Муборак ЯҲЁЕВА,
сармураббии ширхоргоҳ-кӯдакистони №127-и
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Одоби муошират дар системаи маориф нақши муҳим мебозад, зеро омӯзгор ва тарбиятгар пешоҳангу пешбарандаи афкори ҷомеа буда, бояд санъати хуби суханронӣ, қобилияти фикрронӣ ва вобаста ба талаботи вазъият маҳорати ҳалли масъалаҳоро дошта бошад. Омӯзгор бояд қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳои давлатиро донад ва дар таъмини иҷрои онҳо масъул бошад.
Донишу маҳорату кордонӣ, одоби муошират ва таҷрибаи шахсони масъул (яъне, мудир, сармураббӣ) дар зинаи аввали таҳсилот бояд аз зердастон якчанд зина болотар бошад. Пас, чунин шахсон метавонанд, фаъолияти дурусти аҳли коллективи муассисаи томактабӣ ва таълиму тарбияи кӯдаконро дуруст роҳандозӣ намоянд. Масалан, роҳбари муассисаи томактабӣ ва сармураббӣ ҳар рӯз бо мураббиҳо, ёрдамчиёни онҳо, кормандони хоҷагӣ, падару модарон, тарбиятгирандагон ва намояндагони дигар мақомот дар муошират мебошанд. Агар ин муоширатҳо аз рӯйи одоби педагогӣ гузаронида шавад, онҳо, албатта, ба мақсадҳои худ ноил хоҳанд гашт. Мудир ва сармураббии кӯдакистон дар навбати аввал бояд ҳамаи кормандонро омӯзанд, кадоме аз онҳо чӣ гуна хислат, дараҷаи донишу таҷриба, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, вазъи саломатию зиндагӣ доранд, сипас, ҳамаи инро ба инобат гирифта, бо онҳо муоширати дуруст намоянд.
Дар вақти таҳлили машғулиятҳо мудир ва ё сармураббӣ бояд баъди аз машғулият баромадан, дар охири рӯзи корӣ мураббиро даъват намоянд ва аввал фикрҳои худи ӯро оид ба машғулияташ шунаванд. Баъд аз муваффақиятҳо сухан оғоз намоянд ва оид ба камбудиҳо ба мураббӣ ва ё дигар кормандон маслиҳату тавсияҳо диҳанд ва хуб мебуд, агар баъди тавсияҳо чунин таъкид намоянд:
-Агар кӯшиш кунӣ, машғулияти минбаъдаат боз ҳам беҳтар мешавад.
Ҳамин тавр, нақши сухан дар муошират хеле бузург аст. Бо сухани хуб, таъсирбахш ва дуруст ҳар як шахс, хусусан, сармураббӣ метавонад, аз бисёр вазъият ба осонӣ барояд ва масъалаҳои ба миён омадаро ба хубӣ ҳал намояд. Сухани баҷо-як навъи тарбия аст, ки метавон одамонро ба роҳи дуруст ҳидоят намуд.
Дар васфи сухан, сухандонию суханварӣ ва қудрати сухан аҳли адаб шеърҳо ва гуфторҳои ҷолиб доранд. Масалан, шоири классик Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст:
Ба сухан зинда шавад номи ҳама,
Ба сухан пухта шавад хоми ҳама…
Дар ҷойи дигар шоири тоҷик Ҷумъа Қувват гуфтааст:
Сухан гоҳе газад монанди ору,
Сухан гоҳе бигирад ҷои дору.
Ҳангоми ба мураббиён тавсия додан, доимо мо онҳоро таъкид менамоем, ки одоби муоширатро дар ҳар лаҳза риоя намоянд, чунки кӯдакон тақлидкоранд ва агар мураббӣ хушрафтор бошад, кӯдакон низ пайрави ӯ хоҳанд шуд. Мо метавонем, таъсири бад доштани суханҳои бадро ба кӯдакон ҳам таъкид кунем, то ки онҳо ба ин суханҳо одат накунанд.
Ҷиҳати дучор нашудани кӯдакон ба ин ҳолат барои мураббӣ шеъри шоири тоҷик Эгами Назрулло «Чӣ ганда?»-ро истифода бурдан бамаврид аст:
Чӣ гандаву чӣ ганда?
Феълаки ганда ганда.
Баҳудаву беҳуда,
Ҳар лаҳза ханда ганда.
Чӣ гандаву чӣ ганда?
Заҳраки ғунда ганда.
Аз ин ҳама дар олам,
Як гапи ганда ганда.
Барои он ки сармураббӣ сухандон бошад ва ҳар суханро дар ҷойи худ кор фармуда тавонаду ба мураббиён доимо маслиҳатҳои самарабахш дода тавонад, бояд ӯ доимо худомӯзӣ кунад. Ба ғайр аз дастурҳои методӣ, аз адабиёти илмию бадеӣ ва нашрияҳо маводи гуногунро мунтазам мутолиа намояд, аз техникаву технологияи ҳозира истифода бараду донишу таҷрибаи худро сайқал диҳад.
Дар давоми фаъолият, хусусан, мудирони кӯдакистонҳо ё сармураббиён ба бисёр вазъиятҳои педагогию психологӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин гуна вазъият касе ба осонӣ мебарояд, ки ӯ донишу таҷрибаи кофӣ дошта, миёни ҳайати корӣ ва падару модарон намуна буда, сазовори боварист ва суханаш таъсирбахш мебошад.
Чанд мисол меорем, ки барои баромадан аз ҳолати ҳамсон бамаврид ҳастанд:
Вазъияти якум (рафтори дуруст)
-Вақте ки сармураббӣ вориди гурӯҳи давраи миёнаи томактабӣ гашт ва дид, ки вақти қабули кӯдакон аст. Мураббӣ бошад, дар курсӣ нишаста, тез-тез нақшаи корӣ менависад. Ин ҳолатро 2 маротиба мушоҳида карда будааст. Маротибаи якум чизе намегӯяд, аммо бори дувум ин ҳолатро дида, ба мураббӣ мегӯяд:
-Саида Азизовна, агар бемалол бошад, баъди тамом шудани машғулиятҳо ба назди ман дароед.
Ҳамин тавр, баъди тамом шудани машғулиятҳо мураббӣ ба назди сармураббӣ медарояд.
Сармураббӣ аввал суханро аз аҳволпурсӣ оғоз намуда, баъди он ба мақсади аслӣ мегузарад:
— Саида Азизовна, барои чӣ шумо бори дуюм аст, ки нақшаи кориатонро дар вақти қабули кӯдакон менависед? Оё шумо медонед, ки бе нақшаи корӣ ва бе тайёрӣ мураббӣ барои ба гурӯҳ даромадан ҳуқуқ надорад? Шумо, ку мураббии хуб ҳастед. Чӣ сабаб аст, ки шумо чунин рафтор кардед?
— Муаллима, мебахшед, ду рӯз боз дар маҳаллаи мо барқ нест. Ман рӯзона ҳангоми хоби кӯдакон низ фурсат наёфтам, ки нақшаи кориамро нависам. Сабабаш ҳамин, — гуфт мураббӣ.
— Саидаҷон, ман боварӣ дорам, ки шумо аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Кӯшиш кунед, ки чунин ҳолатҳо набошад. Агар мудир фаҳманд, хуб намешавад. Шумо мураббии ботаҷриба ҳастед, ҳамаи корҳоятон бояд намуна бошад. Майлаш, аз паи коратон равед, ба шумо муваффақият мехоҳам, — таъкид намуд сармураббӣ.
Ҳамин тавр, масъала роҳи ҳалли худро ёфт. Бо шарофати рафтори дурусти сармураббӣ ва одоби муоширатро нигоҳ дошта тавонистани ӯ. Агар дар ҳамин вазъият сармураббӣ рафтори нодуруст кунад, масъала акси ҳол хоҳад шуд.
Вазъияти дуюм (рафтори нодуруст)
Сармураббии кӯдакистон чун ҳаррӯза ҳамаи гурӯҳҳоро аз назар мегузаронад. Ҳамин ки вориди гурӯҳи давраи миёна шуд, мебинад, ки вақти қабули кӯдакон мураббӣ кӯдаконро ба ҳоли худ гузошта, нақшаи корӣ менависад. Сармураббӣ дар ғазаб шуда, дар назди кӯдакон ба мураббӣ чунин мегӯяд:
— Барои чӣ ту дар вақти қабули кӯдакон нақша менависӣ? Чанд маротиба шуд, ки ту ҳамин хел рафтор мекунӣ. Одам ҳастӣ ё не? Ман ҳозир рафта, ин корҳои туро ба мудир мерасонам, беодоб! Ана, баъд мебинӣ, мудир мегӯяд, ки “аризаатро навису баромада рав!”
Мураббӣ низ чунин рафторро дида, баробари сармураббӣ дод зада, фазои кориро халалдор мекунад ва ба руҳияи таълимгирандагон таъсири бад мерасонанд.
Ҳамчунин, чанд муоширати мураббӣ ва модари як кӯдакро мисол меорем.
Вазъияти якум (рафтори дуруст)
Модаре назди мураббӣ омада мегӯяд:
— Ман барои шикоят омадаам.
— Аз чӣ шикоят доред? — мепурсад мураббӣ.
— Барои чӣ шумо ҳар рӯз писарчаи маро ҷазо медиҳед, ӯро дар кунҷе рост мемонед? Кӣ ба шумо ҳуқуқ додааст, ки бо писари ман чунин рафтор кунед? Ӯ писари ягонаи ман аст. Мудиратон канӣ? Ман ба ӯ ҳам шикоят мекунам.
— Мебахшед, модари Суҳробҷон. Писари шумо эркагӣ мекунад, ба машғулиятҳо гӯш намекунад, дигаронро ҳам гӯш кардан намемонад, ба ин рафтори нодурусташ дигаронро низ халал мерасонад. Ман бояд ба ӯ аввал одобу рафтори дуруст омӯзам, баъд таълим диҳам. Ман бо шумо дар ин масъала чанд бор ҳамсуҳбат шуда будам. Биёед, ҳардуямон Суҳробҷонро тарбия намоем. Ӯ бачаи ҳушёру зирак аст. Зуд одатҳои бадашро мепартояд. Агар ба ӯ ман рафтори дуруст омӯзонаму шумо ӯро “чӣ коре хоҳӣ, кардан гир” гӯед, заҳмати кашидаи мо натиҷа намедиҳад.
Ҳамин замон сармураббии кӯдакистон меояд. Вай салом дода, мепурсад:
— Чи гап?
Модар мегӯяд, ки “муаллима, мудиратон ҳаст? Ман ба он кас гап дорам”.
— Ҳоло мудирамон нестанд, марҳамат, ба назди ман дароед, — мегӯяд сармураббӣ.
Модар ба сармураббӣ низ оид ба масъала шикоят мекунад.
— Модари азиз! Фарзанди шумо фарзанди мо низ ҳаст. Ман медонам, ки шумо фарзандатонро бо мақсади таълиму тарбияи дуруст гирифтан ва ба мактаб омода шудан овардаед. Барои он ки ин мақсади хуби шумо амалӣ гардад, бо мураббии фарзандатон ҳамкорӣ кунед ва бо ҳам ӯро тарбияи дурусту якхела диҳед, ана, баъд мебинед, ки чӣ тавр кӯдак тағйир меёбаду ислоҳ мешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар».
Модар аз рафтори дурусти мураббӣ ва сармураббӣ қаноатманд шуда, мегӯяд:
— Раҳмат, муаллима барои маслиҳатҳоятон. Ман, албатта, бо мураббии писарам ҳамкорӣ мекунам.
Ҳамин тавр, масъалаи мазкур роҳи ҳалли мусбати худро меёбад. Ин ҳам бошад, бо шарофати одоби муоширатро дуруст ба роҳ мондани мураббӣ ва сармураббӣ ба даст омад.
Вазъияти дуюм (рафтори нодуруст)
Модаре ба назди мураббӣ барои шикоят кардан меояд ва ба ӯ мегӯяд:
— Барои чӣ ту писари маро ҳар рӯз ҷазо дода, дар кунҷе мемонӣ? Ту ба ин кор ҳуқуқ надорӣ. Ту худат кӣ? Ман ба ту ҷазодиҳиро нишон медиҳам.
Мураббӣ низ рафтори дағалонаи модарро тоқат накарда, мегӯяд:
-Эй, писари шумо намемонад, ки ман машғулият гузарам. На худаш гӯш мекунад ва на дигаронро гӯш кардан мемонад. Охир, ман чӣ кор кунам? Барои ислоҳ шудан ба ӯ ҷазо додам. Ӯ ҳушёр нест, девона аст, мисли худат.
Модар боз ҳам дар ғазаб шуда, мегӯяд, ки ман аз болои ту шикоят мекунам. Ҳамин замон сармураббӣ меояд.
— Худаш чӣ гап? Чӣ дар ин ҷо омада, доду фиғон мекунӣ, ба кӯдакат чӣ шудааст? Ин ҷо кӯча нест, ки чизе хоҳӣ, гуфтан гирӣ. Ба мо ин хел волидон даркор нестанд. Ба куҷое, ки хоҳӣ, рафта арзу дод кардан гир, фаҳмидӣ? Ин ҷо як бачаи ту танҳо нест, сесад кӯдак аст, — бо қаҳр мегӯяд сармураббӣ.
Модар аз ин рафтори сармураббӣ низ дар ғазаб шуда, мегӯяд:
— Ман рафта, аз болои ҳардуятон шикоят мекунам. Ин ҷо корхона ё девонахона?
Ҳамин тавр, модар аз рафтори нодурусти мураббӣ ва сармураббӣ кӯдакашро аз боғча гирифта меравад. Яъне, масъала манфӣ ҳал мегардад.
Чӣ тавре ки мебинем, дар ҳалли тамоми вазъият нақши ҳалкунандаро сухани нарми роҳбарият мебозад. Дар чунин ҳолатҳо онҳо бояд кӯшиш намоянд, ки ҳамаи рафтор нисбат ба коргарашон дар чорчӯбаи қонун бошад.
Маъмурияти муассиса бояд коллективи меҳнатиро ҳамчун як оила тарбия намояд ва кору фаъолияти ҳар яки онҳоро одилона баҳо диҳад. Барои корҳои хубашон онҳоро қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонад. Барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати касбӣ ва таҷрибаи бой ҳар як мудир, сармураббӣ ва мураббӣ бояд худомӯзӣ кунад.
Агар масъулон доимо биомӯзанд, ҷаҳонбиниашон васеъ, донишашон зиёд ва таҷрибаашон бой мегардад. Ҳангоми суҳбатҳо, мушоҳидаҳо ва ба касе чизеро фаҳмонидан дар санъати суханварӣ душворӣ намекашанд. Ҳар як сухан бояд асоснок, дуруст, дар доираи қонун ва таъсирбахш бошад, то ки натиҷаи дилхоҳе дода тавонад. Маъмурияти муассисаҳои томактабиро лозим аст, ки ҳам раванди таълиму тарбия, ҳам корҳои ташкилию методӣ, ҳам корҳои хоҷагию муҳосибиро нағз донанд ва корҳои худро дар ин самтҳо дуруст ба роҳ монад.
Дигар шаклҳои кор, ки донишу таҷрибаи ӯро ғанӣ мегардонад:
-иштирок кардан дар семинару курсҳои такмили ихтисос;
-бевосита иштирок дар озмунҳои касбӣ;
-доимо мутолиа намудани нашрияҳои даврӣ, адабиёти методию илмӣ ва бадеӣ;
-ташкил кардан ва гузаронидани вохӯриҳо бо адибон ва соҳибтаҷрибаҳои соҳа;
-иштирок дар чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ;
-дар муассисаи худ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо;
-ҳамкории дуруст бо кумитаи падару модарон;
-ба корҳои эҷодию навоварӣ машғул шудан;
-омӯхтан ва тарғиби таҷрибаи пешқадам.
Хулоса, дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт, ҳам дар хона, ҳам дар ҷойи кор ва ҳам дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мо дар муошират ҳастем. Ҳамон шахсе бурд карда метавонад, ки дар ҳама ҷо кору гуфтор ва рафтораш як хел бошад, одоби муоширатро нигоҳ дошта тавонад, зеро ба сухани педагогҳо ҳама вақт, дар ҳама ҷо ҳамагон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва баъзеҳо ба онҳо зуд баҳо медиҳанд.