Файзигул НАЗАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №53-и ноҳияи Варзоб

 

Адабиёти бадеӣ ҳамчун махзани маърифати инсонӣ ва сарчашмаи ташаккули афкори ҳамида дар рушди нутқ, зеҳн ва ҳисси маърифатнокии наврасону хонандагон нақши созгор дорад, зеро адабиёти бадеӣ назокатҳои табиӣ, адабӣ ва фарҳангию иҷтимоиро ба ҳам намуда, як маҷмуаи амиқро пешкаши хонанда месозад ва хонанда низ дар навбати худ, ҳангоми мутолеа бояд назокати нигорандагии адибро дарк карда, фаҳмонида тавонад.
Барои он ки асари бадеӣ ифоданоку таъсирбахш хонда шавад, аз худ кардан ва фаҳмида тавонистани мазмуни асар аҳаммияти беандоза дорад. Хонанда бояд образи нависанда, симои ӯро ҳамчун нақлкунанда ба таври равшан баён карда тавонад. Иҷрои ин вазифа дар асарҳое, ки бевосита аз забони худи муаллиф ё нависанда нақл карда мешавад, осонтар аст. Масалан, дар достони “Ҳасани аробакаш” ба воситаи силсилаи тасвирҳои лирикӣ симои шоир Мирзо Турсунзода намоён шуда меистад. Дар повести “Субҳи ҷавонии мо” образи нависанда дар шахсияти Собир ба хонанда маълум мегардад.
Дар асарҳои ривоятӣ симои нависанда ҳамеша намоён аст. Бинобар ин, дар вақти хондани асар образи нависанда ва муносибати ӯро нисбат ба ҳаёт нишон додан зарур аст.
Дар асарҳои бадеӣ барои дурусттар фаҳмидани образи муаллиф ва нуқтаи назари ӯ тарзи баён ва намудҳои он аҳаммият дорад. Дар асарҳои ривоятӣ дар бораи касе ё воқеае аз забони муаллиф ва ё каси дигар ҳикоят карда мешавад. Асарҳои ривоятӣ, асосан, мазмундор мешаванд. Дар нутқи даҳонӣ ривоят ба шакли шавқовар ифода меёбад.
Ташаккули инкишофи нутқи гуфторию навиштории мактабиёни хурдсол, пеш аз ҳама, ба истифодаи бамавқеъ ва самараноки воситаи хуби рушди инкишофи нутқ дар давраҳои муайяни синнусолӣ вобастагӣ дорад. Аз ҷумла, дар адабиёти илмию методӣ як қатор воситаҳои инкишофи нутқ ном бурда мешаванд, ки аз онҳо муҳимтаринашон муоширати босамари калонсолон бо талабагон, муҳити солими забонӣ, нутқи ифоданоки омӯзгор, намудҳои гуногуни санъат, омӯзиши забони модарӣ ва адабиёти бадеӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳар кадоме аз ин воситаҳо дар давраҳои муайяни синнусолӣ дар инкишофи нутқи талабагон нақши амиқу мушаххас гузошта, асоси рушди тафаккури нутқӣ мегарданд, зеро дар синни хурди мактабӣ муошират воситаи асосии инкишофи нутқ дониста мешавад. Бесабаб ҳам нест, ки Сухомлинский В.А. ба қудрату тавоноии муошират сахт иқрор шуда, онро “пояи асосии тарбия” [10] номидааст.
Асарҳои бадеӣ дар ҳаёти маънавии бачаҳо ҳамеша мавқеи муҳим доштанд ва имрӯз ҳам доранд. Мардум дараҷаи фаҳмиш ва имконияти дарккунии хурдсолонро ба эътибор гирифта, асарҳое эҷод кардаанд, ки хонандагонро ба шавқ меоваранд, ба онҳо лаззати бадеӣ мебахшанд ва мароқашонро ба нафосати сухан ва зебоии ҳаёт афзун гардонида, ба ин восита нутқи гуфтугӯйии онҳоро бою рангин мегардонанд.
Асарҳои адабиёти бачагонаи мо аз қадим низ мавҷуд буданд ва дар ҳар давру замон дар заминаи адабиёти пурсарвати классикӣ рушду нумуъ ёфта, ба тарзу шаклҳои гуногун паҳн мегаштанд.
Кӯдакон аз хурдсолӣ достон, афсона, ҳикоя, чистон ва шеъру таронаҳоро бо шавқ гӯш мекунанд. Майлу рағбати онҳо ба шунидани афсонаву сурудҳо торафт зиёд шуда, аз калонсолон такроран гуфтани онро хоҳиш мекунанд. Ҳамин тавр, бо таъсири адабиёт эҳсосоти бадеии кӯдакон сол аз сол инкишоф меёбад.
Яке аз паҳншудатарин ва дӯстдоштатарин жанрҳои асари бадеӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ афсона мебошад. Афсона дар ҳаёти бачаҳои тоҷик аз замонҳои қадим арзи вуҷуд дорад. Афсонаҳои халқӣ низ барои инкишофи нутқи хонандагон нақши муҳим мебозанд.
Хонандагон дар афсона он қаҳрамононеро, ки бо якдигар муноқиша мекунанд, эрод мегиранду ҷанг мекунанд, рафиқони бад меноманд.
Барои ошкор намудани тасаввуроти кӯдакон дар бораи адолат аз рӯйи афсонаи хондашуда суҳбат гузаронида мешавад. Таълими афсона дар тасаввури мактаббачагони хурдсол некию меҳрубонӣ карда тавонистан, ба мадади касе расидан, саховат ва ғамхорӣ нисбат ба рафиқон, калонсолон ва ниёзмандон зоҳир намуданро ҳосил мекунад.
Истифодаи афсонаҳо мақсади муайяни худро дошта, аз ҷониби омӯзгорон ба таври фаровон ва гуногун истифода бурда мешавад. Аз ин ҷо дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ як қатор афсонаҳо дар бораи ҳайвонот, рафоқат ва дӯстӣ, накукорӣ, хайрхоҳӣ ва хоксорӣ, ҷасурӣ, бовиҷдонӣ ва ростқавлӣ, оштинопазирӣ нисбат ба бадӣ ва бепарвоӣ, беандешагӣ ва ғайраҳо, пешкаш гардида, таълим дода мешаванд.
Афсона бо нафосат, оҳанг ва воситаҳои тасвир шаклҳои гуногуни усули бадеӣ, забони пурмазмуни содаю ширин, образҳои фаромӯшнашавандаи худ ба дили хурдсолон ба зудӣ ҷой мегирад. Афсонаҳое, ки шахс дар кӯдакӣ мешунавад, як умр дар хотираш нақш мебандад, чунки дар симои қаҳрамонҳои асосии афсона хислатҳои наҷиби одамон, сифатҳои баланди ахлоқии онҳо ифода меёбанд. Ба ифодаи дигар афсонаҳои халқӣ тахаюли бачаҳоро инкишоф дода, тасаввуроти онҳоро васеъ менамоянд.
Аксари афсонаҳо дар асоси муборизаи ду қувва – некӣ ва бадӣ бунёд шудаанд. Барои ҳамин ҳам хонанда панду насиҳатҳои нависандагонро аз рафтору кирдори қаҳрамонони асар ба худ мегирад.
Барои дар руҳияи башардӯстӣ ва ёрии рафиқонаи байни ҳамдигар тарбия намудани хонандагони хурдсол, муаллим афсонаҳои “Мурғ, Мурғобӣ ва Мӯш”, “Рӯбоҳ, Сангпушт ва Мӯрча”-ро истифода мебарад. Дар ин афсонаҳо меҳнатдӯстӣ ва ҳамдардӣ дар шакли сода ва бо мазмуни хеле баланд ифода шудааст. Омӯзгор ба воситаи чунин афсонаҳо дар бачаҳо меҳнатдӯстиро талқин менамояд. Узви китобхонаи мактабӣ, шаҳрӣ ва китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявӣ шудани кӯдакон, хондани маҷаллаҳо, тамошои филмҳои тасвирӣ, байтбаракҳо, чистонгӯиҳо, иҷрои нақшҳои бачагона низ ба инкишофи нутқи шогирдон мусоидат менамояд.
Гуфтан ба маврид аст, ки инкишофи нутқи даҳонӣ на танҳо дар дарсҳои забони модарӣ, математика, табиатшиносӣ, санъат ва меҳнат, инчунин, ҳангоми саёҳатҳо, ки дар табиат, осорхонаҳо, ҷойҳои таърихӣ ва монанди инҳо сурат мегиранд, ташаккул меёбад. Афсонаҳои халқӣ низ барои инкишофи нутқи хонандагон нақши муҳим мебозанд.
Мақсаду вазифаҳои тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, дорои нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.
Хулоса, шунидан, хондан ва нақли мазмуни афсона бобати инкишофи нутқ, тахаюл ва ҷаҳонфаҳмии хонандагони хурдсол аҳаммияти бағоят муҳим дорад. Афсона шавқи хонандагонро ба омӯзиш зиёд намуда, дар онҳо фаъолияти эҷодиро ташкил медиҳад.
Панду ҳикмат ва ахлоқомӯзӣ яке аз мавзуъҳои асосӣ ва пурқимати адабиёти классики тоҷик аст. Беҳтарин шеърҳои ахлоқию пандомӯзии устодон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон бо мурури замон аз даҳон ба даҳон гузашта, ба ғизои маънавии бачагон табдил ёфта, барои соҳиб шудан ба зебоӣ, покӣ, асолат, доною хушсухан ва ташаккули инсони комил нигаронида шудаанд.
Ин рисолатро дар адабиёти муосир муаллифоне чун Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Мирсаид Миршакар, Акобир Шарифӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Наримон Бақозода, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нуъмон Розиқ ва дигарон бар дӯш гирифтаанд ва барои пешрафту инкишофи адабиёти бачагонаи тоҷик саҳми босазое гузоштаанд. Абулқосим Лоҳутӣ низ барои бачаҳо шеърҳо гуфтааст, ки дар байни он шеъри “Чистонҳо” мавқеи махсусро дорад.
Чистон дар ҳаёти маънавию моддии ҳар халқ мақоми хоссае дорад. Он ифодакунандаи боигарии забон, тафаккури миллию умумибашарӣ, ақидаҳои панду ахлоқӣ ва таҷрибаи ғании таърихию иҷтимоии миллат мебошад. Ҷиҳати муҳимми чистонҳо аз он иборат аст, ки моҳияти ҳодисаҳои хеле мураккабро ба тарзи одӣ ифода менамояд, зеро чистонҳоро худи халқ эҷод менамояд ва дар чунин қолаб эҷод мекунанд, ки барои наслҳои баъдӣ фаҳмо ва нишонрас бошанд.
Чистон як намуди машҳури эҷодиёти даҳонакии халқ аст, ки хусусияти хоси ягон ашё ва ё ҳодисаеро тасвир мекунад, вале ин тасвир маънои ниҳонӣ дорад. Дар асоси ҳар як чистон мақсаде ниҳон аст ва ба он ҷавоб гуфтан, фикр кардан, мушоҳида намудан, ба муҳит бо диққат назар андохтан, яъне, як навъ мушоҳида ва таҳқиқи зеҳниро тақозо менамояд ва вусъати зеҳн, диққат, ҳозирҷавобии одамонро зиёд мекунад. Ба ҳамин роҳ таҷрибаи одамон дар бобати муқаррар намудани шабоҳати ҳодисаҳо ва ҷиҳатҳои хоси онҳо инкишоф меёбад. Баъдтар тавассути он фаҳму дониш ва заковати одамонро муайян мекарданд, чистон гуфтану чистон ёфтан василаи санҷишу озмоиши ҳушёрӣ, равшании ақл, дақиқназарӣ ва ҳозирҷавобӣ қарор гирифт. Аз ин рӯ, вазифаи омӯзгор дар он аст, ки ба бачаҳо мазмуни чистонро кушода диҳад, ёрӣ расонад, то ки онҳо чистонҳоро дар рафти дарсҳо хуб омӯзанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода намоянд.
Бояд гуфт, ки омӯзиши асарҳои бадеӣ беҳтарин воситаи донишазхудкунӣ, инкишофи тафаккури мантиқӣ ва нутқи гуфторию навиштории хонандагони хурдсол ба шумор меравад. Аз ин ҷиҳат, муаллифон дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ як силсила афсона, панду ҳикмат, чистону тезгӯяк, зарбулмасалу масал ва хушгӯиҳои зиёдеро, ки дӯстию рафиқӣ, некукорӣ, хайрхоҳӣ, хоксорӣ, ростқавлӣ, далерию қаҳрамонӣ барин хислатҳои неки инсониро арҷгузорӣ мекунанд, ҷой додаанд.
Биноан, омӯзиши адабиёти бадеӣ ва истифодаи он дар дарсҳо барои ташаккули зеҳни наврасон мусоид буда, дар баробари содаву равон, фасеҳу малеҳ намудани нутқи гуфторӣ нутқи зеҳнии наврасонро низ такмил медиҳад.

 

Адабиёт:

1. Абдуллозода И. ва диг. Забони модарӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 3-юм, Душанбе, «Маориф”, 2017, саҳ. 272.
2. Абдуллоев И., Раҳимов А. Дастур барои муаллим ва волидон оид ба истифодаи маводи иловагӣ барои хониш. Душанбе: ҶДММ “То-Рус”, 2011, саҳ. 16.
3. Афсонаҳои халқи тоҷик. Раҷаб Амонов. Душанбе, 2001, саҳ. 400.
4. Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ. Сталинобод, 1960.
5. Лутфуллоев М., Иматова Л. Лафзи ширин. Дастури таълимӣ. Душанбе, 2005, саҳ. 224.
6. Лутфуллоев М. Осор, ҷилди 4. Душанбе: “Собириён”, 2013, саҳ. 512.
7. Лутфуллоев М. Педагогикаи миллии халқи тоҷик. Душанбе, 2015, саҳ. 704.
8. Лутфуллозода М., Абдуллозода И., Ҷалилова М. Методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ. Душанбе, 2017, саҳ. 266.
9. Раҳмонов М. Хусусиятҳои тарбиявии таълими адабиёти бачагонаи тоҷик ва қувваи таъсири он дар инкишофи маънавию ахлоқии мактабиёни хурдсол. Душанбе, 1995.
10. Сухомлинский В.А. О воспитании. Москва: “Просвешение” , 1985, саҳ. 423.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *