Санавбар ШАРИФОВА,
ходими илмии Пажуҳишгоҳи рушди
маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Масъалаи тарбияи иҷтимоӣ яке аз масъалаҳои муҳимми педагогика маҳсуб шуда, барои ташаккули шаҳрванд равона мешавад. Ҳама гуна давлат дар марҳилаҳои мухталифи рушду инкишофи худ тарбияи иҷтимоиро мувофиқи ниёзҳои маънавӣ ва сиёсии худ ба роҳ мемонад. Дар марҳилаҳои мухталиф ҷараёнҳои фалсафӣ ва педагогие вуҷуд доштаанд, ки файласуфону педагогҳо нуқтаи назари худро оид ба тарбияи иҷтимоӣ баён намудаанд. Ин андешаҳо оҳиста-оҳиста ба асосҳои назариявии педагогикаи иҷтимоӣ ворид шуда, инкишофи худро дар аввали асри ХХ ҳамчун назарияи тарбияи иҷтимоӣ пайдо кардаанд. Ҷиҳати дарки илмию амиқи масъала моро лозим аст, ки нахуст мафҳуми “тарбияи иҷтимоӣ”-ро ташреҳ намоем.
Мафҳуми иҷтимоъ (иҷтимоӣ) дар илм аз вожаи лотинии “socialis” гирифта шуда, ба маънии ҷамъиятӣ, ки бо ҳаёт ва муносибати одамон дар ҷомеа алоқаманд аст, фаҳмида мешавад. Аз рӯйи моҳияти худ тарбияи иҷтимоӣ фаъолияти мақсадноки тарбиявие ҳаст, ки ба кору зиндагии одамон дар ҷомеа сахт вобаста аст. Ба тарбияи иҷтимоӣ бояд аз мавқеи ҷомеа (давлат), институтҳои иҷтимоӣ (оила, муассисаҳои таълимӣ, муассиса ва ташкилоти иҷтимоӣ) ва омилҳои иҷтимоии худи инсон назар карда шавад.
Барои равшан гардидани мазмун ва мундариҷаи тарбияи иҷтимоӣ муҳаққиқони соҳа чунин муносибатҳоро муҳим мешуморанд:
1. Тарбияи шаҳрванд (гражданин) хоси ҳама гуна ҷомеаҳо буда, дар зери таъсир ва назорати давлат ба роҳ монда мешавад. Мазмун ва мудариҷаи ин намуди тарбияро давлат муайян карда, татбиқи онро назорат мекунад. Дар асоси тарбияи шаҳрвандӣ шахсиятҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва мавқеи устувор инкишоф меёбанд.
2. Тарбияи ҷамъиятӣ – тарбияи одам барои ҷомеаи дилхоҳ. Ин намуди тарбияро тарбияи ҷамъиятӣ-давлатӣ низ номидан мумкин аст.
Давлат (ҷомеа) муайянкунандаи талабот ба ташаккули шахсияти насли наврас барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоии тарбия ба ҳисоб меравад. Аммо тарбиядиҳандаи асил дар он институтҳои иҷтимоӣ худи инсон буда, ҳалли вазифаҳои иҷтимоии ташаккули шахсият ба онҳо вобаста аст.
Институтҳои иҷтимоӣ ҳалли вазифаҳои тарбияи иҷтимоии умумӣ (давлатӣ) махсус ва махсус ташкилшударо ба уҳда доранд.
Вобаста аз мавқеи институтҳои иҷтимоӣ тарбияи иҷтимоиро бо чунин муносибатҳо ба роҳ мемонанд:
— расман вазифадор кардани тарбия (бо талаботи давлатӣ);
— бо шарт ва талаботи иҷтимоӣ;
— тарбияи иҷтимоии махсус (аз рӯйи идеали махсус);
— фаъолияти иҷтимоӣ — тарбиявии муайяншуда.

Ҳар қадаре ки бо роҳу равиши тарбияи иҷтимоӣ шинос гардем, ҳамон андоза равшан мегардад, ки дар ҳолатҳои мухталиф мақсад ва роҳҳои расидан ба он дар тарбияи иҷтимоӣ тағйир меёбад.
Аз ин бармеояд, ки намудҳои мухталифи тарбияи иҷтимоӣ вуҷуд дошта метавонад. (нигаред ба нақшаи №1).

Ҳамин тариқ тарбияи иҷтимоӣ аз рӯйи омилҳои ташкилӣ, роҳҳо, мазмун ва натиҷа мутобиқи намуди ташаккули шахсият ҳамчун натиҷаи тарбияи иҷтимоӣ маънидод карда мешавад.
Инкишофи иҷтимоии инсон аз бисёр ҷиҳат ба ҳолатҳои фаъоли худифшокунии ӯ вобаста мебошад. Худифшокунӣ бештар ба он вобаста аст, ки инсон дар ҷомеа ва муҳит то кадом дараҷа мутобиқ шудааст ва ё ин ки баръакс. Инсон агар ҳарчи бештар худро дар иҷтимоъ роҳат эҳсос кунад, ҳамон андоза барои худифшосозӣ ва инкишофи иҷтимоӣ тайёр аст.
Мафҳуми мутобиқшавӣ аз вожаи лотинии “adaptatio” гирифта шудааст ва мутобиқшавии организми инсону шахсияти ӯ ба шароити муҳит фаҳмида мешавад. Мутобиқшавӣ барои ҳимоя ва танзими фаъолияти системаи узвҳои бадан ва ташкили фаъолияти руҳии фард ба тағйири шароит дар зиндагӣ равона шудааст. Масъалаҳои мутобиқшавӣ – мувофиқшавии инсонро ба шароити муҳити иҷтимоӣ (муҳити зиндагӣ) илме бо номи педагогикаи иҷтимоӣ меомӯзад.
Мутобиқшавии иҷтимоӣ шароити аз ҳама заруртарин барои таъмини иҷтимоишавии инсон ба ҳисоб меравад. Ин ба инсон на фақат имконияти худифшосозӣ, ташкили муносибат, фаъолият, фарди фаъоли ҷараёнҳои иҷтимоӣ буданро медиҳад, балки ба воситаи он мукаммалшавии табиии иҷтимоии худро таъмин месозад.
Мутобиқшавӣ шакл ва намудҳои зеринро соҳиб аст:
— мутобиқшавӣ ҳамчун ҷараён;
— мутобиқшавӣ-худифшосозӣ;
— мутобиқшавӣ ҳамчун натиҷа;
— ҳолатҳои инфиродии инсон ҳангоми мутобиқшавӣ;
— таҷрибаи мутобиқшавӣ;
— ҷиддият;
— ҳолат;
— худфаъолӣ.

Иҷтимоишавӣ ба ҳамаи ин ҷанбаҳо вобаста аст ва ин алоқамандиҳо метавонанд, инсонро дар зиндагӣ муваффақ созанд ва ё баръакс. Ҳолати инсонро ба мутобиқшавӣ дар нақшаи №2 дида мебароем:

Мутобиқшавӣ барои кӯдак дар шароити мухталиф (оила, кӯдакистон, мактаб) аҳаммияти хеле калон дорад. Мутобиқшавӣ дар кӯдакистон ба кӯдак имкон медиҳад, ки худро дар гурӯҳ озод эҳсос намуда, неруҳои нуҳуфтаи (потентсиали) худро ифшо созад. Дар ин ҷода барои кӯдакони мутобиқгардида, фаъолияти тарбиявӣ дар гурӯҳ муҳим аст. Дар кӯдакистон ҷараён ва натиҷаи инкишофи иҷтимоии кӯдак аз бисёр ҷиҳат ба барнома ва фаъолияти тарбиявии тарбиядиҳандагон иртибот дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ (миёна, олӣ ва олии касбӣ) мутобиқшавӣ ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон имкон медиҳад, ки ба шароити муассисаҳои таълимӣ мувофиқ гардида, барномаҳои таълимиро вобаста ба имкониятҳои инфиродиашон азхуд намоянд.
Дар шароити номутобиқшавӣ ва ё дур мондан аз тарбияи солими иҷтимоӣ инсон ба роҳгумзанӣ, роҳгумшавӣ ва худпарастӣ мувоҷеҳ мешавад. Ҷиҳати дарки моҳият мафҳумҳои зеринро манзур менамоем:
Роҳгумзанӣ ҳамчун ҷараён камшавии имкониятҳои мутобиқшавии инсонро дар шароити муҳит ифода мекунад (масалан, дар кӯдакистон, дар синф, дар гурӯҳ).
Роҳгумшавӣ ҳамчун ифшошавии шахсиятӣ хусусиятҳои зоҳирии одами номуваффақ аст, ки инъикоси худро бо рафтор, муносибат ва натиҷагириҳои нодуруст аз шароити муҳит пайдо намуда, ба зиндагӣ дилсард аст.
Роҳгумшавӣ ҳамчун натиҷа шаҳодати баҳои муқоисавии ҳолат ва ифшошавии шахсиятии сифатан нави номувофиқ ба шароити муҳит аст, ки бархӯрди инсони роҳгум вобаста аз рафтор ва муносибатҳои пешинааш нест.
Роҳгумии кӯдакон ва наврасон дар бисёре аз мавридҳо натиҷаҳои нохубро ба бор меорад, аз ҷумла:
— тағйирёбии шахсӣ;
— камшавии инкишофи ҷисмонӣ;
— бозмондани инкишофи руҳӣ;
— пайдоиши имкони нодурусти фикрронии мағзӣ;
— нодурустии танзими ҳаракатҳои руҳӣ;
— эҳсоси танҳоӣ;
— нодурустии рафтор бо ҳамсолон.

Бинобар ин, тарбияи иҷтимоӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар ташаккули инсон буда, устодону омӯзгоронро зарур аст, ки аз ҳамаи донишҳои иҷтимоӣ бохабар бошанд ва ба шогирдон дар ин мавридҳо, ки дар аксар ҳолат боиси шикасташавии шахсияти онҳо мегардад, роҳҳои дуруст ва муфидро истифода кунанд ва дар роҳи тарбияи шоистаи онҳо хидмати арзанда намоянд.
Адабиёт:
1. Абрамова, Г. С. Введение в практическую психологию / Г. С Абрамова. — М., 1996.
2. Буянов, М. И. Ребенек из неблагополучной семьи: Записки детского психиатра / М. И. Буянов.- М., 1998.
3. Бобнева, М.И. Социальные нормы и регуляция поведения / М. И. Бобнева.- М., 1978.
4. Беличева, С. А. Основы превентивной психологии / С. А. Беличева.- М.,1993
5. Беличева, С. А. Социально-педагогические методы оценки социального развития дезадабтированных подростков С. А. Беличева // Вестник психосоциальной коррекционно-реабилитационной работы / -1995. — №1.
6. Громова, М. Т. Педагогические основы образования взрослых / М. Т. Громова.- М., 1993.
7. Декларация о социальных и правовых принципах, касающихся защиты и благополучия детей, особенно при передаче детей на воспитание и их усыновлении национальном и международном уровнях // Всемирные федеральние законы об образовании и правах ребенка с комментариями. — Р/н-Д., 2002.
8. Лешан, Э. Когда ваш ребёнок сводит вас с ума / Э. Лешан — М., 1990.
9. Ремшмидт Х. Подростковый и юношеский возраст: проблемы становления личности / Х. Ремшмидт. — М., 1994.
10. Социальная дезадабтация детей и подростков: причины, проявления, преодоление. — М. 1995.
11. Школьная — дезадабтация: Эмоционнальные и стрессовые расстройства у детей и подростков. -1995.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *