Парвиз ҒУЛОМАСАЙНОВ,
муовини директор оид ба корҳои таълими
мактаби №35-и деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошими
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Иштирок ба дарс ва таҳлили он ҷузъи асосии назорати дохилимуассиса маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби маъмурият, раиси Шурои методӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ амалӣ мешавад. Албатта, қабл аз ворид шудан ба дарс дар назди таҳлилгар мақсади муайян гузошта мешавад. Мақсади иштирок ба дарс аз нақшаҳои корӣ (солона, моҳона ва ҳафтаина) маншаъ мегирад ва мусаллам аст, ки нақшаҳои мазкур дар ҷамъомадҳои назди директор ва маҷлисҳои истеҳсолӣ баррасӣ ва ба самъи омӯзгорон расонида мешавад.
Биноан, таҳлилгарро зарур аст, ки пеш аз ҳама, ва беш аз ҳама, ба мақсад наздик бошад. Манзури мо аз қайди ин нукта он нест, ки ба масъалаҳои дигар бетафовут бошем, балки бартарӣ нисбат ба мақсад таъмин гардад, то таҳлил ба манфиат ва самаранок бошад.
Дар зер чанд масъалаҳоеро, ки маъмулан чун мақсади иштирок ба дарс буда метавонанд, мисол меоварем, ки бо дарназардошти вазифа, салоҳият ва масъулияти таҳлилгарон ба қисматҳо ҷудо карда шудааст.
1. Омӯзиши ҳолати таълим
Дар ин ҳолат таҳлилгар ба омодагии омӯзгор ба дарс, истифодаи самараноки вақт, сатҳи дониши ӯ, доштан ё надоштани маҳорату қобилияти ба шогирдон расондани моҳияти дарс ва ба вуҷуд оварда тавонистани фазои солими равонӣ эътибор дода, хулосабарорӣ мекунад.
2. Назорати сатҳи дониш, малакаю маҳорат ва салоҳиятҳои хонандагон
Ҳангоми ба ин мақсад ба дарси омӯзгор даромадан сатҳу дараҷаи дониш, маҳорату малакаи шогирдон, қобилияти иҷрои фардиву мустақилонаи супоришҳо, инкишофи нутқ ва эҷодкории хонандагонро ба риштаи таҳлил мекашад.
3. Омӯзиш ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадам
Барои шахсе, ки ин мақсадро дар наздаш гузоштааст, масъулияту салоҳияти дучанд лозим аст. Ӯро мебояд, тамоми ҷузъиёти фаъолияти омӯзгор: таҳияи нақшаҳо, ороиши синфхона, эҷодкорӣ дар дарс, истифодаи технологияҳои таълим ва самараи меҳнати ӯро биомӯзад.
4. Назорати қисматҳои ҷудогонаи дарс
Мушоҳида бояд ба қисми ташкилӣ, назорати иҷрои супоришҳои вазифаи хонагӣ аз ҷониби хонандагон, ҷамъбасти мавзуи пешина ва робитаи он ба мавзуи нав, омода намудани аҳли синф ба баёни мавзуи нав, равиши омӯзиши мавзуи нав, истифодаи босамари аёнияту маводи худсохту васоити техникии таълим, кори мустақилона (мувофиқ ба синну соли хонанда) ва дастурдиҳӣ оид ба иҷрои он, таъмини алоқа ба фанҳои дигар ва монанди инҳоро мавриди таҳлил қарор диҳад.
5. Ёрии методӣ
Аснои иштирок дар дарси омӯзгорони ҷавон ёрии методӣ ба нақша гирифта мешавад. Ин усул аз ду марҳила иборат аст: аввал мушоҳида ва маслиҳат, сонӣ талаби риояи онҳо ва он низ бояд эҳтиёткорона ба ҷо оварда шавад.
6. Мушоҳидаи таъмини ҷанбаи тарбиявии дарс
Табиист, ки таълими мукаммал бе тарбия имконнопазир аст, ба вижа, дар синфҳое, ки хонандагони душвортарбия доранд. Аз ин лиҳоз, муассир будани ҷанбаи тарбиявии дарс яке аз омилҳои беҳтар намудани раванди таълиму тадрис буда метавонад.
7. Омӯзиши кори омӯзгор барои аз аттестатсияи навбатӣ гузаронидани ӯ
Дар ин ҳол кори омӯзгор тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони идора ва шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омӯхта мешавад.
8. Мушоҳидаи берун аз нақша
Ба он мақсад иҷро карда мешавад, агар аз ҷониби волидон, иттифоқи касаба ва ё хонандагон нисбат ба дарси омӯзгор, муносибати ӯ бо шогирдон норозигие пайдо гардад.
9. Назорати риояи техникаи бехатарӣ аз ҷониби омӯзгор ва хонандагон (дар дарсҳои амалӣ)
Ба кадом мақсад раванди дарс таҳлил карда мешавад? Ба ин савол ҷавоб додан он қадар саҳл нест, чунки намудҳои гуногуни таҳлили дарс вуҷуд дорад ва ҳар як намуди таҳлили дарс мақсади ба худ хосро дорад. Кӯшиш мекунем, ки ин саволро баррасӣ ва ба ин масъала аз диди омӯзгор ва маъмурияти муассиса назар намоем.
Таҳлили дарс аз нигоҳи омӯзгор
Дарси муосир маъмулан якранг ва дорои мазмуну мундариҷаи якхела аст. Бинобар ин, ҳар як омӯзгор барои худ шакл ва сохти таҳлили дарсро муайян мекунад, ки он барояш мувофиқ ва имконпазир аст. Аммо маҳз дар робита ба ин марҳила шубҳа ва нофаҳмиҳо ба миён меоянд: имкони интихоб зарурати бештар андешидану мулоҳиза карданро тақозо менамояд. Баъзеҳо вақт надоранд, дигаре бошад, хоҳиш надорад ва гурӯҳи сеюм ҳам ҳаст, ки чунин меандешанд: “Кадом қолабро барои мо муқаррар кунанд, аз рӯйи ҳамон дарсро месанҷем”.
Таҳлили дарс барои худи ман ҳамчун омӯзгор моҳияти аввалиндараҷа дорад. Дар рафти таҳлил имкон пайдо мекунам, ки ба дарси худ бо нигоҳи дигарон нигарам ва бо ҳамин роҳ чӣ тавр сурат гирифтани фаъолияти худро дарк намоям.
Ин як намуди рефлексия аст, ки таввасути он ба тарафҳои қавӣ ва заифи дарси худ баҳо диҳам ва имкониятҳои татбиқношудаи худро муқаррар кунам. Худтаҳлилӣ имкон медиҳад, ки омӯзгор номураттабиҳои раванди дарси худро ошкор карда тавонад.
Таҳлили дарс аз нигоҳи маъмурияти мактаб
Асбаски нишондиҳандаи асосии фаъолияти омӯзгорӣ дарс аст, пас ҳар як мушовири шуъбаи маориф ва роҳбарияти мактабро зарур аст, ки малакаҳои хуби таҳлили дарсро доро бошанд. Ин имкон медиҳад, ки мушкилиҳои муайяни фаъолияти касбии омӯзгор саривақт муқаррар карда шуда, ба омӯзгор ёрии зарурии методӣ расонида шавад ва бо ҳамин роҳ ба такмили маҳорати касбии ӯ мусоидат карда шавад.
Дар баробари таҳлили берунаи дарс хеле муҳим аст, ки худтаҳлилкунии омӯзгор ва худбаҳогузории ӯ ба кори худ шунида шавад. На дар ҳамаи муассисаҳо худтаҳлилкунии дарс ҷой дорад ва албатта, ин боиси таассуф аст. Зеро худтаҳлилкунӣ нишондиҳандаи асосии рушди касбии омӯзгор аст.
Ҳангоми таҳлили дарс, чун қоида ба усулҳои дарсгузаронӣ, тарзҳои фаъолгардонии хонандагон, самаранокии азхудкунии мавод баҳогузорӣ карда мешаванд. На ҳамеша дарс аз нигоҳи физиологиву педагогикаи солимӣ таҳлил карда мешавад. Чунин таҳлилро мунтазам кардан лозим аст. Мушоҳидаи дарси омӯзгорон ва таҳлили он дар феҳристи чорабиниҳои назоратӣ-таҳлилии маъмурияти муассиса дар мадди аввал меистад. Албатта, иштирок ба дарс тасодуфӣ ва бе мақсад набуда, дар асоси нақшаи кории солона роҳандозӣ мешавад.
Талаботи илмӣ, педагогӣ, писихологӣ, методӣ ва тарбиявии таҳлили дарс
Пас аз иштирок ва мушоҳида таҳлилгар дарсро аз ҷиҳати илмӣ, педагогӣ, психологӣ, методӣ ва тарбиявӣ таҳлил намуда, бурду бохти онро манзури омӯзгор мекунад. Барои руҳбаланд намудани омӯзгор дар ибтидо ҷанбаҳои мусбати дарсро қайд карда, сипас, маслиҳатҳои методиро пешниҳод намудан лозим аст, то ӯ камбудиҳои худро дарк карда, барои ислоҳ ва рангорангу шавқовар гузаронидани дарсҳо саъй намояд.
Педагоги машҳури Шуравӣ В.А.Сухомлинский навишта буд:
“Агар омӯзгор таҳлили далелҳо ва дарки зуҳуроти педагогиро намедонад, он гоҳ амалҳои сол ба сол такроршаванда якрангу дилгир метобанд ва ӯ рағбатро ба кори худ гум мекунад. Моҳияти таҷрибаи педагогӣ аз он иборат аст, ки барои омӯзгор ҳамасола чизи наве бозмегардад ва неруи эҷодии ӯ дар талоши дарёфтани навгонӣ равона мегардад”.
Биноан, дар ин маврид истифодаи ибораҳои “Хуб буд, агар …..”, “Хуб мешуд, агар ….” ва монанди инҳо барои ифодаи мақсади ҷумлаи боло мувофиқ аст. Ба таври дигар гӯем, мушоҳидаю таҳлили дарс низ технологияи ба худ хос дорад ва риояи он ҳатмӣ буда, ба манфиати кор аст. Аз ин рӯ, мушоҳид ё таҳлилгар бояд, пеш аз ҳама, худ мутахассиси чашмикордон, шахси ҳалим, боэҳтиёт ва поквиҷдон бошад, методика ва педагогикаро хуб донад. Ҳамчунин, дар мушоҳидаи дарс ба худ ҳамроҳ гирифтани роҳбари иттиҳодияи методӣ ва ё бо худ омӯзгори таҷрибадору мутахассиси фанни мавриди мушоҳида ба манфиати кор аст.
Ин хислатҳо, бахусус, дар муносибат бо мутахассисони ҷавон аҳаммияти бештареро дорост, зеро як сухани ноҷои таҳлилгар метавонад, омӯзгори ҷавонро аз пешаи интихобнамудааш дилсард созад.
Хулоса, таҳлил бояд холисона ба ҷо оварда шавад. Бо мушоҳидаи як дарс баровардани хулосаи дақиқ раво нест. Пас аз иштирок ба ду ё се соати дарс метавон онро ҷамъбаст ва таҳлилу хулосабарорӣ карда, иҷрои камбудию маслиҳатҳоро дар дарсҳои минбаъда талаб намуд. Дар таҳлили дарс ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои мушоҳидачӣ ё нозир, муҳим муайяни кардани он аст, ки ба ҳадафи ниҳоӣ расидааст ё не? Бинобар ин, мувофиқи матлаб мебуд, агар пеш аз оғози таҳлил аз омӯзгор пурсида шавад, ки мақсади ӯ чи буду то чӣ андоза ба он ноил гардид? Сипас, андешаи ӯ аз ҷиҳати педагогӣ бо асли ҳол қиёс карда мешавад.
Дар интиҳо омӯзгор бо хулоса ва пешниҳоду дастурҳо шинос шуда, дар ҳолати зарурӣ дар зери он имзо мегузорад.