Ҳаёт исбот менамояд, ки инсон аз хурдсолӣ бояд бо табиат робитаи ногусастанӣ дошта бошад. Барқарор кардани ин робита вазифаи оила ва муассисаҳои томактабӣ ба ҳисоб меравад. Шаклҳои шиносоии кӯдакон бо табиат гуногунанд: машғулиятҳо, экскурсия, сайругашт, кор дар гӯшаи табиат ва қитъаи замин.
Машғулиятҳо дар вақтҳои муайяншуда тибқи нақша ва барномаи дахлдор баргузор мешаванд. Мураббӣ дар машғулият дониши нав дода, онро дақиқ ва мустаҳкам мекунад. Мақсади асосии машғулият азхудкунии барномаи таълимӣ аз ҷониби кӯдакон мебошад. Ба ин мақсад аз методҳои гуногун – мушоҳидаи табиат, меҳнати калонсолон, бозиҳои дидактикӣ, кор бо расмҳо, хондани адабиёти бадеӣ, ҳикояҳо, суҳбатҳо истифода мегардад.
Экскурсияро дар соатҳои барои машғулият ҷудокарда мегузаронанд. Дар ҳавои тозаи боғу гулгаштҳо гаштугузор кардан, суҳбат намудан ба инкишофи ҷисмонии бачаҳо мусоидат менамояд. Гузарондани экскурсия дар берун аз кӯдакистон дар ҳар фасли сол тавсия дода мешавад. Мураббӣ ба экскурсия омодагӣ дида, ҷойҳои баргузории онро қаблан муқаррар мекунад. Кӯдаконро ба экскурсия тайёр мекунад ва дар он чӣ тавр рафтор намуданро мефаҳмонад.
Сайругашт ҳар рӯз барои шиносоии бачаҳои гурӯҳҳои гуногун бо табиат васеъ истифода мешавад. Мураббӣ бо бачаҳо қитъаро аз назар гузаронда, мушоҳидаи обуҳаво, тағйиротро дар ҳаёти растаниҳо ва ҳайвонот ба мушоҳида мегирад. Дар сайругашт гузарондани бозиҳо бо маводи табиӣ – қум, барф, об, баргҳо аҳамияти омӯзишӣ дорад. Дар қитъаи сайругашт будани қумгоҳ ва ҳавзчаи оббозӣ ҳатмӣ мебошад.
Бачаҳо ҳангоми сайругашт дар ҳаёти меҳнатӣ иштирок мекунанд: баргҳои рехтаро ҷамъ меоранд, роҳравҳоро аз барф тоза мекунанд ва ба рустаниҳо об медиҳанд.
Кор дар гӯшаи табиат дар соатҳои барои меҳнат ҷудокарда гузаронида мешавад. Бачаҳо растаниҳо ва ҳайвонотро мушоҳида намуда, муносибати дуруст намудан бо онҳоро ёд мегиранд, бо кори якҷоя бо калонсолон ва ҳамсолон одат мекунанд.
Яке аз методҳои асосии шиносоӣ бо олами атроф мушоҳида ба шумор меравад. Ин метод тасаввуроти кӯдаконро доир ба муҳити атроф ғанӣ гардонда, кунҷковии кӯдаконро тавсеа мебахшад, мустақилона хулоса бароварданро меомӯзонад. Кӯдакон зимистон бо зебоиҳои табиат – дарахтони сафедпӯш, барфи нармак, шушаю яхпораҳои шаффоф шинос гардида, ба парандаҳо дон медиҳанд.
Тамошои манзараҳои тасвирӣ имкон медиҳад, ки бачаҳо падидаю ҳодисаҳои табиатро бодиққат мушоҳида намоянд. Ин метод дар замири бачаҳо муносибати эстетикӣ бо табиат ва дидани зебоиҳои онро ташаккул мебахшад.
Ҳамзамон, бозиҳои дидактикӣ, бозиҳо бо баргу тухмиҳо, гулҳо ва сабзавоту меваҷот зеҳну диққат, мушоҳидакорӣ ва дониши бачаҳоро дар бораи табиат инкишоф медиҳад. Бозиҳои серҳаракати хусусияти табиатшиносидошта, ки тақлид ба рафтору овозҳои ҳайвоноту паррандаҳоро дар бар мегирад, дар шиносоӣ бо муҳити атроф мусоидат менамояд.
Нақли афсонаву ҳикояҳои мураббӣ дар бораи ҳайвоноту паррандаҳо ва растаниҳо бачаҳоро бо ҳодисаҳои табиат низ ошно мегардонад. Давомнокии нақл набояд аз 10-15 дақиқа зиёд бошад.
Масалан, мо, мураббиён бо мақсади шиносондани кӯдакони 2-3-сола бо табиат сайругаштҳои ҳаррӯза, бозӣмашғулиятҳо, шиносоӣ бо баъзе намудҳои ҳайвоноту паррандаҳо, расмкашӣ, тамошои филмҳои тасвирӣ, китобчаю маҷаллаҳои рангаро тибқи “Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабии “Рангинкамон” баргузор мекунем.
Мо дар ҷараёни машғулияти шиносоӣ ду масъаларо ҳал мекунем: якум, мутобиқи тартиби муайян дар кӯдакон тасаввурот ва донишро оид ба табиат ташаккул медиҳем; дуюм, муҳтавои машғулиятро баҳри азхуднамоии маҳорати нутқӣ (ғанӣ гардондани захираи луғавӣ, нутқи аз лиҳози грамматикӣ дурусту тоза ва ғ.) истифода мебарем. Аз ин рӯ, як қисми машғулияти инкишофи нутқро бо истифода аз маводи табиатшиносӣ мегузаронем.
Методикаи гузарондани машғулиятро дар гурӯҳи хурд тартиб дода, бештар ба усулҳои аёнӣ (мушоҳидакунӣ, дида баромадани маводи аёнӣнамоишӣ), инчунин, усули амалӣ (меҳнат, бозӣ) такя мекунем, ба таври замима усулҳои шифоҳии ҳикоя ва қироати шеърҳоро истифода менамоем.
Масалан, дар машғулияти «Мушоҳида кардани гунҷишк» ба кӯдакон фарқияти гунҷишк аз дигар паррандаҳо тибқи хусусияти хоси он меомӯзонем (гунҷишкак хурд аст, қанотакҳояш зебо, чашмаконаш сипсиёҳ, почакҳои борики кӯтоҳ дорад, чустучолок буда, бо нӯлакаш дон мечинад, об менӯшад ва дар кӯлмакҳо оббозӣ мекунад). Гунҷишк паррандаи беозор аст.
Дар машғулияти «Муоинаи дарахт» бошад, кӯдаконро бо қисмҳои асосии дарахттана, шоху шохчаҳо, баргҳо ва решаҳо шинос мегардонем. Бо роҳи машқ додан фарқ кардани баргҳоро аз рӯйи рангу ҳаҷм меомӯзонем. Тасаввуроти кӯдаконро дар бораи он ки дарахт зинда аст (месабзад), мева медиҳад, соя меафканад, баланду паст, бебаргу баргдор мешавад, баҳору тобистон сарсабзу хуррам, тирамоҳ баргҳояш зард шуда мерезад ва зимистон бебарг мегардад, ташаккул медиҳем.