Шамсулло ИСЛОМОВ, номзади илми педагогика, 

Зарнигор БОБОЕВА, унвонҷӯи ДДХ ба номи академик 

Бобоҷон Ғафуров

Сифат ва самараи таълим аз интихоб ва истифодаи бамавқеи роҳу усулҳои таълим вобаста аст. Мақсади мо дар ин мақола он нест, ки усулҳои таълимро амиқ таҳқиқот барем, балки он аст, ки дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккири барҷаста Абдуруҳмони Ҷомӣ ҷойгоҳи «Модели технологияи таълим ва салоҳиятҳои хонандагону омӯзгорон»ро муқаррар намоем. Омӯзиши масъала собит намуд, ки мавқеъ ва дараҷаи истифодаи усулҳои таълим дар «низоми таълими салоҳиятнокӣ» дар баъзе аз тавсияву дастурҳои таълимӣ яктарафа ва ҳатто баъзан ғайриилмӣ шарҳ ёфтаанд, ки дар таҷрибаи амалӣ таъсири манфӣ расонида, коршиносону омӯзгоронро ба иштибоҳ бурданаш мумкин аст. Масалан, «Модули 1, -Низоми таълими салоҳиятнокӣ» ва баъзе мақолаҳои унвонҷӯён, ки вобаста ба муносибати босалоҳият иншо шудаанд, аз ҳамин қабиланд. Пеш аз ҳама, дар сарлавҳаҳои мақолаҳо ва модулҳо ба иштибоҳ (методикаи таълими салоҳиятнокӣ) роҳ дода, дар мазмуну мундариҷаи онҳо низ ин ғалат роҳ ёфтааст) Ба андешаи мо, сарчашмаи ин ғалат дар «Модули 1» ва модулҳои сонӣ (1,2,3,4…) аст. Дар сарсухани «Модули 1» омада: «Яке аз тадбирҳои басо муҳимми гузариш ба низоми нави таълим – низоми таълими салоҳиятнокӣ мебошад [6,4]. Мураттибони ин модул дар саҳифаи 9 ҳушдор медиҳанд, ки «салоҳиятро таълим намедиҳанд», вале поёнтар ва минбаъд беохир ибораи «таълими салоҳиятнокӣ»-ро истифода кардаанд, ки аксари муҳаққикон ва омӯзгорон онро мавриди истифода қарор додаанд. Илова бар ин, онҳо кӯшиш кардаанд, ки «салоҳиятнокӣ»-ро ҳамчун низоми нав (системаи нави таълим) муаррифӣ кунанд, вале дар нишон додани назария ва амалияи он пурра муваффақ нашудаанд.
Дар Федератсияи Россия онҳо на низом, балки «муносибат» эътироф кардаанд, ки ин баҳси алоҳида аст ва ба вазифаи таҳқиқотии мо шомил намегардад. Вале дар мавриди методҳои таълим мо бо мураттибони «Модули 1» ҳамназар буда наметавонем. Масалан, дар «Модули 1» таъкид мешавад. ки «…дар низоми синфӣ дарсӣ асосан методҳои шарҳи аёнӣ истифода мешаванд» [6,5]. Онҳо байни ду мафҳум метод ва муносибат фарқ нагузошта, заифии низоми синфӣ – дарсиро аввал дар методҳо ва дуюм ба дигаргуншавии вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа рабт додаанд. Онҳо дар ин маврид се ақидаи илман асосноки олимону коршиносони соҳа (Аткинсон Р., Вербитский А.А., Болотов В.А. ва Сериков)-ро иқтибос овардаанд[6,7]. Иқтибосҳо аз рӯи мазмуну мундариҷа ва нишон додани дараҷаи номутобиқатии муносибатҳои наву куҳна дурустанд, вале ба методҳо ҳеҷ як муносибате надоранд. Онҳо беҳтаршаваии вазъи таълиму тарбияро дар тағйир додани муносибат баррасӣ кардаанд, ки воқеият дорад ва бори дигар таъкид карданием, ки усулҳои таълим дар ҳамаи намуди низоми таълиму тарбия ба кӯҳнаву нав, фаъолу ғайрифаъл бояд ҷудо нашаванд ва ҳар кадоми он дар мавқеи худ шоистаи эътироф аст ва ҳатто агар мо аз низоми синфӣ – дарсии Я.А. Коменский пурра даст кашем ва низоми нави дигарро ҷорӣ намоем ҳам, усулҳои мавҷуда шомили ҳамон низом мегарданд. Ҳатто як нигоҳи умумӣ ба таҳқиқотҳои ин самт нишон медиҳад, ки дар илми педагогика усулҳои педагогикаи ҳамкорӣ (Ушинский Н.Д., Макаренко А.С.), усулҳои репродуктивӣ, проблемавӣ, чустуҷӯӣ – таҳқиқотӣ, (М.И.Махмутов, И.Я Лернер) ва усулҳои омехта аз рӯи нишонаҳои таълимӣмаърифатӣ, ҳавасмандгардонӣ, арзёбӣ ва самаранокӣ (Ю.Б.Бабанский, М.Н. Скаткин) ва ғайра арзишманд буда, ҳоло дар қатори аввали технологияҳои имрӯзаи таълимӣ меистанд ва инро мураттибони «Модули 1» дар «Модули З” пурра иқроранд.
Дар охири асри гузашга ва ибтидои асри XXI дар методикаи таълими адабиёти тоҷик низ тадқиқотҳои илмие пайдо шуда буданд, ки дар онҳо усулҳои таълими адабиёти тоҷик ва ҳатто роҳу усулҳои таҳлили асарҳои бадеӣ дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ дар асоси дастоварҳои илмию амалии педагогика ва методикаи таълим таълиф шудаанд ва имрӯз низ мавриди истифода қарор доранд. Чунин назария дар корҳои илмию таҳқиқотии равишофарини тоҷик Ш. Исломов, Қ. Хоҷаев, С. Наимбоев. Ғ.
Мирзоев, М.Қозиҷонов, А.Аминов, А.Ваҳҳобов, М.Пиров ва чанде дигарон мавқеи муҳим дорад, ки аз таҳқиқотҳои олимони шинохтаи соҳаи педагогика, психология ва методикаи таълими адабиёти замони шуравӣ ба монанди Л.С. Выготский, М.Н. Скаткин, Ю.К. Бабанский, Е.Ф. Шаталов, М.А. Рыбникова, В.В.
Голубков, И.Я. Лернер, А.А. Липаев, В.А. Николский, З.Я. Рез, Н.И. Кудряшев, Г.И. Беленький, В.Г. Маранцман, С.К. Бирюкова ва дигарон сарчашма мегиранд.
Яке аз таҳқиқотҳои бунёдие, ки дар соҳаи омӯзиши мероси классикони адабиёти тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта анҷом ёфтааст, ин таҳқиқоти илмии Ш. Исломов ба ҳисоб меравад. Муҳаққиқ бори аввал дар равиши (усул — методика) таълими таърихи адабиёти тоҷик истифодаи васеи усули муқоисаро дар мисоли омӯзиши муқоисавии беҳтарин осори классикони тоҷик – достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, достонҳои «Искандарнома» ва «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ, достони «Хирадномаи Искандарӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шамсиддин Шоҳин ба таври илмию амалӣ возеҳ нишон дода, таъкид ба он дорад, ки табиати адабиёти классикии тоҷик майл ба омӯзиши муқоисавӣ дорад ва истифода аз он имкон медиҳад, ки хонанда мустақилона тавассути ҷустуҷӯ монандӣ ва тафовутҳоро муқаррар карда, асарҳоро хубтару беҳтар омӯзад ва тафаккури таҳлиливу мустақилияти худро дар баҳодиҳӣ рушд диҳад [3,27]. Ӯ ҳамин назарияро дар даҳ мавриди омӯзиши адабиёти классикӣ бо истифодаи ин тарзи таълим нишон дода, мустақилона аз худ намудани донишро дар ҳамгироии усулҳои репродуктивӣ, таҳқиқотӣҷустуҷӯӣ, проблемавӣ, муқоиса, индуксия, дедуксия, баҳсу мубодила ва ғайра медонад, ки он як таҳқиқоти навин дар методикаи таълими адабиёти тоҷик дар охири садаи XX буд ва имрӯз низ моҳияти илмию амалии худро гум накардааст.
Мураттибони «Модули 1» шояд муҳиммияти масъаларо дарк карда, дар «Модули 3» каме ислоҳот ворид намуда, таъкид кардаанд, ки «Таълими хонандамеҳвар аз назарияҳои зерин маншаъ мегирад: 1.Назарияи таълими проблемавӣ (Илина Т.А.). 2.Таълими ба шахсият нигаронидашуда (Якиманская И.С.). 3.Педагогикаи ҳамкорӣ (Ушинский Н.Д., Макаренко А.С.)…» [11,7]. Аммо фаромӯш кардаанд, ки дар илми педагогикаи тоҷик олимони соҳа монанди М. Лутфуллоев, Ф.Шарипов, С.Шербоев, С.Аминов М. ва чанде дигарон таҳқиқотҳои илмии муносиб ба анҷом расонидаанд. Вале ба ҳар ҳол, мураттибон дар «Модули 3» назария ва амлияи технологияҳои таълим, аз ҷумла усулҳои таълимро хеле доманадор ва амалӣ шарҳ додаанд ва мебинем, ки ҳамон усулҳои анъанавӣ дар консепсияи онҳо дар муносибатҳои нав усулҳои меҳварӣ мебошанд. Ҳатто онҳо номи сарлавҳаи матнро ҳамчун усули таълим муаррифӣ кардаанд. Бо вуҷуди ин дастур намунаи хубе барои истифодаи амалӣ ва пажуҳиш дар педагогикаи муосир аст.
Бо зикри ин андешаҳо ба натиҷа мерасем, ки усулҳо дар низоми пешин, ба гуфтаи мураттибони «Модули 1» танҳо иборат аз методҳои шифоҳию аёнӣ иборат набудаанд ва методҳои ҷустуҷуӣ таҳқиқотӣ, муқоиса, проблемавӣ ва ғайра дастоварди илмии олимони соҳа буданд, ки «…ҳадди истифодабарии онҳо то андозае муайян гардидааст ва омӯзгорон аз он бархӯрдорӣ менамоянд» [6,86].
Омӯзишҳо мантиқию маънавӣ собит месозад, ки мушкилот дар истилоҳ ва номи ин ё он усул нест, балки дар равандҳои педагогӣ: сохтор, идоракунӣ, муносибат ва дар маҷмуъ низоми мавҷуда аст. Барои расидан ба салоҳиятҳо месазад, ки методология ва морфологияи системаи мазкурро таҷдиди назар кард, то ки дар қатори дигар равандҳо муносибат ба истифодаи методҳо тағйир ёбанд. Дигар ин ки усулҳои таълим дар педагогикаи муосир, ба андозае, ки боиси инқирози низоми маорифи имрӯза бошад, нест, балки, ба гуфтаи В.А.Болотов ва В.В. Сериков бояд муносибатро ба таълим дигар намоем, зеро «… тағйирот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иттилоотиву технологӣ боиси пайдо шудани фарҳангу маданияти нав гашта, дар он таҳсилот, ки танҳо ба андӯхтани дониш нигаронида шудааст, самаранокӣ ва мақсаднокиашро аз даст додааст» [6,1].
Пайгирии муҳаққиқон дар бораи ташаккули методҳои таълим аз замони амалӣ гардидани назарияи Я.А.Коменский то имрӯз нишон медиҳад, ки дар илми педагогика тағйирот ва таҳаввуллоти зиёде рух додааст ва нодида гирифтани онҳо аз рӯи инсоф нест. Вале мавриди қайд аст, ки тамоми таҳқиқотҳои олимони шуравӣ, аз ҷумла муҳақиқони ҷумҳурии мо, ба формулаи маъмулии дониш, малака ва маҳорат нигаронида шудааст. Донишаандӯзӣ талаботи аввал ва стандартӣ дошта, сол ба сол ҳаҷми маводи таълим на аз рӯи сифат ва моҳияти ба хонанда зарурат доштан, балки аз рӯи шумора ва ҳаҷман зиёд кардани он ба авҷи болои худ расид, вале барои ҳазми он, барои дар таҷриба ва амал санҷидани он вақту фурсат нагузоштанд ва барномаву китобҳои дарсии имрӯзаи адабиёти тоҷик аз рӯи ҳамин принсип таҳия шудааст. Аз байн рафтани ИҶШС ва таъсири мамолики дар ин низом набуда, имкон фароҳам овард, ки на танҳо ба педагогика ва методикаи таълим, балки ба назария ва амалияи таҳсилот ислоҳоти ҷиддӣ ворид гардад.
Акнун «ба кӯдак на танҳо хондану навиштан, балки чӣ гуна хуб зиндагӣ карданро низ бояд омӯхт»[2,83].
Дар сӣ соли охир дар таҷрибаи илмию амалии кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ истилоҳи «интерактивӣ» ё худ «усулҳои ин терактивӣ» паҳн гашта, вожаи серистеъмол гардидааст. Усули истифодаи таълими интерактивӣ ин ҳамкории муаллиму хонанда, шарикии хонанда дар интихоби мавод ва аз роҳи таҷриба гирифтани донишҳои нав, интихоби маводе, ки барои имрӯзу фардои хонанда созгор бошад ва салоҳияти муаллим роҳнамо, шарики ҳамкорӣ бо хонанда дар ташкили зиндагии имрӯзу фардои кӯдак аст. Барои расидан ба мақсад ҳамаи усулҳо хубанд ва дигар зарурат ба тафриқа намудани онҳо ба методҳои фаъол, ғайрифаъол, методҳои анъанавӣ ва ғайра намонд. Собит гардидааст, ки методҳои «ғайрифаъол» — суҳбат, нақл, шарҳ додан, намоиш додан ва ғайра низ дар мавқеи худ бо мақсади фаъол намудани хонанда дар зинаи дигари фаолият нақши муҳим доранд ва аз онҳо ба хотири «ғайрифаъол» буданашон даст кашидан нашояд ва ҳатто даст кашидан ҳам имкон надорад. Дигар ин ки, муҳаққиқони соҳа усулҳои таълимро дар шароити ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба «кӯҳна» (анъанавӣ) ва «нав» (интерактивӣ) ҷудо накардаанд. Ва бояд дарк кард, ки методҳо кӯҳна нашудаанд, балки талаботи нави маърифатӣ, илмию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи имрӯза талаб мекунад, ки муносибат ба таълим, муносибат ба технологияи истифодабарии онҳо дигар шавад. Масалан «тарзи гӯш кардан» дар низоми педагогикаи шуравӣ бо ишораи «бодиққат гӯш кардан» инъикос ёфта, усулҳои амалии он тариқи «муаллим мехонад, хонандагон бодиққат гӯш мекунанд, хонандае матнро мехонад, дигарон бодиққат гӯш мекунанд», шарҳ меёфт. Салоҳияти муаллим дар хондани матн ва салоҳияти хонанда дар гӯш кардани хониш ҷамъбаст мегардид. Салоҳияти ҷонибҳо хеле сода ва маҳдуд шарҳ меёфтанд.
Имрӯз низ тарзи гӯш кардан дар аксари фанҳо, аз ҷумла адабиёт, хеле муҳим аст. Вале салоҳиятҳо чун пештара нестанд, балки салоҳияти муаллим ба вучуд овардани вазъият барои «ба таври фаъол гӯш кардан» ва амалан иҷро кардани фаъолиятҳоест, ки хонанда «шунидан»-ро аз «гӯш кардан» фарқ кунад. Гӯш кардан ин омода намудани хонанда ба марҳалаҳои дигари кор аст. Муносибати босалоҳият имкон медиҳад, ки муаллим то замоне дар хонандагон малакаҳои гӯш карданро ба вуҷуд наорад ва хонанда шунидану гӯш карданро фарқ накунад, бояд аз ҳадафи худ даст накашад. Хонандаро ба фаъолона гӯш кардан одат намудан як намуди фаъолияти интерактивӣ аст. Агар ӯ оромона вонамуд кунад, ки гӯш карда истодаасту фикру хаёлаш ҷои дигар бошад, на хонанда ва на муаллим ба мақсадҳои таълимии худ намерасанд. Бинобар ин муаллим пеш аз гӯш кардан дастури гӯш карданро пешниҳод мекунад, ки шояд чанд ҷумларо ташкил диҳад.
Пасон ба гӯш кардани хонандагон мутаваҷҷеҳ мешавад, ки чеҳраҳо тағйир меёбанд, назарҳо ва чашмҳо ба кадом самт равона мешаванд, абрувон беҳаракатанд ё болову поён мераванд, нафаскашӣ бошиддат мегардад ё не ва ғайра.
Чун ин нишонаҳо дар аксари хонандагон ҳувайдо гашт, муаллим эътимод пайдо мекунад, ки хонанда шунавандаи беэътибор нест, балки дар баробари шунидан, таваҷҷуҳ ба мазмун кардааст, мутаассир гашта, ба умқи гуфтаҳо фурӯ рафта истодааст. Агар не, гӯш карданро метавонад қатъ кунад ва аз нав бо муносибати дигар хонандаро ба гӯш кардан омода намояд, то даме ки хонанда ба шунавандаи фаъол табдил нашавад, то даме ки салоҳияти фаъол гӯш кардан дар ӯ рушд наёбад. Тавре ки мебинем ин ҷо истилоҳи «гӯш кардан» тағйир наёфт, вале муносибати рӯякии лаҳзаи аввал «бодиққат гӯш кунед» ба муносибати босалоҳият «фаъол гӯш карда тавонистан» бо таъсири тарзи дастурдиҳӣ ва амалан такрор кардани он» табдил шуд. Шояд аз ин рӯз ба баъд ҳам дар назария ва ҳам дар амалияи педагогика, аз ҷумла, усулҳои таълими адабиёт, усулҳои нав, истилоҳоти нав пайдо шаванд, вале ҳар кадоми онҳо дар мавриди худ истифода хоҳанд шуд. Масалан, усули аз ёд кардани матн, ки аз рӯзи пайдо шудани матн то ба имрӯз фаъол аст, метавонад дар муносибати босалоҳият ва морфологияи усулҳои интерактивӣ «кӯҳна» шуда бошад? Не, ин усул яке аз аввалин усулҳои методӣ дар педагогикаи умумӣ буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Вале муносибат ба аз ёд кардан бояд тағйир ёбад. «Бисёр вақт кӯда кро ночор месозанд, ки шеърҳои бемаъниро ёд кунад. Ин танҳо беҳуда куштани вақт аст, балки таъсири баде дар ӯ мегузорад. Ҳар сухане, ки вазну қофия дорад, наметавонад муфид бошад, вай бояд бори маънӣ кашад. Аз ин рӯ омӯзгорро зарур аст, донад, ки ба кӯдак чӣ мефармояд»[2,62].
Ин ақида сухани болоро тақвият медиҳад, яъне усул не, балки муносибатро ба усул (интихоби шеъри олӣ ва тарзу усули аз ёд кардани он) дигар кард ва муносибати дурустро ба салоҳияти асосии омӯзгор шомил сохт. Салоҳияти муллим дар интихоби шеър ва касбияти ӯ дар интихоби усулҳое, ки ба ҳамкории муаллиму хонанда иртибот дошта бошад ва бо натиҷаи босамар анҷом ёбад, инъикос меёбад.
Истифодаи маҷмуи тарзу усулҳое, ки ба иҷрои мақсадҳои таълимӣ ба ҳамкории муаллиму хонанда нигаронида мешавад, бояд таълимро осон, пурмазмун ва хонандаро фаъолу коргар намояд. Имрӯз дар назарияи педагогика чунин муносибатро технологияи таълим низ меноманд. «Бисёр луғатҳои дузабона «технологияро» ҳамчун маҷмуи роҳу равишҳо барои санъаткорона, моҳирона иҷро кардани коре шарҳ медиҳанд. Технологикунонии ҷараёни таълим- ин раванди инкишофест, ки баҳри баланд бардоштани самарабахшии ҷараёни таълим, кафолати ба натиҷаҳои чашмдошт расидани хонандагон равона шудааст. [11,7].
Дар замони истиклол дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2016 масъалаи муносибати босалоҳият ба таълим рӯи кор омад. Вале то он дар тӯли 30- соли охир равишсозон (методистон) ва омӯзгорон аз истилоҳоти навлоиҳавӣ, интерактивӣ, рӯнамо (презентатсия), инструктаж, нақшофарӣ, лабиринт, эстафета, «мозговой штурм» ва ғайраро ба сифати усул истифода бурда истодаанд ва аксарият онҳоро усулҳои фаъол меҳисобанд. Вале усулҳои «кӯҳна» аз байн нарафтанд, балки дар ҳамбастгӣ таълимро хубтару самарабахш намуда истодаанд.
Дар ин самт ҳак ба ҷониби равишсоз Ш.Исломов аст, ки менависад: “усулҳо дар алоҳидагӣ не, балки дар ҳамбастагӣ ва вобаста ба мавқеъ ва вазъият бояд истифода шаванд, вагарна ҳар як метод дар алоҳидагӣ моҳияти оптималӣ касб намекунанд ва занҷири асосии мазмуну мундариҷаи ягонаи таълим гусаста мегардад” [3,90]. Бинобар ин педагогони шинохтаи шуравӣ ҳанӯз таъкид карда буданд, ки «Оптимизатсия истифодаи ҳамаи усулҳоро, ки бо дарки мантиқӣ, ҳамбастагии оптималӣ бо назардошти вазифа ва шароити дарси мушаххас интихоб шудааст, тақозо дорад[1,108]. Ин тавсияҳо дар шароити муносибати босалоҳият моҳияти илмию амалии худро гум накардаанд.
Дар рафти таҳқиқот ва махсусан гузаронидани таҷрибаҳои озмоишӣ мо аз усулҳои фарогири таълим (хондан, нақл, суҳбат, шарҳ додан, луғатомӯзӣ, лоиҳасозӣ, рӯнамоӣ, муқоиса, мубодила, ҷустуҷӯӣ таҳқиқотӣ, нақшофарӣ, корҳои гурӯҳӣ, инфиродӣ, эстафета, мизи мудаввар, тест ва ғайра), ки солҳои охир дар назария ва амалияи методикаи таълим ҳамчун усулҳои интерактивӣ эътироф шудаанд, дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Абдуруҳмони Ҷомӣ вабаста ба вазъияти мавҷуда истифода намудем ва самаранокии онҳоро ба мушоҳида гирифтем. Таҷриба собит намуд, ки истифодаи маҷмуи усулҳо аз вазъияти таълимӣ ва маҳорати (бароати) омӯзгор вобастагӣ дорад.
Ҳар қадар салоҳияти омӯзгор дар ташкили ҷараёни таълим машаххасу мақсаднок бошад, ҳамон андоза хонанда арсаи илму ҳилм ва муҳити зисту зиндагии хешро васеъ мебинад ва дарки воқеияти ҳодисаву воқеаҳо ба ҷаҳонбинӣ ва рушди ахлоқу одоби ӯ бетаъсир намемонад. Ва агар омӯзгор ҳар дарс бо як — ду усули маъмулӣ хонандаро тавассути онҳо чарх занонад, ҳосили кори ӯ дарсгурезӣ, беҳавсалагӣ, бедор нашудани эҳсосоти муҳаббат, ҳамкорӣ, муоширати беиртибот ва ҳатто бадбинии хонанда нисбати фан, омӯзгор ва мактаб мегардад. Бинобар ин, дар таҷриба хулоса ва тавсияи илмию амалии муҳакқиқонро дуруст дарёфтем: «Мавқеи як усулро нисбат ба усули дигар афзал донистан мумкин нест ва умуман дар таҷриба усули ягонаи афзалиятнок вуҷуд надорад. Ҳамаи усулҳо дар мавқеи худ нисбат ба дигаре афзалият ва бартарӣ доранд»[4,86].
Масалан, методи хониш дар бисёр мавридҳо бо се тарз (приём) — хониши хомӯшона, хониши ба овози баланд ва хониши гурӯҳӣ истифода шуд. Дар хониши хомӯшона муносибати инфиродии хонанда ба матн аст, то ки хонанда дар дарки мазмун, калимоту ибороти мушкилфаҳм зеҳну хотираро фаъол гардонад. Эҳсоси ҷустуҷӯгарӣ ҳам бо зеҳн ва ҳам бо фаъол гардонидани чашм сурат мегирад.
Хонанда дар чунин тарзи хониш мухтору мустақил аст ва худро роҳат ҳис мекунад, зеро ба хониши ӯ касе кордор нест, касе ӯро ташвиш намедиҳад, аз касе шарм намедорад, мумкин аст як калима ё ҷумларо ду ё се бор хонад. Ин тарзи хониш зеҳнро фаъол мегардонад, ахбори ба майна расида нейронҳои «хобрафтаро» бедор мекунанд, ба ҳаракат водор месозанд, калимаҳои навро ба кулвори хотира мефиристанд. Дар хониш овози баланд, эҳсосот фаъол мешавад, хонанда аз ҳолати оромӣ ба ҳолати омодагӣ мегузарад, нейронҳо паёми масъулиятро ба бофтаҳои асаб мефиристанд. садои хонанда оҳангдор мешавад, таппиши дил ва гардиши хун каме аз меъёр мебароянд ва рухсораҳо каме арғувонӣ мегарданд, сар, китфҳо, чашмон, дастҳо, пойҳо дар лаҳзаҳои гуногун ҳаракатҳои гуногун мекунанд. Дар хониши гурӯҳӣ оромии ботинӣ кӯдакро хушҳол мегардонад, зеро садои зиёд, ки оҳангдор аст, дар ӯ эҳсоси роҳат будан боло меравад, агар тони овозаш нарасад худро хиҷолат ҳис намекунад, зеро овозҳои дигар овози ӯро пурра мекунанд, эҳсоси хурсандию хушнудӣ дар ӯ бештар мегардад, нейронҳои шунавоии ӯ фаъол мешаванд ва агар матн назм бошаду тиловат (бо оҳанг) шавад, нишоту фараҳмандӣ дар кӯдак дучанд мегардад.
Навиштан усули маъмулист, ки аз боғча оғоз шуда, барои тамоми умри шахс хизмат мерасонад. Дар ҳолати зикршуда навиштани калимаҳои шарҳталаб масъулияти хонандаро бештар мегардонад. Навиштан аслан барои хондан аст ва таъкиди «бехато нависед», «зебо нависед, ки хонда тавонед», «калимаҳои шарҳталабро дар шакли сутун нависед»-и муаллим папёми муҳим ба нейронҳо ва умуман системаи асаб аст, ки дар маҷмуъ кӯдакро ба масъул будан водор сохтан, ин салоҳиятро дар ӯ ташаккул медиҳад. Навиштан низ зеҳну дикқатро фаъол, хотираро қавӣ ва чашмро назарсанҷ мегардонад.
Суҳбат (тарзҳои (приём) суҳбат: суҳбати озод, саволу ҷавоб, суҳбати эврестикӣ, суҳбати проблемавӣ, суҳбати як ба як муколама ва ғайра). Намунаи суҳбате, ки муаллим дар лаҳзаҳои гуногуни дарс истифода кард бо чандин усули дигар дар иртибот буд ва онро мо усул андар усул номидем, чунки усули саволу ҷавоб худ як намуди суҳбат аст, вале дар ҳар савол усулҳои дигар ҳамгиро мешаванд.
Луғатомӯзӣ. Кор бо луғатро метавон калиди асосии ворид шудани хонандаи имрӯза ба қасри илму адаби гузаштагон ҳисобид. Озмоишҳои пай дар пай собит намуд, ки хонанда ҳар чӣ қадар бо луғат кор кунад, ҳамон қадар дониши нав ҳосил мекунад. Забони ноби классикони мо аз дидгоҳи имрӯз кӯҳна нашудааст, ки мо онро нафаҳмем, вале дар се маврид, хонанда ба шарҳи калимаву ибораҳо ниёз дорад: а) шарҳи калимаҳои арабӣ; б) шарҳи калимаҳои архаистӣ; в) шарҳи калимаву ибораҳое, ки маънои маҷозӣ доранд ва дар тасвирҳо санъатҳои бадеии гуногун сохтаанд, ки аз надонистани онҳо мазмун ҳосил намешавад. Бинобар ин ҳар чӣ бештар кӯдак ба луғат сару кор гирад, ҳамон қадар саргарми ҷустуҷӯи маънӣ мешавад. Барои он ки луғатомӯзӣ усули дилбазани хонанда нагардад, муаллим пайваста бо онҳо ҳамкорӣ кунад, тарзу усулҳои гуногуни корро ба хонанда пешниҳод намояд, ки як намунаи чунин ҳамкориро мо дар мисоли лоиҳаи «Луғатсозӣ» аз озмун гузаронидем, ки натиҷаи босамар дод.
Лоиҳасозӣ. Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои охир аксари равишсозону омӯзгорони ҷумҳурӣ онро ба қатори «усулҳои нав» ворид намуда, истифодаи онро дар мавридҳои гуногун тавсия медиҳанд. Вале дар усули таълими адабиёти тоҷик дар ин бора маълумоти кофӣ мавҷуд нест ва дар тавсияҳои илмию методии мутахассисони соҳа таълифоте пайдо накардем. Аз рӯи сарчашмаҳои илмӣ маълум аст, ки Суқрот поягузори ин усул буда, баъдтар олими америкоӣ Ҷ. Дюи дар назария ва амалияи психология, педагогика ва методикаи таълим назарияи ба таври таҷриба аз худ кардани донишҳои заруриро ба миён гузошта, формулаи «дониш, малака ва маҳорат (ДММ)»-ро дар шакли «дониш таҷриба ва малака (ДТМ)» пешниҳод намуд. Баъд аз ӯ олими дигар У.Х.
Килпатрик ин назарияро дар китоби худ «Методи лоиҳаҳо» тақвият бахшида, тавсия дод, ки мактаб хонандаро ба ҳаёт дар шароити тағйирёбии динамикии ҷамъият, ба бархӯрди проблемаҳои номаълуми оянда бояд тайёр кунад[15,86]. Дар Россия ин масаъларо олими рус С.Т. Шатский ба миён гузошт ва дар таҷрибаи мактабҳои Россия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ то соли 1931 мавриди истифода буд ва соли 1931 бо қарори ҳизби коммунист ҳамчун усули педагогикаи буржуазӣ маҳкум гардидааст[14,39-41]. Танҳо солҳои 80-90-и асри гузашта ин усул аз нав дар таҳқиқ ва истифодаи амалӣ роиҷ гардид ва дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Истиқлоли миллӣ тавассути ҷалби лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ ба ислоҳоти соҳаи маориф мавриди истифода қарор гирифт.
Таҷрибаи нахуст тавассути ташкилоти ЮНИСЕФ (лоиҳаи «Қадам ба қадам») амалӣ гардидааст ва имрӯз дар таҷрибаи ками муаллимон қобили истифода аст. Лоиҳа тарҳи он чизест, ки ҳоло вуҷуд надорад. Сохтмон ва истифодаи он тавассуи усулҳои интерактивӣ сурат мегирад. Тавре ки дар боло зикр шуд, усули интерактивӣ ин ҳамбастагии методҳои таълим барои иҷрои мақсади пешакӣ муайяншуда аст. Аз ин рӯ, унсурҳои таркибии он иборатанд аз усул ва тарзҳои (приёмҳои) гуногуни кор дар ҷараёни иҷрои мақсадҳои мушаххаси таълимӣ. Ҳатто типологияи усули лоиҳа талаб мекунад, ки дар паҳлӯи он усул ё тарз(приём)-и дигаре ҳамрадиф бошад. Масалан, дар рафти озмоиши таълимӣ мураттаб намудани луғати асарҳое, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ дар МТМУ омӯзонида мешаванд, дар шакли лоиҳа пешниҳод шуд, хусусияти ҷустуҷӯӣ таҳқиқотӣ дошт ва усулҳои ташхисӣ, таҳқиқотӣ ҷустуҷӯӣ, проблемавӣ, арзёбӣ ва ғайра ҳамрадифи усули мазкур гардиданд. Натиҷаи эксперементалии ин лоиҳаро дар фасли сеюми кор баррасӣ кардаем.
Агар тавсифу шарҳи усулҳо дар ин дарс истифодашударо идома диҳем, боз ҳам ба ҳамин натиҷа мерасем: технологияи таълим ин маҷмуи роҳу усулҳо барои моҳирона иҷро кардани вазифа ва мақсадҳои мушаххаси таълимӣ аст; ҳамаи усулҳо ба хотири фаъол кардани хонанда, барои гирифтани донишҳои зарурии дар амалия санҷидашуда, иштирокчии фаъол гардонидани хонанда дар истифадаи ин донишҳо мебошад; ҳамаи усулҳо дар ташаккул додани салоҳиятҳои коммуникативӣ, иҷтимоишавии хонанда, кор карда тавонистани ӯ бо иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, ташаккул додани қобилиятҳои таҳлилӣ, эҷодӣ ва ғайра ҳамрадифи якдигаранд. Бинобар ин, мо усулҳоро ба фаъолу ғайрифаъол ҷудо накардем, зеро чӣ тавре ки дидем, ҳар усул дар мавқеи худ барои фаъол гардонидани ягон ҷиҳати фаъолияти майна, системаи асаб ва узвҳо таъсир доранд.
Илова ба ин усулҳои таълимро таҳрикдиҳандаи фаъолият дарёфтем, бинобар ин ибораи «усулҳои фаъол» хоси чанд усул (асосан усулҳои лоиҳа, проблемавӣ, презентетсия, гуруҳбандӣ ва ғайра) дониста шудааст, ки қобили қабул нест. Он маҷмуи усулҳои таълим аст, ки барои иҷрои мақсади мушаххасшуда бо ҳам иртибот пайдо карда, ҳамкории воқеии муаллиму хонандаро таъмин менамояд. Бинобар ин онро усули ҳамкории муаллиму хонанда гуфтан ҷоиз аст.
Ҳамин тавр, методи интерактивӣ ин воситаи (инструменти) асосии иртиботи хонандаву омӯзгор аст, ки дар рушди муносибати босалоҳияти хонанда ва омӯзгор нақши калидӣ дорад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, таълими интерактивӣ таълимест, ки дар он нокомӣ ва бемуваффақиятӣ ҷой надоранд [15]. 

                                                           Адабиёта: 

1. Бабанский Ю.К.. Поташник М.М. Оптимизация педагогического процесса /В вопросах и ответах / Киев, Радянськая школа, 1981. 188 с. 

2. Иноятхон. Тарбия / Иноятхон[Текст]. -Душанбе, 2011. -112 с. 

3. Исломов Ш. Изучение лироэпических произведений на уроках родной литературы в 1Х-Х классах\Ш.Исломов. Диссертация на саискание учёной степени кандидакта педагогических наук[Текст]-Москва,1990.
4. Миров Т, Хоҷаев Қ, Исломов Ш.Методикаи таълими адабиёти тоҷик\ Т.Миров, Қ.Хоҷаев, Ш. Исломов [Матн].- Душанбе, 1991.-254 с. 

5. Модули таълимӣ барои омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик оид ба муносибати босалоҳият дар таълим [Матн]. -Душанбе, 2017.
6. Модели 1. Низоми таълими салоҳиятнокӣ. Душанбе, 2016. 

7. Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим / Модули таълимӣ [Матн]. – Душанбе, 2017. — С. 9-10.
8. Муносибати босалоҳият ба таълим. Мураттибон: Ғ.Бобизода, Д. Имомназаров, Ш.Исрофилниё, А Байзоев [Матн]. Душанбе: Ирфон, 2018.-72 с. 9. Мухторӣ Қ. Модули таълимии курсҳои омӯзишии омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ оид ба гузариши муносибатҳои босалоҳият дар таълим / Қ. Мухторӣ, Ф. Мирзоёров [Матн] – Душанбе, 2017, – 79 с. 

10. Мухторӣ Қ., Сафин Д., Кабиров Н. Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи информатсионӣ \ Қ. Мухторӣ ва диг [Матн].-Душанбе, 2018.-60 с. 

11. Низоми таълими салоҳиятнокӣ. Модули 1. Мураттибон:Ниёзов Ф., Зиёев М., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., ҚодировН., ИргашеваМ., Зиёев Қ [Матн]. Душанбе — 2016 с.– 36 саҳ. 12. Ниёзов Ф. Арзёбӣ дар низоми таълими салоҳиятнокӣ. / Ф.Ниёзов ва дигарон [Матн]. – Душанбе, 2016, – 65 с. 13. Ниёзов Ф. Методикаи таълим дар низоми таълими салоҳиятнокӣ Модули 1\ Ф.Ниёзов ва дигарон [Матн]. –Душанбе, 2016.-141 с. 14. Сафин Д.В., Мусина Р.Г. Интерактивные — методы преподавания и обучения. Душанбе, 2007.-86 с.С.39 Сафин Д.В., Мусина Р.Г. Интерактивные — методы преподавания и обучения. – Душанбе, 2007.-86с. 15. Райс О.И.,Е.А.Корненко. Интерактивные технологии в обучении // Педагогика нового времени, 2002. litrs. ru) .

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *