МЕТОДИ НАВИ САНҶИШИ ДОНИШ ВА АРЗЁБИИ САЛОҲИЯТҲО АЗ ФАНҲОИ МАТЕМАТИКА, ИНФОРМАТИКА ВА ФИЗИКА
Аҳтам НАЗАРОВ,
мудири кафедраи технологияи информатсионӣ
ва коммуникатсионии Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,
омӯзгори дараҷаи олии тахассусии
Гимназияи ба номи А. Балъамии шаҳри Ваҳдат
Мақсади санҷиши дониши азхудкардаи хонандагон ба он равона гардидааст, ки омӯзгорон бояд муайян кунанд, то кадом дараҷа мавзуъҳои дарсии фанниро хонандагон азхуд кардаанд? Оё баҳоҳои дар журнали синфӣ номнависшуда бо натиҷаи санҷиш ва арзёбии салоҳиятҳо мувофиқат мекунанд ё не?! Дар истилоҳи муосир ин амалро “мониторинг” меноманд. Айни замон дар амалияи педагогӣ аз шаклҳо ва методҳои гуногуни санҷиши дониши хонандагон истифода мебаранд: гузаронидани корҳои мустақилона ва контролӣ (ё назоратӣ), диктантҳои математикӣ, тестҳо, саволу ҷавобҳои шифоҳӣ ва ғайраҳо. Ҳоло ки асри технологияҳои иттилоотӣ мебошад, ҳамагон бояд бо истифода аз дастовардҳо дар ин самт ба таъмини объективияти санҷиши дониш ва арзёбии салоҳиятҳо аҳаммияти хосса дода, объективияти натиҷаҳои салоҳиятҳои фанниро таъмин намоянд. Объективияти санҷиши донишро “шаффофият” ё “ҳаққоният” низ меноманд. Методика ва технологияи анъанавии ҷории амалкунанда оид ба гузаронидани корҳои мустақилона ва санҷиши ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нестанд. Аввалан, методикаи анъанавӣ объективияти санҷиши дониши хонандагонро пурра таъмин намекунанд. Баъдан, вақти зиёдро ҳам ҳангоми ташкилу гузаронидан ва тафтиши дастӣ талабгор аст. Амалия нишон додааст, ки навиштани ду варианти кори мустақилона ё санҷишӣ дар тахтаи синфӣ вақти зиёдро талаб менамоянд. Ҳангоми тафтиши дастӣ аз худкори рангаш сурх истифода мебаранд ва дар ин ҳолат, мумкин аст, ки омӯзгор баъзе хатогиҳоро нодида гирад ё пай набарад ва ҳатто, воситабозиҳо низ шуданаш мумкин аст. Мушкилии дигар он аст, ки хонандагон дар методика ва технологияи анъанавӣ имкони аз ҳамдигар рӯйбардоркунии роҳи ҳал ва ҷавобҳоро доранд.
Технологияи ҷории амалкунандаи гузаронидани методи санҷиши тестӣ низ ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нест, ҳарчанд айни замон аз ин технологияи санҷиши дониши хонандагон бештар истифода мебаранд. Аввалан, тайёр намудани саволу супоришҳои тестӣ вақти бениҳоят зиёдро мегиранд, зеро шумораашон бояд бисёр бошанд. Ин ба омӯзгорони фаннӣ хеле мушкил аст. Баъдан, ҳар як тест аз калид иборат аст, ки дар он ҷавобҳои дуруст дарҷ гардидаанд. Ин калид метавонад, ба хонандагон ва санҷишсупорандагон дастрас гардад ва онро ҳамчун “шпаргалка” истифода баранд. Роҳи дигари дастрасии чунин калид, дастрас намудани пойгоҳи додаҳои тест аст, агар аз технологияҳои компютерӣ истифода бурда бошанд. Миқдори супоришҳо дар он маҳдуданд. Супоришҳо метавонанд, такрор ёбанд, ки дар натиҷа, хонандагон ҷавобҳоро боз аз якдигар рӯйбардор карда метавонанд. Мо бо истифода аз ин технологияҳо ба натиҷаҳои дурусти салоҳиятҳои фаннӣ намерасем.
Дар ин мақола мо як методи нави эҷодкардаамонро дар мисоли гузаронидани кори санҷишӣ аз фанни алгебра дар синфи 8 оид ба мавзуи “Прогрессияҳои арифметикӣ” дида мебароем. Шакли муколамаи барномаи компютерӣ оид ба прогрессияи арифметикӣ дар Расми 1 оварда шудааст.
Расми 1. Барномаи компютерӣ оид ба прогрессияи арифметикӣ
Ҳамчун намуна таҳқиқи масъалаи 1-ро дида мебароем. Дар ҳолати умум: “Қимати узви якуми прогрессияи арифметикӣ ба xxx ва қимати фарқаш ба yyy баробар аст. Қимати узви mmm ёфта шавад”.
Мақсади мақолаи мазкур на аз нишон додан ва омӯзонидани роҳи ҳалли масъала ва ҳал намудани он, балки аз коркарди алгоритм ва сохтани барномаи компютерӣ ва дар экрани компютер инъикос намудани шарти он бо татбиқи методи Пулот мебошад. Эҷодгар ва офарандаи методи Пулот муаллифи мақолаи мазкур аст. Коркарди методологияи сохтани чунин барномаҳо мақсади дигар мавзуъ аст. Бо истифода аз барномаи сохташуда ба хонанда шарти масъала пешниҳод карда мешавад ва хонанда худаш мустақилона масъаларо ҳал мекунад. Тавассути ин барномаи компютерӣ хонанда дурустии ҷавоби ҳосилкардаашро месанҷад. Ин асоси методологияи сохтани барномаи компютерии арзёбии салоҳиятҳоро ташкил мекунанд. Бо истифода аз методи Пулот қиматҳои аргументҳои воридшавандаи барнома, яъне, қиматҳои xxx ва yyy -ро маълум мекунем. Аз забонҳои барномасозӣ забони C++ Builder-ро аз бастаи RAD Studio интихоб мекунем. Бузургиҳои санаи рӯз ва вақти дар системаи компютер бударо ин тавр маълум мекунем:
long int msb=GetTickCount(); Word rz, mh, sol, st, daq, son, msn;
DecodeDate(Date(),rz,mh,sol); DecodeTime(Time(),st,daq,son,msn);
Барои генератсия ва интихоб намудани қимати xxx ба барнома сатрҳои зеринро дохил мекунем:
m = 209 * (sin(float(daq+msn)) + sin(float(son+mh-msn)) — cos(float(msb-rz)) + cos(float(msn)) — sin(float(sol+son))) + 48;
while (abs(m)>200) m=m/2.2;
Бо истифода аз функсияи floor адади m-ро то садякӣ яклухт карда, m = floor(m*100)/100-ро ҳамчун қимати xxx ҳисобида, бо истифода аз ҷузъи идоракунии нишона ё дигар ҷузъи ба он монанд онро ба шакли муколамагии лоиҳаамон илова мекунем. Ба ҳамин монанд, қимати yyy ва mmm -ро меёбем ва дар шакли муколамагӣ инъикос мекунем:
d = 400.34 * cos(float(daq+st-msn)) + sin(float(rz-msn)) + cos(float(msb-son)) — cos(float(msn)) + sin(float(mh+son))+102;
while (abs(d)>200) d=d/1.85; d = floor(d*100)/100; n = rand()%78+13;
Қиматҳои d ва n, ки дар ин қисмати барнома ёфта мешаванд, мувофиқан, қиматҳои yyy ва mmm қабул карда мешаванд. Дар ин қисми барнома ягон мушкилие дида намешавад, зеро барои дилхоҳ қиматҳои xxx ва yyy масъала ҳал дорад. Танҳо бояд фарқи прогрессия ба сифр баробар набошад.
Қимати узви якум ва фарқи прогрессияи арифметикӣ, ки аз тарафи барномаи сохташуда дар супориши якум пешниҳод карда мешаванд, дар ҳолати умум ададҳои ҳақиқӣ мебошанд. Прогрессияи арифметикии ташкилшаванда метавонад, афзуншаванда ва камшаванда бошад. Инчунин, фарқи прогрессия адади ғайринулӣ мебошад. Яъне, дар ин қисми барнома ҳама салоҳиятҳои мавзуӣ ба инобат гирифта шудааст.
Барномаи компютерӣ, ки ба арзёбии объективонаи салоҳияти хонандагон оид ба прогрессияи арифметикӣ бахшида шудааст, аҳаммияти назариявӣ ва амалиро дорост. Дар он навгониҳои зиёди илмӣ дида мешаванд. Аз ҷумла, фаъол гардонидани кори эҷодӣ ва мустақилияти хонандагон зимни иҷрои кори санҷишӣ мебошад. Навгонии дигар он аст, ки тавре дар сархати аввал ҳамчун фарзия оварда будем, меҳнати омӯзгорро дар раванди гузаронидани кори санҷишӣ хеле сабук менамояд. Бо ин навгониҳо ва имконоташ барномаи компютерии мазкур аз дигар барномаҳои компютерии мавҷуда, масалан, санҷиш бо методи тестӣ, ба куллӣ фарқ дорад.
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, омӯзгорони фаннӣ дар ҷараёни гузаронидани корҳои санҷишӣ аз математика дар дигар синфҳо низ ба мушкилиҳои зиёд дучор мегарданд [1, 6, 7]. Яке аз сабабҳои ба ин мушкилиҳо дучор гардидан, пеш аз ҳама, набудани барномаҳои компютерӣ барои гузаронидани корҳои санҷишӣ ва арзёбии объективонаи салоҳияти хонандагон аз ин фан мебошад. Зеро барномаҳои компютерӣ, дуруст истифодабарии онҳо ва ёрии компютерӣ ба муаллим меҳнати онҳоро хеле сабук мегардонанд [5]. То кадом дараҷа азхудкунии салоҳиятҳо аз тарафи хонандагонро зуд мефаҳмем ва хулосабарорӣ менамоем.
То ҷое, ки мо маълумот дорем, айни замон чунин барномаи компютерие сохта нашудааст, ки ба арзёбии салоҳиятҳо оид ба прогрессияи арифметикӣ ё ба зарбкунандаҳои сода ҷудо кардани адади натуралӣ ё ҷадвалҳои электронӣ аз курси информатика ва монанд ба инҳо, бахшида шуда, объективияти арзёбии дониши хонандагонро таъмин мекарда бошад. Айни замон омӯзгорони фаннӣ ба чунин ёрии компютерӣ ниёз доранд. Барномаи компютерӣ ба хонандагон бояд параметрҳои воридшавандаи супоришро чунон пешниҳод кунад, ки то хонандагон он супоришро иҷро карда тавонанд, аз ҷумла, адади додашударо ба зарбкунандаҳои сода ҷудо карда тавонанд. Оид ба сохтани чунин барномаҳо мо маводи зиёде нашр кардаем [2-4] ва методе, ки бо истифода аз он ин барномаҳо сохта шудаанд, “Методи Пулот” ном дорад. Бо истифода аз ин метод барномаи компютерии кори санҷиширо оид ба мавзуъҳои муайян дар забонҳои барномасозӣ месозанд. Аз забонҳои барномасозӣ забонҳои барномасозии дорои реҷаи визуалӣ бударо интихоб мекунанд.
Боз як барномаи дигари компютерии сохтаамонро дида мебароем. Он ба омӯзиш ва татбиқи ба зарбкунандаҳои сода ҷудо кардани адади натуралӣ равона гардидааст. Бо мақсади аз тарафи хонанда дохил намудани зарбшавандаҳои сода ва ададҳои ҳосилшаванда ба барнома, дар ин барнома аз ҷузъи идоракунии додаҳои ҷадвалии DataGridView истифода кардаем. Хонанда ададро дар дафтараш навишта, онро ба зарбкунандаҳои сода ҷудо мекунад. Баъдан дар катакҳои мувофиқи ҷузъи идоракунии додаҳои ҷадвалии DataGridView тариқи дастӣ дохил мекунад. Айнан ҳамин тавр адади дуюмро ба зарбкунандаҳои сода ҷудо карда, баъдан дар катакҳои мувофиқ тариқи дастӣ дохил мекунад. Барои маълум намудани дурустии ҷавобҳои дохилкардашуда тугмаи муайяни амриро пахш мекунад. Дар Расми 2 намунаи супориши аз тарафи хонанда иҷрокардашуда оварда шудааст.
Расми 2
Тавре аз Расми 2 аён аст, хонанда супориши якумро хато иҷро кардааст, зеро баъзе катакҳои он бо ранги сурх рангрезӣ карда шудаанд, яъне, хатост. Супориши дуюмро дуруст иҷро кардааст ва ранги ҳама катакҳояш сабз аст. Ин метод ба омӯзгори фаннӣ имкон медиҳад, ки аз дур (аз ҷойи нишасташ) мушоҳида ва назорат намояд, ки кадом хонанда супоришҳоро дуруст иҷро карда истодааст ва то кадом дараҷа салоҳиятҳои мавзуиро аз худ кардаанд. Ин, аз як тараф, сифати таълимро баланд бардошта, аз тарафи дигар, ба омӯзгори фанни математика хеле сабукиҳоро фароҳам меорад. Тарафи дигар ва навгонии илмии “Методи Пулот” ва барномаи сохташуда он аст, ки ба ҳар як хонанда супоришҳо тариқи фардӣ пешниҳод карда шуда, объективияти арзёбии дониш ва салоҳиятҳои хонанда таъмин карда мешаванд
Расми 3
Супоришҳои дигари кори санҷишӣ ба ёфтани ТУК ва КУХ ва ба махраҷи умумии хурдтарин овардани ду касри одӣ равона гардидааст. Намунаи шакли муколамагии барномаи сохташуда бо инъикоси ҳама супоришҳо ва тугмаҳои амрӣ дар Расми 3 оварда шудааст. Аз кадом супориш иҷрои кори санҷиширо оғоз кард, ягон фарқе нест ва хонанда худаш мустақилона интихоб менамояд. Сатҳи супоришҳо ба ҳама хонандагон якхела аст. Бинобар гуногунии ададҳо ҷавобҳои супоришҳо гуногун мешаванд. Ин ба хонандагон имкони аз ҳамдигар рӯйбардоркунии роҳи ҳал ва ҷавобҳоро намедиҳад. Натиҷаи иҷрои супоришҳоро ҳар як хонанда зуд мебинад ва хулоса мебарорад. Барномаи сохташударо омӯзгорони математика дар синфи 6-ум метавонанд, барои гузаронидани кори санҷишӣ доир ба мавзуи ададҳои сода истифода баранд. Ҳамчун воситаи фаъолгардонии хонандагон дар дарси математика низ истифода бурдан мумкин аст. Хонандагон онро на танҳо дар дарси асосӣ, балки берун аз дарс ва дар хона ҳамчун воситаи машқкунӣ барои такрор, мустаҳкамкунии донишашон ва инкишофи маҳорату малакаи математикиашон истифода бурда метавонанд.
Доир ба фанни информатика низ чунин барномаҳоро сохта, дар амалияи педагогӣ татбиқ кардаем (Расми 4).
Адабиёт:
1. Нугмонов М. Теоретико-методологические основы методики обучения математике как науки. — Душанбе, 2011. — 290 с.
2. Назаров А.П. Технологияи компютерии гузаронидани кори хаттӣ оид ба ҳалли системаи муодилаҳои хаттии дуномаълума // Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (маҷаллаи илмӣ). Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ. № 1/4 (57) – 2018. Саҳ. 133 – 138.
3. Назаров А.П. Арзёбии салоҳиятҳо ва таъмини объективияти санҷиши дониши хонандагон зимни гузаронидани кори хаттӣ оид ба ҳалли муодилаҳои квадратӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ). 2019. №6. С. 181 – 188.
4. Назаров А.П., Раҷабов Ҳ.Х. Нақши технологияи иттилоотӣ дар татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди омӯзиши математика дар синфҳои ибтидоӣ // Паёми Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. 2019. №1 (25). С. 99 – 102.
5. Абдукаримов М.Ф., Р.Т. Баротов. Развитие творческой активности студентов вузов Республики Таджикистан при проведении лабораторных работ по предмету численных методов // Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. 2016. № 1-4 (216). С. 26-35.
6. Шарифов Ҷ. Асосҳои дидактикии ташаккули малакаҳои кори мустақилонаи донишҷӯён дар ҷараёни таълим. — Қӯрғонтеппа, 2014. — 245 с.
7. Родионов М.А., Акчурина Э.Х. Пути и средства организации текущего самоконтроля младших школьников в процессе обучения математике // Вестник Поморского университета. Серия Гуманит. и соц. Науки. 2008 год. №3, стр. 95.
8. Назаров А.П. Асосҳои методии барномасозӣ ва арзёбии салоҳияти хонандагон аз математика ва информатика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ [Матн] // Монография / А.П. Назаров. – Душанбе: Матбааи ҶДММ «Баҳманрӯд». — 2020. — 226 с. ISBN 978-99975-0-394-7.