Таълимӣ - методӣ ДАРС — ВИКТОРИНА ВА РОҲҲОИ ТАШКИЛИ ОН 02.01.2025 Р. А. ҲОМИДОВ,Р. МАВЛОНОВА,дотсентони Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров Машғулиятҳои зеҳнӣ ва ё дарс-викторинаҳо як рукни фаъолияти амалӣ мебошад, ки дар шакли бозии фикрӣ ба роҳ монда мешаванд ва барои ташаккули тафаккури хонандагон таъсири муфид доранд. Дарс-викторина ба шакли хаттӣ ва шифоҳӣ гузаронида шуда, ҷавоби дурустро ба саволҳои хаттӣ ва ё шифоҳӣ пешбинӣ менамояд. Дарс-викторинаҳо аз рӯйи навъ, қоидаҳо, мавзуъ, мураккабии саволҳо, тартиби баргузорӣ, муайян намудани ғолибони озмун, меъёри холгузорӣ ва роҳҳои ҳавасманд гардонидани иштирокдорон аз дигар машғулиятҳои амалӣ фарқ мекунанд. Дарс-викторина як усули нишон додани пешравии инсон аст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нукта калонсолон низ дар бозиҳои зеҳнӣ фаъолона ширкат меварзанд ва кӯшиш менамоянд, хонандагонро низ аз хурдсолӣ ҷалб кунанд. Азбаски хонандагон мусобиқа карданро бисёр дӯст медоранд, бо хурсандӣ дар ин гуна озмунҳо иштирок мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, дарс-викторина ҳамчун воситаи боманфиат гузаронидани вақти холии хонандагон хеле муҳим аст, ки ба инкишофи дониш ва баланд бардоштани маърифати онҳо мусоидат мекунад. Барои ҳамин солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеа ба дарс-викторинаҳо хеле зиёд шуда, истифодаи босамари он дар раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо зимни баргузор намудани озмунҳои гуногун густариш ёфта истодааст. Равиши дарс-викторина Нақшаи дарс-викторина: 1. Савол-ҷавоб. 2. Кор бо кроссворд. 3. Давом диҳед. 4. Таҳлили схема оид ба мавзуъ. 5.Ҷамъбасти дарс — викторина. 6. Баҳогузории хонандагон. Саволномаи №1 1. Ба оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кадом давлатҳо манфиатдор буданд? 2. Чаро Ҷанги дуюми ҷаҳониро Англия, Фаронса ва ИМА оғоз накарданд? 3. Кадом сабабҳои Ҷанги дуюми ҷаҳониро медонед? 4. Давлатҳои ҳампаймони фашистӣ чӣ мехостанд? 5. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кай оғоз ёфт? 6. Кадом давлатҳои Аврупо ба Германияи фашистӣ ҷанг эълон карданд? 7. “Ҷанги аҷоиб”-ро шарҳ диҳед? 8. Чаро дар Ҷабҳаи Ғарбӣ амалиётҳои ҳарбӣ ниҳоят суст сурат мегирифтанд? 9. Иттиҳоди Шуравӣ кадом вилоятҳоро аз нав забт карда, ба ҶШС Украина ва ҶШС Белоруссия ҳамроҳ кард? 10. Иттиҳоди Шуравӣ бо кадом давлати соҳибистиқлол ҷанг оғоз намуд? Саволномаи №2 1. Соли 1940 амалиётҳои ҷангӣ, асосан, дар кадом самт сурат гирифтанд? 2. Гитлерчиён Дания ва Норвегияро кай ба даст дароварданд? 3. Тақдири сиёсати “Мюнхен”-ро шарҳ диҳед? Оё баъди ба Ғарб ҳуҷум кардани Германияи гитлерӣ он қавию боэътимод монд? 4. Моҳи майи соли 1940 артиши Германия кадом мамлакатҳои Аврупоро забт кард? 5. Дар бораи тобеи Германия шудани Фаронса нақл кунед. 6. Петан кӣ буд? 7. Кай ва дар куҷо созишномаи таслимшавии Фаронса ба Германия ба имзо расид? 8. Мавқеи Шарл де Голлро дар мавриди таслим шудани Фаронса баён доред. 9. Қонуни “ленд-лез”-и ИМА дар бораи чӣ буд? Продолжить чтение Назад Предыдущая запись: ИШТИРОК ДАР ДАРС ВА ТАҲЛИЛИ ОНДалее Следующая запись: МЕТОДИ НАВИ САНҶИШИ ДОНИШ ВА АРЗЁБИИ САЛОҲИЯТҲО АЗ ФАНҲОИ МАТЕМАТИКА, ИНФОРМАТИКА ВА ФИЗИКА Добавить комментарий Отменить ответВаш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *Комментарий * Имя * Email * Сайт Сохранить моё имя, email и адрес сайта в этом браузере для последующих моих комментариев. Дигар маводҳо ДАРСИ МУАЛЛИМ АР БУВАД, ЗАМЗАМАИ МУҲАББАТЕ… 03.01.2025 НАҚШИ РОҲБАРИ СИНФ ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА МАЪНАВИИ ХОНАНДАГОН 03.01.2025