Муҳаммад Сафаров,
мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи
Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Физика яке аз соҳаҳои муҳим дар раванди ташаккули тафаккури техникӣ буда, асоси пешрафту тарақиёти ҷаҳони муосир аз маърифати техникӣ маншаъ мегирад. Дар ин нигошта роҳҳои рушди малакаву маҳорати техникии хонандагон таҳлилу баррасӣ шудааст.
Дар ҷаҳоне, ки техника ва технологияи муосир бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ доимо рушд ёфта истодааст, бояд илми физика дар мадди аввал гузошта шуда, моҳияти қонуну равандҳо ва ҳодисаю зуҳурот ба наврасону ҷавонон хуб омӯзонида шаванд. Айни замон дар системаи маориф дар дарсҳои омӯзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дониши назария аз амалия то андозае бештар омӯзонида мешавад, вале дар таълими техникӣ ин тавр нест ва бояд на танҳо аз омӯхтани асосҳои илм ба таври назария, балки дар ин муассисаҳо синфхонаҳои лаборатории муҷаҳҳаз пурра вуҷуд дошта бошанд, то ин ки таҷрибаҳо, корҳои лабораторӣ ва ё машқҳои амалиро бо асбобҳои физикӣ, элементҳои таҳқиқот ва алоқаманд бо эҷодиёти техникӣ гузаронида шаванд. Дар ин ҳолат донишҳои техникии хонандагон зиёд шуда, фарҳанги техникии онҳо рушд меёбад.
Дар раванди омӯзиши фанни физика хонандагон, асосан, дониши техникиро азбар намуда, малакаю маҳорати истифодаи кор бо асбобҳои гуногунро ҳосил менамоянд ва дар навбати худ ислоҳи проблемаҳоро меомӯзанд. Мақсади асосии раванди таълим дар физика тартиб додани системаи нави дидактикии омӯзиш ва фарҳанги техникии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Дар физика тибқи мақсади асосии раванди таълими техникӣ чунин вазифаҳо мавҷуд мебошанд: ошкор намудани тамоюлҳои асосии рушди фарҳанги техникӣ зимни таълими физика дар асоси комёбиҳои педагогикаи ватанӣ ва хориҷӣ, муайян кардани талаботи асосии саноати муосир ва рушди илму техника дар мазмуни фарҳанги техникии хонандагон зимни таълими физика, коркарду тартиб додани лоиҳаи системаи таълими техникии хонандагон дар раванди омӯзиши физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
Пас, замони рушди илму техника дар муассисаҳои таълимӣ хонандагонро набояд бо миқдори муайяни донишҳои назариявӣ аз рӯйи стандарт ва барномаи шахшуда ба маҳбаси зеҳнӣ фаро гирифт, балки эҷодкорона фикр кардан, ихтироъкорӣ, мустақилона аз мушкилӣ баромадан, навгонӣ кардан, такмилу рушд додани дониш ва малакаю маҳоратро дар тафаккуру зеҳни онҳо ҷой додан лозим аст. Таҳлилу пажуҳишҳо нишон доданд, ки доир ба ташаккули донишу малака ва маҳорати фарҳанги техникии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳанӯз ҳам хеле масъалаҳои ҳалнашуда ва нофаҳмо мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, таҳсилот бояд асосҳои нави илмӣ ва ҳалли амалии вазифаҳои ислоҳоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбию техникиро пайдо кунад.
Наврасону ҷавононро зарур аст, ки ба комёбиҳои навтарини илму техника ошно шуда, аз ин тариқ, бо фарҳанги техникӣ мусаллаҳ гарданд. Зеро шароит тақозо мекунад, ки муносибати таълими техникии хонандагон боз ҳам бештар такмил дода шавад ва ҷиҳати назариявӣ ва амалии асосҳои умумии илмии саноат ва техникаи муосир ҳамчун муҳимтарин қисми он омӯхта шаванд. Дар доираи таълими физика усули куҳнашудаи татбиқи принсипи техникӣ ва паст будани дараҷаи маҳорату қобилияти техникии хонандагон яке аз проблемаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Дар вақти омӯхтани физика имконияти ба амал баровардани асли техникӣ пурра ба кор бурда нашуда, дараҷаи маълумот ва маҳорат ба кадри кофӣ нест. Ин имкон медиҳад, ки бидуни тарки як касби интихобшуда, қобилияти истифодаи дониш ва технологияҳоро дар дигар намудҳои фаъолияти касбӣ доро бошанд, салоҳиятҳои нави калидиро ташаккул диҳанд, то дар ниҳояти кор барои ҳалли вазифаҳои мураккаб ва беназир имкон ёбанд. Ҳудудҳои ҳалнашудаи он: мазмуну асосҳои интихоби ашёҳои амалӣ, ки асосҳои физикии саноати муосирро инъикос мекунанд; кор карда баромадани маҷмуи воситаҳои дидактикие, ки ба ташаккули дониш ва малакаҳои фарҳангӣ-техникӣ дар раванди таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат мекунанд, мансуб меёбад.
Қайд кардан зарур аст, ки яке аз ҷанбаҳои асосии такмили омӯзиши физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таълими техникӣ ва рушди фарҳанги техникӣ дар шароити муосир ба ҳисоб меравад. Маҳз замони илму техникаи муосир бештар тайёр намудани кадрҳои баландихтисосро талаб мекунад. Базаи ибтидоии тайёр намудани кадрҳои баландихтисос маҳз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки вазифаҳои он дар марҳалаи ҳозира чунин муайян карда шудааст: ба ҳар як хонанда дониши амиқӣ илмӣ дода шавад, меҳнатдӯстиро дар онҳо тарбия намуда, омодагии ҷавононро ба интихоби дурусти касб баланд бардорад.

Ҳамин тавр, дар раванди таълими физика дар шароити тараққиёти илму техника рушд додани фарҳанги техникӣ хусусияти актуалиро пайдо кардааст. Донистани технология ва асосҳои техникии саноати муосири босуръат рушдёбанда ба наврасону ҷавонон барои ихтисоси муайянро зуд азхуд намудан кумак менамояд. Дар ин ҷо рушди таълим ва фарҳанги техникӣ ҳамчун раванд ва натиҷаи азхудкунии донишҳои ба низом даровардашуда, ки вобаста ба асосҳои илмии технология ва саноати муосир баррасӣ мешавад, ташаккули малака ва малакаҳои зарурӣ барои коркарди воситаҳои мавҷуди меҳнат дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода бурда мешавад. Мақсади ниҳоии таълим ташаккули хислатҳои шахсият буда, ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки дар дилхоҳ соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ озодона ва софдилона кору фаъолият намояд. Мушкилоти таълими рушди фарҳанги техникӣ дар замони муосир яке аз проблемаҳои асосии самти амалия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва илми педагогика маҳсуб мешавад. Арзиши донишҳои физикие, ки дар асоси тараққиёти илмию техникӣ қарор доранд, бо мурури замон сол то сол рушд меёбад. Ин донишҳои физикӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон хеле талаботи бештар доранд. Дар тамоми дастгоҳҳои гуногун, усулҳои кори асбобҳои рӯзгор ва механизмҳои дилхоҳи саноатӣ қонунҳои физика васеъ истифода бурда мешаванд. Таълим ва тарбияи техникӣ дар таҳсилот омӯзиши ҷанбаҳои технологии тасвири илмии муосири ҷаҳонро дар бар мегирад. Лозим аст, ки хонандагон усулҳои истеҳсолоти ҳозиразамонро азхуд карда, малакаю қобилияти амалии истифода бурдани асбобу таҷҳизот, дастгоҳҳо, муҳаррикҳои гуногун ва механизмҳоро азхуд намоянд.
Пас, моро зарур аст, ки салоҳияи хонандагонро тавассути ҷалби мунтазам ба шаклҳои гуногуни таҳқиқот, қобилияти ҷустуҷӯ ва эҷодкорӣ дар раванди омӯзиш ташаккул диҳем. Ин ба рушди худшиносии қувваҳои эҷодии хонандагон ёрӣ мерасонад.
Ҳангоми дарси физика омӯзгор хонандагонро, асосан, ба дарк намудани проблемаҳои муҳимми техникию иқтисодие, ки барои рушди минбаъдаи илмию техникӣ дар асоси натиҷаю комёбиҳои физикаи муосир ҳал карда мешаванд, водор мекунад. Дар асоси он, ки омӯзиши техникӣ асоси дурусти касбомӯзии бачаҳо мебошад, омӯзгор малакаю маҳорат ва қобилиятҳои амалии хонандагонро мустаҳкам намуда, дониши онҳоро васеътар менамояд. Фарз кардем, омӯзгор дар раванди дарс дар фасли физикаи молекулярӣ ва электродинамика хонандагонро бо проблемаҳои физикӣ оид ба сохти молекула, муҳаррикҳои гармидиҳӣ, оид ба энергияҳо, вобаста ба электрометаллургия (хусусан, гудозиши металл) ва ғайраҳо шинос карда, дар асоси равандҳои гуногуни технологӣ вобаста ба хосиятҳои ҷисмҳои сахт, моеъ ва газ (нигаред ба расми 1) чандин таҷрибаҳо мегузаронад. Қайд намудан лозим аст, ки дар вақти омӯхтани фасли термодинамика ва электродинамика хонандагон тарзи кори муҳаррикҳои гармидиҳӣ, неругоҳҳои барқӣ, муҳаррикҳои дарунсӯзи электрикӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии онҳоро ба назар гирифта, аз худ менамоянд.

Омӯзгор диққати хонандагонро ба муҳаррикҳои муосири дарунсӯз ва фарқи онҳоро аз муҳаррикҳои қаблӣ (нигаред ба расми 2), дар бораи сохтани неругоҳҳои барқӣ ҷалб намуда, хонандагонро дар бораи касбҳои ба муҳаррикҳои муосири дарунсӯз ва неругоҳҳои барқӣ алоқаманд, яъне, муҳандис, ронанда, челонгар, барқчӣ, муҳосиби соҳавӣ, мутахассиси истеҳсолкунандаи муҳаррик ва неругоҳҳои электрикӣ ва ғайраҳо шинос мекунад. 

Ҳангоми омӯхтани хосиятҳои моеъҳо, истифода бурдани ҳодисаҳои капиллярӣ дар техника, хоҷагии қишлоқ ва ҳаёти ҳаррӯза, тарзи раванди гудозиши маъданҳои полиметаллӣ ва металлро, ки дар саноати металлургия васеъ истифода мебаранд, дарбар мегирад. Дар навбати худ омӯзгор хонандагонро бо касбҳои зарурии он шинос менамояд. Омӯзгор ҳангоми омӯхтани хосиятҳои ҷисмҳои сахт ва хосиятҳои пластикии металлҳо аз корхонаҳои саноатии металлургӣ мисолҳо оварда, ба онҳо тарзи мустаҳкамкунӣ ва гудозиши ҷисмҳои сахтро мефаҳмонад. Омӯзгор, инчунин, хонандагонро бо як қатор касбҳое, ки дар саноати металлургӣ вуҷуд доранд, шинос менамояд. Ҳангоми баррасии манбаи ҷараёни электрӣ аз воситаҳои гуногун ба хонандагон асосҳои физикии як қатор равандҳои технологиро (бо истифода аз электролиз ҳосил намудани алюминий ва дигар металлҳои ранга, бо истифода аз технологияи рӯйпӯши галваноидӣ ва разряди шарорагӣ барои коркарди металлҳо ва тозакунии газ дар препитаторҳои электростатикӣ, бо истифода аз разряди камоншакл барои кафшер кардани қисмҳои металлӣ) шарҳ медиҳад. Маҳз дар фасли «Ҷараёни электрикӣ дар муҳитҳои гуногун» пайвасти дурусти асбобҳо ва омӯхтани дастгоҳҳое, ки таҷҳизот ва қисмҳои электронии асбобҳои радио, телевизор, дастгоҳҳои худкори барқӣ, амперметр, волтметр, калид, чароғаки электрӣ, диод ва триодҳои вакуумӣ, найчаҳои катодӣ, фоторезистор, диоди нимноқил, триод ва ғайраҳо муҳим буда, бояд диққати махсус дода шавад (нигаред ба расми 3). 

Таълими фарҳанги техникиро дар раванди таълими физика ба се зерсистема: мақсад ва вазифаҳои таълими фарҳанги техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ; механизми татбиқи усулии таълими фарҳанги техникӣ дар фанни физика (ва табиӣ-риёзӣ) ва натиҷаҳои таълими фарҳанги техникии хонандагон дар раванди таълими физика ҷудо намуда метавонем.

Фаъолияти омӯзгор ҳангоми таълим, ки ба ошкор намудани асосҳои физикии истеҳсолоти муосир нигаронида шудааст, идоракунии дарки маводи техникиро аз ҷониби хонандагон бо назардошти сатҳи малакаю маҳорат ва татбиқи амалии қонунҳо ва назарияи омӯхташударо дар техникаю технология нишон медиҳад. Хонандагон набояд шунавандаи камфаъолу танбал бошанд, онҳо бояд аз ҷиҳати маърифатӣ, таҳқиқотӣ, мустақилияти эҷодӣ, ихтирокороӣ ва меҳнатӣ фаъол бошанд. Дар раванди омӯзиши физика механизми татбиқи усули таълими фарҳанги техникии хонандагонро бо чунин бандҳо ҷудо карда метавонем:
1) Омӯзиши асосҳои физикии таҷҳизоти мушаххаси техникӣ;
2) Дониши хонандагон дар бораи усулҳои техникие, ки хосиятҳои конструктивии асбобу таҷҳизотро дарбар мегирад;
3) Омӯзиши малакаю маҳорати истифодаи асбобу таҷҳизоти мушаххаси техникӣ;
4) Татбиқ ва амалӣ намудани принсипи физикӣ ва техникии малакаю маҳорати дорошуда.
Ҳамин тавр, усулҳо, воситаҳои таълим, шаклҳои ташкили таълим, чун қоида ба ҳалли як мақсади таълим, яъне, рушди фарҳанги техникии хонандагон нигаронида шуда аст.
Барои ҳалли масъалаи таҳқиқшаванда, ҳатман бояд маҷмуи усулу воситаҳои таълим ва шаклҳои ташкили таълимро истифода бурдан лозим аст. Вобаста ба ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки замони муосир таълими техникӣ ҳамчун таълимест, ки наврасону ҷавононро бо асосҳои истеҳсолоти ҳозиразамон шинос карда, тарзи кор кардан бо техникаю технологияи муосир ва азхуд намудани онҳо бо асосҳои механиконида ва автоматикунонии меҳнат муаррифӣ мекунад. Омӯзиши таълим ва фарҳанги техникӣ ба хонандагон барои дуруст интихоб кардани касб ёрӣ расонида, шавқу завқи касбии насли наврас, яъне асоси рушди касбиятро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, ин гуна омӯзиш ба ҳаёти иҷтимоии инсон таъсири назаррас дорад ва он асоси омодагии касбии насли наврасону ҷавонон мегардад. Талаботи истеҳсолоти замони муосир, ҳамчун таъмини афзоиши максималии қобилият ва малакаю маҳорати эҷодии инсон, эътирофи вазифаи пешбарандаи таълими техникиро барои рушд додани қобилияти хонандагон барои кори бомуваффақияти минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни техникӣ дар назар дорад.
Дар раванди омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагон метавонанд, бо асосҳои илмии аксар соҳаҳои гуногуни саноат дар дарсҳои амалӣ ва назариявӣ шинос шуда, сохти дастгоҳҳои гуногуни техникӣ ва чӣ тавр кор кардани онҳоро омӯзанд. Фарҳанги техникӣ усулҳои пешниҳодшударо ҳамгиро намуда, худро ҳамчун раҳнамои асоси салоҳияти омӯзгори ояндаи таълими касбӣ нишон медиҳад. Нақши рушди он дар раванди тайёр кардани донишҷӯёни донишгоҳҳои касбии омӯзгорӣ назаррас буда, ба ҷанбаи технологии он таъсир мерасонад. Талабот ба омӯзгорони дорои фарҳанги техникӣ дар коллеҷҳои касбӣ роҳи ҷорӣ ва татбиқи технологияҳои педагогиро, ки қодиранд сатҳи баланди рушди фарҳанги техникиро амалӣ месозанд, муқаррар менамояд.
Таҳқиқоту озмоишҳо нишон доданд, ки яке аз вазифаи муҳими таълими техникӣ ташаккули малакаю маҳорат ва фарҳанги техникӣ дар раванди таҷрибаҳои гуногуни физикӣ, корҳои лабораторӣ ва мисолу масъалаҳои физикӣ мебошад. Бояд омӯзгор мушкилотро дар раванди омӯзиши фанни таълимӣ ба вуҷуд оварда, хонандагонро ба самаранок ва дуруст истифода бурдан аз ҷамъи дониш, малака ва маҳорат водор созад. Масалан, истифодаи формулаҳои физикӣ дар ҳалли масъалаҳо воситаи муҳимтарин дар рушди фаъолияти зеҳнӣ ва маърифатии хонандагон ба ҳисоб рафта метавонад. Раванди таълими физика дар ин самт имкониятҳои васеъро дар ташаккул додани салоҳияти физикии хонандагон доро мебошад. Дар ҳар як мавзуи физика дар дилхоҳ синф дарси проблемавиро вобаста ба истифодаи формулаҳои физикӣ эҷод кардан мумкин аст. Ин имкон медиҳад, ки тафаккури зеҳнӣ ва эҷодии хонанда рушд ёфта, шавқи хонандаро ба азхудкунии дониш баланд бардорад. Дар ҳалли масъалаи зерин дидан мумкин аст, ки чӣ тавр хонанда дониши амалии худро нишон дода, барои ба натиҷаҳо ноил гардидан бештар тафаккури зеҳнии худро сарф менамояд:

Маҳз дар дарсҳои физика хонандагон маҳорати кор кардан бо асбобу таҷҳизоти гуногунро омӯхта, тарзи ба кор даровардани онҳо ва ошкор намудани камбудиҳои онҳоро меомӯзанд. Аз ин рӯ, омодагии техникии хонандагон, муносибати бошуурона ва эҷодкоронаи онҳоро ба фаъолияти онҳо дар соҳаҳои гуногуни техника ва технология рушд дода, доираи муносибатҳои ҷамъиятии онҳоро ғанӣ гардонида, меъёрҳои рафтори бошуурона, инчунин, заминаи васеи интихоби касбии ба касби муҳандисӣ вобастаро фароҳам овардан лозим аст.
Хулоса, ҳамаи ин барои хонанда мувофиқи малакаю маҳорат ва қобилияташ дар ҷамъият муайян кардани мавқеи худ ёрӣ мерасонад ва ин шарти ташаккули минбаъдаи шахсияти ҳаматарафаи рушдёфта мебошад. Қайд намудан лозим аст, ки талаботи имрӯзаро нисбат ба мактаб ба назар гирифта, мазмун ва ташкили таълими фарҳанги техникӣ, рушди минбаъдаи мазмуну усулҳои таълими техникӣ бояд роҳи муайян кардан ва омӯхтани асосҳои умумии истеҳсолоти ҳозираро пеш гирад.
Адабиёт:
1. А.И. Бугаев. Методика преподавания физики в средней школе. Москва: Просвещение; 1981.
2. Г.И. Имашев. Техническое образование учащихся в процесс обучения физике в средней школе. Атырау; 2006.
3. Г.Имашев. «Современные проблемы технического образования». Курс физики. Российский журнал наук о Земле. 2012 г.; 12(12):53-7.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони маҷлиси намояндагон, аз 28.12.2023.
5. Риффель Э. Полак В., Квантовые вычисления. Нью-Йорк: Пресса Массачусетского технологического института; 2011.
6. Федулова М.А., Гузанов Б.Н. Особенности транспрофессиональной инженерной подготовки в профессионально-педагогическом вузе // Профессиональное образование и рынок труда. 2019. № 1. – С. 66–70.
7. Федулова М.А. Условия формирования технического мышления при подготовке бакалавров профессионального обучения //Инженерное мышление: особенности и технологии воспроизводства // Материалы научно-практической конференции: сборник научных статей и тезисов. Екатеринбург: Издательство: Общество с ограниченной ответственностью «Издательство «Деловая книга», – С. 163–167.
8. Чащин Е.В. «Техническое и технологическое мышление в современном обществе». // Вестник Челябинского государственного университета. 2012. № 35 (289). Философия. Социология. Культурология. Вып. 28. – С. 51–55.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *