Гулчеҳра ТАБАРОВА,
мураббии кӯдакистони №31-и
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Тарбияи кӯдак дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб шуда, аз инсонҳо тақозо мекунад, ки барои идомаи зиндагии бо рифоҳ ва такомули афкори солими инсонӣ ба тарбияи насли наврас авлавият бидиҳанд. Рушди низоми педагогикаи ҷаҳонӣ усул ва равияҳои гуногуни тарбияи кӯдакро таҷриба намуда, беҳтарин усулҳои таълиму тарбияро манзури башарият кардааст. Махсусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки рушди технологияи коммуникатсионӣ фарогир шудааст, равишҳои муосире лозим ҳаст, ки насли наврасро бо дарназардошти ҳолати иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи мутамаддин тарбият намоем. Аз ҷумла, тарбияи маданияти сенсорӣ аз зумраи чунин равишҳои педагогӣ мебошад, ки барои тарбияи муосири насли нав мусоид ва муфид аст.
Таҷрибаҳои солҳои охир собит менамояд, ки тарбияи маданияти сенсорӣ ва ба ин васила, ташаккул додани қобилияти фикрии кӯдакони хурдсол аз муҳимтарин масоили рӯз маҳсуб шуда, таваҷҷуҳи мутахассисон ва мутасаддиёни ин соҳаро ба худ ҷалб намудааст.
Инкишофи маданияти сенсорӣ, аз як тараф заминаи рушди умумии равонии кӯдакро ташкил дода, аз тарафи дигар, аҳаммияти мустақил дорад, зеро дарки пурра барои бомуваффақият таълим гирифтани кӯдак дар кӯдакистон барои бисёриҳо зарур аст.
Дониш аз дарки ашё ва ҳодисаҳои олами атроф оғоз меёбад. Бача дар кӯдакистон расмкашӣ, моделсозӣ, лоиҳакаширо меомӯзад, бо ҳодисаҳои табиат шинос мешавад ва асосҳои математикаро аз худ карда, босавод мегардад.
Мафҳуми «маданияти сенсорӣ» ин маънои дар кӯдакони хурдсол ташаккул ва инкишоф додани қобилияти фикрии онҳо тавассути эҳсос ва идрок мебошад. Гузашта аз ин, мафҳуми «маданияти сенсорӣ» ба илми педагогика тавассути таҷрибаҳои амалӣ ва корҳои озмоишии педагоги шинохтаи итолиёвӣ Мария Монтессори (31.09.1879-6.05.1952) дохил шудааст. Ӯ муддаӣ бар он буд, ки барои аз худ намудани аломат ва хосияти ашёҳои олами атроф (шакл, ранг, ҳаҷм ва ғайра) системаноку пай дар пай машқ додани қувваҳои ҳисси кӯдак кифоя аст. Дар синни томактабӣ, яъне, аз се то шашсолагӣ кӯдак беш аз пеш бошуурона ва интихобан таҷриба меандӯзад. Аз ин рӯ, волидон нисбат ба тифл ҳарчи бештар диққату ғамхорӣ зоҳир намуда, барояш бояд шароиту муҳити мувофиқ фароҳам биоранд.
Принсипи хосси педагогикаи Монтессори принсипи интихоби озод ё «кори озод» мебошад. Мутобиқи ин принсип кӯдакон метавонанд, озодона, бидуни маҷбуркунӣ, бе фишори калонсолон (муаллим) ё гурӯҳе кор карда, аз рӯйи маводи таълимие, ки айни замон дар ихтиёр доранд, кор кунанд. Дар муҳити мувофиқ омодашуда кӯдак метавонад мустақилона маводро барои кор интихоб кунад, ҷои кори худро муайян кунад ва барои иштирок дар дарсҳои гурӯҳӣ соҳибихтиёр бошад. Қарор дар бораи раванди кор низ дар ихтиёри бача боқӣ мемонад. Кӯдак он вақт ба машғулият майлу хоҳиш пайдо мекунад, ки он лаззатбахш ва ҷалбкунанда бошад. Усулҳои омӯзишии Монтессори муҳитеро фароҳам меорад, ки эҳтиёҷоти кӯдакони ҳама категорияҳои синну солро пурра ба инобат мегирад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки инкишофи қобилияти фикрӣ, равнақу ривоҷ ва вусъати ақл ба қобилияти эҳсос, идрок ва тасаввуроти кӯдаки хурдсол вобастагии зич дорад. Доир ба ин масъала профессор М. Лутфуллоев таъкид менамояд: «Фикрронӣ ё ин ки шакли олии фаъолияти дарккунӣ ба мақсади кушодани моҳияти аломату хусусиятҳои ашёҳои гуногун, бо мақсади фаҳмидани ҳодиса ва воқеаҳои ҳанӯз ошкор нагардида, равона карда мешавад».
Кӯдак дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба ашёҳои рӯзгор, аз ҷумла, бозичаҳои гуногун, ки онҳо бо ранг, шакл, ҳаҷм, садо ва мавқеи ҷойгиршавиашон дар фазо тафовут доранд, вомехӯранд, муносибат мекунанд, ки ин бевосита ба узвҳои ҳиссии кӯдак бе таъсир намемонад.
Барои ташаккули ҳаматарафаи қобилияти эҳсосию идрокӣ ва фикрии кӯдак гузаронидани машғулиятҳои расмкашӣ, гулмонӣ, муҷассамасозӣ (лепка), мусиқӣ, инкишофи нутқ, тасаввуроти одитарини математикӣ, шиносоӣ бо муҳити иҳотакарда нақши муҳим мебозад. Машғулиятҳо бояд аз ҷониби мураббӣ ва ё калонсолон дар хусуси шиносоӣ бо ашёҳои муҳити зист бо тартиб ва бо низоми муайян ташкил ва гузаронида шавад.
Машғулияти бенизом ва бемақсад ба қобилияти эҳсос, идрок ва фикрии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Таҳти роҳбарии мураббӣ ва калонсолон гузаштани машғулияти тарбияи маданияти сенсорӣ, аз як тараф тасаввурот ва ҷаҳонбинии кӯдакро нисбат ба хосиятҳои ашёҳои муҳити зист васеу амиқ гардонад, аз тарафи дигар барои инкишофи қобилияти фикрии онҳо заминаи мувофиқ фароҳам меоварад.
Хулоса, маданияти сенсорӣ дар тарбия ва ташаккули тасаввуроти кӯдак оид ба меъёри сенсорӣ аҳаммияти бузург дорад. Меъёри сенсорӣ хусусияти зоҳирии ашё буда, тавассути он кӯдак дар бораи ҳафт ранги спектерӣ (сурх, зард, сабз, кабуд, норанҷӣ, бунафш, осмонӣ), шаклҳои геометрӣ (секунҷа, чоркунҷа, доира, росткунҷа), ченаки ашё (хурд, миёна, калон, дароз, кӯтоҳ, борик, ғафс), садою овоз ва дигар хусусиятҳои алоҳидаи онҳо маълумот пайдо мекунад. Аз ин рӯ, мураббиёни ҷавон ва афроди марбут ба кори тарбияи кӯдакони синну соли томактабиро мебояд, ки дар равишҳои тарбиявии худ аз усули маданияти сенсорӣ истифода намуда, дар такомули зеҳнияти кӯдакон саҳми маънавӣ гузоранд.