Солеҳ ЮСУФОВ,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
рӯзноманигор

Ҳар шаҳр таърихи худро дорад. Мо шаҳрҳои бостониеро медонем, ки бо доштани таърихи рангини деринаи худ имрӯз ҳам ободу сарсабз ҳастанд. Аз ҷумла, сол ба сол зебо шудани шаҳри Душанбе – пойтахти Ватани азизамонро дида, ифтихори миллию маънавиямон меафзояд. Огоҳӣ аз таърихи гузаштаи шаҳри Душанбе меҳри ҳар як тоҷикистониро ба пойтахти ҷумҳуриамон афзун менамояд. Хушбахтона, имрӯз пойтахти давлати мо бо заҳмату ғамхориҳо, ободкориву бунёдкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарсабзу зебо, шукуфону дилоро гаштааст. Моро мебояд, ки ба қадри ин ҳама заҳматҳо бирасем. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: “Шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст”.
Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум, махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба Ватан ва донистани таърихи гузаштаву имрӯзаи он саҳми омӯзгорон хеле зиёд аст. Яъне, омӯзгорон ҳангоми дарс ба хонандагон бояд дар бораи пойтахти кишвар маълумот диҳанд. Устодону омӯзгорон барои инро шарҳ додан бояд омодагии хуб дошта бошад, то вақти суҳбат бо шогирдон таърихи рангини шаҳрро ба шакли ҷолиб нақл карда тавонанд.
Агар омӯзгорони мо, дар баробари ошноӣ бо таърихи Душанбе, ба гузаштаи он ҳам руҷуъ кунанд, нақли онҳо барои шунавандагон боз ҳам ҷолибтар садо хоҳад дод.
Хушбахтона, воситаҳои рақамӣ ва электронии муосир бо манбаъҳои интернетӣ кори омӯзгоронро хеле осон мекунад. Барои ин омӯзгор бояд, дар баробари манбаъҳои чопӣ, ба монанди китобу буклет ва рисолаҳои таърихӣ, бо маводи дар сомонаҳои электронӣ нашршуда низ дар сатҳи лозим ошно бошад.
Нақли омӯзгорро сурат ва наворҳои таърихӣ метавонад комил намояд.
Ба ин тартиб, як суҳбати хеле пурмуҳтаворо таҳия ва бо истифода аз тахтаи электронӣ пешкаши хонандагон кардан мумкин аст. Агар чунин имкон вуҷуд надошта бошад, бо корбарӣ аз дигар воситаҳои техникӣ слайдҳои таърихиро метавон барои иштирокдорони наврас ба намоиш гузошт.

                                           Дар акс: 1. Майдони “Дӯстӣ”. 

                                           Маркази Душанбе, соли 2024. 

Матни суҳбатро хеле сода ва бо баёни таърихи нави Душанбе оғоз намуда, хонандагонро ба замони таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба сайри таърихӣ метавон бурд.

Дар моҳи октябри соли 1924, вақте Ҷумҳурии Шуравии мардумии Бухоро барҳам хӯрда, Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон таъсис ёфт, Душанбе ҳамчун маркази Тоҷикистони навбунёд пазируфта шуд. 

Таърихи Душанберо аз асрҳои миёна ба ин сӯ ҳисоб мекунанд. Бозёфтҳои археологӣ дар маҳдудаи Душанбеи имрӯза гувоҳи он аст, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар ин қаламрав ҳанӯз дар асрҳои 1-3–и мелодӣ, яъне, дар аҳди Кӯшониён арзи ҳастӣ кардааст. Аммо аввалин бор исми маҳаллаи Душанбе дар манбаъҳои хаттии таърихӣ дар соли 1676 зикр шудааст.

Муаллифи яке аз ин маъхазҳо навиштааст, ки Душанбе дар чорсӯ (чорроҳа)-и бузурги корвонгузар воқеъ буда, ҳар рӯзи душанбе дар он ҷо бозор баргузор мешавад ва ба ҳамин далел ин номро гирифтааст”. Душанбе дар он замон деҳкадае иборат аз 500 ҳавлӣ (буна, хоҷагӣ) ва тақрибан 8000 аҳолӣ буд. Дар як маъхази дигари таърихӣ, ки навишташ соли 1826 аст, низ исми ин маҳал ҳамчун Душанбе-Қалъа зикр шудааст.

Бори аввал исми Душанбе дар харитае, ки соли 1875 таҳия гардида буд, сабт шуда ва ҷолиб он аст, ки дар ин харита номи Душанберо нисбат ба исми шаҳри Термиз бо ҳарфҳои калонтар навиштаанд. Аз илми география ба мо маълум аст, ки андозаи ҳарфҳо дар сабти номи маҳалҳо вобаста ба нуфузу аҳолии маҳалҳо ишора мекунанд. Ин харитаи дар асри 19 таҳияшуда, як маълумоти муътамади таърихӣ дар бораи шаҳраки Душанбе аст. Дар он давр ин шаҳр, ки бо қалъае дар болооби соҳили рӯди Душанбе машҳур буд, бо 10 000 аҳолӣ тасвир мешуд. Маҳаллаҳои шаҳр бар асоси касбу кори сокинонаш тақсим буданд, ки дар солҳои аввали пас аз эҳёи дуборааш дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ҳам бо номҳои Сариосиё, Шашхона, Қалъаи Миршикор маълум буданд. Душанбе маркази ҳаёти иҷтимоӣ буда, дорои корвонсарой буд. Дар таърихи он замон аз мавҷудияти 14 масҷиду мактаб ва ду мадраса ҳам сухан меравад.

Аммо ба андешаи донишманди таърих Абдулло Ғафуров: “Тадқиқоти бостоншиносӣ собит сохтаанд, ки ҳанӯз аз замони неолит ҳудуди водии Ҳисор бошишгоҳи одамони ибтидоӣ буда, дар давраҳои минбаъда низ дар ин ҷо одамон мезистаанд. То давраи дар сарчашмаҳои хаттӣ дарҷ ёфтани шаҳри Душанбе дар он одамон зиндагӣ карда, дар ҳудуди имрӯзаи шаҳр маҳаллаҳои зиёди шаҳрмонанд вуҷуд доштаанд. Қабатҳои фарҳангии бостоншиносон пайдонамуда ва маводи нумизматикӣ гувоҳи онанд, ки дар замони салтанати давлати Юнону Бохтар, Кушониёну Сомониён Душанбе маскани аҷдодони мо будааст.

Номи Душанбе бори аввал дар мактуби хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи рус Федор Алексеевич ёд мешавад. Ин мактуб имкон медиҳад, ки бо дарназардошти қонунҳои илми таърих шаҳри Душанберо дорои таърихи 400-сола гӯем.”

Ӯ таърихи шаҳрро тавзеҳ дода, меафзояд: “Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, соли 1747 Душанбе дар ҳайати бекигарии Ҳисор тобеи аморати Бухоро шуд. Шаҳри имрӯзаи Душанбе дар охири асри XIX аз деҳаҳои Душанбе, Шоҳмансур, Сари Осиё, Ғофилобод, Мири Шикор, Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поён, Қаримишкор, Чармгарон ва Заргар иборат буд. Деҳаи калонтарин – Душанбе бештар аз 500 ҳавлӣ дошта, дар он 6-8 ҳазор одам мезист.”

Дар замоне ки Душанбе тобеи аморати Бухоро буд, соли 1920 амири охирини Бухоро Олимхон барои наҷот аз таъқиби неруҳои Артиши сурх ба ин маҳал фирор карда, дар қалъаи воқеъ дар канори рӯди Душанбе (ҳоло маҳали Осорхонаи миллӣ) паноҳ бурда бошад ҳам, дер наистода, роҳашро давом дод ва ба хоки Афғонистон рафт. Моҳи феврали соли 1922 Душанберо босмачиҳо бо раҳбарии генерали турк Анвар-пошо тасарруф карданд, аммо 14 июли ҳамон сол дастаҳои мусаллаҳи болшевикҳо дубора парчами сурхи давлати Шуравиро бар фарози шаҳр барафрохтанд.

Душанбе 16 октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1929 пойтахти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон шуд.

 

2. Сталинобод, соли 1955
Майдони ба номи Садриддин Айнӣ

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола дар моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Ин сабаб дорад. Апрели соли 1927 Шурои комиссарони халқи ҶМШС Тоҷикистон  «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул кард. 16 октябри соли 1929 ба эҳтироми Роҳбари давлати Шуравӣ И.В. Сталин номи шаҳри Душанбе тағйир ёфт ва то соли 1961 Сталинобод ном дошт. Дар шаҳр соли 1929 роҳи оҳан сохта шуд, ки Душанберо бо Тошкент ва пойтахти СССР — Москва пайваст. Ин дигаргунӣ заминаи рушди саноати бофандагӣ, электротехникӣ ва хӯрокворӣ, инчунин, соҳаи мошинасозиро фароҳам кард. 

Дар ин бахши суҳбат бамаврид хоҳад буд, агар бар асоси омор ва далелҳои фаровон аз заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид кунем, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор километр роҳи оҳан вуҷуд дорад. Соли 2016 дар остонаи биступанҷумин солгарди ҷашни истиқлоли кишварамон роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт, ки 132 километр дарозӣ дорад.

Пас аз бунёди ин қисмати роҳ ҳаҷми боркашонӣ дар роҳи оҳани Тоҷикистон афзуда, ҳамасола миллионҳо тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ҳазорҳо мусофир дар дохили кишвар ва барои сафар ба хориҷ аз роҳи оҳан истифода мебаранд. 

Душанбе пойтахти Тоҷикистон буда, оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин ба ҳисоб меравад.  Шаҳри навбунёд дар солҳои 30-юми асри 20 босуръат рӯ ба ободӣ овард. Бинои аввалин дармонгоҳи тиббӣ соли 1936 сохта шуд. Соли 1938 бинои Комиссариати халқи хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон ва даҳҳо идораҳои дигари маъмурӣ, муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардиданд. 

Барои ҳаракат ба минтақаҳои шаҳри босуръат рушдёбанда ҳанӯз дар солҳои 1950-ум хатти ҳаракати троллейбус бунёд гардид. Душанбе пас аз Алмаато, Тошканд ва Бишкек чорумин шаҳри Осиёи Марказӣ ва пештар аз Ашқобод буд, ки ин навъи нақлиёти шаҳриро ба роҳ андохтанд. 

Даҳҳо биноҳои нав бо сабки аврупоӣ сохта шуданд. Намунаҳое аз ин сохтмонҳоро имрӯз ҳам дар марказу гӯшаҳои шаҳр метавон дид. Шумораи чунин сохтмонҳо, ки нишонаи таърихии солҳои 30-50-ум асри гузашта буданд, ба сабаби тараққиёти васеъ даҳсолаи охир кам мешавад. Ҷойи онҳоро биноҳои баландошёнаи замонавӣ гирифта, шаҳри моро боз ҳам зеботар намуда, Тоҷикистонро ба макони  таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ табдил додаанд. 

Бояд таъкид кард, ки аз соли 2017 сиёсатмадори ҷавону кордон Рустами Эмомалӣ Раиси шаҳри Душанбе таъйин шудаанд ва раванди эҳёи босуръат, ободонӣ ва сарсабзии шаҳр бештар маҳз ба давраи роҳбарии эшон рост омадааст. 

Душанбе дар макони хуб ва барҳаво воқеъ аст. Сатҳи он дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон нисбатан ҳамвор буда, рӯди Варзоб аз байни он мегузарад ва дар канори шарқӣ ва ҷанубии он рӯди Кофарниҳон ҷорист. Аз ҳисоби обу ҳавои дараҳои хушманзараи Варзобу Ромит шаҳр микроиқлими нотакрор дошта, пойтахтро зебо ва руҳияи сокинону меҳмононашро ҳамеша болида нигоҳ медорад. 

Бо чунин маълумот ва иттилооти дигари пуркунанда аз сӯйи омӯзгор, роҳбари синфҳо ташкил намудани дарсҳои беруназсинфӣ ва саёҳати гурӯҳи хонандагони хоҳишманд ба ҷойҳои таърихӣ ва гӯшаҳои навбунёду зебои шаҳрамон муҳим буда, таъсири тарбиявии суҳбатро бештар хоҳад кард. Инчунин, дарсҳову саёҳатҳо дар тиннати хонандагон меҳру муҳаббатро нисбат ба Ватану таърихи он афзун намуда, дар ташаккули худшиносию меҳанпарастии наврасон нақши созгор мегузорад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *