
Парвиз ҒУЛОМАСАЙНОВ,
ҷонишини директор оид ба корҳои таълими
МТМУ-и №35-и ноҳияи Ишкошими
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Имрӯзҳо дар тамоми самтҳои ҳаёти иқти- содӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва маърифатии халқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодаанд. Мактабу маорифро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок ҳисобидаанд, зеро ояндаи ҷамъият ба мактабу маориф ва таълиму тарбияи дурусти насли наврас алоқамандии зич дорад.
Шакли асосии таълиму тарбия дар мактаб дарс аст ва маҳз тавассути он омӯзгор вази- фаҳои дар пеш гузоштаи худро амалӣ мегар- донад. Пешрафти кори омӯзгор ба маҳорату тавоноии ӯ вобаста аст, зеро танҳо омӯзгори хуб метавонад, шогирдро дар дарс хуб тарбия ва таълим диҳад, аммо дар дастёбӣ ба натиҷаи назаррас ва ноил шудан ба талаботи рӯзмарра аз омӯзгор талошу заҳматҳои шабонарӯзиро талаб менамояд. Омӯзгор пайваста меомӯзад ва ба қавле: «Омӯзгор то он даме, ки зинда аст, меомӯзад ва баъде, ки аз омӯхтан монд, симои омӯзгории ӯ тағйир меёбад».
Ин ҳақиқати сабақи фаъолияти омӯзгор дар дарс аст. Муваффақияти дарс, донишу донишдиҳии омӯзгор ва донишу донишандӯзии шогирд дар дарс чизи асосист. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор аз он иборат аст, ки пайваста онҳоро сайқал ва такмил диҳад.
Беҳтарин нишондиҳандаи фаъолияти омӯзгор дар дарс сифати дониши шогирд аст. Такмили дарс ва лаҳзаҳои асосии он ба омӯзгор имрӯзҳо талаби зиёдеро вогузор намуда истодааст. Омӯзгор вазифадор аст, ки ба принсипҳои илмию методӣ такя карда, дарсҳои худро бо риояи талаботи педагогӣ ва истифодаи воситаҳои аёнии таълимӣ гузаронад, зеро дарси ҳозиразамон аз омӯзгор донишу малакаи васеъ, таҷрибаи ғанӣ ва масъулияти муҳимро тақозо мекунад. Барои ба ин мақсадҳо ноил шудан омӯзгор бояд пайваста маҳорати касбии хешро такмил диҳад, дарсро бо истифода аз шаклу усулҳои фаъолу самарабахши таълим гузаронад.
Ташкили дурусти кори мустақилона барои баланд шудани фаъолияти амалию эҷодии шогирдон ёрии калон мерасонад. Кори мустақилона дар ҷараёни дарс такрори мавзуъҳо ва дар дигар вазъиятҳо ташкил карда мешавад, аммо на ҳама кори мустақилона баҳри такмили дониши шогирд мусоидат менамояд. Омӯзгор, ҳангоми ташкили кори мустақилона, пеш аз ҳама, мақсаду вазифаҳои гузошташударо дар пеши шогирдон муайян месозад. Усули амалисозии ин мақсаду вазифаҳо дар дарс бояд аниқу мушаххас бошад, ба ҳисобгирии дониши шогирдон, ташкили кор бо онҳо дар кори мустақилона самти дигари кори омӯзгор ба ҳисоб меравад. Чанде аз фаъолиятҳоро барои ташкилу баргузории кори мустақилона дар дарси география ҳамчун намуна барои шумо пешкаш менамоям.
1. Бозии “Аз ҳама, аз ҳама”
Ин бозӣ ҳангоми гузаронидани мавзуъҳои ҷамъбастӣ ташкилу гузаронида мешавад. Баъди ҷамъбасти мавзуъ ба гурӯҳҳо саволҳои зеринро пешниҳод намудан ба мақсад мувофиқ аст:
а) Давлати аз ҳама хурдтарин дар ҷаҳон кадом аст?
Ҷавоб: Ватикан.
б) Масоҳати аз ҳама яхпӯши баҳрӣ дар дунё кадом аст?
Ҷавоб: Уқёнуси яхбастаи Шимолӣ.
в) Давлати аз ҳама дарозтарини дунё кадом аст?
Ҷавоб: Чили.
г) Шӯртарин баҳри дунё кадом аст?
Ҷавоб: Баҳри Сурх.
2. Истифодаи «Т-нақша»
Барои муқоисаи мафҳумҳо дар дарсҳо истифода бурда мешавад. Дар дарси география ҳангоми гузаштани дилхоҳ дарс онро истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми гузаштани мавзуъҳои қитъаҳои олам ё мамлакатҳои алоҳида метавон ин онҳоро дар шакли «Т-нақша» муқоиса кард. Дар дафтар «Т-нақша» дар шакли «Т» ишора шуда, дар як тараф Осиё ва дар дигараш Аврупо навишта мешавад. Баъд ба хонандагон супориш дода мешавад, ки фарқияти онҳоро нависанд.
3. Истифодаи чистонҳо
Баъди баёни мавзуи нав чистонҳои зеринро пешниҳод менамоем ва шарти ҷавоби ин чистонҳо ин аст, ки бо ин восита, хонандагон корро бо харита пурзӯр кунанд ва хулосаи даркориро бароранд.
а) Чист он ки бо ҳамаи забонҳо гап зада метавонад?
Ҷавоб: Харита.
б) Аз кадом баҳр се қитъаи олам моҳидорӣ мекунанд?
Ҷавоб: Миёназамин.
в) Замин дорад, хок надорад, уқёнус дорад, об надорад ва шаҳр дорад, одам надорад.
Ҷавоб: Глобус.
4. Истифодаи тестҳо
Тестҳо як усули санҷиши дониши хонандагон мебошад, ки дар солҳои охир ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бинобар ин, ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ҳам бисёртар аз усули тестӣ истифода мебаранд. Аз ин сабаб, омӯзгорон ҳам барои тайёр намудани шогирдон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ дар фаъолияташон ин усули таълимиро васеъ истифода мебаранд. Усули гурӯҳбандӣ бо истифода аз саволҳои тестӣ яке аз роҳҳои судманд ва самарбахш мебошад. Бо ин роҳу усул хонандагон мустақилонаву озод кор карданро меомӯзанд, тафаккури мантиқии онҳо такмил меёбад. Зимни омода кардани саволҳои тестӣ чанд талаботро ба инобат гирифтан лозим аст:
1. Саволҳо вобаста ба синф ва дар доираи китобҳои дарсӣ ва барномаи таълимӣ омода ва таҳия карда шаванд.
2. Бо забони фаҳмо ва сода навишта шуда бошанд.
3. Саволҳо аз 4 то 6 ҷавоб дошта бошанд ва яке аз онҳо бояд дуруст бошад.
4. Меъёри вақт муайян карда шавад.
5. Ҷавобҳое, ки ба воқеият мувофиқ бошанд.
Масалан:
1) Асосгузори илми географияро муайян кунед:
а) Абуалӣ Ибни Сино
б) Эратосфен
в) Абурайҳони Берунӣ
г) Христофор Колумб
2) Қуллаҳои баландтаринро вобаста ба баландиашон пай дар пай ҷойгир кунед:
а) Исмоили Сомонӣ, б) Аконкагуа, в) Ҷомолунгма, г) Мак Кинли.
5. ҳалли масъалаҳои географӣ
а) Миқёси харита 1:1 000 000 аст. 6 см ин харитаро велосипедрон бо суръати 12 км/ст дар чанд соат тай кард?
Ҳал: 1. Дар 1 см 10 км ҷойгир аст ва дар 6 см 60 км ҷой дода шудааст.
2. 60 км : 12 км/= 5. Ҷавоб: 5 соат.
б) Миқёси харита 1: 22 000 000 аст. 5 см ин харитаро автомобил бо суръати 100 км/с дар чанд соат тай мекунад?
Ҳал: 1. Дар як сантиметри ин харита 220 км маҳал ҷойгир аст ва дар 5 см 1100 км ҷой дода мешавад.
2. 1100 км: 100 км/ =11. Ҷавоб: 11 соат.
Агар хонандагон ба саволҳо ҷавобҳои дуруст пайдо кунанд, маълум мешавад, ки онҳо мавзуъро хеле хуб аз худ кардаанд ва қобилияти иҷрои дигар супоришҳоро низ доранд.
Хулоса, кори мустақилона дар такмили дониши хонанда дар дарс мақому манзалати махсус дошта, аз худ намудани маводи пешниҳоднамудаи омӯзгор ба шогирдон ёрӣ мерасонад. Ҳангоми ташкили кори мустақилона аз тарафи омӯзгор фаъолиятҳои гуногун омода ва пешниҳод карда мешавад.