Баҳром ШАРАФЗОДА,
муовини раиси шаҳри Роғун
Илму дониш дар вусъати тафаккури солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар баён доштанд: “Аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд”.
Дар масъалаи афзалияти илму маърифат дар пешрафти ҷомеаи инсонӣ, ба андешаи файласуфи бузурги Юнони бостонӣ Арасту зинаҳои ташаккули дониш, яъне, дарки эҳсос, таҷриба, санъат ва илм, ки зинаи сеюми ташаккули дониш мебошад, ба ҳисоб меравад. Арасту дар замони худ ташаккули маърифати инсониро ба зинаҳои муайян ҷудо карда, онро дар рафти омӯзиши пайвастаи донишҳо дар раванди ҷомеаи иҷтимоию фарҳангӣ асоснок кардааст. Санъат дар ин ҷо ба андешаи мутафаккир, ин санъати тасвирӣ ё зебоинигорӣ набуда, балки ин як зинаи такомули маърифат мебошад, ки аз таҷриба бармеояд.
Ҷойгоҳи илм дар ин тақсимбандӣ мақоми олиро ишғол карда, барои ташаккули маърифати шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ташаккули низоми педагогӣ дар таҳрики маърифати ҷомеаи иҷтимоию фарҳангӣ аз аҳаммияти махсус бархӯрдор аст. Дар натиҷаи таҳлилу омӯзиши мунтазами худ Арасту ақидаи дигареро низ баён доштааст: “Кӯшиши инсон баҳри дониш ва маърифат ин хислати модарзодии ӯ мебошад”. Яъне, ҳар як инсон дорои ақлу шуур буда, дар ниҳоди он унсурҳои ташаккули маърифати инсонӣ, ба монанди эҳсосу идрок, таҷриба ва санъати дониш мавҷуд мебошад.
Ташаккули ҷомеаи иҷтимоӣ-маданӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвари соҳибистиқлоли мо, аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, дар ин самт як зумра барномаҳои мушаххас қабул карда шудаанд, ки яке аз онҳо ин “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои оянда, беҳтар кардани шароити иҷтимоии аҳолӣ, рушди низоми иқтисоди миллӣ ва ҳамбастагию алоқамандии илму маориф ба истеҳсолот яке аз принсипҳои рушди дарозмуҳлати низоми маорифи кишвар мувофиқи стратегияи мазкур мебошад.
Ҷиҳати расидан ба ин мақсадҳо таҳким бахшидани низоми таълиму тарбия ва илму маориф дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёни умумӣ, махсус ва олии касбӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи кишвар, ки тибқи таҳлилҳои демографӣ аксарияти шумораи аҳолиро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, зарур мебошад. Ҳамзамон, дастгирии иҷтимоии мутахассисон ва ҳавасмандгардонии онҳо дар самти илму маориф ба такмили низоми маориф мусоидат менамояд.
Аз мушоҳидаҳои мунтазами ҳодисаҳо ва амалҳои инсонӣ субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ кӯшиш мекунад, ки қонуниятро дарёбад. Самти инкишофи воқеияти иҷтимоиро маънидод намуда, дар бораи нодирии шароити таърихӣ муҳокима ронда, модели инкишофи иҷтимоиро метавонад пешниҳод созад. Субъекти иҷтимоӣ-гуманитарӣ хусусияти истифода кардани қобилияти баланди шуур, мантиқи мазмун ва далелноккунӣ ва инчунин, неруҳои бешууронаю ҷаҳонфаҳмии фаросатиро дорад. Маҳз дар соҳаи дониши иҷтимоӣ гуногунии шаклҳои дониш зоҳир шуда, бо ҳам алоқаманд мебошанд.
Агар барои субъекти маърифати иҷтимоӣ мақсаду арзишҳои ҳақиқатан гуманистӣ аҳаммияти калон дошта бошад, пас тафаккури ӯ низ самти созанда дорад ва ба шакли инсонӣ зиндагӣ намуда, равшанфикриро асос медонад. Яъне, образи олам, ки илмҳои гуманитарӣ меофаранд, бояд бо охирату қиёмат алоқаманд набошад, балки бо фаҳмиши зарурати таъмини тараққиёти аҳли олам саршор бошад. Ба дӯши олим-намояндаи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ вазифаи бузург вогузор шудааст. Ӯ дар амалигардонии назорати иҷтимоӣ дар соҳаҳои энергетикаи атомӣ, муҳандисии генӣ, таъсири психологӣ ва ғайра, ба сифати коршинос баромад мекунад. Илми гуманитарӣ вазифаи таъмини ахлоқияти илми муосирро пурра ба уҳдаи худ гирифтааст. Онҳо тарафдорони устуворгардии арзишҳои асили фарҳангӣ мебошанд, аҳаммияти эҳсосот, таассурот, эътиқод ва идеалҳоро дар ҳаёти инсон хуб мефаҳманд. Вале ба ақидаи файласуфони тоҷик Р. Комилов ва М. Назаров се модели асосии баёнкунандаи ҷараёни маърифати илмӣ мавҷуд аст: таҷрибагароӣ, назариягароӣ ва масъалагароӣ.
Агар хусусиятҳои илму донишро бо дарназардошти принсипҳои илмҳои таъриху ҷомеашиносӣ ташреҳ намоем, мебинем, ки аҳаммияти илм дар ин замон хеле бузург буда, он аз замони пешин ба куллӣ тафовут дорад. Дар ин асно, агар ба андешаи педагоги рус С. Смирнов назар намоем, мебинем, ки барои ташаккули тарбияи фардӣ дар низоми ҷомеаи мутамаддин принсипҳои анъанавии педагогиро ба инобат гирифта, иброз доштааст, ки агар то андозае ба ҳаёти маданӣ омода кардани шахс бо усули тарбияи педагогӣ бошад ва аз ҷониби дигар тарбияи инсонро вазифаи ҷамъяитӣ низ номида, дар ин радиф нақши ҷомеаро низ афзал донистааст. Вазифаҳои маорифро дар ҳар шакл ва дар ҳар низоми ҷомеа барои таълиму тарбияи фардӣ афзалият додааст. Агар ба таҳлил ва омӯзиши дигар назар намоем, он ҷо барои ташаккули мафкураи солимро дар зеҳни наврасону ҷавонон ба вуҷуд овардан нақши зиёиён нишон дода шудааст. Агар рушди техникӣ, технологӣ ва саноатикунонии мамлакат аз намояндагони илмҳои дақиқ вобаста бошад, рушди фикрӣ ва ташаккули мафкуравӣ аз намояндагони илмҳои ҷомеашиносӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина, муаллиф барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти илму маориф саҳми олимону донишмандон ва ҳамаи хидматчиёни давлатиро низ зарур мешуморад. Тибқи маълумот, имрӯзҳо беш аз 15 ҳазор навъи илм дар низоми ҷамъиятӣ мавҷуд буда, дар ҳаёти рӯзмарраи инсон васеъ истифода мешаванд ва ин шумора мунтазам дар ҳоли рушд аст.
Бо дарназардошти ворид шудани мамлакат ба марҳилаи нави пешрафт, яъне, давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаи илму маориф ва инноватсия давра ба давра афзоиш хоҳад ёфт. Гарчанде тамоюли мунтазам зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ ба рушди соҳаи илм мушоҳида гардад ҳам, аммо сифати иҷро ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудааст. Ин масъала дар таҳқиқоти Л.Ш. Ғаюров — “Боҳамалоқамандии илм ва маориф дар шароити Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)” арзёбӣ гардидааст. Аз ҷумла, қайд гардидааст, ки набудани ҳамоҳангии мавзуъҳои таҳқиқотӣ ба талаботи корхонаҳои саноатӣ ва вобаста ба ин, харидор пайдо накардани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ аз мушкилотест, ки солҳои зиёд боз арзи ҳастӣ мекунад.
Барои пайвастани таҳқиқоти илмӣ бо амалия ва ҷалби ҷавонон ба корҳои эҷодӣ метавон аз принсипи илмиятнокӣ дар таълим истифода кард. Вобаста ба пешрафти илму техника яке аз шартҳои ҳатмии азхуд кардани технологияи пешрафта аз ҷониби ҷавонон ин меҳнати эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар истеҳсолот ва принсипи пешбаранда мебошад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, комёб гардидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ба сатҳи рушди устувори соҳаи маориф вобастагӣ дорад. Дар ин радиф, гузариши маориф ба технологияи нави тараққиёти таълим ҳадафи асосӣ пазируфта мешавад. Ҳамзамон, гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим, дар замони тараққиёти илм омӯзгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усули замонавии таълим хонандагонро барои ҳалли ҳар гуна мушкилоти зиндагӣ омода намоянд, зеро ҷомеаи имрӯза аз мактабу маориф шогирдони дорои қобилияти ҳалли проблемаҳои мураккаби ҳаётиро тақозо мекунад.
Илму адабро мо бо роҳи ҷустуҷӯ ва омӯзиш тавассути раванди таҳсилот аз бар мекунем. Аввалин тафсири илмии маориф ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ба муҳаққиқи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм тааллуқ дорад. Равиши сотсиологии ӯ ба омӯзиши маориф беназир аст. Ӯ таъкид мекунад, ки таҳсилот бо дигар институтҳо, арзишҳо ва эътиқодҳои дар ҷомеа мавҷудбуда алоқаманд аст, бар замми ин системаи маорифро аз ҷомеа ҷудо кардан ғайриимкон аст.
Ҳоло зарур аст, ки дар амал татбиқ намудани дастовардҳои бесобиқаи илмӣ ва инноватсионии замони навро насли созандаи ватани азизамон омӯхтаю дарк намоянд. Дар раванди бархӯрди тамаддуни илмӣ ва дастовардҳои инноватсионӣ ба моделҳои кишварҳои пешрафтаи олам назар намоем, дар тараққиёти иқтисоди миллӣ ва тафаккури ҷомеаи онҳо мақоми илму маърифат ҷойгоҳи аввалро ишғол кардааст. Дар ин замина андешаи сиёсатшиноси тоҷик, профессор С. Ятимов чунин мебошад: “Миллатҳое, ки илму дониш фарогири аксарияти онҳо шуд, дар арсаи ҷаҳон тасаллут пайдо карданд. Аҳволи мардуми хешро беҳбуд бахшиданд. Зиндагии шоиста доранд. На танҳо истифодаи захираҳои табиии оламро ба манфиати худ ба роҳ мондаанд, балки ақли мардумони бегонаро ҳам мутеи худ гардонданд. Ва баръакс, дар ҷое, ки хурофот ва таассуб аксариятро фарогир шуд, зиёӣ дар ақаллият монд. Сарзамин бо мардумони содаву гумроҳу нодонбачаҳои худ абзори арзони бозиҳои аҷнабиён гардид”. Дар ин робита назари Френсис Бекон чунин аст: “Илм бояд ба ҳаёт ва ба амалия хизмат кунад ва ҳадафи он бояд бештар ба ҳукмронии инсон ба табиат нигаронида шуда бошад”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот, махсусан, баён доштанд: “Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла, ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст”.
Омӯзиши илму дониш наврасону ҷавононро аз таассубу ихтилоф, аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ ва омилҳои номатлуби ҷамъиятӣ эмин нигоҳ дошта, дар ташаккули ватандӯстӣ ва худшиносии миллии онҳо таъсири созгор мегузорад.
Адабиёт:
1. Таърихи фалсафа. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ҳайати муаллифон. Душанбе, “Собириён”. 2011. 231-233с.
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. Нашриёти “Ганҷ” 2016. 4с.
3. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Душанбе, 2016. 48с.
4. Философия науки.под ред. С. Лебедова: Учебное пособие для вузов. М.:Академический Проект. 2005. 40-46с.
5. Комилов Р.С., Назаров М.А. Фалсафаи илм. Душанбе. “Ирфон”. 2008. 18с
6. Смирнов С. Д. Педагогика и психология высшего образование. Учебное пособие. 12с.
7. Муносибатҳои байналмилалӣ ва ам-ният. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. №1(5) 2023. Душанбе-2023. 57-61с.
8. Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. Паёми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. №1(81) 2023, Душанбе-2023. 210-221с.
9. Ғаюров Л.Ш. Автореферат. Боҳамало-қамандии илм ва маориф дар шароити Истиқлоли давлатии Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ). Душанбе-2023. 18с.
10. Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илм-ҳои педагогӣ ва психологӣ. Нашрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. №1(15) 2023. Душанбе.2023. 30с.
11. Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Бахшида ба 27-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. №4(29) 2018. 79-80с.
12. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. №7.2022. Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума. Душанбе-2022. 119-120с.
13. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 21.12.2021.13:10, шаҳри Душанбе:http://www.prezident.tj.
14. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди 1.-Душанбе “Фасл-4”. 2021. 318-319с.
15. Ятимов С. С. Дунявият ва амният. Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният. 2022. №2 (2)-18-37с.
16. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар. ш. Душанбе, 9 марти соли 2024. 48-51с.
17. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди 2.-Душанбе, “Фасл-4”. 2021. 420-421с.