
Азизбек ЗУМРАТОВ,
омӯзгори фанни химияи Литсейи №3
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Ин матлаб вобастагиҳои химия бо тиб, ҳаёт, саноат ва ҳолатҳои биологии баъзе аз моддаҳои зараррасонро нишон додааст. Манзур аз мафҳуми “зараррасон” истифодаи бемақсад ва зиёд мебошад. Ҳамаи маълумоти химиявӣ оид ба ин гуна маводи зараровар дар шакли намоишномаи маълумотдиҳанда пешниҳод шудаанд, ки хонанда ба василаи он ба дунёи химия ворид шуда, иттилооти ҷолиб мегирад ва мавқеи худро нисбат ба ҳолатҳои дар матн ҷойдошта дигар мекунад, ба маводи химиявӣ-тиббӣ дар мисоли доруҳо илман муомила мекунад. Саҳнаи театрикунонидашуда низ як методи шавқовари расонидани иттилоот мебошад, ки дар навишти мақола аз он истифода шудааст.
Нашъамандӣ ҳамчун рухдоди номатлуби замон дар баробари мақомоти дахлдор ба зиммаи омӯзгорон, аз ҷумла, устодони фанни химия низ вазифа мегузорад, ки дар дарсҳо оид ба таъсироти номатлуби маводи нашъадор ба шогирдон маълумоти саҳеҳ дода, тарбияи зидди нашъамандӣ гузаронанд. Ҳангоми татбиқи чунин раванди тарбия бояд баъзе хусусиятҳои педагогӣ ва психологӣ пешниҳод ва дарки маълумот дар бораи маводи мухаддир, ҳамзамон, таъсири онҳо ба организми инсон ба инобат гирифта шаванд. Аз ҷумла:
— маълумотро дар бораи маводи мухаддир ҳассос нагардонидан;
— дар назди хонандагон мақсади мусбат, ба монанди идомаи бомуваффақияти таҳсил, соҳибкасб шудан ва ё дигар ҳадафҳои созанда гузоштан;
— диққати хонандагонро ба ташаккули принсипҳои муҳими ҳаётӣ, аз қабили муқовимати фаъолона ба таъсири манфии ҳамсолон, бартараф кардани ҳолати стрессӣ, ташаккули масъулияти шахсӣ ва шаҳрвандӣ равона кардан;
— тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни хонандагон.
Лаҳзаҳое, ки ба тарғиботи зидди нашъамандӣ нигаронида шудаанд, бояд дар дарсҳо бомулоҳизаву боандеша истифода шаванд. Мақсади асосӣ бояд тасвири оқибатҳои манфии истифодаи маводҳои мухаддир ва моддаҳои заҳрнок бошад. Мо ба хонандагон бояд мушаххас фаҳмонем, ки агар як маротиба маводи мухаддир ва моддаҳои заҳрнокро истифода баранд, мушкилоти ҷиддии зиндагияшон оғоз мешавад. Ба ин танҳо бо маълумоти мушаххас дар бораи суръати гирифторшавии одамон ба ҷаҳони маводи мухаддир метавон муқовимат кард.
Ҳалли проблемаи нашъамандӣ зуд натиҷа намеорад, балки имконияти ҳаллаш дар он вақт пайдо мешавад, ки ҳамаи ҷомеа дар баробари он ба кор ҷалб карда шаванд.
Дарсҳои химияи органикӣ дар пешгирии нашъамандӣ аҳаммияти шоиста доранд. Аз ин рӯ, дар баробари вазифаҳое, ки дар назди мо-омӯзгорон истодаанд, дар хонандагон ташаккул додани эътиқоди устувори зидди нашъамандӣ, рад кардани истифодаи маводди мухаддир ва дигар таъсироти номатлубро таълим мебояд дод. Барои ҳалли ин масъала аз имконияти таълими умумии химия истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Ба ин як Дарс-бозӣ дар мавзуи “Мурофиаи химияи органикӣ” дар синфи 10 мисол шуда метавонад.
дарс-бозӣ:
Мурофиаи химияи органикӣ
Котиби суд:
— Ҳама бархезед, суд меояд! (Судя ва ҳайати суд ворид мешаванд). Лутфан, ҳама нишинед. Мо мурофиаро оғоз мекунем. Сухан ба судя дода мешавад.
Судя:
— Имрӯз чӣ гуна бояд зиндагӣ кард, то ки фардоро дида тавонем? Ҳозирини муҳтарам, имрӯз парвандаи ғайриодии судӣ оид ба фаъолияти ҷиноии химияи органикӣ баррасӣ мешавад. Ҳангоми мурофиа мо бояд:
1. Аломатҳои ҷиноятро баъди шунидани сухани прокурор муайян кунем;
2. Фаъолияти ҷиноятиро дар мувофиқа бо нишондодҳои шоҳидон тасдиқ кунем;
3. Бо далелҳои ҳимоятгарони судшаванда шинос шавем;
4. Ба суханони айбдоршаванда гӯш диҳем;
5. Қарори одилона қабул кунем.
Лутфан, айбдоршавандаро ҳозир кунед.
Хонандае, ки дар гарданаш лавҳаи “Химияи органикӣ” овезон аст, ба толор оварда мешавад.
Судя:
— Ному насаб, соли таваллуд ва шуғли худро баён кунед.
Химияи органикӣ:
— Ман химияи органикиам, мисли олам пирам, хонандагон бо ман дар синфи 10 шинос мешаванд, пайвастаҳои органикиам дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд.
Судя:
— Суд ҳамаи далелҳоро дида мебарояд, ҳар ду тарафро мешунавад ва мулоҳизаҳои ҳамаи шоҳидонро ба эътибор мегирад. Инак, сухан ба прокурор дода мешавад.
Прокурор:
— Муҳтарам судя, ҳайати суд ва шоҳидон. Сабаби ин ҷо ҷамъ шудани мо рафтори “Химияи органикӣ” аст, ки бераҳмона моро мекушад ва байни ҷавонону калонсолон фарқе намегузорад. Пайвастаҳои органикӣ ба саломатии инсон зарари ҷуброннопазир мерасонанд. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки шоҳиди аввалини айбдоркунанда — дорусозро гӯш кунед.
Дорусоз:
— Таъсири баъзе пайвастаҳои органикӣ ба организми инсон ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст, вале мо онҳоро дар тиб истифода мебарем. Хлороформ (аз синфи алканҳо) дар ҷигар, гурдаҳо, дил ва дигар узвҳои паренхималтозӣ тағйироти харобиоварро ба вуҷуд меорад ва пас аз анестезияи тӯлонӣ рушди дегенератсияи равғании ҷигар имконпазир аст. Сиклопропан газест, ки таъсири қавии наркотикӣ дорад. Ҳангоми консентратсияи 30-40% имкони боздоштани роҳи нафас вуҷуд дорад (ҷадвалҳои биологияро истифода баред).
Прокурор:
— Азбаски ин пайвастаҳо ҳамчун маводи мухаддир тасниф мешаванд, баъзе афрод ба хотири лаззати шубҳанок ба бадани худ зарбаи даҳшатнок мезананд.
Судя:
— Ташаккур. Сухан ба адвокат дода мешавад.
Адвокат:
— Ба ҳимояи химияи органикӣ аввалин шоҳид — сардухтур даъват карда мешавад.
Сардухтур:
— Мо набояд фаромӯш кунем, ки ин пайвастаҳо дар амал истифода мешаванд. Бе онҳо ягон ҷарроҳӣ гузаронида намешавад. Амали хлороформ ба оташгиранда набудани он асос ёфтааст. Таъсири хлорметан ва хлорэтан (онҳо низ ба синфи алканҳо мансубанд) ба бухоршавии босуръати онҳо бо зудсардшавӣ асос ёфта, ҳарорати ҷӯшиши пайвастаҳо -24˚С ва -13˚С мебошад. Трихлорэтилен (аз синфи алкенҳо) барои анестезияи кӯтоҳмуддат истифода мешавад.
Судя:
— Бале, ин дар ҳақиқат, дуруст аст. Далелҳои ин тараф хеле илмӣ, асоснок ва боварибахшанд. Биёед, гӯш кунем, ки прокурор чӣ мегӯяд?
Прокурор:
-Дар навбати худ ман шоҳиди навбатии айбдоркунанда духтур-наркологро даъват мекунам.
Духтур-нарколог:
— Мо ҳама моддаҳоро, ба монанди ширеш, рангҳо ва аэрозолҳои рӯзгор, ки дар таркиби онҳо толуол ва ксилол (аз синфи пайвастаҳои хушбӯй) мавҷуданд, хуб медонем. Дар зери таъсири ин моддаҳо одам ба шавқ меояд, ки баъзан бо галлюсинатсия ва чарх задани сар мегузарад. Онҳо боиси тағйирёбии руҳия мегарданд. Аломатҳои зерини бадшавии саломатӣ мушоҳида мешаванд (истифодаи овезаҳо):
1. Марги ҳуҷайраҳои мағзи сар, вайрон шудани шахсият, бад шудани хотира ва биноӣ;
2. Зарарбинии мағзча боиси вайрон шудани мувозинати ҳаракат ва нутқ;
3. Зарари бебозгашт ба шуш ва ҷигар;
4. Истифодаи ин гуна моддаҳо боиси пайдо шудани санги гурда, вайроншавии таркиби хун (гемолиз), харобшавии мушакҳо, паст шудани кашишхӯрии мушакҳо ва қувваи онҳо мегардад (истифодаи ҷадвалҳои биология);
5. Моддаҳои заҳрнок кори дилро халалдор карда, метавонанд онро аз кор монанд.
Пайвастаҳои органикӣ, ба монанди эфири диэтил (аз синфи эфирҳо), атсетон (аз синфи кетонҳо), этилатсетат (аз синфи эфирҳо) — ҳамаи онҳо бӯйи ба худ хосе доранд, ки буғҳои онҳо аз ҳаво вазнинтар ва оташгиранда мебошанд. Ҳангоми нафаскашӣ онҳо ба системаи дилу рагҳо ва нафаскашӣ, инчунин, ба гурдаҳо ва ҷигар таъсири манфӣ мерасонанд. Эҳтимол аст, ки бо истифодаи ин моддаҳо нашъамандӣ инкишоф ёбад.
Прокурор:
— Қайд кардан мехостам, ки маҳз дар ҳамин давра нашъамандон бекор мемонанд, ҷиноят содир мекунанд ва ин аз он сабаб аст, ки баъзе пайвастаҳо дар дорухонаҳо, дар нуқтаҳои савдои “Химияи рӯзгор” бе маҳдудият фурӯхта мешаванд. Ба фикри ман, химияи органикӣ сазовори ҷазои бештар аст.
Судя:
— Ба хулосабарорӣ шитоб накунед. Баъд аз баёни ҳамаи далелҳо мо қарори қатъӣ қабул мекунем. Ҳимоятгар чӣ мегӯяд?
Адвокат:
— Ман аз суд хоҳиш мекунам, ки шоҳидро гӯш кунад. Дар ин ҷо намояндаи “Иттиҳоди саноатчиён” ҳузур дорад. Вай дар бораи фоидаи пайвастаҳои органикии бухоршаванда бисёр маълумот дода метавонад.
Намояндаи Иттиҳоди саноатчиён:
— Ман солҳо боз дар корхонаи саноатӣ кор мекунам ва бо итминон гуфта метавонам, ки толуол ва ксилол беҳтарин ҷузъҳои ширеше мебошанд, ки барои пайваст кардани маҳсулоти гуногун истифода мешаванд. Ин пайвастаҳо дар рангу ҳалкунандаҳои гуногун мавҷуданд. Эфири диэтил ҷузъи аэрозолҳо мебошад ва ҳамчун ширеш барои пойафзол низ истифода мешавад. Атсетон ба сифати ҳалкунанда ва тунуккунанда, этилатсетат барои ширеш кардани моделҳои тайёри ҳавопаймову танкҳо истифода мешавад. Бовар кунед, дар давоми тамоми корам танҳо миннатдорӣ шунидам.
Адвокат:
— Ана, як мисоли кори мусбати химияи органикӣ дар асоси суханҳои дар боло зикршуда, ман бовар дорам, ки ҳимоятшавандаи ман сазовори эҳтиром ва озодӣ мебошад.
Прокурор:
— Ҳеҷ гоҳ. Муҳтарам судя, баъзан сокинони шаҳр, ки барои кумак ба дорухонаҳо ва беморхонаҳо муроҷиат мекунанд, қурбониёни бегуноҳи химияи органикӣ мешаванд.
Судя:
— Акнун сухан ба дорусоз ва ҳарбиён дода мешавад.
Дорусоз:
— Дар тиб фенобарбитал (аз синфи барбитурат) доруи хобовари қавӣ истифода мешавад. Аз вояи дукарата ё секаратаи ин доруҳо инсон заҳролуд мешавад. Агар одами солим барои хоб рафтан чунин воя истеъмол кунад, ба хоби дуру дароз ва хеле амиқ меафтад, аммо агар доруи хобро шахсе, ки аз бехобӣ азоб намекашад, пеш аз хоб ва бо нияти мастӣ бихӯрад, он гоҳ дору комилан дигар таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат, имкон дорад, одам заҳролуд шавад. Хурсандии беасос пайдо мешавад. Шахс хоб меравад ва пас аз бедор шудан аломатҳои маъмулии заҳролудшавиро эҳсос мекунад: заифӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ. Мо ин доруҳоро танҳо бо дастури духтур ба беморон медиҳем, вале баъзеҳо бо роҳҳои дигар онро мегиранд. Он гоҳ вобастагии руҳиву ҷисмонӣ пайдо шуда, психозҳои тӯлонӣ ба вуҷуд меояд. Пас аз чанд сол истифодаи онҳо осеби шадиди мағзи сар пайдо мешаванд. Шахсе агар пайваста чунин маводро истифода барад, роҳи худкуширо пеш мегирад.
Судя:
— Биёед, бубинем, ки ҳимоятгар дар ин бора чӣ мегӯяд?
Адвокат:
— Хоҳиш мекунам, ки ба шаҳодати сардухтур гӯш диҳед.
Сардухтур:
— Мехоҳам қайд намоям, ки фенобарбитал дар тиб на танҳо ҳамчун доруи хоб, балки ҳамчун доруи зиддисудорогӣ истифода мешавад. Он барои пешгирии бемории гемолитикии навзодон истифода мешавад. Аз аминҳо доруҳои гуногун, маводҳои полимерӣ, рангҳои мухталиф ва суратҳо истеҳсол карда мешаванд.
Адвокат:
— Пас аз шунидани ин баромадҳо шумо бештар боварӣ ҳосил мекунед, ки химияи органикӣ фоидаи зиёде меоварад.
Прокурор:
— Дуруст нест. Шумо далели кам доред ва чизеро, ки ба қонунҳои табиат, организми солим мухолиф аст, дифоъ карда наметавонед.
Адвокат:
— Мо инро баъдтар мебинем.
Судя:
— Ҷанобон, ором шавед, ҷаласа идома дорад. Сухан ба айбдоркунанда дода мешавад.
Прокурор:
— Ман фикр мекунам, ки химияи органикӣ бо тамоми қатъияти қонун ҳукм шавад ва ҳеҷ гоҳ набояд аз ҳабс озод карда шавад.
Судя:
— Ташаккур. Сухан ба ҳимоятгар дода мешавад.
Адвокат:
— Ман шоҳиди навбатӣ доктори илмҳои химияро даъват мекунам.
Доктори илмҳои химия:
— Спиртҳо маҳсулоти муҳими саноати химия мебошанд. Онҳо барои истеҳсоли каучуки синтетикӣ, доруворӣ истифода мешаванд, онҳо ҳамчун маводи ҳалкунанда ба лакҳову рангҳо ва маводи парфюмерӣ низ дохил мешаванд. Дар тиб спирти этилро ҳамчун воситаи муҳими безараргардонӣ истифода мебаранд. Бисёр спиртҳо дар саноати косметикӣ, дорусозӣ ва хӯрокворӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, глитсерин — спирти сеатомаро ба хамираи дандон меандозанд, то хушк нашавад. Онро ба маҳсулоти қаннодӣ барои пешгирии кристаллизатсияи онҳо илова мекунанд.
Судя:
— Ташаккур, бисёр чизҳо равшантар шуданд. Сухан ба прокурор дода мешавад.
Прокурор:
— Равоншинос ва наркологро барои баррасии мушкилоти зерин даъват мекунам.
Равоншинос:
— Мо дар бораи маводи мухаддир суҳбат хоҳем кард. Истилоҳи “наркомания” аз 2 калимаи юнонӣ “нарке” — карахтӣ ва “мания” — девонагӣ, ҳавас гирифта шудааст. Кумитаи коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, ки нашъамандӣ ҳолати вобастагии инсон ба маводи мухаддир буда, боиси таназзули ҷисмонӣ ва ахлоқии инсон мегардад ва дар ниҳоят, ба марги ӯ оварда мерасонад. Умри миёнаи як нашъаманд тақрибан 30 сол аст.
Духтур-нарколог:
— Яке аз даҳшатноктарин намояндагони доруҳои нашъадор ҳосилаи пайвастаи органикии кислотаи лизергинӣ-SD-25 (аз синфи кислотаҳои карбон) мебошад. Ҳангоми истифодаи моддаҳои нашъадор аввал ҳисси дилбеҷоӣ, талхии даҳон ба амал меояд, оби даҳон зиёд гардида, чарх задани сар, изтироб ва тарс пайдо мешавад. Ҳамчунин, ҳисси гармиву бевазнӣ пайдо шуда, тафаккур вайрон, хаёлоти идоранашаванда зиёд мешаванд. Дар марҳилаи дуюм рангҳо тира мешаванд, хаёлҳо хомӯш мешаванд, иллюзияҳо аз байн мераванд, ҷараёни фикрҳо якбора суст мешавад, гумони таъқиб пайдо мешавад, табъ бад мешавад, ки ин марҳила метавонад, 2-3 моҳ давом кунад. Дар марҳилаи музмин руҳияи афсурдагӣ мушоҳида мешавад. Таназзули шахсият ба амал меояд. Одам ба оянда ва муҳит бепарво шуда, нуқсони дилу гурда пайдо мекунад.
Прокурор:
— Аз сабаби ин пайвастаҳои органикӣ нашъаманд зидди ҷомеа мегардад. Чун қоида зарурати пайваста ба даст овардани маводи мухаддир боиси дуздӣ ва дигар корҳои ғайриқонунӣ мегардад. Кодекси ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи мухаддир ҷазои сахт (то 20 соли зиндон) муқаррар кардааст. Агар мо роҳи раҳоӣ аз ин вазъро наёбем, ҳазорон ҷавони дигар худро вобаста месозанд.
Адвокат:
— Муҳтарам судя. Мехоҳам, шоҳидони охирин — омӯзгор ва доктори илмҳои химияро, ки гуфтаниҳое доранд, даъват намоям.
Доктори илмҳои химия:
— Инсоният маводи мухаддирро ҳамчун маводи доруворӣ чанд ҳазор солест, истифода мебарад. Аҷдодони мо маҳз чиҳоро истифода мекарданд? (истифодаи овеза). То имрӯз тадқиқот идома дорад, олимон дар ҷустуҷӯи доруҳои бехатар мебошанд. Гарчанде ин масъала ҳанӯз пурра ҳал нагардидааст, аллакай баъзе муваффақиятҳо ба даст омадаанд, ки дар тиб истифода мешаванд.
1) Кокаин — як хокаи кристаллии сафед бо тамъи талх аст, ки ҳангоми ба забон расондан ҳисси карахтиро ба вуҷуд меорад.
2) Морфин — пайвастагие, ки дорои таъсири хобовар, наркотикӣ ва бедардкунандаи қавӣ дорад, солҳои зиёд диққати тадқиқотчиёнро ба худ ҷалб кардааст. Гейтс Маршалл химики амрикоӣ, профессори фахрии Донишгоҳи Рочестер аст, ки чанд сол дар синтези морфин ва ҳосилаҳои он кор кардааст. Тадқиқоти асосии илмӣ ба синтези алкалоидҳо, инчунин, синтези аналгетикҳо ва омӯзиши таносубҳои робитаи сохт ва фаъолияти физиологии моддаҳои ба системаи марказии асаб таъсиркунанда бахшида шудааст.
3) Кодеин — (морфини митилизатсияшуда) барои сулфа истифода мешавад. Мутаассифона, нашъаҷаллобон аз он даст кашиданӣ нестанд: маводи мухаддир дар озмоишгоҳҳои махфии онҳо синтез карда мешаванд, танҳо таъсири маводи мухаддири онҳо ҳоло хеле қавӣ ва таъсири он ба организм хеле харобиовар аст. Олимон дар бораи чӣ гуна аз чунин доруҳо халос шуданро таҳқиқ доранд.
Омӯзгори химия:
— Шумораи зиёди одамон, шояд ҳатто надониста, моддаҳоеро истифода мебаранд, ки онҳоро ҳамчун маводи мухаддир номбар кардан мумкин аст. Якҷоя бо як пиёла чой, қаҳва ё як пиёла ҷурғот, кофеин ба бадани мо ворид мешавад, бо шоколад — теобромин, бо ҷурғот — спирти этил. Пас, оё ману шумо ба мафҳуми “нашъамандон” дохил мешавем? Албатта на! Моддаҳои нашъадор дар таркиби чунин маҳсулот хеле кам аст, ки он танҳо ба бадан таъсири руҳбахш ва муътадилкунанда дорад. Аз ин рӯ, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ моддаҳоеро, ки ба доруҳо дохил мешаванд, омӯхта, тавсия додааст, ки маҳсулоти зикршуда ва ба ин монанд аз муомилот гирифта нашаванд. Дигар моддаҳо, пеш аз ҳама доруҳо, дар дорухонаҳо танҳо бо дастури духтур фурӯхта мешаванд.
Судя:
— Ташаккур ба ҳар ду ҷониб барои маълумоти муфиде, ки имрӯз эълон шуд. Пеш аз он ки мо қарор қабул кунем, мехостем фикри худи химияи органикиро шунавем.
Химияи органикӣ:
— Аз рӯзи дар Замин пайдо шудани одам зиёда аз як миллион сол гузашт. Ба шарофати пешрафти илмию техникӣ одам худро соҳиби табиат тасаввур мекунад. Муҳтарам суд, имрӯз одамро бояд барои дараҷаи нокифояи дониши химиявӣ ва паст будани маданияти истеҳсолоти химиявӣ ҳукм кардан лозим аст. Ҳар ҷое, ки пайдо шавад, ҳамеша чизеро вайрону заҳролуд мекунад.
Адвокат:
— Ман аз суд хоҳиш менамоям, ки далелҳоро ба назар гирифта, химияи органикиро бо дарназардошти аҳаммияти мусбати он, чи дар табиат ва чи дар ҳаёти инсон, озод кунад.
Судя:
— Суд ҳамаи нишондодҳоро шунид ва ӯ ба хонаи машваратӣ меравад.
Котиб:
— Ҳама бархезед, суд меояд. Аз ҳама хоҳиш мекунам, ки нишинанд.
Судя:
— Суд қарори зеринро баровард:
1. Аҳаммияти мусбати химияи органикӣ ба назар гирифта шуда, аз ҳабс озод карда шавад.
2. Суд одамони бадгуҳарро барои истеҳсоли моддаи марговар, вайрон кардани технология ва ғамхор набудан ба ҳифзи муҳити зист маҳкум мекунад. Инсоният ғалабаҳо дорад, аммо мағлубиятҳо низ ҳастанд. Баъзе мағлубиятҳо боиси марги инсон мешаванд, баъзеи дигар ба ҳаёт руҳия мебахшанд. Имрӯз ҳар яки мо барои саломатии наслҳои имрӯза ва оянда масъулияти бузург дорем. Фардо ҳамон гуна хоҳад буд, ки мо имрӯз онро эҷод мекунем.
Инак, имрӯз мо кӯшиш кардем, ки дар шакли намоишномаи театрӣ донишҳоро дар мавзуи “Химияи органикӣ ва пайвастаҳои он” ҷамъбаст кунем ва ба низом дарорем. Имрӯз ба ман душвор аст, ки дониши шуморо дар ин мавзуъ баҳо диҳам, вале умедворам, ки ин суханҳои зерин дар дилу дидаатон то дер боқӣ хоҳанд монд:
“Дар дунё аз ҳаёт азизтар чизе нест”.