Гавҳар МУРОДОВА,
омӯзгори Коллеҷи санъати
шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов

Сулҳу ваҳдат яке аз арзишҳои муҳимми башарӣ маҳсуб шуда, асоси суботи сиёсӣ ва пешрафту тараққиёти ҳар як кишвар мебошад. Таблиғу ташвиқи ин арзишҳои муҳим яке аз рукнҳои низоми омӯзиш буда, дар ниҳоди наврасону кӯдакон, ки ояндагони фардои ҳар як давлату кишвар маҳсуб мешаванд, ҳисси муҳаббату ҳамдигардӯстӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳпарвариро густариш медиҳад. Дар ин нигошта як намунаи дарсӣ таҳти унвони “Сулҳу Ваҳдат ҷовидон ояд ҳаме…” манзури хонандагони маҷалла мегардад.
Мақсади дарс: Ошно намудани хонандагон оид ба раванди барқарор намудани сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аёнияти дарс: Шоҳбайтҳои адибон оид ба сулҳу ваҳдат, истифодаи воситаҳои техникӣ бо суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавзуъ, иншову реферату ва рӯзномаи деворӣ.
Иштирок доранд: Роҳбарият ва омӯзгорони мактаб.

ОҒОЗИ ДАРС
Омӯзгор: Салом бачаҳо!
Хонандагон: Салом устод!
Омӯзгор: Шогирдони азиз! Дарси гузашта мо бо шумо дар мавзуи «Қаҳрамонон абадзиндаанд» суҳбат карда, оид ба қаҳрамониву ҷоннисориҳои халқи азизамон дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маълумоти кофӣ пайдо кардем. Имрӯз дар мавзуи «Сулҳу Ваҳдат ҷовидон ояд ҳаме»… суҳбат гузаронда, дар бораи чӣ гуна барқарор шудани ҷараёни сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азиз иттилои густарда мегирем. Бинобар ин, барои пеш бурдани дарси имрӯза суханро ба як гурӯҳ аз шогирдон, ки дар ин бора омодагӣ гирифтаанд, медиҳам. Марҳамат.
Ровии 1: Имрӯз қофилаи сулҳ равона аст ба ҷумлаи навоҳӣ ва манотиқи Тоҷикистон ва хирад бар ҷаҳолат ва меҳр бар кину адоват пирӯзӣ ёфт ва имрӯз фарзандони сарсупурдаи миллат ҳамагон талош доранд ба қофиласолории корвони сулҳ.
Шаҳло: Ҷанг ва сулҳ калимаҳои муқобил маъноянд. Аз яке даҳшат касро фаро мегираду аз дигаре оромишу роҳат.
Розия: Ҷанг калимаи даҳшатангез аст. Он харобӣ, вайрониву валангорӣ, хунрезию ашкрезӣ, ғаму кулфат меоварад бар сари мардумон.
Фаромарз: Тоҷикистони азизи мо, диёри зебоманзар ва мардуми тоҷбарсари он ҷанги бемақсадеро аз сар мегузаронид, ки дар он ҳама гулгашту хиёбонҳо, хонаҳо, корхонаву коргоҳҳо вайрону валангор ва сӯхтаю ба хок яксон шуданд.
Ҷамолбӣ: Мардуми зиёде талафоти ҷонӣ дод. Ашки модарон рехтаю овози тифлакон дили касро реш мекарданд. Занҳо аз шавҳарҳо ҷудо гашта, бори вазнини зиндагӣ бар дӯшашон бор шуд.
Куруш: Ин даҳшат сар то сари диёри зебоманзарамонро фаро гирифт. Мардуми мотамзада хонаю ҷойҳои худро партофта, барои зинда мондан ватани хешро тарк карданд.
Саодат: Дар назар ғайр аз ҷони ширин дигар чизи авлотаре набуд. Ин ҷанги миллаткушу бародаркуш буд. Оилаҳое буданд, ки бародарон дар ду сангар меистоданду ба муқобили якдигар тир холӣ мекарданд.
Сомон: Миллати тоҷик паҳну пареш гашт, мискину нотавон, дастнигар шуда, ба хоки Ватани хеш зор шуд.
Саҳнача: «Хоки Ватан»
Хонандагон Саид, Файзулло, Субҳон, Аслам, Мадина ва Фотима иҷро мекунанд.
Хоки давлати Афғонистон. Дашти бепайдоканору офтоби сӯзони тобистон. Садои мусиқии маҳзун паст-паст шунида мешавад. Саид таги чодар, болои бистар, бемору бемадор хобидааст. Ӯ ғарибу руҳафтода, аз зиндагӣ ноумед шуда, нолиш мекунад.
Модар болои сари Саид нишаста, сарашро сила мекард ва барои таскини дили ӯ суханони таскинбахш мегуфт. Аммо ин суханон барои Саид тасаллие намебахшиданд. Ӯ дар дилаш аз зиндагӣ даст шӯста, дарун-дарун сӯхта, ба худ мегуфт: Ҳай дареғо, ки ман мемураму дар хоки бегона дафн мешавам ва гӯри маро боронҳои пай дар пайи ин мулк оҳиста-оҳиста шуста, ба хок яксон мекунад. Баъди чанде аз он нишоне нахоҳад монд.
Саид яку якбора рӯяшро ба тарафи модар гардонид ва рост ба чашмони модараш нигариста хитоб мекунад:
— Модарҷон, ҳоло ҳам дер нашудааст, биё ба ватанамон баргардем. Мо гуноҳе надорем, касе моро чизе намегӯяд. Ман хонаамон, деҳаамон, ҳамсояҳоямон, рафиқонамро пазмон шудам.
Модар:
— Саидҷон, писарам, ҷонакам. Мо ба ватанамон баргашта наметавонем. Мулло Салим гуфт, ки “агар мо баргардем моро сар мебуранд”. Мо бо мардуми афғон ҳамзабонем ва Худо хоҳад, ба гуфти мулло давоми бозмондаи умрамонро дар ҳамин ҷо мегузаронем.
Дар ҳамин вақт садои радио баланд мешавад.
Садои ширадору дилкаши ровии радиои тоҷик Абдурашид Хуҷамқулов шунида мешавад:
— Салом ҳамватанони азиз. Дар мавҷ барномаи «Хоки Ватан» (садои мусиқӣ).
— Ҳамватанони азизу гиромӣ! Ҳамватанони аз ватан дуру ба дил наздики мо. Агар ҳоло моро мешунавед, ба Ватан баргардед. Ватан-модар шуморо интизор аст. Ватан-модар аз фарзандонаш ҷудо будан намехоҳад. Шумо гуноҳ надоред. Ва агар аз нофаҳмӣ гуноҳе содир карда бошед, бо мадади Президенти ҷумҳурӣ, фарзанди ватанхоҳу миллатдӯст Эмомалии Раҳмон гуноҳҳоятон авф хоҳад шуд. Ба Ватан баргардед. Ватанро обод, хонаҳои валангоратонро бо мадади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав бунёд созед. Бас аст, ғарибию мусофирӣ. Бас аст, фарзандону бародаронро дар мулки бегона гӯрондан. Тоҷикистон яктост ва оғӯши гарму модаронааш бароятон ҳамеша кушода аст.
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош, гадо будӣ ба Канъон хуштар.

Бо шунидани садои ровӣ оби чашмони писару модар ҷорӣ гашт. Ҳарду бо овози баланд гиря карда, лаҳзае бемориро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурданд ва якдигарро ба оғӯш кашиданд.
Лаҳзае пас Саид аз модар хоҳиш кард:
— Модарҷон, маро ба ҳавои тоза бароред.
Баъди ба берун баромадан писарак бо чашмони пур аз ашк ба модараш чунин гуфт:
— Акнун ман бовар дорам, ки ҳамаи мо — тоҷикон ба хонаи аҷдодӣ, ба Тоҷикистони азиз бармегардем. Модарҷон, ҳамин ки ба Ватан баргаштем, ваъда медиҳам, ки аз ин пас танҳо ба корҳои нек камар хоҳам баст.
Модар дасти Саидро гирифта, оҳиста-оҳиста ба берун мебарорад ва ба болои тахтачае, ки махсус барои нишастани ӯ тайёр шуда буд, мешинонад. Вақти ба берун баромадан писару модар мебинанд, ки дигар гурезаҳо низ ба берун баромада, дар якҷоягӣ ашки шодӣ мерезанд. Саид ин ҳолатро дида, ғаму андӯҳи ғарибӣ ва бемор буданашро фаромӯш карда, беихтиёр, ғайричашмдошти худ ва дигарон бори дигар ба мардум ҳамроҳ шуда, ашки шодӣ рехт. Бо ҳаяҷон гуфт:
— Модарҷон, тезтар радиоро ба ман деҳ. Канӣ шунавем, ровии радио боз чиҳо мегӯяд.
Ӯ гӯшаки радиоро тоб дода, лаҳзае интизори сухани ровӣ буд, ки садои ҳунарманди шинохтаи тоҷик Саидқул Билолов баланд шуд, ки суруди
Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам,
Дар банди ҷафо бошам, дар хоки Ватан бошам.
Бигзор, ки ғам бинам, сад дарду алам бинам,
Аз ҳаҷр ҷудо бошам, дар хоки Ватан бошам. 

– ро месароид.
Ин суруд, ки ҳамаро ба Ватан даъват мекард, дили ҳамагонро дучанд обу адо кард. Оби чашми хурду калон, зану мард чун борони сел равон гашта, рӯяшонро мешуст. Ҳама якбораю саросема нидо доданд:
— Аз ҷо хеста меравем, ба Ватан бар мегардем. Бас аст, ғарибӣ, бас аст, заҳри мусофирӣ чашидан.
Кӯдакон бошанд, бо овози баланд: — Ура-а-а! Ура-а-а, ба хонаҳоямон бар мегардем,-мегуфтанд.
Модар зери лаб такрор мекард:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар…
Албатта, ровии азиз. Рост мегӯӣ, меравем.

Таҳмина: Ин мисраъҳои шеърӣ аз тариқи радиои ватанӣ ҳар гоҳ садо медод. Одамон чандин гумшуда, хешу ақрабо ва наздикони худро тариқи ин садои радиоӣ дарёфтанд.
Зуҳро: Тоҷик дарёфт, ки идомаи ҷанг ҳеҷ як тарафро ба ҳадаф намерасонад. Ҳар як ҷанг оқибаташ сулҳ аст.
Робия: Вақте ки фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд, қасам ёд карданд, ки барои халқу ватани хеш хизмат мекунанд ва тамоми гурезагонро ба манзили зисти худ бармегардонанд.
Раҳим: Оре, дар қавлашон мардона истоданд ва чандин маротиба бо мухолифин вохӯрӣ гузарониданд, то ки сулҳро дар кишвар устувору пойдор намоянд. Кӯшишҳои Сарвари давлатамон дар шаҳрҳои Маскаву Теҳрон бесабаб набуданд. Ин кӯшишҳо танҳо барои барқарории сулҳу осоиштагӣ буданд.
Руқия: Ваҳдати мо маҳз бо ташаббуси пайгирона ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди сарсупурдаи миллат ба даст омад.
Ҷаббор: Маҳз, Эмомалӣ Раҳмон ҳаёташро зери хавфу хатар гузошта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои тақдирсоз ба гуфтушунидҳо идома бахшиданд. Магар метавон сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба давлати Афғонистон моҳи декабри соли 1996 фаромӯш кард?
Хусрав: Мулоқоти Сарвари давлат дар Хосдеҳ бо иштироки мухолифин, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт шудааст.
Сайрам: Он айём дар Афғонистон ҷангу низоъҳои дохилӣ ҳукмфармо буду касе кафолати амнияти касеро намедод. Вале Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҷонашонро ба гарав монда, бо мухолифин сари мизи гуфтушунид нишастанд.
Фирдавс: Он вақт ӯ гуфта буд: «Мо як мақсад дорем: Дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳу салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ барнамегардам».
Мӯсо: 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳи байни тоҷикон ба имзо расид ва он миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун оварду аз парокандагӣ наҷот дод.
Файзулло:
Раҳи Ваҳдат зи санги хора бигзашт,
Баланду пастро ҳамвора бигзашт.
Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,
Ки ҳар кӣ з-он гузашт, овора бигзашт.

27 июни соли 1997 рӯзи аз шаҳри Москва баргаштани Президенти мамлакат фурудгоҳи шаҳри Душанбе симои идонаро ба худ гирифта буд. Он рӯз мардуми шаҳр бо дилҳои пур аз шодиву сурур ба истиқболу шодбошии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаҳо баромаданд.
Шаҳло: Модарону хоҳарон ва пиру барно ба сару қадамашон гул рехтанд. Аз чеҳраи шукуфон, дидаҳои шараррезу табассумҳои орифонаи Эмомалии Раҳмон нур меборид.
Саодат: Нури зиёбахши сулҳ дар дилу дидаи мардум таҷаллӣ мезад ва он лаҳзаҳо ин абёти ҷовидонаи устод Лоиқ вирди забонҳо буд.
Родмеҳр:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад …

Зайнаб: Ҳоло Саодат Анварӣ барои болидагии хотири шумо суруди «Сулҳ»-ро пешкаш менамояд. Марҳамат.
            СУЛҲ
Бахту нишоти мо бубин,
Тоза ҳаёти мо бубин.
Дар роҳи сулҳ устувор,
Азму суботи мо бубин.
Сулҳ – садоқати замон,
Сулҳ — умеди одамон.
Сулҳ — ливои дӯстӣ,
Сулҳ — ҳаёти ҷовидон.
Сулҳ ба мо сафо диҳад,
Қисмати бебаҳо диҳад.
Кишвари мо барои сулҳ,
Дар ҳама ҷо садо диҳад.
Сулҳ — садоқати замон,
Сулҳ — умеди одамон.
Сулҳ — ливои дӯстӣ,
Сулҳ — ҳаёти ҷовидон.
Шеъри Олимхон Исматӣ,
Оҳанги Қудратулло
Яҳёев,
Такмили Хуршед Ғуломов

Раҳмон: Инак, миллати тоҷик боз сарбаланд гашт. Ин миллати азияткашидаву кишвари ҷангзадаи тоҷик ба осудагӣ нафас мекашаду расидааст ба чашмаи сулҳ.
Розия: Муҳимтар аз ҳама сулҳ ва оштии миллиро одилона ва моҳирона ҳифз намоем, бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем. Мо бояд ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари обод, тараққикарда ва ободу хуррамро ба мерос монем.
Карим: Солҳо сипарӣ мешаванд, мо ин рӯзи мондагорро ҷашн мегирем. Имсол бисту ҳафт сол аст, ки аз ин неъмат баҳравар ҳастему хоҳем буд.
Омӯзгор: Меҳмонони гиромӣ! Хуб, фаро расиданд он лаҳзаҳое, ки бо ин мисраъҳои саршор аз меҳру вафо ва сидқу сафо соати дарсии худро интиҳо бахшем:

Сарсабзу гулфишон шуд, то навбаҳори Ваҳдат,
Овозаи ҷаҳон шуд номи диёри Ваҳдат.
Озодӣ – аз муҳаббат, ободӣ – аз садоқат,
Авҷу барори мо шуд авҷи барори Ваҳдат.

Вазифаи хонагӣ: Шогирдони азиз, ҳар кадоматон дар хона як расм дар мавзуи «Сулҳ ва ҷанг» тасвир намуда, то дарси оянда як иншои хуб дар мавзуи “Сулҳу Ваҳдат ҷовидон ояд ҳаме…” нависед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *