Фарангис МАҲКАМОВА,
мудири кӯдакистони №15-и
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Кабинети методӣ маркази методие мебошад, ки тибқи талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз буда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш, малака ва маҳорати педагогии мураббиён истифода бурда мешавад. Дар кабинети методӣ гӯшаҳои махсуси «Таҷрибаи пешқадам», «Кор бо мутахассисони ҷавон», «Гӯшаи тайёрӣ ба Шурои педагогӣ», «Ҳамкорӣ бо падарону модарон» ва ғайра, бо мақсади таъмини гурӯҳҳо бо маводи зарурӣ, аз ҷумла, адабиёти илмӣ-методӣ, дастурҳои методӣ, воситаҳои аёнӣ ташкил карда мешаванд. Дар кабинети методӣ бояд чунин мавод ҷой дода шаванд: маводҳои чопии компютерӣ бо забони тоҷикӣ барои худомӯзии мураббиён, намунаи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории мураббиён дар ҳамаи давраҳои синнусолӣ, нақша, конспекти машғулиятҳои таълимӣ (комплексӣ, ҷамъбастӣ), маслиҳатҳо оид ба гузаронидани ба бозиҳои нақшдор, серҳаракат, дидактикӣ, варзишӣ, тавсияҳо доир ба ташкили фаъолияти меҳнатии кӯдакон, омӯзонидани одоби муошират, ки дар интихоби онҳо фикру дархости мураббиён ба ҳисоб гирифта мешаванд. Инчунин, нақши кабинети методӣ дар такомули маҳорати касбии муррабиён дар он аст, ки барои онҳо ҷиҳати баргузории машғулиятҳои кушод, семинар, тарзи таҷҳизонидан ва оро додани гурӯҳҳо вобаста ба синну сол, гирифтани тавсияҳои методии инфиродӣ ва умумӣ мусоидат мекунад.
Дар замони ҳозира дар аксар муассисаҳои томактабӣ вобаста ба имконоташон вазифаи методисти кабинети методиро ба зиммаи сармураббӣ вогузор кардаанд, ки дар кори таълиму тарбия дасти рости мудири кӯдакистон ба шумор меравад. Сармураббӣ аз ҳисоби мураббиёни пуртаҷриба ва касбияти баланддошта таъйин карда мешавад. Ӯ бояд бар замми вазифаҳои дар боло зикршуда феҳристи ҳуҷҷатҳои зеринро мураттаб бисозад:
1. Мавод оид ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории гурӯҳҳои томактабӣ (намунаҳои нақшаи корӣ ва обутобдиҳии кӯдакон дар давоми сол, протоколи маҷлисҳои гурӯҳии падару модарон, маълумот оид ба кӯдак ва падару модарон);
2. Мавод оид ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ барои гурӯҳҳои барвақтӣ (дафтари мушоҳидаи кӯдакон, нусхаи варақаи мутобиқшавии кӯдакон, нусхаи варақаи инкишофи физиологӣ ва равонии кӯдакон, нусхаи нақшаи корӣ, нақшаи обутобдиҳии кӯдакон дар давоми сол, намунаи протоколи маҷлиси гурӯҳии падару модарон);
3. Семинарҳои дастурдиҳӣ (дафтари бақайдгирии семинарҳо ва маводи замимавии он);
4. Тавсияҳои методӣ (дафтари бақайдгирии тавияҳои методӣ ва маводи замимавии он);
5. Намунаи нақшаи машғулиятҳои таълимӣ барои гурӯҳҳои синнусолӣ (машғулияти ҳаррӯза, ҷамъбастӣ ва маҷмуӣ);
6. Сенарияи иду хушҳолиҳо барои гурӯҳҳои томактабӣ (Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи модар, Рӯзи пойтахт ва дигарҳо);
7. Сенарияи бозиҳои саҳнавӣ аз рӯй мазмуни афсонаҳо барои гурӯҳҳои синнусолӣ.
8. Намунаи бозиҳои дидактикӣ барои гурӯҳҳои синнусолӣ;
9. Намунаи бозиҳои серҳаракат барои гурӯҳҳои томактабӣ;
10. Мавод барои таҷҳизонидан ва ороиш дар гурӯҳҳои синнусолӣ;
11. Мавод оид ба жанрҳои фолклорӣ.
Инчунин, дар кабинети методӣ аёнияти намоишӣ барои машғулияти омодагӣ ба саводомӯзӣ (нақшаи калимаҳои аз 3 то 10-овоза), инкишофи нутқ, шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, тарбияи хештаншиносӣ, тарбияи экологӣ, фаъолияти мусаввирӣ, ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ, намудҳои бозиҳои эҷодӣ ва дидактикӣ, бозичаҳои худсоз ва аёнияти намоишӣ аз тарбияи меҳнатӣ (маҷмуи расмҳо дар бораи касбу кори гуногун) бояд мавҷуд бошанд. Фаъолияти кабинети методиро овезаҳои «Омодагӣ ба Шурои педагогӣ», «Кор бо мутахассисони ҷавон», «Аз таҷрибаи пешқадам» ва ғайра комилтар менамоянд.