Раҳима РОЗИҚОВА,
мураббии кӯдакистони №80-и
ноҳияи Сино

Машғулият шакли асосии  кори таълимӣ дар кӯдакистон буда, он аз тарафи мураббия дар асоси ба ҳисоб гирифтани талаботи “Барномаи таълим ва тарбияи кӯдакони синни томактабии “Рангинкамон” ва хусусиятҳои синнусолии кӯдакон ташкил карда мешавад. Иштирок намудани ҳамаи кӯдакон дар машғулиятҳо ҳатмӣ буда, ҳар як машғулият мазмуни барномавии ба худ хос ва дар реҷаи рӯз мавқеи худро дорад.

Дар машғулият ба кӯдакон дониш, маҳорат ва малакаи нав дода, донишҳои кӯдакон бо низоми муайян васеъ карда мешавад. Кӯдакон малакаҳои иҷро намудани амалҳои фикрӣ ва фаъолияти таълимиро аз худ мекунанд, диққату ирода устувор ва дигар сифатҳои маънавияшон инкишоф меёбад, онҳо ба меҳнати фикрӣ омода мешаванд.
Масъалаи таълимдиҳӣ ва таълимгирии кӯдаконро дар машғулиятҳо дар педагогикаи томактабӣ доктори илмҳои педагогӣ Александра Платоновна Усова аз нуқтаи назари илмӣ кор кардааст. Вай, пеш аз ҳама, ақидаи дидактикии педагогҳои рус ва хориҷиро омӯхта, камбудӣ ва муваффақиятҳои онҳоро таҳлил намудааст. Ӯ таъкид менамояд: “Машғулияти дар кӯдакистон дуруст ташкил кардашуда имкон медиҳад, ки кӯдакон барномаи муайяни таълимиро аз худ намоянд, дар онҳо малакаҳои меҳнати фикрӣ инкишоф дода шавад”.
Машғулияти таълимӣ дар кӯдакистон аз системаи дарсии мактабӣ фарқ карда, хусусиятҳои ба худ хосро дорост. Ташкили коллективонаи машғулият дар гурӯҳ имкон медиҳад, ки мураббия муваффақият ва қобилияту лаёқати ҳар як кӯдакро аниқ намояд.
Таълимдиҳӣ дар рафти машғулият имкон дод, ки ба назарияи “тарбияи озод” (бояд кӯдак аз рӯйи барномаи махсуси худ омӯзад) зарба зада, нақши онро дар инкишофи ҳаматарафаи шахсияти кӯдак муайян бикунад. Кӯдакон дар машғулият ба ҳамдигар таъсири мусбат мерасонанд. Ҳиссиёти коллективизм, ёрии байниҳамдигарӣ ташаккул дода мешавад. Саёҳат, иҷрои якҷояи корҳои амалӣ — расмкашӣ, суробсозӣ, гулмонӣ, тартибдиҳӣ, меҳнати дастӣ, фаъолияти мусиқӣ-бадеӣ, машғулияти мусиқӣ, инкишофдиҳии ҳаракаткунӣ, хонда додани адабиёти бадеӣ ва ғайраҳо ба муттаҳидшавии кӯдакон мусоидат мекунад. Инчунин, дар ҷараёни машғулият интизомнокӣ, рафтори маданӣ, ҳисси масъулиятшинсоӣ, босабрӣ тарбия карда мешавад. Бачаҳои кӯдакистон ба мактаб омада, бо ҳамин хусусиятҳо аз кӯдакони аз оила ба мактаб омада фарқ мекунанд.
Мазмуни ҳамаи машғулиятҳо бояд ба мақсаду вазифаҳои тарбияи кӯдакон, ки дар барномаҳои таълиму тарбиявӣ тавсия шудааст, мувофиқат намоянд. Дар вақти тартиб додани барнома чунин принсип ба асос гирифта шудааст, ки маводи таълимӣ бояд иҷрои вазифаҳои тарбияи фикриро дар ҳамаи намудҳои машғулият — забони модарӣ, хештаншиносию мардумшиносӣ, тасаввуроти одитарини математикӣ, тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ, меҳнатӣ ва ҷисмонӣ таъмин намояд.
Дар реҷаи рӯзи кӯдакистон машғулиятҳо одатан дар нимаи якуми рӯз ҷой дода мешаванд, чунки дар ин давра қобилияту фаъолияти фикрии кӯдакон фаъол буда, мавзуъҳоро зуд аз худ карда метавонанд.
Машғулиятҳо дар давраҳои томактабӣ мувофиқи синну сол ташкил карда мешаванд. Дар гурӯҳҳои хурдсолон, яъне, синни барвақтӣ машғулиятҳо фардӣ ё бо чанд нафар кӯдак гузаронида мешаванд.
Аз гурӯҳҳои хурдсолон сар карда, (2-3-солаҳо) машғулиятҳо дар ду зергурӯҳ гузаронида мешаванд. Ҳайати ҳар як зергурӯҳ бояд доимӣ бошад. Дар зергурӯҳҳо машғулиятҳо, асосан, оид ба инкишофи нутқ, шиносоӣ бо муҳит, расмкашӣ, суробсозӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ, истифодаи маводҳои дидактикӣ, ашёи бинокорӣ ва ғайраҳо, гузаронида мешаванд.
Дар давраи дуюми хурдсолӣ (3-4-солаҳо) бачаҳо ба машғулиятҳои иловагии гулмонӣ ва инкишофи тасаввуроти одии математикӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳар як машғулият 15 дақиқа идома меёбад.
Дар давраи миёнаи томактабӣ (4–5-солаҳо) номгӯи машғулиятҳо ба монанди гурӯҳи се-чорсолаҳо мебошад, фақат мазмуни онҳо мураккаб мегардад. Шумораи умумии машғулиятҳо дар ин гурӯҳ аз 10 ба 12 мерасад, яъне, миқдори машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусиқӣ 1-тогӣ зиёд мегарданд.
Дар давраи калони томактабӣ (5-6-солаҳо) 14 машғулият гузаронида мешавад (4 рӯз — се машғулиятӣ ва 1 рӯз — ду машғулият). Давомнокии ҳар як машғулият то 30 дақиқаро ташкил намуда, байни онҳо 10 дақиқа танаффус муқаррар мегардад.
Дар давраи тайёрӣ ба мактаб аз моҳи сентябр то моҳи май 15 машғулият гузаронида мешавад. Чун кӯдакон ба фаъолияти таълимӣ дар мактаб омода мегарданд, дар ин давра ба машғулиятҳо диққати махсус додан лозим мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *