавонад. Омӯзгор метавонад, ки ҷанбаҳои пурзӯр ва заъфи шогирдашро бубинад, суръати азхудкунии маводро муайян кунад ва вобаста ба ин, тарзи дарсгузарӣ, сатҳи душвории масъалаҳо ва ё умуман, усули таълимро иваз кунад. Маҳз чунин тарзи фаъолияти инфиродӣ барои расидан ба ҳадаф мусоидат мекунад.
5. Сабабҳои зиёди дигаре ҳам ҳастанд, ки зикри онҳоро ин ҷо зарур намедонем ва ҳар як омӯзгор метавонад онҳоро мустақилона барои худаш муайян кунад. Ҳамчунин, хонандагони маҷалла метавонанд дар ин бобат андешаҳои худро иброз намоянд ва як додугирифти густурдаи андешаҳо дар атрофи мавзуи баррасишаванда сурат гирад.