Сенарияи барномаи адабӣ-мусиқӣ ба муносибати рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Ҳабиба СОҲИБЗОДА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
Литсейи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимму муқаддаси давлатдории миллӣ буда, истиқболи шоиста аз ин ҷашн дар муассисаҳои таълимӣ ба рушди тафаккури миллии насли наврас ва дар таҳкими худшиносию худогоҳии хонандагон нақши арзишманд мегузорад. Барои осон шудани кори омӯзгорони ҷавон дар таҳияи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ як сенарияи шоиста манзур карда мешавад. 

1. Ороиши муассисаи таълимӣ бо овезаҳо, гӯшаи китобҳо, расмҳо аз дастовардҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, Нишон, Парчам ва ғайра.

2. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад.

3. Ровиёни барнома (6 нафар аз ҳисоби духтарон ва писарони синфи 10 ё 11, бо нутқи бурро, забондон ва бо либоси ягонаи мактабӣ) ба саҳна меоянд.

Ровии 1. Райҳона: 

Ассалом, эй аслу эй бунёди ман,

Ассалом, эй хонаи аҷдоди ман.

Ровии 2. Файзалӣ:

Ассалом, субҳи сафеди кишварам,

Ассалом, эй рӯзгори пурфаррам.

 Райҳона: 

Ҳамватан, субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост,

Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост.

Файзалӣ: 

Ҷашни истиқлол дорад халқи олишони мо,

Ҷилва дорад аз тароват мулки бепоёни мо.

Райҳона: Ассалому алейкум, омӯзгорони муҳтарам, меҳмонони арҷманд ва хонандагони гиромӣ! Ҳузури мубораки шуморо ба саҳни (ё толори) зебои Литсейи ба номи Темур Собиров (хонанда метавонад бо зикри муассисаи худ матнро истифода барад) ва ба ин ҷашни бузург, ҷашни тақдирсози миллати тамаддунбунёди тоҷик, 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯем. Ҷамъомади имрӯзаро таҳти унвони (ҳарду якҷоя): “Зиёву нур резад бар Ватан, хуршеди истиқлол!”, ки ба ҷашни истиқлол бахшида мешавад, кушода эълон менамоем.

Файзалӣ: Райҳона, чеҳраи ту имрӯз хеле нуронӣ менамояд.

 Райҳона: Оре, Файзалӣ! На танҳо чеҳраи ман, балки чеҳраи хурду калон ва пиру ҷавон нуронӣ шудааст. Зеро: 

Шамъи истиқлол ҷо бигрифт дар қандили мо.

Ҳарду: 

Нури раҳмат рез-рез имрӯз дар манзили мо. 

 Райҳона: 

Раҳ ба сӯи нури хуршед аст, Истиқлол,

 Файзалӣ:

 Саргаҳи дарёи умед аст, Истиқлол.

Райҳона: Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки бузургтарини он ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон мебошад. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлол муқаддастарин рукни давлати озод, рамзи шарафи ватандорӣ ва таконбахши ҳаёти мо мебошад.

Файзалӣ: Дар ҳақиқат, барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз суқути давлати фарҳангии Сомониён қариб ҳазор сол лозим омад, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодӣ давлати навини худро бунёд гузорад ва ба оламиён аз истиқлоли комили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ паём фиристад.

Ровиёни дигари барномаи фарҳангӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ сухан менамоянд.

Омина: Да, действительно друзья, сегодня один из самых прекрасных дней в истории, годовщина независимости нашей любимой Родины.

Алиҷон: 

Я обхожу родимые края,

В пути ласкаю горы и поля.

Глазами сердца землю обнимаю

И голову высоко поднимаю

Таджикистан, республика моя!

Омина: Алиджон, знаете ли вы, что 9 сентября 1991 года Таджикистан стал суверенным государством. Но 90-е годы ХХ века стали временем тяжелейших испытаний. Началась гражданская война.

Алиҷон: Да, Омина. Я знаю. В результате этой безсмысленной войны тысячи людей стали беженцами и погибли.

Алиҷон: Омина, народ хотел мира и спокойствия. Благодаря воле и мудрости нашего Президента Эмомали Рахмона беженцы стали возвращаться на Родину. В стране наступил долгожданный мир. 

 Марям: During the twentieth century Tajikistan was a part of the former Soviet Union. The Soviet Union lasted about seventy years. It collapsed in 1991. 

 Меҳроб: The Supreme Council of Tajikistan adopted the Declaration of Independence in August 24, 1990. Then it announced the State Independence of our Republic in September 9, 1991.

Райҳона: Файзалӣ, ин ҳама забондонии рафиқонамон низ аз файзи истиқлол аст. Ҳамин тавр не?

 Файзалӣ: Оре, Райҳона. Бинобар ин, барои ҳифзи истиқлол ва ободии диёр биёед, ҳоло дуои нек ва андешаҳои пири барнодил, рӯзгордидаву таҷрибаандӯхтаро бишнавем. Марҳабо, бобоҷон!

Пирамард: (метавонад аз ҳисоби хонандагон бошад, бо либоси пирамард) 

— Фарзандони азиз! Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлол дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд. Вале дар Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлол дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлатдории нав мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Аммо халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Шукргузори онем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардидааст.

Ҷавонони азиз! Имрӯзу ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумост, биёед, ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати мо сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки Истиқлоли миллати худро ҷовидон нигаҳ доред!

 Файзалӣ: Ташаккур, бобоҷони азиз. Бовар дорем, ки ҷавонон пандҳои беназири шуморо сармашқи кори худ намуда, барои ҳифзи марзу бум ва рушди Тоҷикистони азиз тавассути ахлоқи наку, дониши баланд ва меҳнати софдилона талош менамоянд. Инчунин, ба Истиқлоли Ватани маҳбуби худ арҷ мегузоранд, зеро сарв сарсабз аст, аз он рӯ, ки озод аст.

Файзалӣ: Ҳоло барои болидагии табъи шумо суруди “Чист, Истиқлол?” дар иҷрои хонандагони мактаб пешниҳод мегардад. Марҳамат!

Омина: Трудолюбивый таджикский народ преодолел трудности переходного периода. Прошло немало лет со временем обретения независимости, и сегодня мы вправе сказать: День ото дня Родина становится краше! Не так ли, Алиджон?

 Алиҷон: Да, Омина, вы действительно правы. Теперь мы можем без преувеличения сказать, что сейчас Таджикистан стал цветущим краем. Жизнь вошла в своё русло, учатся дети, юноши и девушки, работает взрослое население страны. Красота Родины завораживает наши сердца и нам хочется петь о ней снова и снова. 

 На широком просторе

 Предрассветной порой

 Встали алые зори

 Над родимой страной.

С каждым годом всё краше

Дорогие края…

Ҳар ду: 

Лучше Родины нашей

Нет на свете, друзья!

Райҳона: Хонандагони азиз, ба фикри шумо истиқлол чист?

Ду нафар хонанда:

— Истиқлол шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст.

— Истиқлол рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад, зеро дар дунёи пуртазодди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили худро дошта бошад.

Файзалӣ: Офарин ба шумо, ҳаммактабиёни азиз, барои дарки воло. Дар ҳақиқат, истиқлол арзишмандтарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Пас аз ҳазор сол муҳимтарин воқеаи таърихӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз ба армуғон овардааст. 

Райҳона: Бале, Файзалӣ. Биёед, ҳоло андешаҳои толибилмонро оид ба дастовардҳои истиқлол ва саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими онро шунавем. Марҳамат, хонандагони гиромӣ!

Якчанд хонанда — духтару писар ба саҳна меоянд.

 Духтар: Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистон мебошад. Баъди нахустин хиштҳои пойдевори давлатдории миллии худро ниҳодан, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Писар: Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди баруманди халқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷорӣ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Духтар: Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил — Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. 

Райҳона: Барои пешниҳоди маълумоти фарогири дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, мо аз хонандагон сипосгузорӣ менамоем. 

Дӯстони азиз! Инак, боз ба муносибати ин ҷашни зебои Ватан ва ба хотири болидагии шумо суруди навбатиро дар васфи Тоҷикистон дар пешниҳоди узви маҳфили мусиқии мактаб “Ғунчаҳои санъат” пешкаш мегардонам. Марҳабо!

 Райҳона:

Файзалӣ, оё ту медонӣ, ки дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд? 

Файзалӣ: Бале, Райҳона. Ба фикрам ту андешаҳои устодамонро ёдовар шудӣ ва биё, дар ин рӯзи муборак суханро ба устодони азиз, ки сарчашмаи илму маърифатанд, бидиҳем. Марҳамат!

Сарчашмаи ободии дунёст, муаллим,

Афроди башар қатраву дарёст, муаллим.

Суханронии роҳбари муассиса ва ё як омӯзгори соҳибтаҷриба

Райҳона: Давраи мактабхониро давраи сабзи умри инсон меноманд, зеро бо айёми ташаккули шахсият дар ин давра шахс дониш аз бар намуда, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд. Мафҳум ва моҳияти ватандорӣ ва истиқлоли онро дарк менамояд, ки бешак аз натиҷаи заҳмати устодони муътабари мост.

Файзалӣ: Оре. Ҳамчунин, самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори миллати тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. 

Омина: Да, действительно, нашей независимой государстве нужны люди грамотные, образованные и владеющие языком. Потому что, будущее Родины зависит от квалифицированной молодёжи. 

 Алиҷон: Мы продолжатели дела наших отцов и дедов. И сегодня мы клянёмся, что будем хорошо учиться, будем трудиться и сделаем всё от нас зависящее, чтобы Родина стала ещё прекрасней, чтобы она превратилась в огромный цветущий сад.

Омина: 

Спасибо, Родина тебе

За все заботы обо мне.

За то, что в школу я хожу

За книгу, что в руках держу. 

Алиҷон: 

Великую землю, любимую землю

Где мы родились и живём,

Мы Родиной милой

Мы Родиной доброй,

Ҳарду: 

Мы Родиной нашей зовём!

Марям: Independenceis a very important thing. It gives freedom to countries of the world. All countries of the world recognized our Independence. We have good relations with all countries. 

Меҳроб: Our country is developing day by day. We must defend our Independence. We should hold our friendship firm with other nations. The Independence and unity will lead us to prosperity.

 Райҳона: Бигзор, муқаддасоти давлатдории миллӣ: забони модарӣ, ваҳдату ягонагӣ, Истиқлоли миллӣ ҳамсафари доимии мову шумо ба сӯйи фардои ободу осуда бошанд!

Файзалӣ: Дӯстони азиз, дар ин лаҳзаҳои зебо мехостем барои иҷрои рақси мавзун ба саҳна ҳаваскорони маҳфили “Ғунчаҳои санъат”-и мактабамонро даъват намоем. Марҳабо!

Барномаи рақсии гулдухтарони мактаб

Райҳона: 

Аҷаб дилкаш бувад обу ҳавои Тоҷикистонам,

Дилу ҷонам фидо бодо, барои Тоҷикистонам.

Файзалӣ:

Накуёнро ба тан ҷону ба сар ақли расо бахшад,

 Чунин мулки базебу дилрабои Тоҷикистонам.

Райҳона: Дӯстони азиз! Орзу мекунем, ки солгарди Истиқлол чун зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумуъ оварад.

Файзалӣ: Бале, бигзор иди муқаддаси Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад!

Омина:

Таджикистан-моя страна

Родные горы и долины.

Твоя судьба озарена,

Да будет наш народ счастливым!

Пусть национальное единство, мир и стабильность, высокие стремления к независимости и благородные созидательные цели станут ориентиром хорошего будущего молодого и старшего поколения страны. 

Алиҷон: 

Таджикистан-моя страна

Мы создаём своё богатство.

Ты миру вечному верна,

Да нерушимо будет братство!

Пусть независимость таджикского государства, которая является даром Божьим и вечной жизнью, будет стабильной и растующей во веки веков!

Файзалӣ: Дӯстони муҳтарам! Барномаи адабӣ-мусиқӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон бо як суруди зебо дар васфи Тоҷикистони азиз ҳусни анҷом мепазирад. Дар фарҷом бори дигар ин санаи мубораки таърихиро ба кулли ҳамватанон хуҷаста дониста, қайд менамоем:

Эй дӯстон, муборак эҳёи Тоҷикистон,

Равшантар асту зебо фардои Тоҷикистон.

Ҳама ровиён якҷо: 

Зиндаву поянда бод, халқи бунёдкор, созанда ва фарҳангофари тоҷик!


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *