ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ КОРИ МУСТАҚИЛОНА ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ ДАР РАВАНДИ ДАРС
Бобохон ҚАЮМОВ,
омӯзгори риёзии Литсейи №1-и шаҳри Исфара,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тараққиёти босуръати иқтисодиёти кишвар, хусусан, саноатикунонии мамлакат, рушди бонизоми зиндагии аҳолӣ аз мутахассисоне вобаста аст, ки мустақилона роҳи ҳалли масъалаҳои ҳаётиро бо коркардҳои пайвастаи худ дарёбанд ва онҳоро дар амал татбиқ намоянд. Барои ҳамин ҳам яке аз вазифаҳои муҳимми таълими математика ин аст, ки дар хонандагон салоҳияти кори эҷодии мустақилона пайдо шавад, то онҳо малакаи ҳосилкардаи худро барои боз ҳам баланд бардоштани савияи илмӣ-назариявии худ татбиқ карда тавонанд.
Донишу малакаҳои ба даст овардаи наврасон барои инкишоф додани зеҳният, истеъдод, маҳорат ва бедор кардани завқи эҷодкорӣ, ихтироъкорӣ ва созандагӣ дар ниҳоди онҳо мусоидат мекунад. Шогирдон бо роҳнамоии омӯзгорон мустақилона фикр кардан ва мустақил кор намуданро меомӯзанд.
Ташкили кори мустақилона якчанд хусусияту нозукиҳои ба худ хос дорад, ки дар сурати надонистани онҳо бисёр омӯзгорон ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Чанд сол пеш дар дарси яке аз омӯзгорон иштирок доштам. Аз сабаби он ки рафти дарс ва таҳлили он ба мавзуи мазкур вобаста асту ибратангез мебошад, онро манзури хонандагон ва омӯзгорони ҷавон мегардонам, то дар раванди таълим бар нафъи корашон истифода баранд.
Дарс аз алгебра дар синфи нуҳ буд. Омӯзгор барои қисми ташкилӣ, пурсиши мавзуи дарсии гузашта ва дида баромадани иҷрои вазифаи хонагӣ тақрибан 15 дақиқа вақт сарф кард. Баъдан дар давоми даҳ дақиқаи дигар мавзуи нав — «Ҳалли машқҳо доир ба хосияти функсияҳо»-ро бо ҳалли ду мисол фаҳмониду дар тахтаи синф се мисолро оид ба ёфтани соҳаи муайянии функсия, нули функсия ва ҳал намудани як муодилаи квадратӣ навишт. Баъд аз ин ба хонандагон супориш дод, ки дар давоми даҳ дақиқа кори мустақилонаро иҷро кунанд.
Хонандагон корро оғоз карданд. Баъди гузаштани се дақиқа омӯзгор бо садои баланд:
-Бохабар шавед, ки соҳаи муайянӣ — ин қиматҳои аргумент қабул мекардагӣ аст ва дар ҳалли муодила аввал дискриминантро ёфтан лозим аст,-гуфта ба хонандагон мефаҳмонад.
Се дақиқа нагузашта хонандае даст бардошта, омӯзгорро ба ёрӣ даъват мекунад. Омӯзгор наздаш рафта, ба саволи ӯ ба овози баланду шунаво ҷавоб гардонд, ки хотираи дигар хонандагонро халалдор карда, диққати онҳоро ба худ ҷалб кард.
Дере нагузашта талабаи дигар аз қатори дуюм даст бардошта, омӯзгорро ба назди худ хонд. Баъди он ки омӯзгор дарк кард, ки мисоли дуюми коркардаи талаба тамоман нодуруст аст, бо асабонӣ ва садои баланд:
-Аҳмадов, сифри функсия гуфта, тамоман дигар чизро ҳал кардааст. Барои ёфтани нули функсия касрро баробари сифр карда, онро ҳамчун муодила ҳал кунед,-гуфта фикри дигар хонандагонро парешон кард.
Аммо хонандагон ба ин диққат надода, кори худро давом доданд. Омӯзгор бошад, байни қаторҳо роҳ гашта, кори хонандагонро назорат мекард, аммо тақ-тақи пошнаи пойафзолаш баланду гӯшхарош буд, ки ба асаби кас мерасид.
Пас аз якчанд дақиқа омӯзгор дид, ки се нафар хонандаи фаъол супоришҳоро иҷро карда, бекор нишастаанд. Аз ин ба хашм омада, дар тахтаи синф боз як мисоли дигар иловагӣ навишта, онро бо овози хеле баланд ба хонандагон эълон кард. Бархе аз хонандагон мисолҳои пеш навиштаи омӯзгорро иҷро накарда, дили нохоҳам сар бардошта, ба мисоли навишта нигоҳ карданд. Пас аз лаҳзае хонандае даст бардошта, омӯзгорро ба назди худ хонд. Омӯзгор ба назди ӯ рафт ва дурудароз ба дидани кори вай машғул шуд. Дар ин вақт чанд нафар хонандаи дигар даст бардошта, муаллимро ба ёрӣ даъват карданд, аммо ӯ тавре худро вонамуд кард, ки гӯё онҳоро намешунавад ва ҳатто назди онҳо нарафт.
Ман, ки ҳар рафтори омӯзгори ҷавонро бо диққат мушоҳида мекардам, ногоҳ чашмам ба чор нафар талабае расид, ки бекор нишастаанд ва ба назар расид, ки аз уҳдаи ҳалии мисолҳо набаромадаанд. Аммо омӯзгор ба онҳо умуман диққат надода, кори худро идома медод.
Барои кори мустақилона, ки даҳ дақиқа ҷудо шуда буд, понздаҳ дақиқа гузашт. Ҳоло баъзе аз хонандагон мисолҳои додашударо ба охир нарасонида буданд, ки муаллим ду хонандаи «аълохон»-ро ба тахтаи синф даъват кард ва аз онҳо хоҳиш намуд, ки ҳалли дурусти мисолҳоро нависанду дигарон дурустии онҳоро ба дафтари навиштаи худ муқоиса кунанд. Вале онҳо ҳанӯз ҷавоби як мисолро нанавишта, садои занг баромаду дарс ба охир расид. Омӯзгор бо баъзе ҳаракатҳои нодурусти худ кори мустақилонаро ба охир нарасонд ва хонандагон аз дурусту нодуруст будани мисолҳои ҳалкардаи худ ноогоҳ монданд ва ҳатто, вазифаи хонагиро барои дарси оянда нагирифтанд. Агар ин равиши дарсро аз нуқтаи назари илмӣ-методӣ ва таълими салоҳиятнок таҳлил намоем, хато ва бо камбудиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавем.
Аввалан, талаботе, ки ба кори мустақилона дода шудааст, иҷро нагардид. Яъне, ба хонандагон шароит ба вуҷуд оварда нашуд, ки онҳо мустақилона қоида, таъриф, формула ва дигар донишҳои гирифтаи худро дар амал истифода намоянд, чунки дар рафти дарс омӯзгор бо баъзе ҳаракатҳои нодурусти худ ба онҳо бештар халал расонид. Дар рафти кори мустақилона ӯ бо садои баланд додани саволи иловагӣ ва беҳуда қадам задан дар синфхона оромиши хонандагонро аз байн бурд. Аз ҳама камбудии ҷидди омӯзгор ин буд, ки ӯ муайян карда натавонист, ки хонандагон мавзуи гузаштаро дуруст аз худ карда буданд ё не. Оё онҳо барои гирифтани кори мустақилона тайёр ва ба он омодагӣ дида буданд ё не?!
Баъди таҳлили ҳаматарафаи дарс ба омӯзгори ҷавон маслиҳату машваратҳои методӣ дода шуд, то ки ӯ дар рафти дарси дигар аз ин ҳаракатҳои нодурусти худ истифода накунад. Омӯзгори ҷавон камбудиҳои худро иқрор шуд ва ваъда дод, ки онҳоро дигар истифода накунад.
Дар ҳақиқат, гузаронидан ва ташкил кардани кори мустақилона якчанд душворӣ ҷой доранд, ки барои бартараф кардани он, мо омӯзгорон бояд талош варзем ва бештар ба омӯхтани он саъю кӯшиш намоем. Аввалан, омӯзгорони ҷавон бояд дар гузаронидани кори мустақилонаи устодони ботаҷриба ва мактабдида бештар ширкат варзанд ва нозукиҳои онро дар дафтарчаи худ қайд кунанд ва онро дар кори ҳамешагии худ истифода намоянд. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки: “Беҳтарин омӯзгор таҷриба ҳаст”.
Дигар ин ки, барои гузаронидани кори мустақилона бояд тамоми шароит муҳайё ва дастрас бошад, то хонанда ҳангоми навиштани кори мустақилона ғайр аз ҳалли мисолу масъала ва ё машқ фикри дигарро накунад. Дар ин ҳолат, омӯзгор диққати талабаҳоро ба худ ҷалб менамояд ва шавқу ҳаваси онҳоро дар ин кор зиёд менамояд.
Инчунин, барои хонандагоне, ки дониши хуб доранду фаъоланд супоришро сари вақт иҷро мекунанд, мисолу масъала ва ё машқи иловагӣ додан лозим нест. Омӯзгор бояд ҳар як кори мустақилонаи хонандаро бисанҷад, онро ислоҳ кунад ва мувофиқи сифати кори иҷрокардааш баҳо гузорад. Бояд гуфт, ки ин кор яке аз вазифаҳои асосӣ ва мушкилтарин барои омӯзгор аст. Баъзе аз омӯзгорон баъди иҷрои кори мустақилона, дафтарҳоро ҷамъ карда, берун аз дарс тафтиш мекунанд ва баҳо мегузоранд. Ин кор хуб аст, аммо на ҳама вақт иҷрошаванда мебошад, чунки вақти зиёди омӯзгорро мегирад.
Баъзе омӯзгорон аз лавҳаҳои чархзананда истифода мебаранд. Як ё ду хонандаи аълохон кори мустақилонаро дар лавҳа иҷро мекунанд ва баъди ба охир расидани вақти додашуда, тарафи кори мустақилонаи иҷрошудаи лавҳа ба аҳли синф гардонида мешавад. Хонандагони дигар кори иҷрокардаи худро ба он муқоиса мекунанд. Дар ташкили кори мустақилона ва санҷишӣ кодоскоп, графопроектор, компютер ва лавҳаи электронӣ хеле натиҷаҳои хуб медиҳанд. Агар дар лавҳаи электронӣ ё коғазҳои шаффоф шарти машқҳо ва ҷавобҳои онҳо алоҳида — алоҳида тайёр карда шуда, бо ёрии графопроектор дар экран нишон дода шавад, хеле вақт сарфа мегардад.
Гирифтани кори мустақилона аз математика бо ёрии компютерҳо афзалияти худро нишон дода истодааст. Истифодаи мақсаднок аз маводи дидактикӣ, аудиовизуалӣ, аёният, тасвиру бозиҳои мантиқӣ шавқмандии хонандагонро ба омӯзиши математика бедор карда, дараҷаи салоҳиятнокии онҳоро рушд медиҳад.
Ҳалли машқҳои тестӣ ба муаллим имконият медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ ба иҷрои кор баҳогузорӣ намояд, истифодаи карточкаҳо низ хеле фоидаи калон дорад. Мо дар синфҳои болоӣ ҳангоми тафтиши корҳои мустақилона аз хизмати ёрдамчиён, ки аз миёни хонандагони аълохон интихоб карда мешаванд, истифода мебарем. Дар синфҳое, ки қисми зиёди хонандагон аълохону хубхон мебошанд, талабагон кори якдигарро тафтиш карда, хатогиҳоро меёбанд ва ба омӯзгор ҳисобот медиҳанд.
Дар ташкили кори мустақилона истифодаи маводи чор вариантаи а, б, в, г хеле муфид аст. Дар вариантҳои “а” ва “б” машқҳои нисбатан сода дода шуда, роҳи ҳалли баъзеи онҳо нишон дода мешавад. Дар вариантҳои “в” ва “г” бошад, машқҳои нисбатан мушкил пешниҳод карда мешавад, ки хонанда мустақилона роҳи ҳалли онҳоро ёбад.
Истифодаи усули «Ҳалли як мисол ё масъала бо якчанд роҳ» натиҷаҳои хуб медиҳад. Мо хонандагони синфро мувофиқи донишу маҳорату малакаашон дар аввали соли хониш, баъди санҷиш ба се гурӯҳ, аълохонҳо, хубхонҳо ва миёнахонҳо тақсим мекунем. Корҳои мустақилона ҳам ба ҳамин гурӯҳҳо мувофиқ, ҳархела, пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми ҳалли мисолҳо дар тахтаи синф ҳам, аввал гурӯҳи аълохонҳо, баъд хубхонҳою миёнахонҳо даъват мешаванд. Охири ҳар моҳ фаъолияти хонандагон ба ҳисоб гирифта шуда, тақрибан 25 фоизи гурӯҳҳо иваз карда мешаванд. Хонандае, ки ба натиҷаҳои хуб соҳиб шуд, ба гурӯҳи болотар бароварда шуда, хонандаи камфаъол ба гурӯҳи паст фуроварда мешавад. Ин усули кор, хонандагонро водор месозад, ки доимо барои соҳиб шудан ба натиҷаҳои хуб кӯшиш намоянд.
Намудҳои кори мустақилонаи талабагон аз математика хеле гуногун аст. Онро дар ҳамаи лаҳзаҳои дарс: ҳам дар вақти тафтиши вазифаи хонагӣ, баёни мавзуи наву мустаҳкамкунии он ва ҳангоми супоридани вазифаи хонагӣ ташкил кардан мумкин аст. Боиси хурсандист, ки барои омӯзгорон «Роҳнамои фанни математика» дар асоси барномаи таълимии фан, бо дарназардошти муносибати салоҳиятноки таълим таълиф шудааст, ки кори омӯзгорро хеле осон мегардонад. Дар ин дастур ба таври мушаххас доир ба ҳар як мавзуъ ва тарзи гузаронидани машғулиятҳо, корҳои мустақилона ва санҷишӣ маълумотҳои дақиқ дода шудааст.
Тадқиқоти салоҳиятнок ба хонанда имкон медиҳад, ки шахсияти худро дар маҳорати ҷустуҷӯйи мустақилонаи ҳалли масъалаҳо нишон диҳад. Онро хотиррасон кардан лозим аст, ки омӯзгор баробари санҷидани дараҷаи дониши хонанда, бо ин роҳ сифати кори худашро низ месанҷад.
Вазифаи мо, омӯзгорон, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки барои тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон ҷавонони аз ҷиҳати илмӣ ва зеҳнию сиёсӣ босаводро тарбия намуда, ба ҷомеа манзур гардонем.