Аминҷон ЗАРИФӢ,
устоди Коллеҷи политехникии
ноҳияи Зафаробод, вилояти Суғд

Таҳлили Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Паёми соли 2000-ум то Паёми соли 2023, қадамҳои устувору муқаддас бар самти эҳёи давлатдории миллӣ ва ҳалли мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, сохтани роҳҳо барои раҳоӣ аз муҳосираи иқтисодию сиёсӣ, сохтани неругоҳҳои барқӣ, сохтмон ва истифодаи инфрасохтори истеҳсолӣ баҳри таъминот ба ҷойи кор, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва чандин масъалаҳои фарҳангию таконбахши худогоҳию хештаншиносӣ буданд, ки барои миллат ва давлат муҳим ҳастанд.
Хатти сабзе, ки дар умқи ҳамаи Паёмҳои Пешвои миллат мегузарад, ин ҳифз, тарбия ва истифодаи сармояи зеҳнии миллат аст. Дар Паёми соли 2023 низ ин нуктаи муҳим махсус зикр гардид: “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.”

               Сармояи инсонӣ чист ва чӣ гуна аз он бояд истифода намуд?
Имрӯз аз тариқи сармояи зеҳнӣ олами иқтисодӣ таҳаввули ҷадид пайдо намуда, сармояи молиявии як барномасоз, ки тавассути сармояи зеҳнии хеш ба даст овардааст, баробар ё бештар аз даромади миллии баъзе давлатҳо мебошад. Садҳо мисол метавон аз пайкори шахсиятсози ашхоси муваффақ ва сармоядори ҷаҳон овард, ки танҳо бо воситаи дониш, хирад, заковат, зеҳнияти баланди пӯёву ҷӯёи хеш ва истифодаи зеҳнияти афроди дорои маънавияти воло аз фарши нотавонӣ ба арши тавоноӣ расидаанд. Агар олим Алфред Нобел бо кашфи кибрит ва борут ба инсоният шоҳроҳи бузургро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аз рӯзгор то саноат боз намуда бошад, имрӯз сармояи боқимондаи он дар рушди илм ва ҳавасманд сохтани олимону ихтироъкорон (манзур Ҷоизаи Нобел) масраф мегардад, ки нишони чашмаи зоянда ва мероси поянда будани дурри хиради инсонист.
Дар замони рушди босуръати илмҳои техникӣ ва технологӣ давлате пешсафи ин рақобат аст, ки аз захираҳои илмӣ ва зеҳнӣ босамар истифода кардааст. Ҳикмати “Илму давлат қарини ҳамдигаранд!” имрӯз арзишмандтар гардида, зеро ҳар киро ақл нест, давлат нест. Пас, бешак сармояи зеҳнӣ ё сармояи инсонӣ муҳимтарин сарвати бепоён аст, ки кафолати зиндагии борифоҳро медиҳад. Зеро захираҳои табиӣ: назири об, нафт, газ, ҷангал, ангишт, тилло, нуқра, маъданҳои рангаю сиёҳ, олами набототу ҳайвонот ва чанде дигар тамомшавандаанд, лек захираи ақлонӣ-хиради инсон махзанест беинтиҳо ва онро ҳарчи бештар истифода бубарӣ, ҳамон андоза афзунтар мегардад. Агар ба таърихи рушду камолоти давлатҳои абарқудрати имрӯза ва классикии ҷаҳон аз даричаи хирад нигарем, аён мегардад, ки сармоягузорӣ ба илм, ихтироъкорӣ, кашфиёт инсонро бо киштиҳои навсохти бодбонию буғӣ, мазутию атомӣ ба шаш қитъаи олам бурд, бо кашфи чархболу ҳавопаймо, киштиҳои кайҳонӣ ба кайҳон расонид, ҳазорон чоҳи нафту газ, кони тиллою нуқра, лоҷуварду фирӯза ва ғайраро боз намуд. Хуллас, миллатҳои бедор ва саҳархези таърихи куҳану навин калиди илмро дарёфтаву бо он соҳиби ганҷи замину осмон гардидаанд, ки шоистаи омӯзиш ва лоиқи пайравӣ ҳастанд. Чунончи, муъҷизаи сохтаи хиради як муҳандиси фаронсавӣ Густав Эйфел бо конструксияи оҳании меъмор Стефан Совестер бо баландии 330 метр яке аз ҳафт муъҷизаи олам аст ва дастгирию як бор сармоягузорӣ бар он, садсолаҳост чун оҳанрабо бо ҷалби сайёҳони ҷаҳон ба хазинаи давлат зар мерезад.
Давлати Сингапур солҳои 50-уми асри бист яке аз давлатҳои қашшоқи Осиё ба шумор мерафт. Дар натиҷаи ислоҳот, қабули усули нави таълим, воридсозии технологияи навтарин ҷаҳиши иқтисодӣ намуда, ба даҳгонаи давлатҳои рушдкардаи олам ворид шуд ва унвони “Бабри иқтисодии Осиё”-ро соҳиб гашт. Бо истифодаи неруи зеҳнӣ, ақлонӣ, хирад, дониш, маърифат, ихтироъкорӣ ва садҳо зеҳниятҳои нуҳуфтаи насли наву ҷавон ба давлате иборат аз шаҳр-мегаполисҳои асрорангези бисёрошёна табдил гашт. Истифодаи неруи хиради инсонӣ захираи бепоёнест, ки асоси ҳамаи рушд ва такомул мегардад. Дар ин радиф метавон сирри рушди босуръати давлати Япония дар самти электроника, радиотехника, технологияи компютерӣ, роботсозӣ, нанотехнология, Олмон дар саноати мошинсозӣ, ИМА дар самти ҷалби неруи зеҳниятҳои закӣ ва нобиғаи ҷаҳонӣ, додани имкони рушд ва истифодаи он, ба тамоми ширкатҳои барномасоз, дастгирию роҳандозии ташаббусҳои инноватсионӣ дар самти робототехника, яроқу аслиҳа, техникаи ҷангӣ, филмофарӣ ва чанде дигарро метавон зикр кард. Таҷрибаи “Ҷаҳиши иқтисодӣ”-и палангҳои Осиёӣ назири Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Малайзия, Индонезия ва чанде дигар собит месозад, ки танҳо рӯй овардан ба илм, технология, истифодаи сармояи инсонӣ миллат ва давлатро бар зинаи рушду такомул, рифоҳу озодӣ, тавону қудрат ва ному мақом меорад ва поянда месозад.

Тадбир дар тақдирсозӣ
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.
Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Талаботи ҷаҳонии бозори меҳнат бар он аст, ки танҳо мутахассиси варзидаи бо кулвори илму дониш ва таҷрибаю заковат мусаллаҳ метавонад ҷавобгӯи ин рақобатҳои шадид гардад. Яъне, имрӯз бозори ҷаҳониро технологияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, барномаҳои илмиву инноватсионӣ, нанотехнологӣ банд намудаанд, ки оҳиста-оҳиста ҷойгоҳи баъзе аз касбу ҳунарҳои инсониро аз худ менамоянд. Аз ҷумла, давра ба давра ҷойи меҳнати ҷисмонӣ ва машғулиятҳои кории инсонро технологияи ҳушманд, роботҳои закӣ, техникаи худкор, дастгоҳҳои иттилоотии бо нақшаву барномаҳои дорои хотираҳои миллион ва миллиардгигабайтӣ мегиранд, ки ин раванд бебозгашт аст. Яқин аст, ки дастовардҳои хиради инсон тавассути ҷараёни ҷаҳонишавӣ ягон хатти сарҳаду мулку давлатро канор намегузорад, ба вижа, кишвари моро. Зеро “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонем…” (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бо эҳёи заковати аҷдодӣ, хиради меросӣ, генофонди ориёии хеш аз ин имтиҳони замон бо сарбаландӣ мегузарем, зеро миллати фарҳангсолори мо чандин бор аз тӯфони сангини таърих гузаштааст. Аммо дар ин самт ба гуфтаи ҳикматбори Пешвои муаззами миллат зиракии сиёсӣ, хиради азалӣ ва бедориву ватандӯстдорӣ зарур аст. Зеро ин тӯфон метавонад, фарҳангҳо, забонҳо, миллатҳо ва давлатҳоро ба нобудӣ бикашад.
Дар ин самт ҷомеашиносон, таҳлилгарон ва файласуфону иқтисоддонҳои варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ низ бонги ҳушёрӣ задаанд. Пас, суоли таърихии “Чӣ бояд кард?” пешорӯи мост, то посухи арзишманду наҷотбахш барои миллат бидиҳем. Ҳазор сол муқаддам бобокалони мо устод Рӯдакӣ ҳидоят дода буданд, ки “Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд”.
Дар замони 32 соли Истиқлоли давлатӣ мо дар маорифи кишвар чандин низоми таълим ва дар дохили он чандин шохае бо талаботи хосро ҷорӣ сохтему таҷриба намудем. Дар кушодани гимназияву литсей, коллеҷҳо, мактабҳои хусусӣ, мактабҳо барои кӯдакони болаёқат, мактабҳои президентӣ, муассисаҳои муштарак бо кишварҳои дигар, боз намудани филиалҳои коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, додани квотаву бурсияҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар таҷриба омӯхтем, ки ба манфиати кор аст…

Низоми таълими дуалӣ (дусамтӣ)
Таҷрибаи давлатҳои пештози саноатӣ бо низоми таълими дуалӣ (дусамтӣ) масъалаи ҳамбастагии назария ва амалияро дар истеҳсолот корбаст сохтаанд, ки афзалият ва нафъоварии он собит гардидааст. Низоми дуалии таълим чист? – Он модели таълим аст, ки ҳамбастагии таълим бо истеҳсолот ва инноватсияро танготанг фаро мегирад. Ин низоми таҷрибашудаи давлатҳои классикии Аврупо, Амрико ва дигар мамлакатҳои рӯ ба рушд аст, ки дар он назария дар литсейҳои касбӣ, коллеҷҳои техникӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва қисмати амалия бевосита дар корхонаҳои истеҳсолӣ дар раванди истеҳсолот омӯзонида мешавад. Корхона ва ташкилотҳои илмию истеҳсолӣ вобаста ба талабот ва ҷойи кор шумораи муайяни мутахассисонро дархост медиҳанд ва ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимӣ, интихоби фанҳои зарурӣ, миқдори соатҳои фаъол ва ғайрифаъоли он бевосита иштирок менамоянд. Яъне, муассисаи таълимӣ мутобиқи талаботи низоми бозоргонии меҳнат мутахассисони соҳавиро дар асоси шартномаи тарафайн бо ҳунарҷӯй барои намудҳои ҷудогонаи истеҳсолот омода месозад ва пешниҳод мегардонад. Дар ин секунҷаи баробарпаҳлу аз як тараф таълимгоҳ ва дар ду паҳлуи дигар корхонаи истеҳсолӣ ва ҳунарҷӯ дар вобастагӣ қарор мегиранд. Дар марказ дастовардҳои инноватсионӣ ва тақвиятдеҳи зеҳният, касбият, малака, эъҷозу ихтироъкорӣ чун тавозуннигоҳдор ҷой мегирад. Дар низоми таълимоти дуалӣ нақши кордиҳанда бузург аст, он ба сифати таълим, раванди таҷрибаомӯзӣ ва ҷойи кор дар корхона барои ҳунарҷӯ назорат мебарад. Он барои рақобатпазирии мутахассиси оянда барои рушди корхона, фирма, биржаи худ дар талош аст ва тамоми дастовардҳои илмӣ-технологиро муҳайё месозад.
Низоми дуалии таълим аввалин бор дар Олмон татбиқи амалии худро ёфтааст ва сипас, дар чорчӯбаи қонун ворид карда шуда, аз тарафи палатаи савдо ва саноати ин давлати саноатӣ идора карда мешавад. Афзалиятҳои таълимоти дуалӣ ин бештар ҷудо шудани соатҳои таълимӣ ба қисми таҷрибаомӯзӣ буда, баъзе камбудиҳои низоми анъанавии таълимро ислоҳ месозад. Барои ҳунарҷӯ — мутахассиси оянда малакаи масъулиятшиносӣ ва мустақилиятро ташаккул медиҳад. Ҳунарҷӯ аз натиҷаи фаъолияти худ даромад мегирад, маҳсулоти сохтаи худро баҳогузорӣ менамояд ва барои беҳтар шудани сифати он, шаклу тарҳи он кӯшиш менамояд. Мутахассиси оянда дар истеҳсолот таҷриба, рақобатпазирии корхона, усулҳои идоракунӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳисоби муҳосибӣ ва чандин зинаҳои фаъолияти идоракуниро аз худ менамояд. Корфармо дар ин раванд барои худ мутахассиси варзидаро чида мегирад ва метавонад ба дигар корхонаҳои бо чунин мутахассис ниёзманд дар асоси шартнома мубодилаи корӣ ва тиҷоратӣ намояд, ки ин барои баланд гардидани рейтинги муассисаи таълимӣ ченаки муҳим бо талаботи иқтисоди бозоргонист. Дар ин низом арзиши мутахассисро на доштани диплом, балки малакаву маҳорат, истеъдод, дониши бунёдӣ, донистани якчанд забони хориҷӣ, корбарӣ бо барномаҳои компютерӣ, фаъолият бо технологияи навтарин, этика, муошират, эстетикаи корбарӣ, заковати менеҷерию маркетологӣ нишон медиҳад. Дигар афзалияти ин низом дар он аст, ки хатмкунандагони соҳибмалака пурра ба ҷойи кор таъмин мегарданд.
Назокати ҳар низом вобастаи зеҳният, тафаккур ва арзишҳои ҷомеа буда, ин масъаларо зарур аст, давра ба давра бо ташкили бештари корхонаҳои хурди истеҳсолӣ онро амалӣ намуд. Ин низомро метавон бо боло бурдани тафаккуру маърифати техникии ҷомеъ амалӣ сохт. Тоҷикистон махзани ганҷҳои рӯизаминӣ ва зеризаминист, танҳо донишҳои техникӣ лозим аст, то маҳсулоти кишоварзӣ ва сарватҳои зеризаминӣ босифат коркард гарданд ва дар шакли маҳсулоти саноатӣ пешниҳод шаванд. Соҳибкор, ки ҳар дақиқа барояш қиммат аст, кӯшиш менамояд, коргари ҳушманд, мутахассиси доною соҳибкасбро ба кор гирад, то маҳсулоти коргоҳаш босифат ва рақобатпазир бошад. Пас, дар ин самт қолабшиканӣ зарур аст. Танҳо он ихтисосҳоеро интихоб ва таълим бояд дод, ки дар бозори меҳнат ба онҳо талабот ҳаст. Ин ҷо масъалаи ихтисосҳои бисёршоха ё бо тақозои корфармо тағйирёбандаю мутобиқшаванда зарур аст. Масалан, мутахассиси соҳаи нақлиёти автомобилӣ маҳорати ронандагӣ, идоракунӣ ва танзими ҳаракат, таъмир, хизматрасонии техникӣ, муоинаи техникӣ-автоматӣ-компютерӣ, ҳунари кафшергарӣ, таъмири низоми барқ, маҳорати кор бо навъҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашу боркашониро дошта бошад. Илова бар он, дар коргоҳ вобаста ба намуди фаъолияти он дониш, малака, маҳорати касбӣ бояд пайдо намояд. Дар он ҳолат соҳибкор ба ҷои се нафар як мутахассиси соҳибмалакаи ҳунармандро ба кор гирифта, ҳавасманд месозад.
Зеҳни сунъӣ — ҳамқадамӣ бо ҷаҳонишавӣ Пеш аз он ки манфиати корбасти зеҳни сунъӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодиро баён созем, зарур аст, пиромуни чӣ будани он маълумоти мухтасар пешниҳод намоем. Зеҳни сунъӣ аз забони англисӣ — ARTIFICLAL INTELLECENCE (AI) таркиб ёфта, ба маънои маҷозии “инсон дар дохили компютер” ифода мешавад. Зеҳни сунъӣ беҳтарин дастоварди хиради инсонист, ки аз рӯйи барномаи мукаммали компютерӣ механизмҳо, робот, дронҳо ва микротехникаю нанотехнологияҳо амалиётҳоро иҷро менамоянд, ки аз қудрати дасту пойи инсон берун аст.
Дар нимаи дуюми асри ХХ кишварҳои рушдкарда дар саноати мошинсозӣ, авиатсия, киштиҳои кайҳонӣ, дорусозӣ, хидматрасониҳои авиатсионӣ, зериобӣ ва дигар инфрасохтори маишию манзилӣ аз аввалин имкониятҳои зеҳни сунъӣ истифода мебурданд. Имрӯз ин дастовардҳо дигар махфӣ нестанд, балки бар нафъи тамоми инсоният хидмат менамояд. Имрӯз хидматрасонии лифт барои биноҳои бисёрошёна, идораи нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ бо барномаи автопилот, хидматрасонии бонкӣ дар банкоматҳо, истифодаи робототехникаи кишоварзӣ: хишовагар, гардолудсоз, обмон, истифодаи бисёрсамтаи телефонҳои дастӣ як амалиёти маъмулӣ шудааст, ки ҳамаи он қадамҳои аввалияи зеҳни сунъӣ мебошанд. Барномаҳои мукаммали бисёрсамтаи CHATCPT – чат-бот, барномаи бозии шоҳмот — Deep Blue, барномаи бозиҳои гуногуни шавқовар — Alphaco, барномаи дарёфти суруд ва мусиқии дилхоҳ аз ҷаҳони санъат-Watson, барномаи мукаммали ташхису таҳлили тиббӣ-MyCIN, барномаи мусаввирӣ, кашидан, ивазнамоӣ, рангу бор ва дигар маҳорати дизайнӣ-MidJorney ва ArtisseAl, инчунин, садҳо барномаи навине, ки соат ба соат аз ихтироъ ва дастовардҳои зеҳни инсонӣ мужда медиҳанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ — сомонаҳо фаровон мебошанд. Асри XXI асри инноватсия ва рушди зеҳнҳост. Дастовардҳои хиради инсоният тавассути расонаҳо саривақт вориди ҷаҳони маънавӣ ва фарҳангии мо мегардад. Пас, зарур аст, то аз ин таҷрибаҳо бештар омӯзем, зеро бе тақвияти донишҳои техникӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ наметавонем дар рақобати ҷаҳони сармоя эмин бимонем.
Афзалияти зеҳни сунъӣ, махсусан, дар тиб, ҳангоми ивазнамоии узвҳои иллатёфта, ҷарроҳӣ, саноати дорусозӣ муҳим аст. Барои шаффофияти муносибатҳои тиҷоратӣ, рушди иқтисод, бонкдорӣ, андозу андозбандӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, танзим ва назорати истеҳсолот, идоракунии корхонаву муассисаҳо хеле заруру муфид аст. Ин ҷо омилҳои инсонӣ чун хатоиҳо, бемасъулиятӣ, дермонӣ, ҳиссиёти шахсӣ, тамаъ ва ришвагирӣ аз миён рафта, фаъолияти дақиқ, шаффоф, фаврӣ, бехатар омили рушд мегардад. Сармояи зеҳнӣ сарватест, бебаҳо ва беохир ва ба қавле “Чоҳҳои хушкнашаванда”-и инсонист, ки на танҳо як нафар, як оила ё як авлодро, балки як халқу миллат ва минтақаи оламро сарватманду пешрафта месозад. Ҷаҳониён ному пайкор ва сарвату дороиҳои аввалин барномасозон ва кашшофони ин “Чоҳҳои хушкнашаванда” — Ҷон Фон Нейман, Стивен Поло Ҷобс, Билл Гейтс ва даҳҳо шогирду пайрави онҳоро медонанд, ки номбардори хиради инсонӣ ва таҷассуми ашрафияти одамӣ ҳастиянд.

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем!
Миллати шариф ва фарҳангии тоҷикро зарур аст, то дар ин асри талотумҳои ҷаҳонишавӣ, аз нав оғоз гардидани ҷангҳои иттилоотӣ, фарҳанграбоиҳо, хавфи аз нав тақсимшавии қудратҳо, ташкили нуқтаҳои нав ба нави ҷанг дар манотиқи гуногуни олам барои санҷиши яроқу аслиҳаи кимиёӣ, биологӣ, техникаю таҷҳизоти оташфишони лазерӣ бо моддаҳои радиоактивӣ, истифодаи ҳавопаймою чархболҳои бесарнишин, роботсарбозони ҷаллод ва садҳо барномаҳои зиёновар, манқуртсозу дигар найрангҳои девсорони давр ҳушёр ва донистакор бошад. Зарур асту масъулияти мост, то дар эҳёи арзишҳои инсонгароёна, хирадсоз, озодаманиш ва фарҳангсолори Ориёӣ кӯшову ҷонфидо бошем ва на танҳо насли хешу миллати худ, балки дар раҳоии насли башар аз вабои бехирадӣ, мазҳабгароӣ, хурофоту ҷаҳли асримиёнагӣ, ифроту таассуб чораандешу раҳнамо гардем. Зеро ин рисолат дар хилқати мост ва ҳақ бар ҷониби паёмбари шеъри озодагон Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аст, ки мефармояд:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем!
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *