З. АМИНҶОН,
омӯзгор

“Берунӣ аз таассуби динӣ ва муносибати душманона нисбат ба маданияти мардуми ғайримусулмон тамоман дур буд. Масалан, ҳамаи асарҳои ба Ҳиндустон бахшидаи ӯ аз руҳ ва хосияти олим, эҳтиром ба маданияти бузурги Ҳинд саршоранд. Аз ҳамин сабаб ҳам, Берунӣ дар Ҳиндустон ва Покистон шуҳрат ва маҳбубияти зиёд пайдо кардааст.”
 Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикон”

Ин баҳои таърихӣ ва илман асосноки аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҷаҳони андеша ва камоли донишу ҳисси миллии Абурайҳони Берунӣ раҳнамоест, то паҳлуҳои ҳанӯз норӯшани афкор, назария ва ҷаҳонбинии ин нобиғаи сатҳи ҷаҳониро мӯшикофона пажуҳиш намуда, ба фаҳму идроки наслҳо бирасонем. Дар илми шарқшиносӣ омӯзиши осору афкори Берунӣ ҳанӯз асрҳои XVIII-XIX оғоз шудааст, лекин тадқиқу баҳодиҳӣ ба осори ӯ аз замони зиндагияш ибтидо ёфтааст. Дар асарҳои донишмандони ҳамаср ва вопасин аз бузургии ӯ, муҳтавои беназири асарҳои илмию тадқиқотияш бо ҳусни ихлосу камоли эҳтиром ёд намудаанд. Осори Беруниро ба аврупоиён ва ҷаҳониён шарқшиносони олмонӣ Эдуард Захау (асри XIX), Карл Ҳарберс, Йоҳанн Фюкклбар (асри XX), рус М. Сале (асри XX), эронӣ Акбари Доносиришт, ӯзбек А.Расулов, тоҷик М.Осимӣ, М.Диноршоев. К.Олимов. А. Девонақулов, М.Ҳазратқулов ва чанде дигар муаррифӣ ва дар ин замина пажуҳиши монографӣ намудаанд.
Хушбахтона, бо заҳмати ин фидоиёни ҷодаи илм чандин китобу мусаввадаҳои осори Берунӣ аз бойгонию фаромӯшхонаҳои таърих дарёфт, баргардону чоп ва пешниҳоди аҳли илму дилбохтагони фарҳангу тамаддуни Шарқ гардидаанд. Шинохту бозтоби дақиқи ҷаҳони андеша, ҳадафу ишораҳои ҳакимонаи рӯшанфикрону алломагони ориёӣ дар замони ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангситезию бархӯрд, фурӯрезии тамаддунҳоро дар пай дорад, хеле зарур аст, то имрӯзиёну фардоиён бидонанд, ки нигоҳдошти арзишҳои фарҳанги ориёии миллат бо чи мушкилоте насиби мо гаштааст.
Рӯй овардан ба бозшинохти чеҳраҳои мондагори миллат, амсоли аллома Абурайҳони Берунӣ, ки танҳо феҳристи асарҳояш беш аз 60 саҳифа будаанд, тибқи ахбори донишманд Ёқути Ҳамавӣ (1179-1229) дар асараш “Муъҷам-ул-удабо” кофист, то бидонем, ки як марди ватандор дар замоне, ки шамшери таассубу мазҳабситезӣ дар ислом бо дасти Маҳмуди Ғазнавӣ ва ворисонаш хунрез буд, чи пайкоре бо қалам дар посдории фарҳангу тамаддуни ориёӣ намудааст. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои муътамад зодгоҳи Берунӣ шаҳраки Кот (саҳеҳтар Кат-хона), ки дар наздикии шаҳри Хоразм (марзи хуршедӣ) ҷойгир буд, нишон дода шудааст. Асрҳои IX-X давраи боландагӣ ва равнақи Хоразм аст. Он ҳамчун яке аз марказҳои маъмурӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ дар роҳи абрешим зери нуфузи давлати Сомониён барои рушди илмҳои гуногуни он замон, аз қабили риёзиёту ҳандаса, ситорашиносию кимиё имконоти фаровон пайдо карда буд. Ин буд, ки аз марзи куҳанбунёди Хоразми бостонӣ даҳҳо нобиғагони илму ирфон бархостаанд.
Дар ташаккули шахсияти Берунӣ ҳамчун олими ҳамадон мақоми хонаводагӣ ва махсусан, устодони барҷастаи он замон назири Абунасри Мансур ибни Алӣ ибни Арроқ хеле муассир аст. Мутобиқи шаҳодати устодаш заковату қувваи ҳофизаи ин фарзонаписар ба он дараҷа буд, ки ба ғайр аз забони модарияш-хоразмӣ, инчунин, забонҳои суғдӣ, порсӣ, арабӣ, ҳиндии қадим-санскрит, юнонӣ, ибронӣ, паҳлавӣ ва чанде дигарро тӯли умр омӯхтаву бо онҳо асар эҷод намудааст. Рағбати Берунӣ аз забономӯзӣ ба хотири дақиқан омӯхтану тадқиқи асосҳои илму ҳикмати юнониён доир ба таъриху сиёсат, фалсафаю мантиқ, шинохти илми ситорашиносии бобулиён, тақвимсозии калдониён, санъату хати ибронӣ, фарҳангу тамаддуни паҳлавӣ, кимёгарию донишҳои тиббию риёзии ҳиндуёну мисриён будааст.
Таваҷҷуҳи моро ҳисси миллӣ, ғурури тоҷиконаи Берунӣ, иштиёқи ӯ ба фарҳангу тамаддуни бостонии ниёгони соҳибмаърифаташ — хоразмиён, инчунин, дилбастагияш ба омӯзиши сулолаи Сосониён, кешу оинҳои тоисломии ниёгонаш ба худ ҷалб намуд. Ин мавзуъ ва ин мазмун бо назокати хоси илмию адабӣ чун хати сабз дар тамоми осори илмию адабии Берунӣ ҷилои тобнок дорад ва ишораи заковатмандона ба наслҳои бедор аст. Ин дилбастагӣ Беруниро ба Хуросон мебарад, зеро яке аз сулолаҳои асилзодаи ориёӣ бо номи Оли Зиёр давлати миллии тоҷиконаи худро ташкил ва алорағми фишору зарбаҳои мутаассибонаи хилофати Бағдодии арабҳо ба эҳё ва густариши арзишҳои тоисломии ориётоҷикон қаҳрамонию майдондорӣ менамуд. Ҷасорати миллии яке аз асосгузорони ин сулола Мардовиҷ бинни Зиёри Дайламӣ (928-935) дар эҳёи харобаҳои шаҳри Мадоин (пойтахти давлати Сосониён) ва дилбохтагии дигари ин хонадон Абулҳасан Шамсулмаолӣ Қобус бинни Вушмагир (967-1012), ки марди фозил ва посдори фарҳангу адаби порсӣ буд, Беруниро водор сохт, то ба хидмати ин асилзодагон биравад.
Пайвастан ба олами илму адаб, дастрасӣ ба ганҷинаи беназири китобхонаи шоҳӣ, ки адабиёти фаровон бо забони паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, авастоӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, бобулию мисрӣ ва дигарҳоро дошт, такони бузурге ба ҷаҳони афкор, андеша ва дарки хештаншиносии Берунӣ расонид. Ҳамнишинӣ бо шоҳзода Шамсулмаолӣ Қобус, ки ба қавли тазкиранигор Муҳамммад Авфӣ “Амир Қобус дарёи эҳсон буд ва ҳар кӣ рисолаи “Камол-ул-балоға”-и ӯро мутолиа карда бошад, донад, ки фазли ӯ то куҷо бошад” барои Берунӣ имкони мусоиди кору эҷодро фароҳам сохта буд. Ин алоқамандияшро бо хонадони Оли Зиёр ҳамчун ворисону посдорони арзишҳои ориёии давлати Сосониён дар “Осор-ул-боқия” бо ҳусни ифтихор чунин менигорад: “Ва ҳеҷ кас ҳам мункир нест, ки хонаводаи салтанатӣ (сулолаи Зиёриён) бо Сосониён аз як тоифаанд, зеро доии Шамсулмаолӣ Рустам бинни Ширин бинни Рустам…бинни Қубод аст, ки падари Анушервон буд”. Шиносоии олим бо шаҳрҳои адабпарвари ориётоҷиконаи Рай, Исфаҳон, Ҳамадон, Табаристону Гургон, ки дар онҳо мавҷи ҷараёни Шуубия — ҳаракати миллӣ-озодихоҳонаи зиддиарабӣ, муқобили ҷаҳлу хурофоти халифаҳои аббосӣ дар такон буд, инқилоб дар афкору ҷаҳонбинияш меафрӯзад. Ин шуълаи умед олими ҷавонро бар он водор сохт, то барои шинохт, нигоҳдошт, тарғиби ғояҳои асили фарҳангу тамаддуни тоисломии хоразмиён, суғдиён, бохтариён, марвиён ва дигар халқу ақвоми ориёӣ китобе бо далелҳои дақиқи илмӣ дар асоси методологияи муқоисавӣ, арзишгузорӣ, даврабандӣ эҷод намояд. Ин асари машҳури ӯ “Ал-осор-ул-боқия ан-ил-қурун ил-боқия” мухтасаран “Осор-ул-боқия” мебошад, ки Берунии закитаъбу ҳушёр барои зери надомату сангпартоии ҳасудону мутаассибон қарор нагирифтан, зиракона, дар ҳама мавзуъҳои пешниҳодӣ, хоҳ тақвимсозӣ, хоҳ хосияти иду ҷашнвораҳо, таърихи паёмбарону роҳбарони ошӯбҳои мардумӣ ва дигар мавзуъҳо, ба таври муқоисавӣ аз як сар беғаразона дар бораи юнониён, мисриён, бобулиён, ақвоми эронинажод, ҳиндуён, туркҳо ва дигар қавму халқиятҳо маълумот пешниҳод менамояд. Воқеан, талаботи илм чунин аст, ки олим мӯшикофона ин рисолатро бо нозукӣ ба самар расонидааст. Чуноне дар ин бора ишорае дорад: “Мо бояд ҳар кадом аз ин ахборро, ки наздиктару машҳуртар аст, аз соҳибони он бигирем ва то андозае, ки метавонем, онро ислоҳ кунем”.
Бадбахтона, баъди заволи давлати Сомониён (999 с.) ва ба дасти кӯчманчиёни қарахонӣ афтодани сарзаминҳои Вароруду Хуросон шароити кору эҷод ва зисту зиндагонии аҳли илму фарҳанг хеле бад гардид. Берунӣ пас аз оворагардиҳо дар солҳои 999 то 1005 дар шаҳрҳои Рай, Ҳамадон, Гургон ба Хоразм бармегардад ва дар дарбори Абулаббос ибни Маъмун то соли 1017 хидмат менамояд. Пойи номубораки Маҳмуди Ғазнавӣ (ҳукмронияш 999-1030) дар соли 1017 ба Хоразми ободон мерасад ва пас аз қатлу куштор, тороҷу сӯхтанҳо дар қатори ғаниматҳои ҷангӣ ҳакими ҳозиқ Абурайҳони Беруниро ба Ғазна мебарад. Ҳаёт ва зиндагонӣ дар асорати маънавӣ будан, руҳияи олими тавоно ва ватандӯстро шикаста наметавонад. Ӯ шуғли илмро беҳтарин роҳи раҳоӣ дониста, ба тадқиқ, омӯзиш ва эҷоди асарҳои илмӣ дар самти тиб, риёзиёт, ҷуғрофия, ситорашиносӣ, тақвимсозӣ, ҳандаса, кимиё, фалсафа, геология, минералогия, мардумшиносӣ, ахлоқ ва чанде дигар машғул мешавад.
Ҳангоми истилогариҳои Маҳмуд ба кишвари афсонавии Ҳинд Берунӣ чанд маротиба ба сифати таърихнигор, мунаҷҷим, мардумшинос ӯро ҳамсафар буд. Дар ин сафарҳо ӯ тавонист ба фарҳанги бостонии мардумони гуногунзабону гуногун фарҳанги Ҳинд, расму оинҳои динию мардумии он, эътиқод ва санъату ҳунари халқиятҳои он шинос шавад, омӯзад ва ин аҷоиботу боигарии маънавиро ба ҷаҳониён ба воситаи китобаш “Китоб фӣ таҳқиқи мо-лил-Ҳинд” (мухтасаран Мо-лил-Ҳинд) бирасонад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Абурайҳони Берунӣ аввалин олими ҳиндшинос аст, ки беғаразона, бо ҳусни эҳтирому ихлос ин дурдонаи пурҷилои шарқро бозкушоӣ намудааст. Дигар далели арҷгузории ӯ ба фарҳангу тамаддуни ориёӣ дар он аст, ки бо омӯзиши забони қадимаи санскрит аввалин шуда, пайванди забонӣ, нажодии ҳиндуён ва ақвоми эронинажодро баён сохта, унсурҳои ба ҳам омехтаи фарҳанги онҳоро сареҳан ба қалам додааст. Чунончи, дар ин асар агар дар бораи зардуштиёни Ҳинд, расму оин, ҷашну маросимҳои динию хонадорӣ, рӯзҳои шодию сур, ахлоқи ашрофонаи онон ва дигар арзишҳои тамаддунияшон маълумоти саҳеҳ дода бошад, ҷои дигар оид ба таъсири дини буддоия ба мардумони қаламрави давлати Кӯшониён (Йучиҳои бузург) ахбори ҷолиб меорад, ки шоҳ Канишка дар Пешовур (шаҳр дар ҷануби имрӯзаи Афғонистон) Каникчайтя ном маъбади буддоияро сохта будааст. Берунӣ тавонистааст дар баробари нигоришоти асарҳои илмӣ, баёни масоили замон, талаботи ҳокимони ҷаҳолатпешаю мутаассиб, ки ҳама осори мадании халқҳои ғайримусулмонро ба куфр, бидъат, ғайришаръӣ фатво дода, сӯхтаю тороҷ, вайрону нобуд мекарданд, нозукона бебаҳоии ин арзишҳои дасту панҷа, шууру идроки одамиро ба хонандаи огоҳ зиракона ишора фармудааст. Яъне, ин олими асилзодаи ориёхилқат дар зери теғи хунрези Маҳмуди мутаассиб, ки ба қавле “Қадами номубораки Маҳмуд, Гар ба дарё расад, барорад дуд” ҷон дар каф зиста, бо сеҳри қалам дар замири китобҳои ҷовидонааш парчами бедорӣ, ҳувиятсозӣ, тоҷикият, нигоҳдошту эҳёи арзишҳои ориёиро баланд афрохтааст. Дар ин матлаб менигорад, ки “Таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад ва гуфтугӯй бо мардуме, ки дар ботилии хеш пофишорӣ мекунанду нодониро маркаби худ сохтаанд, беҳуда аст”.
Зиндагии Берунӣ саршори қаҳрамонист, зеро тавонист дар замони султон Масъуд (писари Маҳмуд, солҳои салтанаташ 1030-1041) китоби оламшумули худ “Ал-қонун-ул-масъуди фи-л-ҳайат ва н-нуҷум” (машҳур бо «Қонуни Масъудӣ»)-ро таълиф намояд. Дар ин асари монографӣ низ Берунӣ дақиқияти солшумории эрониён, тақвимсозӣ, саҳеҳият дар рӯз ва солҳои кабиса, номи моҳу рӯзҳо, ситораҳо, бурҷҳои фалак пеши ахтаршиносони ориёӣ ва саҳеҳияти илми нуҷумии ононро нисбат ба юнониён, мисриён, бобулиён, ҳиндиёну чиноиҳо сареҳан баён месозад. Ҳангоми салтанати султон Маъдуд (писари Масъуд, солҳои салтанаташ 1041-1048) ҳаким Берунӣ асарҳои “Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб”, “Китоби таҳдид ниҳоят-ул амокин-лӣ-тасҳеҳи масофат-ил масокин”, “Китоб-ул тафҳим-ли-авоили саноат-ит-танҷим” ва чанде дигарро иншо менамояд, ки қимати бузурги илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ доранд ва ба илмҳои гуногуни инсоншиносию дақиқ бахшида шудаанд. Таҳқиқу бозшинохти осори Абурайҳонӣ Берунӣ, ки шумори онҳоро аз 130 то 180 номгӯй медонанд, дар оянда метавонад, паҳлуҳои дигари ҷаҳони андешаи ин нобиғаи оламиёнро боз намояд. Дар ин матлаб мо наметавонем, ҳамаи он шаҳоматро гирдоварию пешниҳоди хонандаи закӣ гардонем, ҳадафи мо танҳо бозтоби як ишораи нозуконаи олим дар боби худшиносии миллист.
Ҳакими ватандӯстдор бо шефтагии беандоза ба Хоразми бостонӣ, ки ҳатто, бузургияш дар китоби муқаддаси зардуштиён- “Авасто” васф шудааст, бо дард аз вайронии он чунин менависад: “Қутайба бинни Муслим (сарлашкари ҷаллоди хилофати араб) ҳар касро, ки хати хоразмӣ медонист, аз дами шамшер гузаронид. Ва онон, ки аз ахбору иттилоот миёни худ тадрис мекарданд, эшонро низ ба дастаи пешин мулҳақ сохт. Бад-ин сабаб, ахбори Хоразм тавре пӯшида монд, ки пас аз ислом намешавад, онро донист. Ва вилоят… пас аз ин хабар дар дасти қабилаҳо давр мезад…” (“Осор-ул боқия”, Д-бе. 1990, саҳ.56). Ин ишораи ҷасурона аст, барои наслҳои бедор, то ҳақиқати таърихро бидонанд, ки бегонагон, махсусан, арабҳо ва туркони бодиянишин бо баҳонаи тарғиби дини ислом бар сари мардумони бумӣ, соҳибони ин марзу буми биҳиштӣ омада, чи фалокату фоҷиаи умумиинсониро бор кардаанд. Бисёре аз муаллифони асримиёнагии тоҷик дар осорашон ба хотири зинда мондан, қути лоямуте ёфтан ватан, миллат, дин, арзишҳои фарҳангию нажодии худро фурӯхта, ба таънаю маломати даврони гузашта, дину оин, забону фарҳанги тоисломӣ ҷор андохтаанд. Ин буд, ки сарлашкарони ҷаллоду ғосиби араб, қарахониёну ғазнавиён, салҷуқиёни ғуломаслу хонабарпуштро бо лақабҳои ифтихории «фотеҳ», «сайфуддавла» васфу тараннум кардаанд ва бадбахтона, то имрӯз дар даврони Истиқлоли миллӣ дар адабиёти тоҷик Маҳмуд тимсоли адл ва некӣ дар ҳикоёти чанд аслбохта ва Искандари “Авасто”-ро сӯхта чун шоҳи одилу кишваркушо таълим дода шуда, ин манқуртгариро бар мағзи кӯдаки тоҷик мерезанд!
Абурайҳонӣ Берунӣ, чун устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, аллома Ибни Сино, ҳаким Носири Хусрав зери шиори: “Ман онам, ки дар пои хукон нарезам, Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро!” амал намуда, бо ҳусни ихлосу эҳтиром аз тамаддуни Пешдодиён, Сосониён, забармарди таърих Зардушт, Монии озодихоҳ, Маздаки Бомдоди адолатпеша, Ибни Муқаннаъ ва чандин шаҳаншоҳону сипаҳсолорони ориёӣ бо некӣ ёд мекунад ва ҳақиқати таърихро нигоҳ медорад. Ин ҷасорати беназир ва қаҳрамонии бемисл буд, зеро чашми замона кӯр, теғи ҷаҳолату таассуб дар ҷавлон ва рақибону фатводиҳандагон ба куфру бидъат гирдогирд мавҷ мезад. Дар замоне, ки муфассирони қуръону ҳадис, воизони арабпараст, фуқаҳову зоҳидони ҷоҳталаб бар зидди шахсияти Зардушт, оини некихоҳию ростманишонааш ҳазорон гуноҳу айб, туҳмату қабоҳатро бор ва кешу оини Мониву Маздакро ба сиёҳиву разолат, пайкори ватанхоҳонаи Муқаннаъ, Деваштич, Ғурак, Тархун, Сунбоди Муғ ва даҳҳо муборизи озодихоҳро ба куфру бидъат фатво додаву чашму дастҳо мебастанд, Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” ҷасурона нигоштааст: “Зардушт дар илму дониш пояи баланде дошт, ки илми моҳгирӣ (ҳодисаи гирифтани моҳ) назди дониши ӯ ночиз будааст”. Ҷои дигар сареҳан аз озодии таълимоти зардуштия ва чун илми комил будани муҳтавои “Авасто” ёд намуда, менигорад: “Зардуштиҳо ҷуз ба касе, ки ба имону дини ӯ тобеъ бошад, иҷоза намедиҳанд, ки китоби “Авасто”- ро бихонад. Ва шахсе, ки дар мазҳабҳои Зардушт олим ба “Авасто”шавад, бояд уламои дин коғазе бинависанд ва ба дасти ӯ бидиҳанд, ки чунин иҷозае ба ӯ дода шудааст, ки агар касе бар ӯ эрод гирад, коғазро чун ҳуҷҷат нишон диҳад.” (Ҳамон ҷо, саҳ.222).
Дар ҳақиқат, “Авасто” аввалин осори беназири Яздонист, мукаммал, мураттаб, дорои мазмуну мундариҷаи комилу ҳикматбор, ки ин мураттабӣ дар китобҳои динҳои вопасин камранг аст. Берунӣ дар бораи китобату нигоҳдории “Авасто” ва аз ҷаҳолату бадкинии Искандари ҷаҳонсӯз сӯхта шудани он нусхаи тиллокоришудаи даврони Сосониён бо ҳасрат ва ҳисси нафрат ба ин душмани тамаддуну фарҳанги ориёӣ чунин менигорад: ““Авасто” дар хизонаи Доро бинни Доро, подшоҳи Эрон, нусхае буд тиллокорӣ шуда, ки дар дувоздаҳ ҷилди гов навишта шуда буд. Ва чун Искандар оташкадаи форсро вайрон кард, ин нусхаро низ бисӯзонид ва ҳурбадонро (ҳофизону ровиёни Авасто) аз дами шамшер гузаронид. Ва аз он вақт “Авасто” маъдум шуд ва ба андозаи аз панҷ се қисми он ба куллӣ аз даст рафт. Ва дар асл сӣ “наск” буд. Ва боқимондаи он акнун дар дасти зардуштиҳост, ки ба андозаи дувоздаҳ наск аст…”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 222). Дар масъалаи шахсияти Монӣ, таълимот, китобҳои “Шопургон” ва “Инҷил”-и ӯ, ки дар бисту ду боб мутобиқи ҳисоби абҷад таҳия шуда буданд, хулосабарорӣ намуда, бо назари неки олимона баҳо медиҳад. Нисбат ба туҳмату буҳтони ходимони дин, ки таълимот ва корҳои илмии Мониро дар мунаҷҷимӣ, мусаввирӣ, кимёгарӣ ба найранг ва сеҳру ҷодуву лутгарӣ муттаҳам менамуданд, шубҳа намуда, менигорад: “Аз Монӣ чунин нақл мекунанд, ки агар шиддати зиёди ҳаяҷон пайдо кунад, қазои он дар кӯдакон равост. Ва бар ин матлаб мешавад чунин гувоҳ овард, ки ҳар як аз монавия ходиме амрад ва хушрӯ дорад. Вале, ман то он ҷо, ки аз китобҳои Монӣ дарёфтам, ба чунин чизе бар нахурдаам, зеро сирати Монӣ бо ин ақида мухолифат дорад”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 223). Берунӣ аз баёни ҳақиқати таърих наҳаросида, олим будани Монӣ ва китобҳои “Канз- ул-эҳё”, “Сифр — ул -ҷабобира”-и ӯро чун андешаи даҳриёнаю парҳезкорӣ дар рушди ҷомеа эътироф намудааст. Дар масъалаи шахсияти яке аз пешвоёни шӯриши халқӣ бар зиддӣ истилои арабҳо, марди диловару донишманд Муқаннаъ ҳамон лақабгузории душманони ӯ, таърихнигорони арабпарастро такрор намуда, зимнан баён менамояд, ки “Ва лашкариёни Маҳдиро (сарлашкари араб, фиристодаи халифа) шикаст доду чордаҳ сол истило дошт, то он ки дар соли яксаду шастунуҳи ҳиҷрӣ муҳосира шуд”. Дар ҷойи дигар идомаи ин масъаларо чунин меорад: “Ва Ибни Муқаннаъро пайравони бисёрест, ки дар Мовароуннаҳр ҳастанд ва аз мардум хешро пинҳон медоранду дар зоҳир исломро ба худ бастаанд. Ва ман ин ахборро аз форсӣ ба арабӣ тарҷума кардаам. Ва дар китоби дигаре, ки дар ахбори сафедҷомагон ва қарматиён аст, ба тариқи махсус зикр кардаам.” (“Осор-ул боқия”, Д-бе-1990.саҳ. 227). Дар боби шахсияти Маздаки Бомдод назари нек дошта, ӯро чун шахси доно, адолатхоҳ ва ҳақиқатҷӯ тавсиф намудааст: “Маздак бинни Ҳамдодон аз аҳли Насо буду мубади мубадон, яъне, қозиулқуззот”. Ин маълумот ва ин шуҷоати таърихии Берунӣ барои бозтоби чеҳраҳои дар таърих аз тарафи душманони фарҳангу тамаддуни ориёӣ сиёҳгашта, худ қаҳрамонист, зеро як ишораи нозуконаи ӯ далели андаке нест. Таваҷҷуҳ ба хуруҷи Мансури Ҳаллоҷ ва пайкору амали ӯ, ки шахсияти муборизи таърихӣ аз аҳли форс аст ва барои баргардонидани дину оини ниёгон ва аз ваҳшату ҷаҳолати бадавиёни араб барои озод гаштан хуруҷ намудааст, Берунӣ чунин баҳогузорӣ менамояд: “Сипас, марде мутасаввиф аз аҳли Форс бо номи Ҳусайн бинни Мансури Ҳаллоҷ зуҳур кард… китобҳои зиёде дар даъвои худ тасниф кард. Монанди “Китоби нур-ул-асл”, “Китоби ҷамми акбар” ва “Китоби ҷамми асғар” ва чанде дигар”. “Ва ин Маҳдӣ ҳамин аст, ки аз Толиқон зуҳур хоҳад кард, ки дар “Китоби Малоҳим” зикр шуда, ки заминро пур аз адлу дод хоҳад кард, чунон ки пур аз ҷавру зулм шуда буд”. (“Осор-ул боқия”, Д-бе-1990, саҳ. 229). Мансури Ҳаллоҷ сӯфии ба ҳақ расидаи асри X-и тоҷик аст, ки донандаи илмҳои бунёдӣ ва муҳандису ихтироъкор буду созандаи чандин дастгоҳу таҷҳизоти ресандагию бофандагӣ, пахтатозакунӣ (ҳаллоҷӣ) ва даъвои он намуда, ки инсон махлуқ нест, балки ба воситаи ақли дарроки худ ихтироъкору халлоқ аст. Яъне, ҳамон хитобаи «Аналҳақ» гуфтанашро зоҳидони куҳнапараст, мутаассибони ҷоҳил, хештанбохтагони бедиёнат баҳона сохта, аввал ба пойтахти хилофати аббосиён — Бағдод ӯро ба зиндон меандозанд ва баъди фирор аз зиндон ба қатл мерасонанд. Ин фоҷиаи нангинро, ки як марди ба ҳақ расидаро, ки барои ободию рушди тафаккури инсонӣ қадами эъҷозу ихтироъкориро гузошта буд, бо як ваҳшонияти мудҳиш нобуд месозанд, Берунӣ бо камоли ҳақиқатнигорӣ менависад: “Ва Муқтадир (халифаи бедодгари аббосӣ, солҳои 908-932) биллоҳ дар соли сесаду яки ҳиҷрӣ аз ӯ огоҳ шуд ва ҳазор тозиёнааш зад. Дасту пои ӯро буриду бо нафт оташ зад, то он ки лошаи ӯ бисӯхт ва хокистарашро ба Даҷла рехтанд ва ҳар азобе, ки бад-ин мард карданд, сухане нагуфт ва рӯйи худро турш нанамуду лаб наҷунбонид”. Тасвири ин фоҷеа, нишон додани иродаи қавӣ, мардонагӣ, ватандӯстдорӣ ва назди душманони кешу оин, истилогарони хоку оби марзи аҷдодӣ сар хам накардани диловари ориёӣ, оне, ки хирадро фарри инсонӣ медонист, Мансури Ҳаллоҷи ҳақталош, худ ҷасорати бузурги миллист. Берунӣ пардапӯшона бошад ҳам, зиракона ишораҳои нозуке дорад, ки чӣ боис аст, ки Бумуслим (Абумуслими Хуросонӣ) хуруҷ кард, хилофатро зи Банни Умавия бигрифт ва Аббосиёнро сари хилофат овард, ҳол он ки имкон дошт, онро ба дасти худ бигирад ё оли Бувайҳ низ метавонистанд, ба таҷдиди давлати эрониён бикӯшанд ё Абутоҳир Сулаймон бинни Абусаиди Ҳасан бинни Баҳром бинни Ҷавонӣ, ки дар соли сесаду ҳашти ҳиҷрӣ хуруҷ кард, Маккаю Куфаро бигирифт, фориғ шуду ба Хуросон баргашт. Иллати то ба ҳадафи охирон нарасидани ҳамаи он ошӯбу шӯришҳои халқиро Берунӣ дар набудани ҳамбастагӣ, ба доми фиреби диндорон афтодани сарварону пешвоёни ин ҳаракатҳои озодихоҳона медонад. Ин андеша ва ин ҳақиқати талхи таърихиро Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” чунин хулосабарорӣ намудаанд: “Ҳамин тариқ, Хатлонзамин ҳам ба арабҳо таслим шуда, муқобилияти беш аз даҳсолаи истиқлолхоҳону ватанпарастон аз сабаби ноиттифоқии лашкари муштарак, надоштани ҳадафи ягонаи амалиёти ҳарбӣ, хиёнати баъзе ашрофону ҳокимони ба хидмати арабҳо камарбаста оқибат ба нокомӣ дучор мегардад”. ҷ. 3, саҳ. 248.
Абурайҳони Берунӣ як қисмати бузурги кори илмии хешро барои саҳеҳ намудани солшуморию тақвимсозиҳои тамоми халқу миллатҳои олам: юнониён, мисриён, иброниҳо, бобулиён, халқу ақвоми эрониасл, суғдиён, хоразмиён, марвиён, бохтариён, инчунин, ҳиндуҳо, туркҳо, чиниён бахшида, таҳлилу муқоиса ва хулосабарориҳои дақиқи илмӣ намудааст. Фасли дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст, Берунӣ пайдоиши иди Наврӯзро, ки баъзе бегонапарастон ба Сулаймон нисбат медиҳанд, ҳашв, дурӯғ ва сухани бебунёд меномад. “Ва чанде аз ҳашвия мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт… эрониён гуфтанд: “Наврӯз омад”. Дар хулоса чун нуқтаи таммат Берунӣ Наврӯзро хос ва моли мардумони ориёӣ шумурда менигорад: “Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд”. Ҳамин тариқ, пиромуни иду ҷашнҳои мардумии Сада, Тиргон, Меҳргон сабаби пайдоиш ва чунин номгузорӣ шудани онҳо, урфу одат ва анъанаҳои накуи мардумӣ, рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва чандин иду ҷашнҳои суғдиён, хоразмиён бо тафсил пешниҳодҳои илмӣ, бо мадрак ва шавоҳиди таърихӣ меорад, ки дар шинохти гузаштаи пурифтихори ақвоми ориёӣ арзиши бузурги этнографӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Чунончи дар мавриди рӯзҳои ҷашни Наврӯз меорад: “Ва дар замони мо бо дохил шудани Офтоб дар бурҷи Барра мувофиқ гашта, ки оғози баҳор бошад. Ва расми мулуки Хуросон ин аст, ки дар ин мавсим ба сипоҳиёни худ либоси баҳорӣ ва тобистонӣ медиҳанд. Ва дар рӯзи шашуми ин моҳ Наврӯзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузургест”. (“Осор-ул боқия”, Д-бе, 1990 саҳ. 235).
Берунӣ дар баробари овардани далели таърихии дар рӯзи Тиргон тир партоб кардани паҳлавон Ораши камонвар барои муайян намудани ҳудуди Эрону Турон ва он рӯзро ҷашн гирифтану ба ҳукми анъана даромадани онро баён сохта, боз як шавоҳиди таърихии нодирро боз месозад: “Ва номи ин рӯз Тир аст, ки Уторид бошад, ки ситораи нависандагон аст. Ва дар ин рӯз буд, ки Ҳушанг (шоҳи Пешдодӣ) номи бародари худро (Вигард) бузург гардонид ва деҳқанатро ба ӯ дод. Ва деҳқанату китобат як чиз аст”.
Дар мавриди Меҳргон аз забони ноқилони ахбор, чун рӯзи пирӯзии Фаридуни фаррухпайк бар Заҳҳоки ҷоду ё расидан ба рӯзи бисту якуми Ромрӯз, сухан ороста, далели дигари навро пешниҳод месозад. “Зардушт эрониёнро амр кард, ки бояд Меҳргону Ромрӯзро ба як андоза бузург бидонед ва бо ҳам ин дуро ид бигиред, то ин ки Ҳурмуз — писари Шопури паҳлавон миёни ин дуро ба ҳам пайваст. Ва сипас, мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум монанди он, ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд. Ва ба ҳар табақае панҷ рӯз ид донистанд”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 244).
Пиромуни Озарҷашн (Мадёявмгоҳ — рӯзи офариниши баҳоим), Обонгон, Хурмоҳ (Хуррамрӯз) ва чанде аз рӯзҳои идонаи ориёӣ Берунӣ бо иштиёқи тамом ва шарҳу тафсири мантиқӣ нақл менамояд, ки хеле омӯзанда аст. Дар бораи Навсард — Наврӯзи суғдиён, ҷашни Ромиши Оғом, анъанаҳои Басокаҷ (парҳез аз таому шароб), Ашнохандо (рӯзи тарабу майгусорӣ), Мажихандо (рӯзи бозоргонию хариду фурӯш), Фуғкон (бурдани шириниҳо ба оташкада), Обонҷ, Фӯғ, Масофӯғ, Жимданҷ, Хишавм ва чанде аз ҷашнҳои идонаи суғдиён маълумоти хуби этимологӣ, фолклорӣ ва таърихию фарҳангӣ меорад. Ҳамчун решапайванд ба ватани аҷдодӣ — Хоразми бостон Берунӣ бо дақиқияти том ва меҳру ихлоси фарзандӣ тамоми иду ҷашн, рӯзу моҳҳои муқаддаси хоразмиёнро шарҳу тафсир намуда, бо дард менигорад, ки: “Ва акнун аз бозмондагони маҷуси Хоразм ҷуз муште, ки устуворӣ дар дини худ надоранд ва аз маонию ҳақиқати дини зардуштӣ ғофиланд, касе дигар ёфт намешавад, ҳатто ин ки эшон идҳоро танҳо ба маърифати қадимии онҳо истеъмол мекунанд”. Чунончи, Новсорҷӣ (Наврӯз), Ардушт, Ҳаравдод (аз либоси дай бадар шудан ва ба гармо расидан), Чирӣ (аҷғор — оташ афрӯхтан), Ҳамдоз, Умрӣ (кӯлчаи равғанӣ хӯрдан), Ёнохан, Аду, Римжад (шаби Мино-шаби сарди тобистон), Аҳман, Испандормаҷӣ (рӯзи Хиж- қиём, Вахшанком- олиҳаи об, Асаса- гулдон) ва чанде дигар, ки аллакай дар замони Берунӣ маънии номи ин ҷашнҳо аз ёдҳо рафта будааст.
Хидмати дигари ин олими пухтакор дар он аст, ки мутобиқи сарчашмаҳои таърихӣ, мадракҳои нодир, осори бостоншиносию таърихӣ доир ба силсилсаи шаҳаншоҳони ориёитабор бо далелҳои муътамад маълумот пешниҳод менамояд. Дар ин боб менигорад: “Вале мақсуди мо он аст, ки таворихро ба даст оварем, на он ки он гуфтаҳоро интиқод кунем. Ва ман он чиро, ки мубадони маҷусу донишмандони Эрон гуфтаанд, ҷамъ мекунам”. (Ҳамон ҷо, саҳ.125). Дар ҷадвал навъи подшоҳӣ (силсила-хонадон), номи подшоҳони эронитабор, лақаби шоҳон, муддати салтанати шоҳ, ҷамъи солҳои ҳукумати ин силсилаҳоро ба тартиб оварда, бо якчанд шоҳиди боэътимоди таърихӣ ба исбот мерасонад. Ин усули таҳқиқ дар илми таърих нодир, лоиқи бозомӯзист, зеро барои шинохти муддати бар сари тахт будани дувоздаҳ шоҳи Пешдодиён (2634 сол), нуҳ шоҳи Каёниён (3352 сол), бист шоҳону шоҳзодаҳои Ашкониён (266 сол), нуздаҳ шоҳони Сосониён (638 сол) мутобиқи солноманигории “Китоби таърихи бузургони гузашта ва фаромӯшуда”- и Ҳамза бинни Ҳасани Исфаҳонӣ, “Китобҳои сияр ва ахбор”, “Шоҳнома”-и Абумансур бинни Абдураззоқ, “Китоби таърих”-и Абулфараҷи Занҷонӣ ва чанде дигарро дар муқоиса меорад ва ҷадвали саҳеҳи худро пешниҳод мекунад. Ҷадвали силсилаи шаҳаншоҳии Сосониён аз Ардашери Бобакон (гирдоваранда), то Яздигурд бинни Шаҳриёр (33 шоҳ, баробар ба 443 сол) ба силсилабандии таърихи ин давраи тиллоии табори Ориёӣ саҳеҳият дорад, ки аз хидматҳои мондагори аллома Берунӣ мебошад. Ин силсиларо бо тафсил шарҳ дода, дар бораи ном, лақаб, чанд сол бар тахт нишастан, сабаби марг, корҳои наҷиб ва корнамоиҳои онон ишораҳои мушаххас меорад.
Эҳсоси ҳувияти миллӣ, ифтихороти Берунӣ хеле баланду омӯзанда аст, масалан, ҳангоми баёни силсилаи шоҳии Каёниён бо ҳусни ихлос номи Кайхусравро меорад ва лақаби “Ҳумоюн”- ро, инчунин, Куруши Кабир будани ӯро таъкид менамояд. Берунӣ дар сохтани солномаҳои таърихӣ як нуктаи нозук аз ғурури ориёиро бомаврид зикри воҷиб намудааст, ки эрониён дар солноманигорӣ солҳое, ки румиён (Искандари хунхор) бар Эрон тасаллут доштанд, дар шумори сол ва зиндагӣ нашуморидаанд. Солноманигор Кисравӣ аз зикри салтанати даврони Ашкониён чашм пӯшидааст. Зеро як сабаби он бадрафториҳои Искандар ва ворисонаш бошад: “Сабаби дигар ин аст, ки Искандар ҳар чи аз улуми марғуб ва саноеи бадеъ дар Эрон ёфт, ҳамаро туъмаи оташ гардонид, ҳатто ин ки миқдори зиёди кутуби диниро сӯзонд ва биноҳои баландро, аз қабили сохтмоне, ки дар Истахр аст ва дар асри мо ба масҷиди “Сулаймон бинни Довуд” маъруф аст, хароб кард ва оташ зад. Ва мегӯянд, ки ҳанӯз аз оташсӯзӣ дар ҷойҳое аз он бино боқӣ аст. Ин буд, ки эрониён муддатеро, ки миёни салтанати Искандару Ардашер аст ва румиён дар он вақт онҳоро идора мекарданд, зикр накардаанд”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 148). Яъне, …бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест! Дар боби некухисолӣ ва соҳибони асили марзу буми Ориёӣ будани хонадони Сомониён ва мисли қарахониёну ғазнавиёни кӯчманчии нав ба давлат расида, ба худ лақабҳои хилофати араб додаро намеписандиданд, менигорад: “Вале Сомониён, ки соҳибони Хуросон буданд, дар ин лақабҳо рағбат нанамуданд ва танҳо ба куния қаноат карданд”. (саҳ.152). Руҷуъ сохтан ба тадқиқи осори гаронбаҳою сершохаи аллома Абурайҳони Берунӣ, ки решапайванди хунию нажодияш ба хоразмиёни меҳроин ва насли Сиёвушу Кайхусрав мерасад, такони бузург дар бедории афкори миллӣ, шинохти арзишҳои беназири ориёӣ ва ҳувиятшиносист. Ҳақ бар ҷониби олими дақиқназар ва сиёсатмадори дурандеш С.Ятимов аст, ки шаклгирии тафаккури миллӣ, тақвияти худогоҳӣ, дарки хештаншиносӣ ва ворастагӣ аз ҳама пиндори иртиҷоиро дар омӯзиши адабиёти классикӣ медонад: “Адабиёт беҳтарин, муҳимтарин воситаи шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ-илмӣ мебошад”. (С.Ятимов. “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт”, Д-бе, 2019, саҳ.13) Ё ба қавли ростини нобиғаи давру замонҳо Абуалӣ ибни Сино дар баҳс бо шайх Исмоил (фақеҳ ва олими илми калом, ки бисёр мутаассиб буда): “Китоб бояд хонд, набояд онро даронд!”. Омӯзиши осори ниёгони заковатманд бо дидгоҳу тафаккури замони Истиқлол муҳимтарин рукни таълим ва тарбияи наслҳои наврас бояд бошад, зеро бедор намудани дарки худӣ, ҳувияти миллӣ, шинохти арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ, динӣ, мазҳабӣ ва пайкори абармардони ориёӣ, ин эҳёи асолат, озодаманишӣ, ворастагӣ ва рушду рифоҳ аст!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *