Карам ПАРПИШОЕВ,
муовини директор оид ба таълим, илм
ва инноватсияи ФДҶТИБКСМ дар
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

«Ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад».

                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва афроде, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли наврас масъул аст. Аз ин рӯ, тавассути такмили маҳорату малакаи касбӣ бояд омӯзгор аз навовариҳои таҳсилоти байналмилалӣ ва пешрафти илму техника баҳра гирифта, барои насли наврас муҳитеро муҳайё намояд, ки ҷиҳати пешрафти соҳаи маорифи мамлакат мусоидат намояд. Маҳз ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ба таълими технологияи муосир ва инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ, инчунин, ба раванди воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшидан зарур аст». Зарурияти ҷорӣ намудани технологияи инноватсиониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ»-ро қабул намуд, ки мувофиқи он инноватсия ва фаъолияти инноватсионӣ чунин шарҳ дода шудааст: Инноватсия — ин навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор, хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад. 

Фаъолияти инноватсионӣ ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона карда шудааст. 

Дар шароити афзояндаи ҷаҳонишавии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ консепсияи маориф низ тағйир меёбад. Самти ба салоҳият асосёфтаи раванди таълим, ки имрӯз ба ташаккули малака, маҳорат ва донишҳои амалан татбиқшаванда нигаронида шудааст, аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Салоҳияти касбии омӯзгор, ки чун неруи марказии амаликунандаи сиёсати давлат ба ҳисоб меравад, дар талаботи иҷтимоии тайёр кардани мутахассиси сатҳи баланд, ки вай тавонад дар татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ дар миқёси миллӣ фаъолона саҳмгузор бошад, ифода ёфтааст. 

Проблемаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, марҳилаҳои инкишофи маҳорати касбӣ, фаъолияти инноватсионии омӯзгоронро муҳаққиқон Зеер E. Ф. ва А.Г. Клюева аз нуқтаи назари гуногун таҳқиқу таҳлил кардаанд. Ба ақидаи онҳо навсозии шаклҳои ташкили раванди такмили ихтисоси кормандони соҳа дар системаи такмили ихтисос бояд бо таъминоти баланди кадрӣ сурат гирад. Ин ақида чунин фаҳмида мешавад, ки системаи тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон аз нав дида баромада шавад. Ба ақидаи олими рус Никитин Е.М. яке бояд аз вазифаҳои муҳим ва натиҷаи ислоҳоти системаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф аз омода намудани омӯзгори сифатан нав иборат бошад ва чунин омӯзгор шаклу усулҳои инноватсионии таълимиро истифода бурда тавонад.  

Такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифро аз рӯйи шумораи иштирокдорон ба чунин шаклҳо тақсим кардан мумкин аст:

• коллективӣ: лексияҳо, семинарҳои назариявӣ, тренингҳо, ҳафтаҳои фаннӣ, намоишҳо, озмунҳо, конфронсҳои илмию амалӣ ва ғайра;

• гурӯҳӣ: иттиҳодияҳои омӯзгорон аз рӯйи сикл, гурӯҳҳои эҷодӣ, иштирок дар дарсҳои ҳамдигар ва таҳлили онҳо, тамошо ва муҳокимаи дарсҳои видеоӣ;

• инфиродӣ: менторӣ, машварату мусоҳибаҳо, кор дар мавзуи эҷодии инфиродӣ, тайёр кардани презентатсияҳои мултимедиявӣ, таҳлили инъикосии дарсҳои худ ва худомӯзӣ.

Вобаста ба нақши иштирокдорони раванди такмили ихтисос ду намуди такмили ихтисос вуҷуд дорад: анъанавӣ ва инноватсионӣ.

Ба шаклҳои анъанавӣ: курсҳо, консултатсияҳои фардиву гурӯҳӣ, таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳо, лексия, кори гурӯҳҳои эҷодӣ, худомӯзӣ дохил мешаванд. Дар шаклҳои инноватсионӣ бошад: вебинарҳо, модераторҳо, таҷрибаҳои виртуалӣ ва мастер-классҳо, омӯзиши омехта васеъ истифода мешаванд. 

Агар дар низоми анъанавӣ шунавандагон иттилооти тайёрро қабул кунанд ва омӯзгор (тренер) онро интиқол диҳад, пас, дар системаи инноватсионӣ шунавандагон иттилоотро мустақилона ҷустуҷӯ, интихоб, таҳлил ва ба низом дароварда, омӯзгор (тренер) танҳо фаъолияти онҳоро ташкил ва роҳбарӣ мекунад. Ҷустуҷӯ ва азхудкунии дониш, маҳорат ва малакаҳои нав, ки ба тағйироти сифатии фаъолияти шунавандагон мусоидат мекунанд, таъмин мегардад.

Чун шаклҳои анъанавӣ имрӯз хеле маъмуланд, чанд намуди шаклҳои инноватсионии такмили ихтисосро дида мебароем.

Технологияи вебинар чорабиние мебошад, ки маҷозӣ сурат мегирад. Он ба семинарҳои муқаррарӣ монанд аст: презентатсияҳои пай дар пай, намоишҳо, саволу ҷавобҳо. Аммо ҳамаи ин дар вақти воқеӣ тавассути интернет сурат мегирад. Ҳамин тавр, сарфи назар аз ҷисман дур будани ҳамаи иштирокдорон «аудитория»-и виртуалӣ ташкил карда мешавад, ки ҳамаро муттаҳид менамояд. “Вебинар” аз забони англисии «webinar», ихтисоршуда аз «Web-basedseminar» гирифта шуда, семинари маҷозӣ, лексия, курс, рӯйнамо (презентатсия) мебошад, ки бо истифода аз Web-технологияҳо дар реҷаи пахши мустақим ташкил карда мешавад. Ҳар як иштирокдор, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавӣ, ба воситаи компютер, смартфон ва таҷҳизоти дигари рақамӣ омӯзиш мекунад. 

Хусусиятҳои асосии вебинарҳо:

— конференсияи бисёрҷонибаи видео ва аудио;

— зеркашӣ ва тамошои презентатсияҳо ва видеоҳо;

— суҳбати матнӣ;

— ба иштирокдорон намоиш додани экрани компютери баранда;

– аз роҳбар ба иштирокдорон гузаштани хуқуқи назорат.

Вебинар як технологияи нави интернет аст ва онҳое, ки арзиши вақтро дарк мекунанд, аз он хеле фаъолона истифода мекунанд. 

Технологияи модератсия. Модератсия, пеш аз ҳама, назорат аз болои иҷрои талабот дар ҳама гуна ҷомеа, гурӯҳ дар шабакаи иҷтимоӣ, форум ё конфронси маҷозӣ ё ҳузурӣ мебошад. Ин истилоҳ аз калимаи куҳнашудаи фаронсавии “модератсия” гирифта шуда, маънояш «эътидол», «таҳаммул» мебошад. Дар фаҳмиши муосир, модератор шахсест, ки нисбат ба дигарон (дар конфронс, семинар, баҳс) ҳуқуқҳои васеътар ва идоракунандагиро дорад. Дар ҷараёни модератсия модератор вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Вақте ки сухан дар бораи интиқоли мундариҷаи ҳама гуна мавод меравад, модератор ҳамчун референт (шахси мансабдори дар баъзе масъалаҳо баромадкунанда ва мушовир) баромад мекунад, муносибатҳои байни иштирокдоронро назорат мебарад ва машварат медиҳад. Барои ба тартиб даровардан ва идоракунии равандҳои рушди касбӣ модератор масъулияти идоракунии раванди корро дар гурӯҳ ба дӯш мегирад. Самаранокии раванди таълим дар гурӯҳ, дар навбати аввал, ба таъсири модератор ба раванди таълим, дуюм, ба хусусияти муносибатҳои дохили гурӯҳ вобаста аст. Дар робита ба ин, модератор бояд на танҳо малакаҳои муошират, балки малакаи идоракунии раванди таълим ва таҳаввулотро низ дошта бошад. Модераторон нафароне мебошанд, ки моҳияти равандҳои дар ҷомеа баамаломадаро хуб медонанд, омодагии хуби назариявӣ доранд ва донишҳои иловагии назариявиро дар фаъолияти амалӣ татбиқ карда метавонанд. Ҳадафи семинарҳои модераторҳо на танҳо баланд бардоштани салоҳияти идоракунии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аст, балки тарбияи онҳо ҳамчун модераторҳо мебошад, ки метавонанд ба ҳамкасбони худ ҳалли масъалаҳои мубрами раванди таълиму тарбияро омӯзонанд.

Таҷрибаомӯзии виртуалӣ як намуди таҷрибаомӯзӣ дар низоми такмили ихтисос мебошад, ки шакли татбиқи барномаҳои такмили ихтисос ё бозомӯзии касбии ҳайати омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Мафҳуми виртуалӣ аз калимаи лотинии «virtualis» гирифта шуда, маънояш «имконпазир» аст. Виртуалӣ ҳолати хаёлие мебошад, ки воқеан вуҷуд надорад, вале дар шароити муайян ба вуҷуд омада метавонад. Таҷрибаомӯзии виртуалӣ ҷоест, ки дар он омӯзгор метавонад ба мисли таҷрибаомӯзии анъанавӣ таҷрибаи касбӣ ба даст орад, вале метавонад онро дар ҳама ҷо амалӣ намояд. Омӯзгор ба воситаи интернет ё ягон дастгоҳи дигари рақамӣ дар вақт ва ҷойи дилхоҳ таҷриба омӯзад. Яъне, ин намуди таҷрибаомӯзӣ маҷозӣ ба амал бароварда мешавад. Ин намуди таҷрибаомӯзӣ чанд вақт боз вуҷуд дорад, вале маъруфияти вай аз ҳисоби такмил додани технология ва истифодаи густурдаи интернет пайваста меафзояд. Таҷрибаомӯзии виртуалӣ имкон медиҳад, ки шахс бидуни сафар кардан ба ҷойи дигар, ҳатто берун аз кишвари худ таҷриба омӯзад ва дар ин раванд бо бисёр бартариҳои таҷрибаҳои байналмилалӣ бе бартараф кардани баъзе монеаҳо, аз қабили раводид ва арзиши баланди сафархарҷӣ барои омӯзиш ба хориҷа такмили ихтисос касб намояд. Ин намуди таҷрибаомӯзӣ ба воситаи барномаҳои Zoom, Meet, Google Hangouts ва ғайра амалӣ мешавад. Мақсади асосии таҷрибаомӯзии виртуалӣ васеъ намудани имкониятҳои ҳайати омӯзгорон барои истифодаи фаъолиятҳои амалӣ, вале бо истифода аз усулҳои ғайрианъанавии ташриф ба муассисаҳои таълимӣ ё дарсҳои гузаронидаи омӯзгорони дигар мебошад. Таҷрибаомӯзии виртуалӣ як манбаи нави такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорон дар ҷомеаи иттилоотӣ мебошад.

Мастер-класс яке аз шаклҳои муҳимтарини такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф мебошад. Ин фаъолиятест, ки дар он устодон аз рӯйи принсипи «дар ин ҷо ва ҳоло» таҷрибаи касбии худро мубодила мекунанд. Мастер-класс як шакли интерактивии омӯзиш ва табодули таҷриба мебошад, ки номи он аз калимаи англисии «master», ки маънояш «беҳтарин дар ҳамаи соҳа» ва «класс» — ҳамчун «дарс» тарҷума шудааст. Mастер-класс яке аз роҳҳои самараноки интиқол додани малакаҳои худ ба шахсоне, ки мехоҳанд онро зуд аз худ кунанд, мебошад. Баръакси баъзе шаклҳои дигари таълим, дар дарсҳои мастер-класс воситаҳои аёнӣ муҳим буда, иттилоот бояд бо малакаҳои амалӣ дастгирӣ карда шавад. Чунин дарсҳоро мутахассисоне мегузаронанд, ки ба як соҳаи муайян ворид шудаанд ва мутахассиси варзида (эксперт)-и он соҳа мебошанд. Мутахассис таҷрибаи худро тавассути кумак ба иштирокдорони мастер-класс барои зуд аз худ кардани малакаҳои марбут ба мавзуи дарс нишон медиҳад. Азбаски ҳамаи маълумоти назариявӣ бо фаъолиятҳои амалӣ тасдиқ карда мешаванд, онҳо хуб дар хотир нигоҳ дошта шуда, ба осонӣ аз худ карда мешаванд. Хусусияти технологияи мастер-класс аз робитаи зич байни коршинос ба сифати баранда ва иштирокдорони омӯзиш иборат аст. Аз ин рӯ, дарсҳои ҳузурӣ одатан дар гурӯҳҳои хурд (то 15 нафар) гузаронида мешаванд.

Шакли дигари иттилоотикунонии такмили ихтисос ин курси омехта мебошад. Курси омехта раванди таълимие мебошад, ки омӯзиши рӯ ба рӯ (аудиторӣ)-ро бо омӯзиш тавассути шабакаи интернет, ё беинтернет (фитта, флешка) ҳамгиро мекунад. Курси омехта унсурҳои назорати мустақилонаи шунавандагонро дар масир, муҳлат, макон ва ҷараёни омӯзиш дар назар дорад. Раванди азхудкунии маводи таълимӣ ҳангоми курси омехта пайдарҳамии марҳилаҳои омӯзиши анъанавӣ ва электрониро (тибқи шабакаи интернет) таъмин намуда, онҳо бо навбат ҳамдигарро иваз мекунанд. Татбиқ шудани курси омехта ба ҳифзи принсипҳои раванди таълими анъанавӣ бо истифодаи унсурҳои электронии омӯзиш (иттилооти электронӣ, захираҳои таълимӣ, иттилоот ва телекоммуникатсия) мусоидат мекунад. Олимон омӯзиши омехтаро ҳамчун технологияе, ки усулҳои омӯзиши рӯ ба рӯ ва ҳама намудҳои усулу захираҳои таҳсилоти фосилавиро бо ҳам мепайвандад, шарҳ медиҳанд. 

Омӯзиши омехта ин ҷараёни мақсаднок, ҳамфаъолӣ байни шунаванда ва омӯзгор бо истифодаи воситаҳои таълим мебошад, ки ҷараёни таълим аз фосила ва вақти ҷойгиршавии онҳо вобастагӣ надорад. Мазмуни асосии омӯзиши омехтаро худомӯзӣ, ҳамкориҳои шахсии байни омӯзгору шунавандагон ва ҳамкории ҳамфаъоли тарафайн ташкил медиҳад.

Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии такмили ихтисос ва татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, соли 2020 филиали «Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар ВМКБ бо дастгирии шарикони рушд барои амалӣ намудани курсҳои омехта дастурҳои таълимиро барои омӯзгорони фанҳои физика дар мавзуи «Омӯзиш аз амалия ба назария», химия — «Методи ташкил ва гузаронидани корҳои амалӣ-тадқиқотӣ дар мисоли моддаҳои сатҳан фаъол», фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (таърих, забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик) «Рушди салоҳияти тафаккури интиқодӣ ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ», «Банақшагирии дарсҳои ба ташаккули салоҳиятҳо нигаронидашуда аз биология», «Рушди салоҳиятҳои хонандагон тавассути стратегияҳои тафаккури интиқодӣ дар дарсҳои математика», «Ташкили луғатомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ», «Ҳалли масъалаҳои математикӣ дар синфҳои ибтидоӣ», «Истифодаи усули фаъоли таълим дар омӯзиши фанҳои санъат ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ», «Саломатӣ ва беҳдошти бехатарӣ дар таълими табиатшиносии синфҳои ибтидоӣ» ва роҳбарони Созмони хонандагон таҳия намуд. 

Бо мақсади самаранок истифода бурдани дастурҳои таълимӣ дарсҳои видеоӣ низ ба навор гирифта шуданд ва онҳо дар фиттаҳо ва флешкаҳо сабт шуданд. Дастури таълимии «Рушди салоҳияти тафаккури интиқодӣ ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ» бо қарори Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2022, №10 тасдиқ гардида, имрӯз дастури кории омӯзгорони фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ мебошад. 

Ҳамин тариқ, ҳангоми муқоисаи усулҳои анъанавӣ ва инноватсионии такмили ихтисос маълум мешавад, ки равиши навоварона аз омӯзгорон талаб мекунад, ки шаклу усулҳо ва воситаҳои инноватсионии таълимро дар системаи такмили ихтисос истифода намоянд. Омӯзгор технологияҳои муосирро дар таълими инноватсионӣ татбиқ намуда, раванди таълимро боз ҳам мукаммал, ҷолиб ва рангоранг мекунад. Мақсадҳо, мундариҷа, тарзу воситаҳо ва шаклҳои таълим ва тарбия як чизи наверо ба миён меоварад, ки ба ривоҷу равнақи сатҳу сифати онҳо мусоидат менамояд.

Адабиёт:

1. Зеер Э.Ф. Психология профессионального развития. — М.: Академия, 2009. — 240 с.

2. Каспржак А.Г. Формирование инновационного ресурса педагогических кадров системы образования через развитие системы повышения квалификации: сборник рекомендаций. — М.: Университетская книга, 2007. — 288 с.

3. Никитин Э.М. Федеральная система повышения квалификации работников образования: учебное пособие. — М.: РИПКРО, 1995. — 194 с.

4. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Душанбе. 2020

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *