Бунафша САФАРОВА,
мураббии кӯдакистони №149-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Замоне марди оқилу хирадманде зиндагӣ мекард, ки ҳама аҳли диёр ба ӯ эҳтироми хос доштанд ва дар мушкилоту муаммои зиндагиашон муроҷиат мекарданд. Шахси нотавонбине ба хираду биниши марди оқил шубҳа дошт ва мехост исбот кунад, ки хирадманд на аз ҳама чиз огоҳ аст. Рӯзе ӯ шоҳпаракеро меораду аз хирадманд мепурсад: – Оё шоҳпарак дар кафи дасти ман зинда аст ё не?
Дар ин вақт дар хаёлаш гузаронд, ки агар хирадманд гӯяд, ки «мурда» шоҳпаракро аз кафи дастам озод мекунам, агар гӯяд, «зинда», онро пачақ карда, ба хирадманд нишон медиҳам.
Хирадманд бо андак тафаккур посух мегӯяд: — Ҳамааш дар дасти худат аст.
Аз ин ҳикояи кӯтоҳ хулоса баровардан мумкин аст, ки ояндаи маънавӣ ва илмию фарҳангии насли наврас дар дасти волидон ва мо – мураббиёну омӯзгорон мебошад.
Фарзанд меваи умр аст. То замоне ки ҷон дар бадани мураббиён ва омӯзгорон аст, набояд аз тарбияи фарзандони миллат канораҷӯӣ намоянд. Воқеан, атфол ниҳоли боғи инсонӣ буда, парвариш ва таваҷҷуҳи зиёдро талаб менамояд.
Равандҳои ҳассосу пуршиддати ҷомеаи муосир дар назди муассисаҳои тарбиявии томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна вазифаҳои наву мушаххас гузоштааст, ки сифати таълиму тарбияро таҷдид намуда, омодагии назарӣ ва амалии кормандони ояндаи кӯдакистону мактабҳоро тақвият бахшанд.
Мураббиён солҳо умри азизи худро ба тарбияи кӯдакон сарф менамоянд. Махсусан, масъалаи тарбия ва таълими кӯдак дар фарҳанги халқи тоҷик аз қадимулайём ҷойгоҳи хос дошта, ҳаққи устодро аз падар беш гуфтаанд.
Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва амнияту оромии кишварамон тамоми шароити таълим фароҳам гардида, мо – мураббиёнро водор месозад, ки дар самти тарбияи насли наврас бепарво набошем. Дар ин самт, ҷомеа низ бояд кӯшиш кунанд, ки дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва ба камол расонидани онҳо ҳамчун инсони пешрафтаву муваффақ саҳми арзишманд дошта бошем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриашон бахшида ба Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара таъкид намуданд: «Вазифаи муқаддаси мо ин тарбия ва ба камол расонидани насли навраси солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, эҷодкор, забондон, неруманд ва миллатдӯсту меҳнатдӯст мебошад».
Оқиле хуб фармуда, ки дарахт бо решааш мустаҳкам аст, одам бо амал ва тафаккураш. Ин суханони бузургворро шиор намуда, таъкид менамоям, ки тарбияи асосии кӯдакон дар руҳияи созандагӣ кафолати ояндаи дурахшони мо мебошад. Дар ин самт нақши кӯдакистон ҳамчун зинаи аввали таълиму тарбия тақдирсоз буда, фаъолияти мураббиён муҳим ва аввалиндараҷа мебошад.
Ба ин хотир, мураббиёнро лозим аст, ки машғулиятро мувофиқи талаби замон ба роҳ монда, аз аёнияти замони муосир бо маврид ва муфид истифода баранд. Ба нутқи шифоии ҳамарӯзаи кӯдакон диққати ҷиддӣ дода, дар ниҳоди онҳо меҳру муҳаббатро нисбат ба ВатанМодар, устод, волидон ва ҷомеа бештар бедор намоянд.
Барои он ки ба ин ҳадафҳои шоистаи худ бирасем, зарур аст, ки ҳамаи муассисаҳои томактабиро бо мураббиёни баландихтисосу масъулиятшинос таъмин кунем.
Аз синни хурдсолӣ дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб омӯзиши забони адабии давлатиро хубтар намуда, ҳамчунин, омӯзиши забонҳои русӣ, англисиро васеъ ба роҳ мондан муҳим мебошад. Инчунин, таҷҳизоти толорҳои машғулиятиро рангоранг намуда, ҳуҷраҳову даҳлезҳоро дар ҳолати озода ва барои кӯдакони синну солҳои гуногун фараҳовар нигоҳ доштан лозим аст.
Машғулият бозиҳоро вобаста аз обу ҳаво дар ҳавои кушод гузаронидан ба шуури кӯдакон таъсири муфид ва таҳрикдиҳанда дорад. Онро тарзе доир намоем, ки барои кӯдакон ҳаловатбахш бошад ва хешро дар муҳит хуб тасаввур кунанд.тасаввур кунанд.