Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

Б. ҲАЙДАРОВ,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Феълан тарбияи фикрӣ яке аз муҳимтарин омили асосии мактаби муосир буда, дар рушди сармояи инсонӣ нақши муассир дорад. Он бояд дар хонандагон майлу хоҳиши донишандӯзӣ, қобилияти эҷодкорӣ, инкишофи зеҳнӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва малакаю маҳоратро эҳё карда тавонад. Тарбияи фикрӣ дар раванди таълим ба амал меояд. Яъне, дарси муосир аз омӯзгор тақозо дорад, ки аз равишҳои якрангу якнавохт ва усулҳои бесуди дилгиркунанда даст кашида, аз усули ҳамкорӣ (интерактивӣ) ва муносибати босалоҳият ба таълим пайваста истифода барад. Ҳангоми таълим омӯзгор барои хонанда муҳити эҷодӣ, тадқиқотӣ ва ҷустуҷӯйӣ фароҳам оварда тавонад.
 Дар шароити муосир тарбияи фикриро чӣ тавр ташкил кардан мумкин аст? Агар:
— хонанда дар муҳити эҷодӣ бошад;
— муҳити ӯро шахсони бофарҳангу кунҷков иҳота карда бошанд;
— омӯзгор неруи интеллектуалии хонандагонро ба кашф ва бозёфти донишҳои нав равона карда тавонад;
— дар ҳар як дарс омӯзгор ба тарбияи фикрӣ таваҷҷуҳи хосса диҳад;
— хонанда тавонад, ки ба дарёфти дониши нав, комёбии нав ноил гардад ва онро дар шароити дигар, бо тарзи дигар истифода бурда тавонаду эҷодкору ихтироъкор бошад.
 Дар ҷаҳонишавии тамаддунҳо, инкишофи рӯзафзуни илму техника ҳар як омӯзгор бояд инкишофдиҳандаи ақлу тафаккур ва рушддиҳандаи қобилияти зеҳнии хонанда бошад. Тарбияи фикрӣ худ аз худ пайдо намешавад, балки дар натиҷаи ҷустуҷӯи эҷодии омӯзгор, истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва саволҳои ташаккулдиҳандаи неруи ақлонию зеҳнӣ ва проблемагузорӣ пайдо мешавад. Яъне, омӯзгор бояд аз усулҳои ҳавасмандгардонӣ, рушди фаъолияти эҷодӣ, ташаккули малакаю маҳорат, тадқиқотӣ, водорсозӣ, татбиқкунӣ ва хулосабарорӣ истифода барад. Истифодаи ин усулҳои таълим дарсро бою рангин гардонида, дар инкишофи фаъолияти фикрии хонанда, ҷалби диққат ва ангезиши зеҳну хотираи вай мусоидат карда метавонад.
Омӯзгор хонандаро бояд ба он водор созад, ки вай фикр кунад, ҳалли масъалаи ба миёнгузоштаро дарёбад. Ақидаашро иброз намояд, бигузор он ҳалли ниҳоии масъала низ набошад.
Рушди неруи зеҳнӣ дар раванди таълим ҳамон вақт ба амал бароварда мешавад, ки агар омӯзгор:
— дар ҷараёни дарс вазъияти ҷустуҷӯйиро ба вуҷуд оварда тавонад;
— қобилияти фикрии хонандагонро инкишоф дода тавонад;
— шавқу ҳаваси хонандагонро ба донишандӯзӣ, ҷустуҷӯйи эҷодӣ бедор намояд;
— майлу хоҳиш ва рағбату таваҷҷуҳи онҳоро ба илмомӯзӣ афзун намояд;
— малакаҳои фикрронӣ, хулосабарорӣ, таҳлилу натиҷагирии хонандагонро ташаккул диҳад;
— шогирдон донишу андешаҳои якдигарро амиқ таҳлил карда, аз он хулосаи дақиқ бароварда тавонанд. 
Дар натиҷа, хонандагон ба ҳодиса ва воқеаҳои атроф, амалиёти қаҳрамонони асари бадеӣ воқеъбинона ва эҷодкорона баҳо дода, дониши назариявиро дар амалия татбиқ карда, хулосаҳои асосноки илмӣ бароварда метавонанд.
Мусаллам аст, ки дониста исбот кардан ва бо далелҳо собит карда тавонистан аз хонанда дониши мукаммал ва ҷаҳонбинии васеъро тақозо дорад. Хонанда барои исботи фикраш далел оварда тавонад. Далели овардааш ҷанбаи илмӣ бояд дошта бошад. Ҳангоми нақли мавзуъ ба ҷиҳатҳои ҷузъӣ, чизҳои майдаву хурд аҳаммият надода, балки ба ҳодисаю воқеаҳои муҳимми он таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва бо дарки маънӣ хулосаи мантиқӣ бароварда тавонад. Матнҳои хурд-хурдро такмил ва тағйир диҳад. Яъне, хонанда донишҳои мавҷудаи худро бо маълумоти ҷадид ва илман асоснок ғанӣ гардонад ва он донишу маълумоти ба даст овардаашро ба низом дароварда, дар ҳаёт татбиқ карда тавонад. 
Омӯзгор ба он кӯшад, ки шогирдаш аз хулосабарориҳои индуктивӣ (аз ҷузъ ба кулл) ва дидуктивӣ (аз кулл ба ҷузъ) истифода барад. Зеро ин усули таълим имкон медиҳад, ки хонанда фикр кунад, андеша ронад ва эҷод намояд. Нутқ, зеҳн, қобилият, малака ва маҳораташро такмил диҳад. Баҳри ба ин ҳадафҳо ноил шудан омӯзгорро мебояд ҳамқадами замон бошад. Аз техника ва технологияҳои ҷадиди таълим истифода барад, навҷӯю эҷодкор бошаду ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбиаш кӯшиш ба харҷ диҳад. 
Дар рушди дониш, маҳорату малака ва неруи зеҳнии хонандагони синфи 5-ум маънои аслӣ ва маҷозии калимаҳо нақши бориз доранд, зеро ин мавзуъ хонандагонро ба фикр кардан, эҷод намудан, дар гурӯҳҳои дунафара ва чорнафара кор кардану масъалаи ба миён гузоштаро ҳаллу фасл менамоянд. Омӯзгор пас аз шинос намудани хонандагон бо таърифи калимаҳои аслӣ ва маҷозӣ мефармояд, ки машқи 200 (саҳ.131), (аз “Забони модарӣ барои синфи 5”)-ро иҷро намоянд. Ибораҳои сутуни якумро бо ибораҳои сутуни дуюм муқоиса карда, ба маънои ҳақиқии худ наомадани ибораҳоро нишон дода, маънои онҳоро шарҳ диҳанд. Мисол, “куртаи сафед”, “бахти сафед”.
Омӯзгор барои тақвият додани маҳорати хонандагон дар гурӯҳҳо ва инкишофи донишу қобилияти онҳо иҷрои машқи 205-ро месупорад. Ибораҳоро хонда маънидод кунед ва ба сетои он ҷумла тартиб диҳед, ки калимаҳо ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ омада бошанд. Мисол “қалами сиёҳ”, “тиллои сиёҳ”. Омӯзгор ба хонандагон мефармояд, ки ҷумлаҳои навиштаашонро хонанд ва калимаҳои истифодашударо шарҳ диҳанд. Гӯянд, ки “дар кадом ҳолат калимаҳо ба маънои аслӣ ва дар кадом ҳолат ба маънои маҷозӣ омадаанд”. Сипас, омӯзгор мефармояд, ки дар гурӯҳҳои чорнафарӣ муттаҳид шуда, ҳашт ҷуфти ибора тартиб диҳанд, ки як калима ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ истифода шуда бошад. Мисол, вожаи “пуч”, чормағзи пуч, сухани пуч.
Ангезиши зеҳн
Дар дарси дигар омӯзгор чунин савол медиҳад:
— Шумо дар дил ягон орзу доред?
 Хонандагон бо навбат орзуҳои худро мегӯянд.
— Барои амалӣ гаштани орзуҳо чӣ бояд кард? Омӯзгор пас аз шунидани ҷавоби хонандагон ва ҷамъбасти андешаи онҳо чунин супориш медиҳад, ки дар мавзуи “Орзуҳои ширини ман” эссе нависанд ва дар кори худ ҳарчи бештар калимаҳои ба маънои маҷозӣ омадаро истифода баранд. 
Бояд гуфт, ки гузаронидани чунин машқу супоришҳо дар ташаккули неруи зеҳнию фикрии хонандагон мусоидат мекунад, аз ҷумла: 
• маҳорати эҷодкорӣ, қобилияти суханронии онҳоро рушд медиҳанд;
• шавқи хонандагонро бедор менамоянд;
• барои иштироки фаъоли ҳар як хонанда дар раванди таълиму тарбия мусоидат менамоянд;
• ба ҳиссиёти ҳар як хонанда равона мегардад;
• ҷиҳати азхудкунии самараноки маводи таълимӣ кумак менамоянд;
• ба хонандагон таъсири мусбат мерасонанд;
• робитаи тарафайнро таъмин менамоянд (бахусус, дар посухи хонандагон);
• афкор ва муносибати хонандагонро ташаккул дода, маълумоти бадастовардаи худро ба низом медароранд;
• малакаҳои ҳаётиро дар хонандагон инкишоф медиҳанд;
• ҷиҳати тағйири рафтору гуфтори хонандагон, сатҳи донишу малакаю маҳорати онҳо мусоидат менамоянд.
Омӯзгор метавонад баҳри рушди неруи зеҳнӣ ва ақлонии хонандагон аз усулҳои фаъоли таълим пайваста истифода барад. Яке аз чунин усули фаъол ин усули “Инсерт” аст. Омӯзгор мефармояд, ки пас аз мутолиаи матни машқи 337 (саҳ.202) ва нишонагузории матн дар дафтар ҷадвали “Инсерт”-ро тасвир намоянд ва аз рӯйи аломатҳои гузошташуда қисматҳои ҷадвалро пур кунанд. 
                                                      Ҷадвали “Инсерт”
Истифода аз чунин ҷадвалҳо барои хонандагон муфид буда, натиҷаҳои зеринро ба бор меорад:
— хонандагон мустақилона ахбори даркориро аз матн гирифта, донишу маҳорати худро сайқал медиҳанд;
— таҳлил кардани матни бадеиро азхуд мекунанд;
— малакаҳои хонишро инкишоф дода, мазмуни матнро дарк мекунанд ва онро озодона нақл карда метавонанд;
— маълумоти ба даст овардаи худро ба танзим дароварда, арзёбӣ карданро меомӯзанд.  
Ҳамин тариқ, озодона амал намудани хонанда дар синф имкон медиҳад, ки фикрронии ӯ ташаккул ёбад, андешаашро озодона баён карда тавонад ва дар ниҳоят, эҷодкор бошаду маҳорати эҷодкории худро рушд диҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *