Муҳаббат Ҷумъаева,
омӯзгори Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе

Таълим дар синфҳои ибтидоӣ зинаи душвортарини таҳсилот ба шумор рафта, аз омӯзгори синфҳои ибтидоӣ малакаи баланди илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва равоншиносиро тақозо мекунад. Дар ин нигошта истифода аз усулҳои гуногуни таълим ва нақши онҳо дар раванди ташаккули малакаҳои омӯзиши хонандагон таҳлил шудааст.
Омӯзгор ҳамон вақт самараи хуб ба даст меорад, ки шогирдонро ба дарс моил гардонда тавонад. Барои ин дар педагогика усулҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ ҷой доранд. Танҳо истифодаи мақсаднок ва ба маврид зарур аст. Барои ҷавобгӯ будани таълим ба стандарти давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд аз усулҳои наву самарабахши таълим истифода карда шавад. Аз ин рӯ, омӯзгоронро лозим аст, ки роҳу усулҳои самарабахшу навини таълиму тарбияро ҷустуҷӯ намуда, шогирдонро дар руҳияи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ тарбия намоянд.
Ҳар як омӯзгор мувофиқи дониш, малака ва ҳунари худ кӯшиш мекунад, дарси худро ҷолиб ва шавқовар гузаронад. Солҳои охир дар ин самт тадбирҳои зиёде ба кор бурда мешавад, ки баргузории дарси интерактивӣ яке аз онҳост. Мо — омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бисёртар аз усулҳои фаъоли таълим: проблемагузорӣ, суҳбат, мусоҳиба, гурӯҳбандӣ, намоишдиҳӣ, бозиҳо ва саволу ҷавоб истифода мебарем.
Ба таҳлили ман, омӯзгорон бояд донишро ба таври тайёр ба хонандагон надиҳанд, балки ба хонандагон имконияти мустақилона фикр кардан, озодона андеша рондану эҷод кардан ва ҳатто бо ҳамсинфонашон баҳсу мунозира намуданро муҳайё созанд. Шогирдон ин ё он масъалаи ба дарс вобастаро худашон бояд ҳаллу фасл намоянд, омӯзгор бошад на ин ки гӯянда, балки роҳнамо, ҳамкор ва мушовир ба хонандагон бошад. Муаллим муҳити омӯзишро ба хонандагон фароҳам меоварад. Хонандагон донишро ҷустуҷӯ кунанд ва дар якҷоягӣ муаллим-хонанда, хонанда-муаллим, муаллиму хонандагон фазои омӯзиши донишро бунёд созанд. Муаллим вақтро тақсим кунад ва онро самаранок истифода барад.
Он донишҳое, ки хонандагон бунёд мекунанд, бояд ба воқеият табдил диҳанд. Барои ин мисолҳо аз ҳаёти ҳаррӯза, ки онро ба чашм мебинанд ва дарк мекунанд, бояд оранд. Омӯзгор бояд қобилияти гӯш кардани хонандаро дошта бошад ва бо сабру таҳаммул бошад. Хонанда низ бояд чунин бошад. Агар хонанда гӯш карда тавонад, ҷавоб дода ҳам метавонад. Масалан хонанда донад, ки барои чӣ чор амали арифметикиро меомӯзад (ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим). Агар хонанда чор амалро надонад, вай дар бозор хариду фурӯш карда наметавонад.
Ба омӯзгор лозим меояд, ки ҳангоми дарс ба се омили асосӣ диққат диҳад:
-Ташаккули малакаҳои иҷтимоӣ.
-Ташаккули малакаҳои академикӣ.
-Ташаккули дарккунии хонандагон.

Муаллим бояд дар синф ба хонандагон фазои эҷодиро ба вуҷуд орад, то ки хонанда худаш як чизи навро эҷод кунад, тадқиқот барад ва андешаи бикрро ба миён орад. Барои гузаронидани ҳар як дарс омӯзгор аввал консепсияи дарсро кор карда мебарояд. Омӯзгор мавзуъро аз назар гузаронида, адабиёти лозимӣ, аёниятҳоро ҷустуҷӯ мекунад ва дарсро, ки оғоз кард, баъд мувофиқи мазмуни мавзуъ усулҳои фаъоли таълимро интихоб мекунад. Муаллим пешакӣ бояд донад, ки бо чӣ мақсад ин ё он усулро интихоб кардааст ва ҳадафи истифодабарии ҳар як усулро бояд донад. Баъди консепсияи дарсро кор карда баромадан, муаллим дарсашро ба нақша медарорад. Дар нақша фаъолияти муаллим, фаъолияти хонанда, натиҷаи ба даст меомадагиро ба ҳисоб мегирад. Ҳангоми ба нақша гирифтани дарс муаллим дарсро ба се давра тақсим мекунад:
Давраи як — даъват оид ба мавзуъ ва ҳамаи маълумотҳоро ҷамъ кардан. Тайёр намудани маводҳои нав оид ба мавзуъ. Бо истифода аз усули нишондиҳӣ омӯзгор диққати хонандагонро ба дарс ҷалб намуда, онҳоро бояд шавқманд кунонад, то ки доир ба мавзуи дарс фикр кунанд.
Истифодаи методҳо: Ҳангоми истифодаи усули гурӯҳбандӣ ба хонандагони хомӯш, шӯх, бемор бояд аҳаммият дод. Онҳоро худи муаллим ба гурӯҳҳо бурда мешинонад. Мақсад он аст, ки онҳо низ хомӯш нишаста, оид ба мавзуъ фикр кунанд ва фикрҳояшонро баён созанд.
Давраи ду — давраи фаҳмидагирӣ ё дарккунӣ ва сарфаҳмравӣ. Дар ин давра муаллим дарси навро медиҳад. Хонандагон мехонанд, донишҳои гирифтаашон, пешакӣ медонистаашон ё худ донистан мехостагиашонро аз рӯйи нишонаҳо бо қалам аз матн ҷудо мекунанд.
V- медонам.
+- ахбороти нав.
— ман дигар хел фикр карда будам.
? донистан мехоҳам.
Ин хониш — хониши бошуурона аст.
Давраи се — давраи мулоҳизакунӣ, (фикру хаёл кардан) хонандагон бояд фикрҳояшонро ба ҳамдигар баён карда тавонанд. Дар ҷуфтҳо, гурӯҳҳо ва дар назди муаллим хонандагон нутқ карданро меомӯзанд. Мавзуъҳо бояд мувофиқи синну сол ва шавқовар бошанд, ки хонанда то охир мақсади мавзуъро фаҳмидан хоҳад ва дар ҷустуҷӯ бошад. Донистан хоҳанд, ки дар мавзуъ сухан дар бораи кӣ ё чӣ меравад. Ба хонандагон имконият фароҳам бояд овард, ки хаёлашонро оид ба мавзуъ дар расм тасвир кунанд, доир ба мавзуъ ҳикоя, эссе ё афсона эҷод кунанд. Дар нақши қаҳрамонҳои дӯстдоштаашон мебозанд, хислатҳои неку бадро ҷудо мекунанд ва он хислатҳое, ки ба худашон хос медонанд, ба худ қабул мекунанд.
Ҳангоми усули гурӯҳбандӣ хонандагон дар шакли инфиродӣ, ҷуфт-ҷуфт, гурӯҳӣ дар назди аҳли синф ва муаллим нутқ карданро меомӯзанд.
Хулоса, истифодаи ин усулҳои гуногун дар раванди дарс нутқи хонандагонро тараққӣ ва инкишоф медиҳад, қобилияти фикркунӣ ташаккул меёбад ва хонандагонро ба эҷодкорӣ даъват мекунад. Бинобар ин, ҳар як омӯзгорро лозим аст, ки дар раванди дарси хонандагони синфҳои ибтидоӣ усулҳои фаъоли таълимро истифода бибарад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *