Абдуғанӣ МУҲАММАДИЕВ,
омӯзгори мактаби №29-и
ноҳияи Деваштиче.

 

Гоҳе чунон иттифоқ меафтад, ки ба дарс бо табъи хира, хотири ошуфта ё ҳавоси парешон медароем. Чунин ҳолат, албатта, ба сифати дарс бетаъсир намемонад. Кайфияти мо, ҳатто, ба чигунагии аҳволи хонандаҳо хеле асар хоҳад кард. Онҳо дар ин дарс ба мисли дарсҳои дигар, ки роҳату ором сурат гирифтаанд, ба саволҳо довталабонаю дилгармона ҷавоб намегӯянд, сари баҳси гарму баҷо намеоянд, афсурдагӣ ҳавоси онҳоро фаро мегирад… Дар ин замина чанд мушоҳида дорам, ки якеро барои мулоҳиза ба хонандаи азиз манзур мекунам.
Боре, барои кадом як масъалаи камарзиш байни ману мудири мактаб баҳси ҷанҷолгунае сар заду табъам хира шуд. Бале, ин ҳодисаро ёдрас кардан, чунон ки хонандаи закӣ пай бурд, аслан бар сари ҷанҷол ҳам не, балки сари натиҷаи ба бор овардаи ҷанҷол аст, яъне… ба дарси дуюм дар чунин аҳвол, ки ишора шуд, ба синфхона даромадам. Баъд чӣ шуд?
Хонандаҳо дафтарҳои дар дасташон бударо назди ман оварда, рӯйи миз гузоштанд ва дафтарҳои дирӯз намуна навишташударо як-як бардошта, ба ҷойҳояшон рафта нишастанд. Супориш бе шарҳи зиёдатӣ барояшон фаҳмост: дар як саҳифаи дафтарашон дар сари ҳар як ё ду рах намунаи ҳарфе ё калимае навишта шудааст. Як қисми онро, чӣ қадаре ҳавсалаашон кифоя кунад, чанд дақиқаи аввали дарс, то сар шудани баёни мавзуи нав дар синф менависанд, боқимондаашро дар хона. Аммо дар кору борашон, дар ҳаракатҳояшон аз саргармии ҳаррӯза нишонае мушоҳида накардам: Ё аҳвол ба назари мани буғзкардаву завқпарида чунин намуд…
Агарчи дар синфхона хомӯшии том ҳукмфармост, ҷунбуҷӯли гарангонаи баъзе хонандаҳо, ҳаракатҳои берабтонаи баъзеҳои дигар, беҳаракату карахт нишастани савумиҳо ба сироят ёфтани кайфияти ман ба онҳо гувоҳӣ медод. Баъди аҳволро пай бурдану мулоҳиза кардан ва ду-се дақиқа наззора карда нишастан, аз хаёл гузарондам: “Дар моҷаро ҷурми бачаҳакони бегуноҳ чист? Ҳеч! Ба кумакашон бояд шитофт! Аз кундиву карахтӣ наҷоташон бояд дод!”.
Аммо бо кадом хотири ҷамъ? Чӣ бояд кард? Хаёламро ҳеч ҷамъ карда натавонистам.
Барои ба маҷрои дарс “даровардан”-и хонандаҳо аз куҷо сар кардани гапро надониста, лаҳзае ба атроф карахту кунд нигариста мондам. Вақте домани наззораро аз чеҳраҳои маъсуми шогирдон барчида, сар хам кардам, нигоҳам ба себи дар кунҷи мизам хобида афтод. Себро Нигина ном хонанда вақти ба дарс даромадан бо нигоҳи софу табассуми ширини беолоиш, бе гапу ҳарфе рӯйи мизи ман монда, гузашта ба ҷойи нишасташ рафта буд. Онро ба даст гирифта, аз ҷой хестам. Чун дидам, ки ҳама сӯям чашм дӯхтанд, себро аз “дум”-аш дошта, ба нӯги се ангушт бардошта пурсидам:
-Ин чӣ аст?
-Себ! — ҷавоб доданд ба саволи сода.
Дар лабони чанд нафар табассуми ширин дамид: Наход, ки мо чӣ будани ҳамин чизро надонем? Ё фикри дигаре аз сарашон гузашт? Сабаб муҳим не, муҳим ин ки дар муҳити карахт табассум гул кард, хушҳолӣ пайдо шуд, фараҳ доман густурд!
Ду-се нафар, ки дар кунҷи миз себ гузоштани ҳамсинфашонро Нигинаро дида будаанд, гуфтанд:
— Себи Нигина!…
Аммо гап дар сари ин ҳам нест, ки кӣ чӣ ҷавоб дод. Суҳбатро дар бораи себ давом додем:
— Дар бораи ин себ шеър медонед?
— Бале. “Себаки сурхи сероб…”, — ба ёд овард Ғайрат.
— Ин шеър дар бораи себи Мухбира, — эътироз намуд Фирдавс.
— Хайр чӣ? Себи Нигина ҳам сурху сероб-ку! — тарафи Ғайратро гирифт Исфандиёр. — Шеър-ро дар бораи кадом себи сурху сероб хонем, мешавад, — ва барои фикрашро тасдиқ кунондан аз тарафи Фирдавс сӯйи ман рӯй оварда, пурсид: — Муаллим?
Баъди мушоҳидаи табассуми он нафарон ва шунидани баҳси ин се тан масъалаи баҳсиро батамом фаромӯш сохтам, аниқтараш фаромӯш кардан аз куҷо, ҳамту аз мағзи дил каноратар баровардам. Вале пурсиши Исфандиёрро тасдиқ ё инкор накарда, саволи навбатиро ба миён гузоштам:
-Ин себ аввали баҳор чӣ буд?
-Гул! — дафъатан посух доданд.
-Аз гул буданаш пештар чӣ? — бо завқ пурсидам.
Ҳоло ки ин сатрҳоро менависам, равшан тасаввур мекунам, ки вақти талаффузи ин савол эҳсоси нофорами ранҷиш аз сатҳи хотирам тамом зудуда гашт.
-Мухча! Мухча! — аз ду-се ҷойи синф садо баромад дар посухи савол. Посухашонро бо табассум ва сарҷунбонӣ тасдиқ кардам. Шогирдон ин гуна ҳаракат ва вазъи маро чизе монанди омехтаи тасдиқ ва таърифу таҳсин мепазиранд.
-Дар танаи шох аввал мухча медамад. Мухча гул мешавад, гул- себ.
-Мухча гулу гул… нок ҳам мешавад!
-Шафтолу ҳам мешавад!
-Ҳа. Дарахти себ бошад, себ мешавад, дарахти нок бошад, нок!..
-Дарахти чормағз гул накарда, мева мебандад!
-Не, гул мекунад, гулҳои майда-майда. Ба ман бобоям нишон дода буданд…
Ин суханҳоро чор-панҷ нафар гуфтанд. Дигарон ба тарафи гӯянда рӯй оварда, бо шавқи камубеш гӯш карда, ба назарам, ҳаракати чизе гуфтан мекарданд. Ман аҳволро бо оромии зоҳиру туғёни ботин тааммул кардам. Дар ҳамин лаҳза аранге аз ёдам гузашт, ки дарғазаб шудан ва зиёд машғули фикри ногувор гаштан гоҳе маънои оҷизии худро рӯёрӯи касе, рӯйдоде, ҳолате қоил шуданро дорад: боз фикри мағшуш дар фазои хотирам ба гардиш омад-чӣ?
Чаро ба кайк ситеза карда, дар ҳавои сард пӯстинамро ба алангаи оташ ҳаво диҳам? Ба пӯстин, яъне, муҳити мусоиди ба сад азоб дар иҳотаю замири шогирдон бавуҷудовардаам дилам сӯхт. Бо фикри “Чаро бо чунин шогирдон худро оҷиз шумурам?” худро тасаллӣ дода, барои кӯтоҳтар ва хулоса кардани баҳс лаҷоми суҳбатро ба даст гирифтам. Вақт наравад: бояд хат машқ кунанд; дасташонро ба қаламронӣ омӯхтатар; чашмашонро ба ҳарф дидан гузаротар; зеҳнашонро ба фарқ кардани ҳудуд ва қолаби калимаҳо гиротар созанд.
— Ҳама гапатон дуруст, — гуфтам ва лаҳзае таваққуф кардам, ки ҳама баҳсро бас карда, фик- рашонро ҷамъ намуда, сӯям нигаранд. — Ҳама гапатон дуруст, аммо … — гӯён боз таваққуф намуда, ҳамзамон, пай бурдам, ки бо талаффуз кардани калимаи охир хилофи тасдиқи худам, балки хилофи “гапи дуруст”-и онҳо сухани эродгунае мебояд гуфт.
Модом, ки эрод шуд, гармии суҳбат то куҷо мерасад? Илоҷи аҳвол дар қолаби чунин пурсиш худ аз худ пайдо шуд:
-Ин себ, — себро боз боло бардоштам, — пеш аз себ шуданаш чӣ буд, гуфтед?
-Мухчаю гул! — аҳлона посух доданд.
-Оре, муғча, — гуфтам ва калимаро дар лавҳа бо ҳарфи «ғ» навиштам. — Баъд гул.
-Муаллим, шумо “муғча” навистед! — қариб баробар гуфтанд чанд нафар.
Талаффузи дуруст ба гӯши ҳушашон нарасид ё калимаро хира талаффуз кардам?
-Бале, «муғча» навиштам… Дар китобҳо ҳамин хел менависанд. Мо аз хурдӣ шунидаем, ки чизи пеш аз гулшукуфт дар шохаи дарахт дамидаро «мухча» мегӯянд. Мо низ аз рӯйи шунидаамон ҳамин тавр мегӯем. Яъне, мо «мухча» гӯем ҳам, — калимаро дар шакли «мухча» дар лавҳа навиштам, — дар забони адабӣ «муғча» гуфтан дуруст аст. Чунин аҳвол — дар гуфтори мо ва забони адабӣ фарқ кардани талаффузи баъзе калимаҳои дигар низ ҷой дорад. Навбаташ расад, бо он калимаҳо низ шинос мешавем. (Чунин таъкидҳо ҳисси кунҷковии бачаи ба ягон муаммо аз роҳи шавқи гарму роҳати хотир сарфаҳмрафтаро қувват мебахшад).
-Ҳа-а-а… — қабул намуданд бачаҳо ва гӯё моҳияти масъалаи осонфаҳми душворнаморо пай бурданд.
Ана ҳамин тавр, ғалаташонро сабукак ва ногумон ислоҳ намудам.
Барои мо — калонсолон, барои он кас, ки ҳоло ин сатрҳоро мехонад, чунин пурсишу посух шояд содалавҳона, бемаврид ва беҷо намояд, аммо барои бачаи ҳафтсола ҷанбаи маърифатӣ ва омӯзишӣ доштани муҳтавои ин қабил суҳбатҳои ба тасодуф, бадеҳӣ ва бо шавқу завқ суратгирифтаро ҳеч кас инкор намекардагист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *