Шаҳноз ЗАРИПОВА,
омӯзгори кафедраи иттилоот ва технологияҳои
робитавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Қадами 6. Ҷавоби хонандагонро гӯш кардан.
Ҷавобҳои дуруст:
фактҳо: 1а, 2б, 3б, 4а, 5а, 6б, 7а, 8б, 9б, 10а.
ақидаҳо: 1б, 2а, 3а, 4б, 5б, 6а, 7б, 8а, 9а, 10б.
Қадами 7. Иловаи муаллим
Ин машқ нишон медиҳад фаҳмем, ки факт дар куҷост ва ақида дар куҷост. Дар хотир доред, ки фактҳо як чизи баамаломада ва ё қабулшуда ё чизе, ки эҳтимол меравад, ба наздикӣ рух хоҳад дод. Масалан, мо барои фардо сафар карданро ба нақша гирифтем. Ин факт аст, зеро мо дар ҳақиқат ба нақша даровардем. Аммо Аниса, масалан, мегӯяд, ки “мо фардо ба сайри табиат меравем, вале ин сафар шавқовар намешавад”. Ин ақида аст, зеро вақте мо ба он ҷо меравем, хурсандӣ ё баръакс ғамгин мешавем, ҳанӯз маълум нест.

МАШҚИ 4. БОЗИИ «МО КАРИКАТУРИСТҲО»
Қадами 1. Синфро ба ду гурӯҳ тақсим кунед.
Қадами 2. Ба онҳо вазъиятро нақл кунед.
Вазъият: Дар хонае, ки онро Акмал ба иҷора гирифта буд, сӯхтор сар зад. Хона ба пуррагӣ насӯхтааст, вале барои таъмир хеле маблағ лозим аст. Коршиносон сабабҳои сӯхторро муайян карда натавонистанд. Акмал бовар мекунонад, ки ӯ ҳангоми сар задани сӯхтор дар хонаи истиқоматӣ набуд. Бинобар ин, эҳтимолан сабабгори он расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ва суст ба роҳ мондани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷои истиқомат мебошад. Соҳибхона мегӯяд, ки иҷоранишин аксар вақт дар хонаи истиқоматӣ сигор мекашид ва нимсӯхтаҳои сигорро ба сатили партов меандохт, ки шояд сабабгори сӯхтор шуданд. Зайнура боварӣ дорад, ки сӯхтор аз сабаби беаҳаммиятии иҷорагир, яъне, Акмал сар задааст.
Қадами 3. Ба гурӯҳҳо супориш диҳед. Гурӯҳи якум карикатураи иҷоранишинро ва дуюмаш иҷорадеҳро кашанд.
Гурӯҳи якум — гурӯҳи дастгирии Зайнура апа, ки манзилро иҷора медод.
Гурӯҳи дуюм — гурӯҳи дастгирии Акмал ҳаст, ки кӣ хонаро иҷора мегирифт.
Ҳамаи гурӯҳҳо бо дарназардошти мавқеи худ, ки дар ин ихтилоф ҷой гирифтаанд, вазъиятро тасвир кунанд. Ҳангоми пешниҳод даста метавонад, ихтиёрӣ аз рӯйи расми кашидааш нақш бозӣ кунад.
Қадами 4. Намоиши гурӯҳ
Шумо чӣ фикр доред, аз намунаҳо кадомашон факт ва кадомашон фикру ақидаанд? Ин машқ нишон медиҳад, ки фаҳмидани факт ё ақида будани ҷумла баъзан душвор аст. Дар хотир доред, ки факт чизи ба амал омада, ё қабулшуда ё чизе, ки эҳтимол меравад, ба наздикӣ рӯй хоҳад дод, мебошад.

Ҷамъбасти дарс
Хулоса: Иттилоъ на ҳамеша ба таври дуруст дастрас мешавад, аксар вақт шакли ниҳоии он аз пахши каналҳои иттилоотӣ вобаста аст.
— Ҳар кас метавонад ҳақиқати худро дошта бошад: дар муноқиша ҳамеша ду тараф вуҷуд дорад ва ҳар тараф боварӣ дорад, ки онҳо дуруст ҳастанд, яъне, ҳар як тараф ҳақиқати худро дорад.
— Ҳақиқат ҳаст ва он факт аст, он метавонад бисёрҷабҳа бошад, балки на танҳо он тарафе, ки манбаи иттилоъ ба мо нишон дод.
Вазифаи хонагӣ: Агар донишҷӯён ба интернет дастрасӣ дошта бошанд, онҳо бояд матни «Далел, ҳақиқат ва андеша»-ро ёбанд, агар не, дар он ҳолат муаллим худаш ин матнро барои хондан дар хона пешниҳод мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *