Азизбек ЗУМРАТОВ,
омӯзгори литсейи №3 барои
хонандагони болаёқати
шаҳри Душанбе
Химия дар баробари хосиятҳои амиқии худ: аломатҳо, формулаҳо, рақамҳо, маҳлулҳо, хокаҳо ва дар маҷмуъ, дақиқият, ҳамзамон, хусусияти зебоипарастӣ низ дорад. Яъне, ҳар як илм дар таркиби худ бавосита ё бевосита бо табиат ва фарҳангу санъат иртибот дошта, барои тарбияи маънавии хонандагон нақши муҳим мегузорад. Дар мақолаи зерин хусусиятҳо ва назокати санъати фалакро дар дарси химия инъикос намудаем.
Салоҳиятҳои асосӣ:
• хонандагон дар гурӯҳҳо ва алоҳидагӣ кор мекунанд;
• хонандагон мустақилона ба саволҳо ҷавоб мегардонанд;
• хонандагон доир ба натиҷаҳои корашон ибрози андеша менамоянд.
Мақсади дарс: Дар қалби хонандагон бедор намудани ҳисси фарҳангдӯстӣ ва арҷ гузоштан ба тамаддуни халқи тоҷик бо ҷиҳати иҷрои «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар заминаи он саҳмгузорӣ намудан дар рушди санъати мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, яъне, фалаксароӣ.
Хонандагон пас аз омӯзиши мавзуъ бояд дар бораи технологияи истеҳсол ва коркарди пӯст-чарм, навъҳои он маълумот дода тавонанд. Инчунин, оид ба марҳилаҳои асосӣ, роҳҳои ҳозиразамони истеҳсоли пӯст-чарм ва коркарди химиявии он тасаввурот пайдо карда тавонанд.
Воситаҳои аёнӣ: рӯнамо (презентатсия), маводи рушди ҳунари чармгарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, расму овезаҳо оид ба технологияи истеҳсоли пӯст ва коркарди химиявии он, видеонавори коркарди пӯст-чарм ва марҳилаи охирини истифодаи он.
Равиши дарс
Санҷиши дониш (пурсиши вазифаи хонагӣ):
Азбаски мавзуъ пешакӣ ба хонандагон супорида шуда буд, онҳо имкон доштанд, то дар бораи таърихи фалак ва фалаксароӣ, технологияи истеҳсоли пӯст ва коркарди химиявии он маълумот пайдо кунанд.
Мо мехоҳем бо усули «Блитс-пурсиш», яъне, саволҳое, ки бисёр ҷавоби кӯтоҳ мехоҳанд, пурсиш гузаронем ва сипас, ҷавобҳои хонандагонро баррасӣ кунем. Барои ҷавобҳо ба ҳар кас на бештар аз 10 сония вақт дода мешавад. Ин усул барои такрори маводи омӯхташуда истифода мешавад.
Намунаи саволҳо:
1. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом сол дар назди Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд?
Ҷавоб: 20-уми июли соли 1989.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом сол ба ансамбли «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радио мақоми давлатӣ дод?
Ҷавоб: 16-уми ноябри соли 2001.
3. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми августи соли 2007, ҳар сол кадом рӯзро ҳамчун рӯзи «Фалак» ҷашн мегиранд?
Ҷавоб: 10-уми октябр.
4. Анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ ва сирри нозукиҳои онро дар кадом макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон меомӯзонанд?
Ҷавоб: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
5. 15-уми декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар кадом шаҳр тариқи онлайн баргузор гардид, ки номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд?
Ҷавоб: шаҳри Париж.
6. Фалак таърихи бисёрасра дорад, таърихан дар ду манотиқи Тоҷикистон ташаккул ёфтааст, онҳо кадом минтақа мебошанд?
Ҷавоб: Кӯлобу Бадахшон, аз ин ҷо — фалаки кӯлобӣ ё фалаки бадахшонӣ мегӯянд.
7. Сози асосии фалак кадом асбоби мусиқӣ ба шумор меравад ва дар кадом мактаб асос мегирад?
Ҷавоб: думбра ва дар мактаби устод — шогирд асос мегирад.
8. Фалак чӣ гуна мусиқӣ аст?
Ҷавоб: Фалак — мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик буда, ифшогари розу ниёзи мардум мебошад.
Қисмати асосии дарс:
Хонандагонро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоем ва ба ташаккул додани салоҳиятҳо мегузарем.
Супориши якум:
Вақт барои иҷрои супориш: 3 дақиқа.
Мехоҳем ба хонандагон бо истифода аз усули «Ҳуҷуми фикрӣ» расмеро пешниҳод кунем, ки дар он асбобҳои санъати фалаксароӣ гирд оварда шудаанд. Чӣ тавре, ки шумо медонед, сози асосии фалак думбра (дутор) буда, созҳои бисёри дигаре дар ҳунари фалакхонӣ маъмуланд, аз ҷумла, рубоби бадахшонӣ, сетор, ғиҷҷак, тутик (най), даф (дойра), таблак ва ғайра. Шумо бояд пайхас намоед, ки дар расм чӣ ифода ёфтааст. Ҷавоб: Pb (сурб).
Супориши дуюм:
Вақт барои иҷрои супориш: 5 дақиқа.
Ба хонандагон супориш медиҳем, ки маълумоти навро бо истифода аз матн омӯзанд ва супориши додашударо иҷро кунанд. Супориши додашудаи мо «Файнворд» ном дорад. Ҳар гурӯҳе, ки аввалин шуда, супоришро ба пуррагӣ иҷро кунад, ҳамон гурӯҳ ғолиб дониста мешавад.
Файнворд – ин ҳам бозӣ ва ҳам машқи майнаи сар мебошад. Мазмунан ин бозӣ ҷустуҷӯйи калимаҳост. Барои «рамзкунонӣ»-и онҳо ягон қоидаи муайян вуҷуд надорад. Мафҳуми «Файнворд» аз забони англисӣ «find word» – «калимаро ёб» омадааст. Моҳияти супориш аз он иборат аст, ки номҳои ашё ё истилоҳоте, ки дар матн пинҳон шудаанд, бояд ҳамаи ҳарфҳои онҳо пайиҳам ҷойгир бошанд. Дар ин матн 5 номи элементи химиявӣ пинҳон карда шудаанд, ки пайвастаҳои онҳо дар коркарди химиявии чарм истифода мешаванд.
«Фалак» – маҷмуи суруд ва навои миллати тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст, зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила, дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд. Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид. «Фалак» жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод – шогирд» то ба имрӯз такмил ёфта, расидааст.
(Ҷавоб: сур+б, с+у+л+ф+у+р, х+ро+м, ҳ+ид+р+ог+е+н, б+о+р)
Супориши сеюм:
Вақт барои иҷрои супориш: 5 дақиқа.
Бо истифода аз вақти ҷудошуда ба хонандагон супориш медиҳем, ки ба ҳарфҳои ҳамсояи панҷара бо диққат назар карда, онҳоро дар «Филворд» пайваст намоянд.
Филворд як муаммои кроссворд буда, панҷараи пур аз ҳарфҳои омехта мебошад, ки дар он шумо бояд калимаҳои мувофиқи мат- лубро тавассути пайваст кардани ҳарфҳои ҳамсоя пайдо кунед ва пайваст намоед.
Агар ин ҳарфҳоро дуруст ба ҳам пайваст намоед, он гоҳ номи 22 нафар (мо ин ҷо як иддаи онҳоро ҷойгир намудем) донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, ки бо заҳмату кӯшишҳои онҳо дар асри сипаригашта то замони мо мусиқии «Фалак» ривоҷу равнақ ёфтааст, пайдо мегардад.
Филворди «Донандагон ва иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ»:
Ҷавоб: Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Ҳошими Қосим, Гулчеҳра Содиқова, Иброҳим Кобулиев, Одина Ҳошим, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Мусаввар Минаков, Ҳаким Маҳмудов, Дона Баҳромов, Моҷон Назардодова, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Мамадато Таваллоев, Нусайрӣ Одинаев, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Соҳиба Давлатшоева, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов.
Супориши чорум:
Вақт барои иҷрои супориш: 5 дақиқа.
Хонандагони азиз, агар маълумоти Википедия (Донишномаи озод)-ро доир ба маънои луғавӣ ва маҷозии фалак ба хотир оварем, бо истифодаи он калимаву ибораҳо катакчаҳои холие, ки дар кроссворди асбобҳои фалаксароӣ (думбра ва даф) ҷойгир карда шудаанд, пур кардан мумкин аст. Кроссворд-муаммо, ин ба ҳам чидани сатрҳои ячейка мебошад, ки бо калимаҳо пур карда мешаванд. Ҳар гурӯҳе, ки ин амалро дар вақти муайяншуда ба охир мерасонад, ғолиб дониста мешавад.
Кроссворди «Маънои луғавии фалак» (барои гурӯҳи якум)
Ҷавоб: Осмон, кайҳон, афлок, сипеҳр, ҳаво ва фазо. Мо дар ҷавоб шакли пуркардашудаи онро низ гузоштем.
Кроссворди «Маънои маҷозии фалак» (барои гурӯҳи дуюм)
Ҷавоб: Дунё, чарх, ҷаҳон, шикоят, тақдир, муноҷот, сарнавишт, розу ниёз, сӯзу гудоз, шодиву сурур ва гардиши рӯзгор.
Мо дар ҷавоб шакли пуркардашудаи онро низ гузоштем.
Мустаҳкамкунии донишу малака
Супориши якум:
Вақт барои иҷрои супориш: 5 дақиқа.
Бо мақсади муайян кардани сатҳи фаҳмиши маводи омӯхташуда бо хонандагон бозии «Калимаро ёб!» пешниҳод карда мешавад. Чӣ тавре ки шумо дар боло пай бурдед, яке аз маъноҳои маҷозии фалак «тақдир» мебошад. Кадом ҳарфи онро бо дигар ҳарф тағйир диҳем, ки раванди буғронкунӣ ё дистиллятсия (перегонка)-ро ифода кунад, бо ин раванд дар химия моеъҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд.
Ҳар гурӯҳе, ки аввалин шуда дар вақти ҷудошуда калимаро меёбад ва онро шарҳ медиҳад, ҳамон гурӯҳ ғолибиятро ба даст меорад.
Ҷавоб: Агар ҳарфи чоруми он (ҳарфи «д»)-ро бо ҳарфи «т» иваз намоем, он гоҳ калимаи «тақтир» ҳосил мешавад, ки дар химия барои ҷудо кардани моеъҳо дар ҳароратҳои гуногун истифода мешавад.
Моеъро дар колбаи Вюртс 1-колбаи сатҳаш мудаввар ва гардани дароз дорад, мегузоранд, ки аз он найчаи дренажӣ тӯл кашидааст. Гардани (найчаи) колбаи Вюртс бо пуке, ки ба он термометр (ҳароратсанҷ) 2 гузошта шудааст, сахт маҳкам карда мешавад, дар ҳоле ки қисми симобдори термометр бояд дар сатҳи кушодашавии найчаи баромад бошад. Нӯги найчаи баромад ба воситаи пуки маҳкам насбшуда ба хунуккунаки Либих 3 ворид карда мешавад, ки дар канори дигари он аллонж 4 барои равона кардан ба қабулкунак 5 мустаҳкам карда шудааст. Қисми поёнии хунуккунак ба воситаи найчаи резинӣ ба ҷумаки об пайваст карда мешавад. Қисми болоии хунуккунакро ба найчаи резинӣ пайваст карда, баромади обро таъмин месозанд. Худи хунуккунак бояд ҳамеша аз об пур бошад.
Навори химиявӣ:
Вақти ҷудошуда барои тамошо ва муҳокима: 10 дақиқа
Тамошои навори «Чарми табиӣ чӣ гуна истеҳсол мешавад? Раванди эҷоди пӯсти тайёр аз ашёи хом» (аз шабакаи YouTube) — 4 дақиқа.
Баъд аз тамошои филм ба воситаи саволҳо бо хонандагон дар бораи «Чарми табиӣ ва раванди эҷоди пӯсти тайёр аз ашёи хом» муҳокимарониро ба роҳ мемонем — 6 дақиқа.
Намунаи саволҳо барои муҳокимаронӣ:
1. Бо кадом роҳҳо пӯст аз пӯсидану вайрон шудан, нигоҳ дошта мешавад?
Ҷавоб: хушккунии пӯст дар иқлими гарм ва хушк, пошидани намаки хушк ба пӯст, консерв кардани пӯст бо маҳлули намакоб (хлориди натрий).
2. Раванди тар кардану золкунонии пӯст ба чӣ асос карда шудааст?
Ҷавоб: Ин раванд ба он асос карда шудааст, ки аз пӯст моддаҳои консервшуда, хун, сафедаҳои ҳалшуда ва моддаҳои дигар тоза карда мешаванд.
3. Даббоғикунии растанигии пӯстро чӣ хел ба роҳ мемонанд ва аз кадом намуди растаниҳо истифода мебаранд?
Ҷавоб: Ба сифати даббоғикунии растанигӣ пӯсти дарахти булут (дуб), кон (як намуд дарахти сӯзанбарг), нозгул (мимоз), шоҳбулут (каштан), инчунин, қатронҳои гуногунро истифода мебаранд. Мисол, дар саноати пойафзолбарорӣ аз пӯсти даббоғикардашудаи растанигӣ тагчарми пойафзол ва патаки чармин истеҳсол мешавад.
4. Пӯсти даббоғикардашудаи химиявии алюминийдор чӣ гуна аст ва онро дар куҷо истифода мебаранд?
Ҷавоб: Пӯсти бо намакҳои алюминӣ коркардшуда, мулоим, нозук ва ҳамвори рангаш сафед мешавад. Он, асосан, ҳамчун пӯсти дастпӯшак, ҳамчунин, дар асбобҳои мусиқӣ, зиннатдиҳӣ ва моҳути ғафс (драп) истифода мешавад.
5. Рангдиҳии пӯст чӣ гуна гузаронида мешавад?
Ҷавоб: Рангкунии пӯст бо истифода аз рангҳои растанигӣ ва рангҳои синтетикии анилинӣ гузаронида мешавад.
6. Чарми нарми бахмалмонанд (замш) чӣ тавр ба даст оварда мешавад?
Ҷавоб: Бо усули даббоғикунии химиявии чарбудор чарми нарми бахмалмонанд (замш) ба даст оварда мешавад.
Супориши дуюм:
Вақт барои иҷрои супориш: 5 дақиқа.
Хонандагонро ба чор гурӯҳ ҷудо намуда, супориш медиҳем, ки дар мавзуъҳои «Ғиҷҷак», «Даф», «Най» ва «Думбра» эссеи хурд нависанд. Баъд аз шунидани эссеҳо бо хонандагон оид ба мавзуъҳои супоридашуда ба таври кӯтоҳ таҳлил ва баррасӣ менамоем.
Намунаи эссе дар мавзуи «Ғиҷҷак»: Ғиҷҷак яке аз созҳои асосӣ ва якканавоз ба ҳисоб меравад. Дар тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ ва оркестр ҳамчун сози асосӣ истифода мебаранд. Ғиҷҷак аз чӯби бед, зардолу, тут ва чормағз сохта шуда, аз даста ва косахона иборат аст, ки косахонаи он бо пӯст пӯшонида шудааст. Чор сим дорад, ки дар квинта ҷӯр шуда, бо камонча навохта мешавад. Дар мусиқии тоҷик ду шакли ғиҷҷакро истифода мебаранд: доирашакл ва чоркунҷа.
Намунаи эссе дар мавзуи «Даф»:
Даф бо шаклу андоза ва номҳои гуногун дар саросари олам маълуму машҳур буда, дар ҳама ҷо тавассути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Он, асосан, аз чанбар, пӯст, зангӯлаҳо, ҳалқаҳову шилшилаҳои металлӣ иборат аст. Ба рӯйи чанбараи даф одатан пӯсти буз ё гӯсола мекашанд, ки садои ҳар кадоми онҳо аз ҳам фарқ мекунад.
Намунаи эссе дар мавзуи «Думбра»:
Думбра асбоби якканавозӣ ва ҳамовозшаванда аст, ки аз гӯшак, дастаи бепарда, косахона ва сарпӯш (рӯгаҳ, харак) иборат аст. Аз чӯби тут ё зардолу тарошида, тор ва зеҳашро аз рӯдаи буз (дар замони ҳозира – зиҳи сунъӣ) тайёр мекунанд. Барои сохтани думбра, маъмулан, чӯбро то 4-5 сол дар даруни об нигоҳ медоранд. Устоҳои касбӣ думбраро танҳо аз чӯби яклухт месозанд.
Намунаи эссе дар мавзуи «Най»:
Най яке аз созҳои нафасии миллӣ аст, ки аз чӯби зардолу, тут ё чормағз сохта мешавад. Бари он 20-30 мм буда, дарозиаш 450-520 мм мебошад. Най чанд намуд мешавад, ки вобаста ба он шакли истифода дорад. Най дар амалияи мусиқӣ ҳам ба таври якканавозӣ ва ҳам дар ансамбл хеле маъмул аст.
Хулосаи корҳои анҷомдодашуда.
Бо хонандагон маълумоти ҳосилшударо ба тартиб медарорем ва хулосабарорӣ мекунем.
Анҷоми дарс
Дар қисми ҷамъбастии дарс метавонем ба хонандагон супориш диҳем, ки ба се савол ҷавоби хаттӣ диҳанд:
• аз он чӣ, ки ман донистам, муҳимтаринаш чӣ буд?
• кадом савол дар хотири ман бештар нақш баст?
• чӣ барои ман имрӯз нофаҳмо ва мушкил буд?
Дар асоси ҷавобҳои хонандагон дар дарси оянда аз 3 то 5 дақиқа метавонем хулосабарорӣ ва баррасӣ кунем.
Вазифаи хонагӣ
Ба хонандагон супориш медиҳем, ки оид ба мавзуи имрӯза дар бораи сози асосии фалак — думбра ва созҳои дигари ҳунари фалакхонӣ, ба монанди ғиҷҷак, най ва даф «Синквейн» тартиб диҳанд.
Арзёбӣ
Дар раванди дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушоҳида намуда, дараҷаи ба салоҳиятҳо ноил гаштани онҳоро муайян менамоем.
Бо чунин тарз ҳам дарси химияро шавқовар мегузаронем ва ҳам роҳу усули истифодаи коркардҳои химиявиро дар раванди сохтани асбобҳои мусиқӣ нишон медиҳем, ки барои хонанда муҳимму муфид мебошанд.