Наталя ЧУРАКОВА,
мураббии кӯдакистони №80-и
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Машғул нигоҳ доштани кӯдакони хурдсол дар кӯдакистон кори пурмашақат мебошад, аз ин рӯ, ҳамеша доштани идеяҳои омода барои машғулиятҳои шавқовар, ки онро якҷоя иҷро карда тавонед, муфид аст.
Яке аз чунин машғулиятҳо расмкашӣ мебошад. Расмкашӣ яке аз машғулиятҳои муҳим барои дарки лаёқат ва ҳисси зебоишиносии кӯдакон буда, кӯдакро ба дунёи зебоӣ раҳнамоӣ мекунад. Ҳамзамон, расмкашӣ кӯдаконро ба ҳисси созандагӣ ва тавоноӣ боварманд намуда, ӯро ба анҷоми кори мустақилона водор месозад. Қабл аз он ки кӯдак дар иҷрои коре аз истифодаи абзор ва ё олоти корӣ истифода намояд, муҳимтарин васила барои ӯ дастон ва ангуштони худаш мебошад.
Дар ин мақола низ усули расмкашӣ бо ангуштон барои кӯдакони хурдсол инъикос ёфтааст, ки барои машғулиятгузаронӣ дар кӯдакистонҳо муҳим мебошад.
Расмкашӣ бо ангуштон усули дастрастарини мусаввирӣ барои кӯдакон мебошад, чунки кашидани расмҳо бо ангуштон ва кафҳои даст ба бачаҳо хеле писанд аст. Ин ҳолат барои онҳо хеле аҷиб менамояд. Ин намуди расмкаширо метавонем марҳилаи тайёрии гузариш ба кашидани расм бо қалам ва мӯқалам шуморем. Бачаҳо сарҳади варақро омӯхта, фикрронии тасаввуриро инкишоф медиҳанд.
Ҳангоми расмкашӣ бо кафи даст маҳси рефлекторӣ ба амал меояд, ки он аҳволи умумии организми инсонро беҳтар мекунад.
Расмкашӣ бо ангуштон ба инкишофи қобилияти барвақтии эҷодӣ мусоидат намуда, дар кӯдак зоҳир намудани ҳиссиёти худ ва тасаввурот ба воситаи эҷодиётро меомӯзонад. Инчунин, на танҳо ибтидои эҷодӣ дар кӯдак оғоз меёбад, балки моторикаи хурди ӯ ва нутқаш низ инкишоф меёбад.

Расмкашӣ бо ангуштон ва кафҳои даст аслан барои кӯдакони гурӯҳи якум ва дуюми хурдсол зарур мебошад. Зеро онҳо дуруст доштани қалам ва бо он кашидани расмро наметавонанд. Ангуштон ва кафҳо барои расмкашӣ хеле қулай мебошанд. Фақат барои ин ба ҷойи қалам рангҳои обӣ (акварелӣ) ва варақаи муқаррарӣ лозим аст. Барои ин ба кӯдакон чи тавр расмкаширо бо ангуштон ва кафҳо дуруст омӯзонидан лозим аст.
Инак, шуруъ мекунем:
— бо мушти нимкушода-расми рангинкамон, теппаҳо, банан ва ғайра кашида мешавад;
— бо кафи даст-расмҳои шапалак, моҳиҳо ва дигар ҷонварон тасвир карда мешаванд;
— бо нармиҳои ангуштон нуқтаҳо мегузорем-бо ин усул расми нахӯдҳо, гулҳо, қанд — шириниҳо ва меваҳои ҷангалиро мекашем;
— бо нармиҳои ангуштон хатҳо кашидан мумкин аст – бо ин усул шохчаҳои дарахт, баргҳо, барфрезаҳо, шаклҳои геометрӣ ва чизҳои бисёреро метавон тасвир кард;
— бо муштчаҳо аз тарафи ангушти калон — ғунчаи гул, гулҳои садбарг ва гӯшмоҳию ғайраро кашидан мумкин аст.
Бо ангуштон кашидани нуқтаҳо хеле осон аст. Дар мадди аввал кӯдакон бо нуқтаҳо тарҳи расмҳои пешниҳодшударо барқарор мекунанд.
Барои расмкашӣ бо ангуштон аз кадом рангҳо истифода бояд бурд?
Барои ин намуди расмкашӣ аз ранги маъмул истифода кардан мумкин нест, зеро барои ин синнусоли кӯдакон рангҳои махсуси ангуштӣ мавҷуд аст. Ин рангҳо комилан безарар буда, барои он ки кӯдакон онро ба даҳон нагузоранд ва ё беихтиёр онро нахӯранд, мазаи талх доранд. Агар ин гуна рангҳо набошанд, аз гуаши одӣ истифода намудан мумкин аст.
Метавонем худамон барои расмкашӣ бо ангуштон ранг тайёр бикунем. Роҳи осонтаринаш-ранги гуашро бо миқдори ками об омехта карда, ба он чанд чакра моеи зарфшӯӣ ё крахмал мерезем.
Расмро дар чӣ бояд кашид?
Албатта, дар варақ. Ба кӯдак беҳтараш варақи калонро барои расмкашӣ бо ангуштон бояд ҷудо кард, то ӯ озодона эҷодкорӣ намояд. Ба ин мақсад, агар зардеворҳои нолозимро ба кӯдак диҳед, хеле хурсанд мешавад, ана майдони васеи расмкшӣ!
Падарону модарони гиромӣ ва ҳамкасбони азиз! Расмкашӣ дар ҳаёти кӯдакон мақоми хоси худро пайдо мекунад, ба шарте ки барои кӯдакон шароити хос муҳайё бошад. Фаромӯш набояд кунем, ки аз ҳамин гуна шуғлҳои барои иддае “назарногир” оянда шахсони эҷодкори асил ба воя мерасанд. Пас, биёед фарзандони худро аз дунёи расму зебоӣ дур насозем!
Инчунин, бояд ҳар як падару модар ва мураббиҳо бояд хуб донанд, ки бозиҳои ангуштӣ, яъне, иҷрои амалҳои бозикунӣ бо ҳаракатҳои ангуштон (панҷаҳо, лелакҳо), даст ва истифодаи матнҳои адабӣ, калимаю ибораҳои ҳамқофияву ҳамоҳанг дар ҳаёти кӯдакон нақши муҳим дорад. Дар таҷрибаи амалӣ онҳо ҳамчун воситаи муҳимми инкишоф додани нутқ, такмилдиҳии кори панҷаҳо ва кори узвҳои ҳискунӣ (ламскунӣ, биноӣ) ва ғайраҳо истифода мегарданд.
Бозиҳои ангуштиро фарҳангу маданияти маънавии халқ ҳисобидан мумкин аст, чунки онҳо дар баробари худ таҷассум кардани таҷриба ҳаракату такмилдиҳии кори муҳаррикҳои панҷаву дастон калимаю ибораҳои ҳамқофия, рангу тобишҳои ҳаловатбахши лафзи модарӣ, оҳанги меҳрубонию навозишомезро ҳамроҳӣ мекунанд, ки барои кӯдак ҳаловатбахшу гуворо ва таъсирбахш мебошанд.
Бояд қайд кард, ки кӯдакон оғози бозиҳои ангуштиро аз мо, калонсолон, ҳангоми суҳбату муошират ангуштхобонии мо мушоҳида намуда, ба иҷрои ин амал таваҷҷух зоҳир менамоянд.
Мақсади асосии ташкили бозиҳои ангуштӣ ҷалб намудани диққати кӯдакон ба ҳамоҳангсозии муҳаррики хурди панҷаҳо ба мазмуну оҳанги матн аст, ки ба инкишофи нутқ, диққат, бахотиргирӣ, идора карда тавонистани ҳаракатҳо равона карда мешавад.
Ҳангоми бозиҳои ангуштӣ дастрасонӣ ба даст, шикам ва дигар қисмҳои бадан ба руҳия ва ҳолати психикии кӯдак таъсири мусбат мерасонад. Дар натиҷа, кӯдак худро бардаму димоғчоқ ҳис мекунад.
Мутахассисони соҳа, барои кӯдакони синни томактабӣ дар ҳар як давраи ҳаёт, яъне, аз яксолагӣ то ба мактаб рафтан, бозиҳои ангуштиро тавсия мекунад, ки онҳо ба инкишофи муҳаррики хурди дастҳо ва таъмин намудани рушди ақлию зеҳнӣ, равонию ҷисмонӣ равона карда мешаванд. Омӯхтан ва таҳлили тадқиқотҳои илмӣ (Л. Павлова, В. С. Кукушкин ва дигарон), таҷрибаи кормандони муассисаҳои томактабӣ, амалияи таҷрибавии мардум нишон медиҳанд, ки кӯдакони то яксола дар раванди бозиҳои ангуштӣ фаъол буда, онҳоро бо тезӣ қабул мекунанд. Аз нигоҳи илми психологияи бачагона фаъолияти пешбарандаи кӯдакони то яксола муоширати эмотсионалӣ (Л. С. Виготский, Д. Б. Элконин, Т. Авдулова ва дигарон) бо калонсолон мебошад. Маҳз бозиҳои ангуштӣ, ки бо истифодаи қофиябозию оҳанги махсуси эмотсионалӣ ташкил карда мешавад, ба кӯдак ҳаловат мебахшад ва дар инкишофи психикии ӯ таъсири мусбат мерасонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *