Бахтовар ҲУКУМЗОДА,
омӯзгори литсейи давлатии
“Ориёно”и шаҳри Бохтар
Дар замони муосир, ки кулли соҳаҳо рӯз то рӯз дигаргунии ҷиддӣ доранд, омӯзиш ва таълим, аз ҷумла омӯзиши фанҳои дақиқ низ пешрафту тараққиёти таълимиро талаб мекунад. Олимону омӯзгорон бовар доранд, ки дар шароити муосир ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҷиддӣ лозим аст, зеро дар асри XXI кашфу ихтироот маҳз дар ҳамин самтҳо сурат мегиранд. Аз ҷониби дигар, дар шароити кунунӣ, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва бештари воситаҳои иттилоотӣ (интернет, телевизион ва ғайра) танҳо бо дониш мусаллаҳ будани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии онҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, ба саволе, ки кадом натиҷаи таълим имрӯз ба хонандагон лозим аст ва талаботи муосирро қонеъ мекунад, ташаккули салоҳиятнокии хонандагон ҷавоб дода метавонад. Татбиқи муносибати салоҳиятнок дар таълим имкон медиҳад, ки мушкилоти баланд бардоштани савияи саводнокии хонандагон бо зиёд кардани сарборӣ аз байн бардошта шавад, зеро моҳияти ин муносибат пешниҳоди дониш ва ахбори зиёд набуда, балки фароҳам овардани имкон барои ҷустуҷӯи мустақилонаи иттилооти зарурӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати маориф пайваста кӯшиш мена мояд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон намуда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад. Ҳамин буд, ки соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020»-ро ба тасвиб расонид. Тибқи ин санад то соли 2020 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ бояд таҷдид шуда, тибқи муносибати салоҳиятнок ба таълим таҳия карда шаванд. Барои амалӣ намудани ин тадбир бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 стандарту барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ таҷдид гардида, ҳамаи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва соли 2017 омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, технология (таълими меҳнат) ва математика аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Омӯзгорони ин фанҳо бо роҳнамоҳо таъмин гардида, муносибати салоҳиятнокро дар таълими фанҳои мазкур татбиқ карда истодаанд. Калимаҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ, салоҳиятманд, босалоҳият”-ро мутахассисон барои ифодаи мафҳумҳои “компетенция” ва “компетентность”, ки аз забони лотинӣ (competens, competentis) ба забони русӣ иқтибос шудаанд, истифода мебаранд.
Ақидаи педагогҳо доир ба салоҳияти касбии омӯзгор гуногун мебошад. Дар ин баён гуногунии ақидаҳоро ҳатман ба назар мегирем.
Ақидаи М.И.Станкин: «Салоҳияти омӯзгорӣ донишу таҷрибаест, ки дар ҳалли босаводонаи масъалаҳои таълиму тарбия имкон фароҳам меоварад».
И.П.Подласий бошад гуфтааст: «Соҳиб будан ба донишҳоест, ки имкони дар бораи чизе муҳокима ронданро фароҳам меоварад.
Сохтор ва мазмуни салоҳияти касбӣ асосан бо махсусияти фаъолият ва мансубияти он муайян карда мешавад».
Н.В.Баздовская салоҳияти омӯзгорро «соҳиб будан бо маҷмӯи донишҳо, қобилиятҳо ва малакаҳои касбӣ мебошад, ки фаъолият ва муоширату шахсияти педагогӣ ташаккул меёбанд» маънидод кардааст.
Ақидаи И.Ф.Исаев: «Салоҳияти касбӣ доираи ваколатҳои ягон мақомот ё шахси вазифадор, инчунин масъалаҳоест, ки касе хуб огоҳ аст».
Дар фаҳмиши имрӯзаи муносибати салоҳиятнок тамоми таҷрибаи беҳтарини дар амалияи педагогика коркардшуда истифода мешавад: муносибати ба шахсият нигаронидашуда, омӯзиши якҷоя (омӯзиш дар ҳамкорӣ), методҳои таҳқиқотӣ ва проблемавӣ, арзёбии ташаккулдиҳанда, инчунин усулҳои дигари зиёди интерактивӣ. Бо мақсади ин ки шарҳи мо маҳсулнок бошад, кӯшиш менамоем, ки муносибати салоҳиятнокиро тавассути унсурҳо – ҷанбаҳои сохтории зерин нишон диҳем: Ҷанбаи якум: муносибати босалоҳият модели таълими фаъолро истифода мебарад.
ТАВСИФИ ТАЪЛИМИ ФАЪОЛ:
1. Ба ин намуди дарс ҳамкории ҳамаи хонандагон на танҳо бо омӯзгор, балки бо ҳамдигар низ хос аст. Ҷанбаҳои ҳамкорӣ хеле гуногунанд аз баёни андеша ба таври озодона то ба иҷрои вазифаҳои гурӯҳӣ ва таълимӣ муштарак.
2. Бештари саволу супоришҳо ба тарзи кушода гузошта мешаванд, ки ба ҳаллу баррасии гуногуни масъалаҳо мусоидат мекунанд ва мутаносибан ба онҳо ҷавобҳои гуногун истифода мешаванд.
3. Методҳои асосии таълим – методҳои фаъол. Таъйиноти чунин методҳо кори фаъолона бо донишҳо мебошад. Кор бо донишҳо чӣ маънӣ дорад? Ин истилоҳи нав буда, таҳияи сохтор, интихоби мафҳуми асосӣ, тасниф намудан, таҳлил кардан, робитаҳоро барқарор намудан, маълумотро дар манбаъҳо ва иртиботи гуногун баррасӣ намудан ва ғайраро дар назар дорад.
Ҷанбаи дуюм: муносибати салоҳиятнок ба ташаккули салоҳиятҳои асосӣ равона шудааст.
Салоҳиятҳои асосӣ ва тавсифи онҳо: 1. Эҷодкорӣ Маҳорати таҳияи ягон чизи нав, мустақилона пайдо кардани роҳҳои ғайримаъмулии ҳал дар масъалаҳои нав, тахайюлпазирӣ ва образнокии фикрронӣ, ҳамгиро кардани усулҳои маълуми фаъолият бо фаъолиятҳои нав, ҳалли комилан нави вазъияти проблемавӣ, ки ба ғояҳои нав ва кашфиёт боис мешаванд. 2. Тафаккури интиқодӣ Маҳорат ва малакаҳои зеҳнӣ, ки барои муқоисаи пинҳонӣ ва ошкоро, робитаҳои сабабу оқибат, қарорҳои қабулшуда, инчунин қобилияти баҳодиҳии фарзияҳо, баҳсҳо, консепсияҳо, маълумотҳо (метавонанд нопурра бошанд) барои баровардани хулосаҳои худ ва асоснок кардани мавқеи худ имконият медиҳанд. 3. Маҳорати омӯзиш Имконият ва омода намудани мақсадҳо барои худомӯзӣ, банақшагирии қадамҳои омӯзишӣ, мустақилона ё ҳамроҳ бо дигарон гирифтани маълумот барои омӯзиш, қобилияти истифода бурдани донишу малакаҳои ба даст овардашуда барои ҳалли проблемаҳо, инчунин худтанзимкунӣ аз натиҷаи омӯзиши худ. Талабот ба омӯзиш танҳо дар мавриди мавҷуд будани манфиатҳо ва кӯшишҳо барои ягон мақсад пайдо шуда метавонад. 4. Коммуникативӣ Маҳорати истифодаи усулҳои гуногуни коммуникатсия: қабул ва интиқоли иттилоъ (шифоҳӣ, хаттӣ, аёнӣ графикӣ, ғайризабонӣ бо истифодаи алоқаҳои рақамӣ) ҳангоми муоширати хусусӣ, таълимӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ. 5. Ҳамкорӣ Маҳорат ва малакаи якҷоя кор кардан ба сифати узви гурӯҳ ё даста барои ҳалли якҷояи мушкилот, татбиқи ақидаҳои умумӣ ва лоиҳаҳо.
Ҷанбаи сеюм: муносибати салоҳиятнок барои равшанӣ андохтан ё гузоштани мақсади таълим ба натиҷаҳои фаъолияти хонандагон такя мекунад.
Усулҳои гузориши мақсадҳои дарс гуногун буда, вобаста ба тарзи ифодаи худ ба категорияҳои зерин ҷудо мешаванд: 1. Таҳияи умумии мақсадҳо (одатан, бо чунин ибораҳо оғоз мегардад: мустаҳкам кардани дониш оид ба…, омӯхтани…, ифода кардани тасаввурот доир ба… ва монанди инҳо) барои баҳо додан ба дараҷаи азхудкунии маводи таълимӣ имкон намедиҳад. 2. Дар таҳияи мақсад вобаста ба фаъолиятҳо истилоҳоте истифода мешаванд (гурӯҳбандӣ кардан, асоснок кардан, пешгӯйӣ кардан, баҳо додан, мукаммал кардан ва монанди инҳо), ки тавассути онҳо баҳои воқеъбинона додан ба сатҳи азхудкунии маводи таълимӣ мумкин аст. Аниқу возеҳ муайян кардани мақсади дарс дар шакли натиҷаҳои интизоршаванда ба омӯзгор имкон медиҳад, ки мавриди банақшагирии дарс маводи таълимиро интихоб намояд, супоришҳо, практикумҳо, саволҳои санҷишӣ, ки барои ба мақсадҳо расидан мусоидат мекунанд, тартиб диҳад.
Ҷанбаи чорум: супоришҳое, ки ба ташаккули салоҳиятҳо нигаронида шудаанд.
Ташаккули салоҳиятҳои хонандагон дар асоси методи таҳқиқотии омӯзиш:
– мавҷуд будани монандии муайян дар байни марҳалаҳо, мантиқи маърифати таълимӣ ва илмӣ;
– пайдо кунонидани шавқу ҳавас, талабот ба фаъолияти эҷодӣ ва худомӯзӣ;
– ташкили фаъолияти ҷустуҷӯйӣ – эҷодӣ ва татбиқи дониш;
– соҳиб шудан ба методҳои маърифати илмӣ;
– истифодаи унсурҳои методологии таҳлили илмӣ;
– иҷрои корҳои мустақилонаи ҳаҷман калон; – мустақилона азхуд кардани донишҳои нав;
– омӯхтани муҳити атроф дар заминаи методологияи илмӣ;
– методи таҳияи лоиҳаҳо; – масъалаҳои кушода; – методи фарогирӣ;
– методҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот;
– методҳои таҳқиқотӣ ва проблемавӣ;
– таҳлили манбаъҳои иттилоотӣ ва сарчашмавӣ; – методи озмоишӣ ҷустуҷӯйӣ; – гузаронидани таҷрибаҳо;
– ҷамъбасти натиҷаҳо; Аз мафҳумҳои дар боло зикргашта, натиҷа мебарояд, ки дар таълими анъанавӣ методҳои асосии таълим – методҳои репродуктивӣ – азнавтакроркунии маводи додашуда ба ҳисоб рафта, муваффақияти бузурги ин намуди дарс ҷавоби қатъӣ ва ягона – айнан аз нав нақл кардани суханони муаллим ва ё матни китоб мебошад. Дар таълими муносибати салоҳиятнок бошад, ҳамкории ҳамаи хонандагон на танҳо бо омӯзгор, балки бо ҳамдигар низ хос аст. Ҷанбаҳои ҳамкорӣ хеле гуногунанд – аз баёни андеша ба таври озодона то ба иҷрои вазифаҳои гурӯҳӣ ва таълими муштарак. Истифодаи методҳо ва бароҳмонии дарс гуногун буда, таҳияи сохтор, интихоби мафҳуми асосӣ, тасниф намудан, таҳлил кардан, робитаҳоро барқарор намудан, маълумотро дар манбаъҳо ва иртиботи гуногун баррасӣ намудан ва ғайраро дарбар мегирад. Дар маҷмуъ методи таълими муносибати салоҳиятнок яке аз методҳои муассир дар раванди таълиму тарбияи хонанда буда, барои ташаккули афкори эҷодкорӣ ва ҳисси аз худнамоии он имконияти васеъро фароҳам менамояд.