Суҳбаторо Ҳ. Талабшо,
рӯзноманигор

Ҳамватанони мо ҳамасола 30-юми январ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ яке аз ҷашнҳои миллӣ ва ниёконамон – Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Ба муносибати иди аҷдодӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии кишварамон барномаҳои фарҳангии идона баргузор карда мешавад, ки дар онҳо ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат, техникаи муосири кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари рамзи ҷашни Сада ҳастанд, ба роҳ монда мешавад. 

Дар робита ба ин суннати аҷдодӣ, оид ба моҳияту муҳтавои ҷашни мазкур бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг Дилшод Раҳимӣ мусоҳибае анҷом додем. 

 

— Муҳтарам Дилшод Раҳимӣ, нахуст ҷашни Садаро барои шумо ва кулли хонандагони маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” муборак мегӯям ва ҳамзамон мехостам, доир ба Сада, пайдоиш ва раванди ташаккулёбии он ҳамчун ҷашни мардумӣ назари худро манзур мекардед.

— Сипосгузор аз Шумо, иди Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ҷашни миллии бостонии тоҷикон буда, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо мустақилияти худро ҳифз намудааст. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва ҷомеаи башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми мардуми олам будааст. Аз қабили кашфи оташ, дарёфтани баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, риёзӣ ва ғайра. Муҳаққиқон пайдоиши ҷашни Садаро бештар ба оташ марбут медонанд. Масалан, даҳ-понздаҳ ҳазор сол пеш одамон дар сатҳи шуури паст қарор доштанд ва чӣ гуна афрӯхтани оташро намедонистанд. Дар саргаҳи ҳар як кашфу ихтироъ шахсиятҳое ҳастанд, ки дар ҷомеаи ҳамонвақта мавқеъ ва аҳаммияти хос доштанд. Чунончи, кашфкунандаи оташ дар асотири Эрони қадим Ҳушангро медонанд. Ҳушанг дувумин шоҳи силсилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ – Каюмарс ва фарзанди Сиёмак мебошад. Ҳамон гунае, ки дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавс нақл шудааст:

 

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун…

 

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз

Падид омад оташ аз он санг боз…

 

Чӣ тавре ки Абуқосими Фирдавсӣ дар ин мисраъҳои шеърӣ баён кардааст, Ҳушанг дар шикоргоҳ бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш гузар мекард, ки ногаҳон чашмаш ба мори сиёҳи тезтоз дарафтод ва мехост онро ба зудӣ нест кунад. Ҳамон лаҳза сангеро бардошта ба болои он партоб кард, ки он ба санги дигар бархӯрда, аз зарбаи ду санг шуълаи оташ ба вуҷуд омад. Мор ба паси сангҳо гурехта меравад. Ҳушанг ин ҳолатро дида, дар ҳайрат мемонад ва шукр мегузорад, ки Худованд рози афрӯхтани оташро ба онҳо нишон дод ва ин ҳодисаро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Ҳамин тариқ, асрори оташ афрӯхтан ошкор шуд ва Ҳушанг бо таҷлили ин рӯзи наку ҷашни Садаро асос гузошт. Ин аҳаммияти иҷтимоии ҷашни Сада аст. Ҳамзамон, Сада ҷанбаҳои асотирӣ низ дорад, ки мегӯянд, ин ҷашн рамзи поён ёфтани чилаи калони фасли зимистон аст. Мардум авҷи зимистонро чил рӯз дониста, барои наҷот аз сардиву торикии зимистон аз оташ истифода мебурданд. Дар китоби Авесто фасли зимистон шаш моҳ тасвир шудааст. Чилаи калон аз шаби Ялдо оғоз ва дар Сада анҷом меёфт. Дар умум, метавон гуфт, ки ҷашнҳои аҷдодии мо пур аз розу рамзҳо буда, ба эътиқодҳои бостонӣ иртибот доштанд. 

Ҷашни Сада ба соҳаи кишоварзӣ иртиботи қавӣ дошта, албатта иртиботи он дар давраҳои баъдӣ аҳаммияти муҳим пайдо мекунад. Деҳқонону боғдорон вақте чиллаи калон ба охир мерасид, ҷашни Садаро баргузор мекарданд ва пасон ба корҳои кишоварзию боғдории хеш ҳусни оғоз мебахшиданд. Масалан, боғдорон баъд аз ҷашни Сада ба шохчабурӣ, сафед кардани пояи дарахтон шуруъ мекарданд. Кишоварзон аз хокистари гулхани Сада, ки онро муқаддас медонистанд, ба заминҳои худ мепошиданд. Вобаста ба ин мо гуфта метавонем, ки аз давраи қадим ҷашни Сада, ҷашни кишоварзону боғдорон — ҷашни мардумист. Дар умум, Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. 

 

— Яъне, мардум оташ ё гулханро ҷавҳари ҷашни Сада медонанд. Мегуфтед, ки дар истиқбол аз ин ҷашн чӣ ҳикмате таҷассум меёфт? 

— Бале, ин пиндор вуҷуд дорад. Ба он хотир, ки аз даврони қадим мардум ба оташ ниёз дошт. Онҳо оташро ҳамчун неъмати Яздон, ба монанди обу замину хоку бод ва ғайра, арзишманд медонистанд, зеро ба воситаи оташ хонаҳои худро гарму равшан мекарданд, хӯрок мепухтанду дигар корҳои рӯзгори хешро пеш мебурданд, чунки дар он айём барқ ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ ташаккул наёфта буд. 

Таҷлили ҷашни Сада дар тӯли таърих шукӯҳи вежае дошта, ин шукӯҳмандӣ то даврони Ғазнавиён идома ёфт. Махсусан, дар замони шоҳаншоҳии Сосониён он бо шаҳомати хосса таҷлил гашта, дар замони шоҳаншоҳии Сомониён он ба авҷи аъло расида буд. Аммо баъд аз ба сари қудрат омадани Ғазнавиён таҷлили ҷашни Сада оҳиста-оҳиста шаҳомати худро аз даст дод. Худи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз тамоми ҷашну маросимҳои миллии ниёкони мо ҷонибдорӣ намуда, онҳоро баргузор мекард. Аммо дар ин замина писараш – Масъуд Ғазнавӣ бо ӯ ҳамфикр набуд, аз ин рӯ, ҷашн мавқеъ ва манзалати худро аз даст дод. Сараввал Масъуд низ баргузории ҷашну маросимҳои миллии тоҷикон, ба мисли Меҳргон, Сада, Наврӯзро ҷонибдорӣ мекард, аммо баъдтар бо таъсири рӯҳониён аз таҷлили ҷашнҳои ниёгони мо, махсусан, Сада оҳиста-оҳиста даст кашид. Чунки ба ӯ гуфтанд, ки Сада ба оташ марбут асту оташ аз муқаддасоти зардуштиён аст. Албатта, ин иғвоҳои мутаассибон беасос буд, зеро оташ ба хотири рушноӣ афрӯхта мешуд. Оташ дар бисёр расму оинҳои қадимаи на танҳо тоҷикон, балки тамоми халқҳои ҷаҳон муқаддас шуморида мешуд. Ҳамин тариқ, бо фармони шоҳ Масъуди Ғазнавӣ таҷлили ҷашни Сада расман манъ карда шуд. Аз ҳамон давра он ҳамчун ҷашни расмӣ дигар қайд карда намешуд. Аммо маҳбубияташ дар байни мардуми минтақаҳои гуногун боқӣ мемонад ва бо номҳои гуногун то ба замони мо омада мерасад. 

Яке аз ин бозмондаҳои Сада ҷашни “Хирпичор”-и мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст. Маъноми калимаи “хирпичор”-ро чунин метавон шарҳ дод: “Хир” (хуршед) ва “пичор” (мард). Мардум дар охири моҳи январ ва аввалҳои феврал ҷашни «Хирпичор» барпо карда, оташ меафрӯхтанду хурсандиҳо менамуданд. 

Дар деҳаҳои водии Рашт идомаи ҷашни Сада бо номи маросими “Ҳут” боқӣ монда буд. Онро метавонем ҷашн бигӯем, чунки дар он шодиву нишот мекарданд. Барои мардум зимистон фасли хеле душвору сангин ва тоқатфарсо буд, махсусан, дар мавзеъҳои кӯҳистон, ки роҳҳои иртибот дар фасли зимистон, ҳатто, бо деҳаҳои ҳамсоя қатъ мешуданд. Мардум дар қафаси зимистон гирифтор буда, дилтангона рӯз мешумурданд ва омадани фасли баҳорро бесаброна мунтазир мешуданд. 

Ҳамин тариқ, ҳамчун рамзи раҳоӣ аз зери султаи зимистон мардум маросимҳои гуногунро мегузарониданд. Яке аз чунин маросимҳоро сокинони ҳавзаи дарёи Хингоб дар моҳи ҳут иҷро мекарданд, ки он моҳияти гузариш аз зимистон ба баҳорро таҷассум мекард. Этнографи рус Н.А. Кисляков соли 1935 дар деҳаҳои Нурунҷ, Деҳи Баланд, Бедаки Поён, Бедаки Боло, Бедаки Миёна, Қарақутан ва Ҷавчӣ, ки дар поёноби дарёи Хингоб ҷойгир шудаанд, пажуҳиши этнографӣ анҷом дода, роҷеъ ба баргузории ҷашни моҳи ҳут ишораҳо намудааст. Мувофиқи ривоятҳои сокинони рустоҳои мазкур, ки ба якдигар наздик ҷойгир шудаанд, мардуми он ҷо ба ҳамдигар хешу табор мебошанд ва шаҷараи аҷдодии онҳо ба Мулло Наим ном шахси донишманду фарҳехтае рафта мерасад, ки 400 сол пеш зиндагӣ карда будааст. Ин шахс гӯё васият карда будааст, ки ҳамасола дар се рӯзи аввали моҳи ҳут маросим барпо кунанд. Дар ҳар оила то 100 дона нони чаппотӣ пухта, ба табақҳои чӯбин реза карда, ба он равғани зардро бо дӯғ якҷоя намуда, мерехтанд. Ин хӯрокро («равғанҷӯшӣ») бо навбат аз ҳар хонадон ба аловхона, ки дар он ҷо ҳар рӯз ҳамдеҳагону баъзе меҳмонон ҷамъ мешуданд, мебурданд. Ҷамъомадагон гулхани нисбат ба ҳаррӯза калонтар афрӯхта, дар атрофи он чой менӯшиданд, ғизо мехӯрданд. Ин гуна нишастҳо дар се рӯзи аввали моҳи ҳут барпо мешудаанд. 

Пас аз 10 сол этнографи тоҷик Муҳаммаднаим Раҳимов ба ин мавзуъ машғул шуда, дар ин бора маълумоти бештару тозаро аз сокинони ҳавзаи дарёи Хингоб сабт намудааст. Тибқи мушоҳидаи ӯ, дар баъзе деҳаҳои дигар дар се рӯзи нахустини моҳи ҳут мардум бо навбат таоми равғанҷӯшӣ тайёр карда, ба масҷиди деҳа мебурдаанд. Инчунин, баъзе шахсони доро буз ё гӯсфандро низ забҳ карда, шӯрбо пухта мебурдаанд. Албатта, дар он се рӯз таом бисёр ҷамъ мешудааст, бинобар ин, як қисми онҳоро баргардонда ба мардум медодаанд. Занҳо бошанд дар хона ҷамъ шуда, Ҳутро ҷашн мегирифтаанд. Ҳангоми ҷашнгирии Ҳут маъмулан ба деҳаҳои дигар ба меҳмонӣ намерафтаанд ва одамони дар ин се рӯз ба меҳмонӣ омадаро як навъ ҷазо ҳам медодаанд. Сокинони Нурунҷ инро чунин маънидод мекарданд, ки гӯё шахси омада бо худ бадбахтиҳои деҳаи худро наораду хушбахтиҳои деҳаи моро набарад. Бегоҳи ҳар се рӯз дар масҷид гулхани ғайримуқаррарӣ меафрӯхтанд ва дар канораҳои он чойҷӯшро гузошта, чой меҷӯшониданд. Сипас, хурсандиҳо шуруъ мешуд: ҳофизҳо суруд мехонданд, навозандагон соз менавохтанд, раққосҳо мерақсиданд, масхарабозҳо рақсҳои хандаовар мекарданд, саҳначаҳои драмавӣ иҷро мекарданд. Илова бар ин, аҳли маросим якҷоя сурудеро дар васфи Ҳут мехонданд, ки гӯё аз тарафи Охуни Мулло Наим таълиф шуда бошад:

Хуш гузашт фасли зимистон ба мақоми дили мо, 

Лек дар Ҳут шудак шӯришу ғавғо барпо. 

Сардиву гармии ин буд ба фармони Худо, 

Нест касро сухане гуфта дар ин чуну чаро, 

Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад. 

 

Баъди ай Ҳут расад бар тани ман бӯйи баҳор, 

Тоза гардад тани ман мисли гули ғунчаниҳол, 

Шукри Ҳақ кардаму таъзими Худованди таъол, 

Нарасондаст ба ман меҳнату ғамро ба канор.

Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад.

 

Аҳли деҳқон ҳамагӣ фикри зироат доранд, 

Дар ғами белу каланду чапару испоранд, 

Фикри гову замину тухму иморат доранд, 

Ҳама дар фақ-фақаву дағ-дағаи бисёранд, 

Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад.

 

Баъзеро хоҳиши дил завқи тамошо боша, 

Баъзе сокин шуда дар хона муҳайё боша, 

Баъзе дар хонақову мадраса шаб то ба саҳар, 

Ҳамди тасбиҳи Худо гуфта, мусаффо боша, 

Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад.

 

Турфа фаслест, ҳама тухми алаф тоза шава, 

Ҳама гул сар бузана, рӯи замин лола шава, 

Гулу булбул ҳама дар наъраву ҳам айшу тараб,

Ҳама дар фикри Ватан кардан ҳамсоя шава, 

Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад.

 

Ғами булбул ҳама ай бахши фироқи ёрай, 

Дар баҳорон ҳама шав то ба саҳар бедорай, 

Ҳамчу Охун ҳама дар фикри тавофи ёрай, 

Гули навғунча ба булбул ҳама шаб даркорай, 

Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад. 

 

— Хеле маълумоти ҷолиб ва ҳикматангез. Тавре мо медонем, низоми сиёсии давлати собиқ Шуравӣ ба ҳифзи ҷашну анъанаҳои дорои асолати миллию таърихӣ дошта ҳавасманд набуд. Ба назари Шумо эҳё ва таҷлили ҷашни Сада барои давлати соҳибистиқлолӣ мо чӣ зарурат ва аҳаммият дорад?

-Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ мо бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллии худро соҳиб шуда, боз ба асли худ пайвастем. Дар ин замина, иқдому корҳои таърихиву мондагори бисёр аз ҷониби Роҳбари давлат амалӣ шуданд. Имрӯз ҷашнҳо, касбу ҳунарҳои зиёд эҳё гардида, намунаҳои мусиқии миллӣ боз ҳам тақвият ёфт ва таваҷҷуҳ ба асолат ва фарҳанги миллӣ зиёд шуд. Талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буданд, ки имрӯз ин ҷашни таърихӣ дар Ватани азизамон бошукӯҳ таҷлил мегардад. Боиси хурсандист, ки роҳандозии ин гуна иқдомҳои хирадмандона ва наку боиси эҳёи оину суннатҳои ниёгон гардида истодааст.

Ҳарчанд ки ҷашни Сада дар замони пештар ба шакли ғайрирасмӣ дар байни мардум дар шаклҳои гуногун боқӣ монда буд, аммо аз соли 2008 инҷониб бо ибтикори фарҳангпарваронаи Роҳбари хирадсолори давлатамон ҷашни Сада расман ва бо шукӯҳу шаҳомати миллӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар таҷлил карда мешавад. Сада ба идеологияи миллии мо мутобиқ буда, вусъатёбии он ба нафъи соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷумҳурӣ — кишоварзӣ ва иқтисодиёт мебошад. Хушбахтона, ин ҷашни аҷдодии мо – Сада аввалҳои моҳи декабри соли 2023 дар Ҷаласаи 18-уми ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана аз ҷониби Комиссияи салоҳиятдори ЮНЕСКО баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид шуд. Бояд гуфт, ки номинатсияи ҷашни Сада муштарак бо Ҷумҳурии исломии Эрон пешниҳод шудааст. Ҳуҷҷатҳои номинатсия аз ҷониби олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО омода шуда буд. Албатта, ин дастоварди хеле бузург аст, ки мо тавонистем намунаҳои асили фарҳанги миллиро дар рӯйхатҳои ЮНЕСКО сабт кунем. 

Ҷашни Сада, дар маҷмуъ, бо ҷашнҳои дигари миллӣ, пеш аз ҳама, барои ҷаҳониён собит мекунад, ки миллати тоҷик миллати соҳибтамаддун ва бостонӣ аст. Аз даврони қадим ниёкони мо мардуми шаҳрнишин, шаҳрофар ва соҳибтамаддун буданд. Бо таҷлили ин ҷашнҳо, ки то имрӯз ба мо омада расидааст ва онҳоро эҳё кардаем, ба ҷаҳониён исбот мекунем, ки тоҷикон мисли дигар халқҳо кӯчӣ набуда, мардуми муқимии Осиёи Марказӣ буданд. Аз ҷиҳати дигар, ин ҷашнҳо ба мо эҳсоси ҳувият медиҳанд, яъне, ҳувияти миллии моро пурқувват мекунанд. Барои баланд бардоштани ҳувияти миллии мо рамзу арзишҳо лозим аст. Ин рамзу арзишҳо дар шаклҳои гуногун ҳастанд. Масалан, пеш аз ҳама, мо соҳиби Ватан — хоку буму марз ҳастем, меросбари забони миллӣ, фарҳанги бостонӣ, адабиёт ва фолклори ғанӣ мебошем. Ҳамчунин рамзу муқаддасоте, ки баъди соҳибистиқлолӣ насибамон гашт: Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, Суруди миллӣ, Пули миллӣ мебошанд. Вақте ки як нафар аз Тоҷикистон берун меравад, агар ӯро пурсанд, ки “ту аз куҷо ҳастӣ?”, дар ҷавоб мегӯяд “аз Ҷумҳурии Тоҷикистон”, яъне, Ватанашро ном бурда, дар ҳар куҷо Парчами худро бинад, ифтихор мекунад. Ҳар куҷое агар дар бораи ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра, сухане бифаҳмад, бо ифтихори ба худ хос мегӯяд, “ҷашнҳои миллии мо ҳастанд”. 

Дигар ин тавассути ҷашни Сада метавонем соҳаи кишоварзии худро бештар рушд диҳему таблиғ кунем, зеро онро метавон ҷашни кишоварзон ҳам номид. Ҳангоми таҷлили он боғдорон, кишоварзон, деҳқонон, чорводорон, ҳунармандон, сокинони зиёде аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ шуда, хушҳолӣ мекунанд ва дар баробари ин молу маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, мефурӯшанд, доду гирифт мекунанд ва ба якдигар маслиҳатҳо медиҳанд. Дар умум, ҷашнҳои миллӣ василаи таҳкими ваҳдату ягонагӣ ба шумор меравад, зеро мардумро гирди ҳам меорад. 

— Таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон, Эрон ва дигар кишварҳо чӣ тафовутҳо дорад?

 -Ҷашни Садае, ки расман дар Тоҷикистон ҷашн мегирем, аз ҷашни Садае, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, хусусан, дар устонҳои Кирмон ва Язд, ҳамчунин, кишварҳои Аврупо, Амрико, Австралия, ки он ҷо зардуштиён зиндагӣ мекунанд, андаке тафовут дорад. Масалан, дар Эрон мардум баъд аз шом гулхани бузург афрохта, мисли замонҳои қадим шабона онро ҷашн мегиранд. Аммо дар Тоҷикистон мо онро чун ҷашни умумихалқӣ дар боғҳо рӯзона ҷашн мегирем, ки бештар ҷанбаи кишоварзӣ дорад. Як идда ҳаводорони ин ҷашн, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, боре дар боғчае гулхан афрӯхта, дар атрофи он базму тараб оростанд, аммо аз ин иқдомашон хадамоти оташнишонии давлати мазкур огоҳӣ ёфта, онҳоро барои амалашон ҷарима кардааст ва таъкид намудааст, ки дигар ин корро такрор накунанд, чунки хатари сӯхтор вуҷуд дорад. Яъне, аз лиҳози бехатарӣ ба ин нафарон иҷозат дода намешавад, ки гулхани баланд афрӯзанд. Ин нафарон пас аз он дар як табақ шамъеро афрӯхта, аз болояш меҷаҳанду шодӣ мекунанд ва онро ҳамчун рамзи гулхан қабул мекунанд.   

— Сипосгузорем аз шумо муҳтарам Дилшод Раҳимӣ барои суҳбати хубу пурмуҳтаво.

— Саломат бошед.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *