
Балхумор АБДУЛҲАИТОВА,
мураббии кӯдакистони №80-и
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Бозиҳои гуногуни кӯдакона дар зиндагии тифлон нақши муҳимми омӯзанда дошта, онҳо аз тариқи бозиҳо афкори худро дар мавриди муҳити атроф ташаккул медиҳанд. Ба мазмуни дигар, бозиҳо нахустин марҳилаи омӯзиши хурдтаракон ба ҳисоб мераванд ва дар ин мақола мо ҳамчун мутахассиси соҳа таҷрибаи худро дар ин бора манзури ҳамкасбон намудем.
Бозиҳои инкишофдиҳанда яке аз воситаҳои тарбияи бачаҳои синни томактабӣ маҳсуб меё- банд. Кӯдакон бозӣ карда, дунёи атрофи худ — рангҳо, шаклҳо, муносибатҳои ададии байни ашёҳоро меомӯзанд. Дар педагогикаи муосир бозиҳои бисёре барои бачаҳо ҳастанд, ки қобилияти сенсорӣ, муҳаррикӣ ва зеҳнии кӯдакро инкишоф медиҳанд. Дар хотир доштан лозим аст, ки “инкишофи зеҳн” инкишофи тамоми қобилияти ақлонӣ: хотира, дарк ва тафаккур мебошад. Баргузории бозиҳои инкишофдиҳанда дар гурӯҳи кӯдакон хеле мувофиқ аст, зеро машғулият дар ҷамъият ба инкишофи қобилияти ҳамкорӣ бо одамон ва тарбияи руҳияи иҷтимоӣ дар тиннати тифл таҳким мебахшад. Бозиҳо барои бачаҳои синни томактабӣ ба намудҳои мизӣ-чопӣ (лото, домино, шоҳмот, бозиҳои рӯйимизӣ ва ғайра); шифоҳӣ (шуморакҳо, тезгӯякҳо, шӯхиҳо ва ҳоказо); эҷодӣ (экрани сеҳрнок, дастаи эҷодӣ, расмҳо) бо бозичаҳо ва ашёи ҳаракаткунанда ҷудо мешаванд. Бозиҳо ба инкишофи нутқ, хотира, диққаткорӣ ва тасаввурот мусоидат менамоянд. Бозиҳои инкишофдиҳанда дар машғулият бояд гуногун ва бисёр набошанд, зеро бозии аз ҳад бисёр диққати кӯдакро парешон намуда, ба азхудкунии қоидаҳо ва муҳтавои бозиҳо имкон намедиҳад. Агар бозиҳои инкишофдиҳанда ба синну соли бачаҳо мувофиқ набошанд, бачаҳо дар онҳо бозӣ карда наметавонанд. Агар бозиҳо ниҳоят сода бошанд, ба фаъолнокии шавқи кӯдакон таъсир намерасонанд. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби бозиҳо мураббӣ бояд бодиққат бошад.
Бачаҳои синни томактабиро ба бозиҳои нав тадриҷан ворид кардан лозим аст. Бозиҳо бояд барои кӯдакон дастрас бошанд ва онҳо дар ин бозиҳо неруи муайянеро сарф намоянд, то ки бозиҳо барои инкишофи зеҳнии онҳо мусоидат бикунанд.
Дар хотир доштан муҳим аст, ки бозиҳо бояд, пеш аз ҳама, ба бачаҳо завқу ҳаловат бахшанд. Кӯдак бо шавқу шодӣ бояд бозӣ кунад, то ки аз он чизеро омӯзад, ин яке аз заминаҳои инкишофи ӯ ба ҳисоб меравад ва барои тарбияи минбаъда низ аҳаммияти махсус дорад.
Ҳар як мураббӣ ва ҳатто, волидон хуб дар хотир дошта бошанд, ки барои кӯдакро ба мактаб омода кардан солҳо заҳмат кашидану роҳҳои гуногуни тарбияро ҷустан лозим аст, то ӯ тайёр шавад. Яке аз ин роҳҳо бозиҳои инкишофдиҳанда мебошад, ки ин ба мураббиёну волидон кумак мерасонад ва ин амали мазкур малакаю маҳорати кӯдакро ҷиҳати таҳсили муваффақ дар мактаб зиёд менамояд. Намуди асосии фаъолияти кӯдаки аз ҳафтсола поён бозии эҷодии нақшдор мебошад. Ҳамчунин, кӯдак бояд бештар бо бозичаҳои одӣ, аз ҷумла, мошинчаҳо, лӯхтакҳо, матоъпораҳо, шаклакҳои гуногун (фигураҳо) ва бозичаҳои конструкторӣ машғул шавад.
Бозиҳои инкишофдиҳандаи бачаҳои синни томактабӣ (5-6 сола) набояд аз як соат бештар бошад, зеро тафаккури кӯдак ба раванди омӯ- зиши чизҳои дигар суст мешавад. Яъне, ба бозии бештар одат намуда, омӯзиши аслиро сар- фи назар мекунад.
Машғулият бо кӯдак бояд то даҳ дақиқа давом ёбад, баъди ин намуди фаъолият ӯро назорат кардан лозим аст. Машғулиятро қабл аз он ки кӯдакро дилгир кунад, анҷом додан ҳатмӣ мебошад. Дар кӯдаки синни томактабӣ таваҷҷуҳи ихтиёрӣ ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Ӯ метавонад самарабахш бо он фаъолияте машғул шавад, ки барояш аҷиб аст. Кӯшиши «тоқат карда шишта тавонистани кӯдак” ва ӯро ба коре маҷбур кардан, натиҷаи баръаксро медиҳад: кӯдак метавонад, умуман, аз машғулият даст кашад.
Усулҳои (принсипҳои) бозиҳои инкишофдиҳанда чунинанд:
-Ҳамгироии унсурҳои бозӣ ва таълим, гузариш ба бозӣ-шӯхӣ ба воситаи бозӣ-супоришҳо ба фаъолияти таълимӣ-маърифатӣ.
-Тадриҷан мураккаб кардани супоришҳои омӯзишӣ ва шартҳои бозӣ.
-Афзун кардани фаъолияти зеҳнии кӯдак, ташаккули муоширати шифоҳӣ ва ғайришифоҳӣ.
-Ягонагии таъсири таълимӣ ва тарбиявӣ.
Дар машғулиятҳо бозиҳо ва вазифаҳои дидактикие истифода мешаванд, ки онҳо хусусияти зерини инкишофи зеҳниро ба назар мегиранд:
1. Тамоми равандҳои маърифатӣ бо ҳам вобаста буда, аксар вақт онҳоро аз ҳамдигар фарқ кардан мушкил аст, бинобар ин, мавод дар бозиҳо ва вазифаҳо аҳаммияти зиёд дошта, муттаҳидкунанда мебошад. Ин мавод баҳри инкишофи хотира ва даркнамоӣ, тафаккуру тасаввурот ва нутқи фаҳмо истифода мегардад.
2. Дар синни томактабӣ батадриҷ шаклҳои даркнамоӣ (хотираи тасвирӣ, тафаккури аёнӣ, тасаввуротӣ) инкишоф меёбанд. Дар ин давра системаи дуюми сигналӣ — нутқ ташаккул меёбад. Ҳамгироии системаҳои сигналии якум ва дуюм, тасвир (образ) ва сухан хеле муҳим аст. Дар сухан бояд маъно дарк карда шавад.
Дар умум, дуруст интихоб намудан ва истифодабарии бозиҳо ва бозичаҳо дар раванди машғулият метавонад, тарбия ва инкишофи фикрии кӯдаконро таъмин намояд, ки ин дар таҷрибаи амалии халқ ва фаъолияти муассисаҳои томактабӣ истифода гардидааст. Бозичаҳо бояд тибқи ҳама давраҳои синнусолии томактабӣ бо теъдоди кӯдакон ва синну соли онҳо мувофиқат намоянд. Инчунин, масъулини муассисаҳои томактабӣ ва ҳам волидон бояд дар интихоби бозичаҳо барои кӯдакон ба сифату зебоӣ, ороиш ва зоҳири диққатҷалбкунандаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд, зеро кӯдакон ҳамеша аз бозичаҳои зебо, хушнамуд хурсанду хушҳол гардида, дар замири онҳо шавқу рағбат ба зебоипарастӣ, зебоишиносӣ ва зебоиофарӣ ташаккул меёбад.
Бинобар ин, барои кӯдакони синну соли томактабӣ бозиҳоро на барои ором шудани онҳо ва ё масруф шуданашон ба бозӣ, балки барои омӯзиш ва сайқали зеҳнашон ба кор бибаред ва дар тарбияи фикрию зеҳнии онҳо нақши созгор гузоред.