Наргис ШИРМАТОВА,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
мактаби №64-и ноҳияи Варзоб

Соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гардида, ҷиҳати рушду пешрафти он ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат татбиқи муносибати босалоҳият ба таълимро роҳандозӣ намудааст. Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ин талаби замони муосир буда, барои рушди салоҳиятҳои зарурии хонандагон мусоидат менамояд. Эҷодкорӣ, тафаккури интиқодӣ, маҳорати омӯхтан, коммуникативӣ ва ҳамкорӣ салоҳиятҳои асосӣ ба шумор меравад.
Ҷараёни таълиму тадрис раванди дуҷониба буда, дар он ҳамкории фаъоли омӯзгор ва хонанда ба назар гирифта мешавад, аммо на ҳама вақт ин ҳолат ба назар мерасад, зеро дар бисёр ҳолатҳо танҳо омӯзгор фаъол буда, хонандагон ғайрифаъол, яъне, ҳамчун “қабулкунандаи дониш” амал мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар бисёр ҳолатҳо машғулиятҳо дилгиркунанда, бидуни таваҷҷуҳ мемонанд ва ба фикру ҳиссиёти шунавандагон таъсир намерасонанд. Ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои такмили минбаъдаи ҷараёни таълим бояд тавассути шиддат додани раванди таълим, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим амалӣ карда шавад. Бояд ҳар як омӯзгор аз усулҳои муосири таълим истифода бурда, таваҷҷуҳи хонандагонро ба дарс пурра ҷалб кунад ва дар шогирдон тафаккури баланд, мустақилият, қобилияти ташаббускорию эҷодкориро бедор карда тавонад. Усули фаъоли таълим шакли махсуси ташкили фаъолияти даркшаванда буда, ҳадафҳои хеле мушаххас ва пешбинишавандаро дар назар дорад. Мақсад аз он фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ мебошад, ки дар он хонанда худро муваффақ ва салоҳияти зеҳнии худро эҳсос мекунад, ки ин худи раванди таълимро самаранок менамояд. Ба ибораи дигар, усули фаъоли таълим, пеш аз ҳама, таълимоти мубоҳисавӣ мебошад, ки дар ҷараёни он ҳамкории байни хонанда ва омӯзгор, байни гурӯҳҳои хонандагон ба амал оварда мешавад.
Вазифаи асосии усулҳои фаъоли таълим аз бедор кардани шавқу завқи хонандагон, азхудкунии самараноки маводи таълимӣ, ҷустуҷӯи мустақилонаи хонандагон, роҳҳову усулҳои ҳалли масъалаи гузошташудаи таълимӣ, таъсиси ҳамкори байни хонандагон, омӯзиши кор кардан дар гурӯҳ, таҳаммулпазирӣ ба ҳар як нуқтаи назар, эҳтироми ҳуқуқи ҳар як шахс ба озодии сухан, эҳтироми шаъну эътибори онҳо, ташаккули афкор ва муносибати хонандагон, ташаккули малакаҳои касбӣ ва ҳаётӣ, расидан ба сатҳи салоҳияти бошууронаи хонандагон иборат аст.
Ҳангоми истифодаи усулҳои фаъоли таълим нақши омӯзгор ба таври назаррас тағйир меёбад, акнун ӯ нақши марказиро намебозад, балки танҳо равандро танзим карда, умуман бо ташкили он машғул мешавад, супоришҳои заруриро пешакӣ омода менамояд ва саволҳо ё мавзуъҳоро барои муҳокима дар гурӯҳҳо таҳия мекунад, машварат медиҳад, вақт ва тартиби иҷрои нақшаи пешбинишударо назорат мекунад. Иштирокдорон ба таҷрибаи иҷтимоӣ-таҷрибаи худашон ва дигарон рӯ меоранд, дар ҳоле ки онҳо бояд бо ҳам муошират кунанд, вазифаҳои гузошташударо якҷоя ҳал намоянд, ихтилофотро бартараф ва нуқтаҳои тамосро пайдо намуда, созиш кунанд.
Барои татбиқи муносибатҳои босалоҳият усулҳои гуногуни фаъоли таълимро истифода бурдан мумкин аст:
— мизҳои мудаввар;
— ангезиши зеҳнӣ;
— бозиҳои корӣ ва нақшофарӣ;
— корҳои гурӯҳӣ ва ғайра.
Таълими интерактивӣ имкон медиҳад, ки дар рафти як дарс, ки 45 дақиқаро фаро мегирад, якчанд усули таълим истифода карда шавад. Яке аз он усулҳои фаъоли таълим истифодаи корҳои гурӯҳӣ дар байни хонандагон мебошад, ки дар рафти он малакаю маҳорати коммуникативии хонандагон такмил меёбад. Ин усули омӯзиш ба барқарор кардани робитаҳои ҳассос дар байни хонандагон ёрӣ расонда, вазифаҳои тарбиявиро таъмин менамояд, зеро он дар як гурӯҳ кор кардан, ба фикру мулоҳизаҳои рафиқони худ гӯш доданро меомӯзонад. Мустаҳкамии дониш, эҷодкорӣ ва тахайюл, малакаи муошират ва эҳтироми тарафайнро таъмин менамояд.
Истифодаи усулҳои фаъоли таълимро дар шакли корҳои гурӯҳӣ дар дарси ҳуқуқи инсон дар синфи 10 дида мебароем

Мавзуъ: Санадҳо оид ба ҳуқуқи инсон
Омӯзгор дарсро ба нақша гирифта, мақсади онро мувофиқи мавзуъ интихоб менамояд ва бо хонандагон муҳокима менамояд.
Мақсади дарс:
Хонандагон дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот гирифта, онҳоро вобаста ба қувваи юридикӣ таснифот карда метавонанд.
Омӯзиш ба муносибати босалоҳият асос ёфта, тибқи нақшаи дарс хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, фаъолият менамоянд ва ба натиҷаи таълимии салоҳиятҳои зерин ноил мегарданд:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *