Шаҳноз КАРИМӢ,
мудири кафедраи методикаи таълим дар
муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии
ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд

Барои ҳар як шахси боҳушу бозаковат забони модарии ӯ лафзи поку беолоиш, ширину дилнишин буда, арзиши баланди маънавӣ дорад, зеро бо ин лаҳни гӯшнавоз аввалин бор садои “алла”-и модарро шунида, дар мағз-мағзи ҷони хеш онро ҷой додааст. Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар тӯли асрҳо забони худро нигоҳ доштаву ҳифз бинмудааст, зеро дар таърихи башар буданд, халқу миллатҳое, ки забони модарияшонро аз даст додаву бо ин сабаб бахше аз онҳо умуман аз байн рафтаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд кардаанд: “Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд. Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”.
Тавре огаҳ ҳастем, моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва аз соли 2000-ум инҷониб, ҳамасола дар олам таҷлил мегардад, ки ин иқдоми муҳим низ дар ҳифзу нигаҳдошти забонҳои дунё нақши арзанда мегузорад.
Мо, соҳибони забон бояд талош варзем, ки забони миллати худро поку покиза ва пойдор нигоҳ дошта, нагузорем, ки эҳтирому иззати ин забони куҳану таърихӣ, лафзи поки модариямон аз байн равад. Ин неъмати бузургро ба насли ҷавону ояндасозамон омӯзонида, дар накутарин ҳолат ба мерос гузорем. Дар ин замина, дар омӯзондану аз бар кардани забони модарӣ нақши муассисаҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ мегардад, зеро забони модарӣ, пеш аз ҳама, фанни таълимӣ буда, саҳму мавқеи тарбиявии он низ хеле бузург аст.
Хонандагон асосҳои ибтидоии тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ахлоқию маънавӣ, гуманистиву зебоипарастӣ, касбу меҳнат, донишҳои иқтисодиву экологӣ, тоқатпазириву таҳаммулгароӣ, тафоҳум ва дарки чизи шунидаву хондаву дидаро зимни омӯхтани ҳамин фан аз худ мекунанд. Ҳадаф аз таълими забони модарӣ дар мактаб мутобиқи муносибати босалоҳият ба таълим аз он аст, ки неруи онро ҳамчун воситаи муҳимми муомила ва ифодаи фикр боз ҳам пурқувват намоем. Вазифаи таълими забон дар мактаб басо муҳим буда, мақсади асосияш инкишофи нутқ, такмилу ғанӣ намудани захриаи луғавии он мебошад.
Хонандагони хурдсол, ки нав ба мактаб меоянд, аллакай сухан ронда метавонанд, вале захираи луғавии номукаммал доранд. Дар ин росто, барои ташаккули нутқи хонанда истифодаи стратегияҳои гуногун, асбобҳои аёнӣ ва варақаҳои таълимӣ аз воситаҳои босамари таълим ба ҳисоб меравад. Ба сифати асбобҳои аёнӣ ашёи гирду атроф, расмҳои пурмазмун, варақҳои суратдор, алифбо ва ҳиҷоҳои бурида, таблитсаи ҳиҷову калима ва маводи дигари дидактикӣ васеъ истифода мешаванд. Аз ин лиҳоз, методистон таҳқиқ намудаанд, ки барои азбар намудану мустаҳкамкунии донишҳои нав истифодаи варақаҳо мувофиқи мақсад аст. Варақаҳо намудҳои гуногун дошта, омӯзгорон онҳоро ҳамчун пурсамартарин маводи дидактикӣ дар ҷараёни дарс васеъ истифода мекунанд.
Асосгузори дидактика педагоги олмонӣ Волфганг Радтке (Wolfgang Radtke) (1571-1635) барои дидактика вазифаҳои асосиро таҳия карда, савол гузошт: «Чӣ тавр таълим додан лозим аст, ки хонанда зуд, бомуваффақият ва амиқ маводи таълимиро аз худ намояд?». Ба ҳамин васила, Радтке ба пешниҳоди худ дар бораи дидактика равандҳои таълиму таҷрибаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дар раванди омӯзиши замони муосир истифодаи маводи дидактикӣ-истифодаи компютер, наворҳои видеоӣ, слайдҳо, тахтаи электронӣ, нақши маводи тақсимотӣ, роҳҳои баланд бардоштани қобилияти эҷодӣ, истифодаи супоришҳои кор дар гурӯҳҳои хурд, корҳои дунафара дар таълими муосир ва дигар воситаи дидактика барои баланд бардоштани донишу малака ва маҳорати хонандагони синфҳои ибтидоӣ муфиду самарабахш мебошад.
Истифодаи аёният дар дарсҳо дар зинаи аввали таҳсилот аз рӯзи якуми оғози машғулиятҳо сар мешавад. Масалан, дар давраи то “Алифбо”, дар кӯдакистон ҳангоми шиносоӣ бо ҳайвонҳо, парандаҳо, рустаниҳо ва аломату хусусияти онҳо бояд аз расмҳои ҷолибу зебо истифода баранд. Расм ҳисси зебоипарастии шогирдонро таҳким бахшида, хазинаи луғавиашонро ғанӣ мекунад ва нутқашонро равону бесакта намуда, диққатнокию мантиқфаҳмияшонро афзун месозад.
Мисол, ҳангоми омӯзиши ҳарфи “Б” танҳо ба китоби “Алифбо” такя накарда, бояд чун аёният расмҳои бодом, биҳӣ, барг, бед, бомро истифода барем. Вақте кӯдак расмҳоро мебинад, ҳарф, моҳият ва шакли онҳо дар хотираш равшан нақш мебандад. Барои он ки дарсҳо шавқовар ва ба фаҳми хонанда наздик бошанд, зарур аст, ки дар тамоми лаҳзаҳои дарс аз аёният ва дигар воситаҳои дидактикии таълим самарабахш истифода барем. Албатта, асбобҳои аёнӣ бояд вобаста ба синну соли хонандагон истифода бурда шаванд ва ба мавзую мундариҷаи дарс мувофиқ бошанд.
Ҳангоми гузаштани мавзуи “Сулҳ” хуб мешуд, аз бозии “Калимаи махфӣ” истифода барем. Дар варақ сурати себ, усто, лола, ҳуштак тасвир карда шудааст. Ба хонандагон супориш медиҳем, ки аз рӯйи расм калимаҳои мувофиқро номбар намоянд. Истифодаи аёният ба муаллим ва хонанда муфид буда, дарс бо он хеле ҷолибу таъсирбахш мегузарад. Муаллим метавонад, дар 45 дақиқаи дарс бо ҳамаи хонандагон кор барад, дар ин сурат ягон хонанда вақти холӣ намеёбад, чунки дарс шавқовар мегузарад.
Варақаҳо низ аёнияти ҳаррӯзаи дарси муаллим мебошанд, ки барои вақтро самаранок истифода бурдан аҳаммияти калон доранд. Ҳар аёнияте, ки аз тарафи омӯзгор истифода мешаванд, бояд хушсохт ва ба талабот ҷавобгӯй бошад. Истифодаи расм дар дарс чунин лаҳзаҳо ва амалиётро дар бар мегирад:
1. Омодасозии хонандагон барои таваҷҷуҳ ба расм;
2. Мушоҳида (тамошо)-и расм;
3. Таҳлили сужети расм;
4. Кор бо калимаҳои дахлдор;
5. Тартиб додани нақша;
6. Нақли даҳонӣ мувофиқи нақша (аз рӯйи мазмуни расм);
7. Иншо вобаста ба расм;
8. Таҳлили иншо.

Ҳамаи ин амалиёт дар дарс бо ҳам робитаи қавӣ доранд. Кӯшиш бояд кард, ки расмҳо барои дарс мувофиқ ба шавқу завқу фаҳми хонандагон ва дар алоқамандӣ ба муҳити зисту доираи фаҳмиши онҳо интихоб шаванд. Расмҳоро, махсусан, дар дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб ва луғатомӯзӣ бештар истифода мебаранд. Ҳамчунин, вобаста ба мундариҷаи мавзуъ ва муҳтавои матнҳо, шеъру ҳикояҳо интихоб кардани расмҳо муфиду самарабахш аст. Таҷриба тасдиқ мекунад, ки ҳамон як расмеро, ки вобаста ба мавзуъ дар тахтаи синф овехта шудааст, ҳар як хонанда «ба таври худ» мебинад. Ин маврид дараҷаи дониш, биниш, дарку идрок ва тахаюлоти хонандагон нақшгузор ва омили асосист. Дар бораи аҳаммияту моҳияти расм дар дарс барҷастатарин сухан андарзи педагоги барҷаста К.Д. Ушинский мебошад: «Агар омӯзгор ба синфе дарояд, ки аз аҳли он як ҳарф ҳам шунидан амри муҳол бошад, бояд корро аз нишон додани расм оғоз намояд. Он гоҳ ҳама ба сухан мепардозанд».
Ҳангоми истифодаи расмҳо ҳам мавзуъ хуб омӯхта мешавад, ҳам қобилияти андешаронию сухангӯии шогирдон рушд ёфта, муҳаббати онҳо ба диёри маҳбуб, ба забони модарии хеш ба маротиб меафзояд. Ҳамин усули таълимро дар дарсҳои дигар (аз фанҳои риёзӣ, хониш, забонҳои хориҷӣ…) низ бомуваффақият метавон истифода кард, то дараҷаи фикрронӣ ва нутқи хаттию навиштории хонандагон рушд ёбад.
Бо истифода аз ин роҳу усулҳо метавон ҷараёни дарсомӯзии шогирдонро ҷолибу шавқовар гардонд ва барои раванди дурусти таълими забони модарии мо-забони тоҷикӣ заминагузорӣ кард. Ҳар як шахси бозаковату ватандӯст вазифадор аст, ки ҷиҳати поку покиза, беолоишу содаву равон ва бехатову бекамбудӣ нигоҳ доштани лафзи ширини модарии хеш саҳм гузорад. Хусусан, устодону омӯзгорон дар ин амри хайр бояд пешсафу пешқадам бошанду дар таълиму тадриси забони модарии мо-тоҷикӣ ба насли наврас аз навтарин роҳу равишҳои дарсгузарӣ истифода намоянд, зеро ҳар як инсон он вақт дар омӯхтани забонҳои дигар муваффақ мешавад, ки агар бар забони модарии хеш комилан мусаллат бошад:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забонаш осон гардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *