Умедҷон САЙДАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ
ва мудофиаи шаҳрвандии Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Таълиму тарбияи насли наврас ва ҳаллу фасли мушкилоти он яке аз масъалаҳои асосӣ буда, он ҳамкории пайвастаи мактаб, оила ва ҷомеаро тақозо мекунад. Бо дарназардошти он ки имрӯзҳо дар равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа тағйироти сифатӣ ба вуҷуд омадааст, шаклу услуби таълим ва тарбия низ ба нигоҳи нав ниёз дорад.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду вохӯриҳояшон бо аҳли зиё, намояндагони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пайваста ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар сурати ҳалли ин масоил ояндаи дурахшон ва пешрафти Тоҷикистони навинро таъкид менамоянд: Тарбияи кӯдак аз оила оғоз гардида, дар натиҷаи ҳамкории мактаб ва оила густариш меёбад.
Имрӯзҳо маҳз ҳамин сегонаи муштарак: оила, ҷомеа ва мактаб ва сифати робитаи онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва олами маънавии насли наврас таъсири ногусастание хоҳад гузошт.
Дар «Тавсиянома дар бораи мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми июли соли 2011 тасдиқ гардидааст, чунин омадааст: «Омӯзгор ҳангоми таълиму тарбияи шогирдон ба падару модарон, парасторон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҳамкорӣ мекунад, онҳоро бо раванди тарбияи таълимгирандагон ҷалб менамоянд. Омӯзгор сари вақт падару модарон ва ё парасторони онҳоро аз ҳолати таълиму тарбияи фарзандон огоҳ менамояд. Омӯзгор ҳақ надорад, иттилоотеро, ки таълимгиранда, падару модар ё ҳамкорон ба ӯ бовар карданд, ба истиснои ҳолатҳои пешбинишудаи қонунгузорӣ, ба шахсони дигар ошкор намоянд. Омӯзгор ба падару модарон ва ё парасторони онҳо оид ба мушкилоти фарзандонашон маслиҳатҳо медиҳад, дар бартараф кардани ихтилофоти байни падару модар ва кӯдакони онҳо ёрӣ мерасонад. Муносибатҳои мутақобилаи байни омӯзгор ва падару модар, инчунин, парасторони онҳо тибқи принсипҳои эҳтирому боварии ҳамдигарӣ, некхоҳӣ, боодобӣ ва беғаразӣ ба роҳ монда мешавад».
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас аз ҳамаи самтҳои “Консепсияи миллии тарбия” самаранок истифода бурда, махсусан, ба тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳуқуқӣ, оилавӣ, меҳнатии шогирдонаш бояд диққати махсус диҳад. Қайд кардан зарур аст, ки соҳаи маориф, таълим ва тарбия аз соҳаҳои дигари фаъолият бо он фарқ мекунад, ки таълим ва тарбия кори якрӯза, моҳона ва ё солона набуда, он амали ҳаррӯзаи устодон, мактаб, оила ва ҷомеаро тақозо мекунад. Як лаҳза дер мондан аз зуҳуроти нави ҷомеа метавонад, ба раванди таълиму тарбия таъсири манфӣ расонида, дар фаҳмиши зуҳурот, таркиби ҷаҳонбинӣ, афкору ғояҳо мушкилоти нав эҷод менамоянд. Аз ин хотир, зарур аст, ки омӯзгор ва тарбиятгар, оила ва мактаб бо бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, дар ниҳоди хонандагон пайваста ғояҳои худшиносӣ, меҳанпарастиро ҷо намоянд. Ин ҳамкориҳо, пеш аз ҳама, дар бобати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон тақвият дода шавад, зеро масъалаи мазкур имрӯзҳо яке аз маъалаҳои ҳалталаби замон гардидааст.
Дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида кардани ҳуқуқвайронкунӣ, даст задан ба ҷиноят, шомил шудан ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кори таълиму тарбияро боз ҳам ҷиддитар ба роҳ монем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки тарбияи насли наврас, махсусан, ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлатҳо вобастагии калон дорад. Тарбияи наврасону ҷавононон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии калон дорад. Ҳамзамон, Роҳбари давлат ҳамеша ба наврасону ҷавонон муроҷиат карда, таъкид мекунанд, ки ба қадри вақт ва давраи зудгузари наврасию ҷавонӣ расед, доим дар талоши илму донишомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар бошед, бештар китоб хонед, донишманд шавед, забони покиза ва одоби муоширати баланд дошта бошед, ояндаи давлатро соҳибӣ кунед, истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро ҳифз намоед, онро таҳким бахшед ва обрӯю манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоред.
Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 1997 «Дар бораи тарбияи ҳуқуқӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи миллии тарбия» аз моҳи марти соли 2006 аҳаммияти хос дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2-юми августи соли 2011 дар мустаҳкам кардани ҳамкории мактабу оила иқдоми шоиста гардид.
Бояд зикр намуд, ки пешрафти ҷомеа тақозо менамояд, ки ҳадафҳои дар ин санадҳо баёнгашта, дар амалияи соҳаи маориф ва ҳаёти ҷомеа инъикоси воқеии худро ёфта, дар пешгирии ҳуқуқвайронкунии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.
Айни замон, бо баҳонаҳои динию мазҳабӣ ба созмонҳои террористӣ пайвастани ҷавонон яке аз проблемаҳои ташвишовари рӯз гардида, аз ҷаҳонбинии танги як идда ҷавонон ва надоштани худогоҳии миллӣ гурӯҳҳои аҳриманӣ онҳоро ба амалиётҳои зиддиинсонии худ ҷалб кардан мехоҳанд.
Олими сиёсатшинос С. Ятимов дар мақолаи хеш таҳти унвони “Илм ва амният” чунин дарҷ кардааст: Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд. Барои ҳар кишвар аз дохили мардуми он кишвар. Аз ҳамин лиҳоз, гоҳо бояд ба инобат гирифт, ки «Рафтори ғулом на ҳама вақт рафтори худи ғулом аст» (Г. Лихтенберг). Маҷаллаи «Шпигел»-и Олмон дар як таҳлили воқеъбинона вобаста ба ҷавонони мусулмон менависад: «Аҷаб қавмеанд монанд ба соат. Онҳоро пур мекунанд. Рафтан мегиранд. Ва намедонанд: барои чӣ?».
Аз ин хотир, моро зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ, садоқат ба падару модар, ба оила, ба марзу бум ва Ватани азизамон ҳидоят намоем ва нагузорем, ки фарзандони мо фирефтаи бегонагон шуда, ба аҳли хонавода ва Ватани аҷдодии худ хиёнатро раво бинанд.
Дар шароити кунунӣ, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад, зеро ашхоси аз бунияи худ кандашуда, одатан, аз хотираи таърихи гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳанги худ бенасиб монда, гирифтори тафаккури ғуломона мегардад.
Барои пешгирӣ аз ҷинояткории наврасону ҷавонон, бояд меҳвари ягонаи тарбия бо иштироки тамоми қисми ҷомеа, мактаб ва оила ба вуҷуд оварда шавад, ки он бояд ба тарбияи ҳаматарафа мусоидат намояд. Бояд гуфт, ки ин қувваи бузурги таъсиррасон ба ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас ҳар яке дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, дар ҳамбастагӣ меваи пурбор хоҳад овард.
Оила маконест, ки дар он кӯдак ба дунё омада, лафзи модарӣ, меҳри падарӣ ва кумаки якдигарро ҳис мекунад. Ӯ алифбои тарбияро маҳз аз оила мегирад. Чӣ тавре ки педагогҳои барҷаста, ба монанди А. П.Макаренко, В.А Сухомлинский ва дигарон таъкид кардаанд, маҳз дар оила инкишофи равонӣ, ҷисмонӣ ва маънавии кӯдакон шакл гирифта, хиштҳои нахустини бинои меҳру муҳаббат, ҳамдилӣ, ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакон гузошта мешавад.
Мактаб маконест, ки кӯдак маҳз дар он ҷо бо вежагии гуногуну мутақобила рӯ ба рӯ гашта, нахустин пешрафту камбудиҳоро ҳис намуда, «ман»-и худро дар шароити ҳаёти коллективӣ амалӣ мекунад ва бо муносибатҳои гуногунҷабҳаи тарбия аз наздик ошно мегардад.
Ҷомеа муҳитест, ки кӯдак бо ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва равонии калонсолон ошно гардида, бо тазодди номаълуми муносибатҳои байниҳамдигарии одамон аз наздик ошно гашта, дар ниҳоди ӯ ҷиҳатҳои хулосабарорӣ ва муқоисакунии зуҳурот ташаккул меёбад.
Робитаи самараноки ин се шохаи муштарак ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, ҳисси манфиатҳо ва масъулиятшиносии кӯдакон таъсири муҳим мерасонад. Ин ниҳодҳо ба ҷаҳони равонӣ ва маънавии кӯдак таъсири амиқ дошта, тасаввуроти ӯро дар бораи некиву бадӣ, адолату беадолатӣ, меҳру кина, масъулият, садоқат, хиёнат ва дигар сифатҳои инсонӣ шакл медиҳад. Нодида гирифтани ин сифатҳо ба кори тарбия зуҳуроти халаловарро ворид мекунад. Кори ин се ниҳод ҳамон вақт мусбат ба анҷом мерасад, ки ҳар сеи онҳо вазифаи худро ба пуррагӣ, содиқона анҷом диҳанд. Вобаста ба ин мехоҳам, чанд таклифу дархост ва хулосаи худро иброз намоям:
— кори тарбия ҷабҳаи фаъолияти доманадор буда, он хусусияти доимӣ ва бефосила дорад. Равоншиносон ва роҳбарони синфҳоро лозим аст, ки корҳои тарбиявиро бо дарназардошти ҳолати равонии хонандагони душвортарбия, мустаҳкам кардани алоқаи мактаб ва оила ба роҳ монанд;
-маъмурияти муассисаҳои таълимиро лозим аст, ки фаъолияти ниҳоди кумитаи падару модаронро самаранок намуда, ба машғулиятҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони оилаҳои намунавиро ҷалб намоянд;
— ба тарбияи ҳуқуқию сиёсии хонандагон диққати махсус дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи моҳият ва мазмуни фаъолияти ҳаракату созмонҳои динию экстремистӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа роҳандозӣ карда шавад;
— дар ҷамъомадҳо вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар байни наврасону ҷавонон баҳсу музокираҳо таҳия карда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ як рӯзи ҳафта ба рӯзи донишҳои ҳуқуқӣ ва таърихӣ бахшида шавад;
— бо хонандагони душвортарбия ва сарварони оилаҳои носолим корҳои иловагии фардӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои он бо мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода шавад;
— ба комиссияҳои кор бо ноболиғони шуъбаи корҳои дохилӣ ва маҳалли зист пайваста кор бурда, вазъи оилаҳои носолим ва фарзандҳои душвортарбияи онҳо мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода шуда, нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
— дар маҷлисҳои падару модарон, волидоне, ки дар кори тарбия ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, муҳокима ва оид ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
— таҷрибаи фаромӯшшудаи гӯшаи «Падару модарони намунавӣ»-ро бо акси волидони пешқадаму масъулиятшинос эҳё карда, таҷрибаи онҳо дар байни мардум тариқи ахбори омма паҳн карда шавад.
Хулоса, ҳамкории бевоситаи мактаб, муассисаи таълимӣ, оила ва аҳли ҷамоатчигӣ дар амалӣ гаштани ҳадафҳои «Консепсияи миллии тарбия» ва самтҳои мухталифи он мусоидат намуда, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, шуур ва маданияти ҳуқуқии насли наврас, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон нақши муҳимро касб менамояд. Мақсад ва мароми ҳар як чорабинӣ оид ба пешгирии ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон ҳадафнок мебошад ва ҳангоми амалӣ намудани он хусусиятҳои синнусолӣ, равонӣ ва сатҳи иҷтимоии онҳо ба инобат гирифта мешавад. Дар сурати иҷрои чунин талабот тарбия натиҷаҳои дилхоҳ дода, барои ба камол расидани шахсони масъулиятшинос ва комёбу муваффақи ҷомеа мусоидат менамояд.