Азим Исмоилов,
омӯзгори мактаби №6-и ноҳияи Рӯшон,
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дарси муосирро омӯзгорони таърих (ҳамаи омӯзгорон низ) аз истифодаи тарз ва усулҳои гуногуни омӯзиш дар раванди таълим медонанд. Гуногуншаклии омӯзиш на танҳо боиси тағйир ёфтани фаъолияти омӯзгороне, ки воситаҳои самарабахши ҷараёни таълиму тарбияро истифода мебаранд, мегардад, балки дар натиҷаи он фаъолияти эҷодии хонандагон низ рушд меёбад. Барои ин омӯзгори таърихро зарур аст, ки зери таъсири ин тағйирот на танҳо худ, балки ҳангоми омӯзиши маводи таълимӣ шаклҳои ғайрианъанавии таълим ва бозиҳои дидактикиро низ истифода барад.
Маълум аст, ки шаклҳои гуногуни бозӣ дар ҳаёти кӯдак нақши муҳим мебозанд. Ҳанӯз дар асри 18 файласуф ва мутафаккири фаронсавӣ Жан Жак Руссо гуфта буд, ки агар касе кӯдакро донистан хоҳад, ӯро дар раванди бозӣ мушоҳида кунад. Дар ҳақиқат, баръакси калонсолон, ки барои онҳо воситаи асосии муошират бо дигарон — муоширати лафзӣ мебошад, муҳити аслии муошират барои кӯдак бозӣ ва ҳаракатҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, педагог ва нависандаи номвари кӯдакон В.А.Сухомлинский (28.09.1918 – 2.09.1970) қайд карда буд, ки бозӣ тирезаи равшанест, ки тавассути он ҷараёнҳои ҳаётбахш ва тасаввурот дар бораи муҳити атроф ба олами маънавии кӯдак ворид мешаванд. Бозӣ шарораест, ки кунҷковӣ ва шавқу ҳаваси маърифатҷӯии кӯдакро зиёд мегардонад.
Бозӣ воситаи муҳимми ҳавасмандкунӣ барои омӯзиш аст. Дар рафти бозӣ майлу рағбати маърифатии хонандагон рушд меёбад.
Доир ба ин масъала муҳаққиқони дигар низ назару андешаҳои гуногун баён намудаанд. Аз ҷумла, Л.П. Борзова сабабҳои муносибати мусбати хонандагон дар дарси таърих ба бозиро омӯхта, чунин қайд намудааст: «Баъзе аз наврасон дар бозӣ барои он иштирок мекунанд, ки имкониятҳо ва қобилиятҳои имконпазири худро амалӣ намоянд, дигарон хоҳиши гирифтани баҳои баланд дошта, қисми сеюми хонандагон худро дар назди коллектив нишон додан мехоҳанд ва ниҳоят, гурӯҳи чоруми хонандагон ба воситаи иштирок дар бозиҳо мехоҳанд, проблемаҳои муоширатии худро ҳал кунанд«.
Бозӣ, инчунин, равандҳои асосии зеҳнии субъекти фаъолияти таълимиро, ба монанди диққат, хотир, майлу рағбат, идрок ва тафаккур фаъол месозад. Ташкили бозӣ дар дарси таърих аз банақшагирии он оғоз мешавад. Самаранокии бозӣ дар ҷараёни омӯзиш аз он иборат аст, ки дар раванди иҷрои он маводи таълимии таърих беҳтар ҳал карда шуда, хонандагон дониши назариявии худро дар вазъияти ношинос амалӣ мекунанд. Дар ҷараёни бозӣ хонандагон ба вазъияти ғайриодӣ дучор мешаванд, ки онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза ба он рӯ ба рӯ нашудаанд. Иштирок дар чунин вазъият ва ҳалли иҷрои шартҳои бозӣ барои хонандагон кашфиёти нав ба ҳисоб меравад. Омӯзгори ботаҷриба бояд ба инобат гирад, ки баъд аз иҷрои якчанд бозӣ таҷрибаи хонандагон то андозае зиёд гардида, он эҳсосоте, ки онҳо дар оғози бозӣ доштаанд, кам шудан мегирад ва ҳар бор такрор намудани як навъи бозӣ боиси хасташавии хонандагон мегардад. Аз ин лиҳоз, омӯзгорро зарур аст, ки ҳар сари чанд вақт намудҳои гуногуни бозиро ба нақша гирифта, дар дарс амалӣ намояд.
Истифодаи бозиҳо дар дарсҳои таърих раванди омӯзишро шавқовар гардонида, ба ташаккули майлу рағбати маърифатҷӯии хонандагон мусоидат менамоянд. Дар чунин дарсҳо фазои мусоид ба вуҷуд меояд, ки дар он унсурҳои интихоби озод ва эҷодии хонандагон рушд мекунанд. Дар давоми бозӣ қобилияти кор дар гурӯҳ инкишоф меёбад, чунки аксар вақт ғалабаи тамоми даста дар бозӣ танҳо бо саъю кӯшиши ҳар як узви он имконпазир мегардад. Иҷрои нақши душвор аз хонандагон бартараф намудани беэътиноӣ ва нобоварӣ ба неруи худро талаб намуда, ба рушди зеҳн ва дарки ҳисси масъулиятшиносии хонандагон мусоидат мекунад. Фаъолона иштирок намудан дар бозӣ аз хонандагон талаб мекунад, ки тамоми маҳоратҳои худро истифода бурда, маҳоратҳои навро соҳиб гарданд ва донишҳои аллакай маълуми худро қавӣ гардонанд. Ин ё он нақше, ки хонанда дар раванди бозӣ иҷро менамояд, дунёи маънавии кӯдакро бой гардонида, хусусиятҳои эҷодии шахсияти ӯро инкишоф медиҳад.
Барои исботи фикрҳои қайдшуда ва истифода дар раванди кори омӯзгорӣ чанд намунаи бозиро пешниҳод менамоем, ки шояд барои ҳамкасбон дар фаъолияти амалӣ кумак расонанд.

Бозии «Дарёфти мамлакатҳо»
Омӯзгор вобаста ба шумораи хонандагон аҳли синфро ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунад. Ҳар як даста лифофа мегирад, ки дар дохили он номҳои шахсони маъруфи таърихӣ (Исмоил, Спитамен, Тутмос, Солон, Геродот, Тутанхамон, Дорои I, Куруш, Гомер, Сезар, Евклид, Перикл ва ғайра) навишта шудаанд. Дар дасти омӯзгор боз 4 лифофаи холӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо номи мамлакатҳо: Сомониён, Форс, Миср, Юнон, Рим ва ғайра навишта шудааст. Вазифаи хонандагон аз он иборат аст, ки дар лифофаҳое, ки номи давлатҳо навишта шудааст, номи шахсони таърихиро мувофиқ кунонда, ҷобаҷо намоянд.

Бозии «Саволҳои сарпӯшдор»
Ҳар як хонанда дар коғаз вобаста ба мавзуъ саволҳоро тартиб медиҳад.
Варианти 1: «Се сарпӯш». 1. Маълумот дар бораи матн; 2. Муносибати ҷавобдиҳанда ба мазмуни матн чӣ гуна аст. Мусоҳиб ба суханони дар матн зикршуда (масалан, таассурот ва ғайра); 3. Саволҳое, ки худаш низ ба онҳо ҷавоб дода наметавонад. Хонандагон бо хоҳиши худ варақаи саволро гирифта, вобаста ба он нуктаи назари худро баён мекунанд.

Варианти 2: Саволҳо оид ба шахсиятҳои таърихӣ дода мешаванд.

Бозии «Ходими сиёсиро бишнос!»
Аҳли синф ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Ҳар як гурӯҳ варақе мегиранд, ки дар он номи ходими давлатӣ навишта шудааст. Вазифаи хонандагон аз он иборат аст, ки вобаста ба имконият ному насаб, солҳои ҳаёт, фаъолияти сиёсӣ маълумотеро, ки дар матн дода нашудааст, номбар кунанд.

Бозии «Суханони кӣ?»
Муаллим ба хонандагон варақчае, ки дар он суханони ходимони таърих, сиёсатмадорон ва ҳакимон навишта шудаанд, тақсим мекунад. Хонандагон бояд муайян кунанд, ки ин суханон аз ҷониби кӣ, кай, дар куҷо ва дар кадом ҳолат баён ё навишта шудаанд. Ба хонандагон иҷозат дода мешавад, ки барои ёфтани иқтибос аз китоби дарсӣ истифода баранд.

Бозии «Аз даҳон ба даҳон»
Бозиро бо аҳли синф гузаронидан мумкин аст. Омӯзгор барои иштирок дар бозӣ 4 хонандаро даъват мекунад. Се нафари онҳо бояд аз синф берун карда шаванд. Омӯзгор аз китоби дарсӣ матнеро ба аҳли синф (хонандаи чорум ҳам) мехонад. Матн бояд кӯтоҳу шавқовар бошад ва метавонад ҳадди аксари номҳо, санаҳо, мафҳумҳоро дошта бошад. Пас аз анҷоми қироати матн ба синф иштирокдори дуюми бозӣ даъват карда мешавад. Вазифа аз он иборат аст, ки иштирокдорони бозӣ бо навбат маълумоти аз ҳамдигар шунидаро нақл кунанд. Иштирокдори охирин (чорум) чизеро, ки аз суханони иштирокдори сеюм фаҳмид, ба аҳли синф нақл мекунад. Муҳим аст, ки бозӣ бо суръати тез гузарад ва иштирокдорони он бе таваққуф маълумоти шунидаашонро мубодила намоянд. Баъд аз он омӯзгор матнро бори дуюм оҳиста-оҳиста хонда, ба хонандагон барои аз худ кардани мазмуни он кумак мекунад ва байни аҳли синф оид ба мазмуни матн саволу ҷавоб ташкил менамояд.

Бозии «Хаторо ёбед»
Омӯзгор дар доираи мавзуи омӯхташуда, пешакӣ якчанд варақае, ки дар онҳо матнҳо (№1 дуруст, №2 хато) навишта шудаанд, омода мекунад. Хонандагон метавонанд бо ин матнҳо дар алоҳидагӣ, дукаса ё гурӯҳӣ кор кунанд. Омӯзгор дар назди ҳар як хонанда (ҳар гурӯҳ) варақаи матндор мегузорад. Хонандагон бояд бо диққат мазмуни матнро омӯзанд. Барои иҷрои ин фаъолият вақти муайян ҷудо карда мешавад. Бо иҷозати омӯзгор хонандагон оид ба мазмуни он дар дафтар қайдҳо мегузоранд. Бо анҷом ёфтани вақти додашуда, омӯзгор варақаҳои матндори №1-ро ҷамъ намуда, ба хонандагон матни варақаи №2-ро, ки он аз ҷиҳати мазмун ба варақаи №1 баробар аст, тақсим мекунад. Вале дар дохили матни №2 хатоҳое мавҷуданд, ки хонандагон бояд онҳоро ёфта, ислоҳ кунанд. Хонанда (гурӯҳ)-е, ки миқдори зиёди хатоҳоро ёфта, ислоҳ намояд, ғолиб дониста мешавад.

Бозии «Қаҳрамон, сана ва воқеа»
Дар бозӣ ҳамаи синф иштирок карда метавонанд. Барандаи бозӣ (омӯзгор) аз назди иштирокдорон гузашта, аз яке номи қаҳрамон, аз дигаре санаи ба он мувофиқ ва сеюмӣ воқеаи ба онҳо мувофиқро мепурсад. Хонандае, ки аз уҳдаи баёни фикр баромада натавонад, аз бозӣ хориҷ мешавад.
Бозии «Шинохтани қаҳрамон»
Яке аз иштирокдорони бозӣ аз синф берун карда мешавад. Иштирокдорони дигар номи яке аз шахсони таърихиро интихоб мекунанд. Иштирокдори аз синф берунбуда даъват мешавад ва ӯ бояд номи он шахсеро, ки иштирокдорони дигар интихоб намудаанд, пайдо кунад. Ба вай иҷозат дода мешавад, ки барои пай бурдани номи қаҳрамон ба иштирокдорони дигар саволҳо пешниҳод диҳад. Иштирокдорони дигар ба сифати ҷавоб танҳо калимаҳои «ҳа», «не», «қисман»-ро истифода мебаранд. Барои он ки бозӣ муташаккилона гузарад, чунин шартҳоро ба миён гузоштан лозим аст: байни савол ва ҷавоб бояд аз 0,5 дақиқа вақт зиёд сарф нашавад; миқдори ҷавобҳо то 10 адад маҳдуд карда шаванд. Иштирокдоре, ки ҳангоми ёфтани номи қаҳрамон саволҳои камтарро истифода бурдааст, ғолиб дониста мешавад. Иҷрои чунин бозӣ имкон медиҳад, ки хонандагон мантиқан фикр кардан, дуруст савол гузоштан, ҷавобҳоро бо ҳам муқоиса кардан ва ба хулосаи дуруст омаданро ёд гиранд.
Хулоса, дар асоси ҳамаи хусусиятҳое, ки дар бораи истифодаи технологияи бозӣ дар ҷараёни омӯзиш дар ин нигошта баён шудаанд, мо метавонем, ки бозиро ёрдамчии боэътимоди омӯзгор биномем. Зеро омӯзгор ҳамеша дар орзуи таъмини сифати баланди таҳсил аст. Бо истифодаи технологияи бозӣ ва дигар шаклу усулҳои нави таълим омӯзгор ба хонандагон имкон медиҳад, ки таҷрибаи муошират ва гуфтугӯ, мубоҳиса, эҷодкориро ғанӣ гардонида, дорои салоҳиятҳои коммуникатсионӣ, қобилияти санҷиш ва пешгӯии ҳар гуна вазъият ва ҳимоягари ақидаи худ гарданд. Истифодаи ин гуна технологияҳо ба ташаккули хислатҳои шахсии хонандагон, ки барои ҳар як шаҳрванди давлати демокративу ҳуқуқбунёд заруранд, мусоидат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *