
Ҳусейн АЛИЕВ,
омӯзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайём
дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Мавзуи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои хонандагони синфҳои 10, аз фанни биология пешбинӣ шудааст. Мо дар ин нигошта як дарси намунавиро барои омӯзгорон, махсусан, омӯзгорони ҷавон пешниҳод менамоем, то дар раванди дарсҳои хеш аз он истифода баранд. Умедворам, ки ҳамчун маводи роҳнамо муфид бошад.
Мақсади дарс
Хонандаҳо бояд:
— Оид ба аҳаммияти сафедаҳо дар ҳуҷайра маълумот дошта бошанд.
— Дар бораи сафедаҳо бештар донанд ва бо мисолҳо шарҳ дода тавонанд.
— Структураи (сохторҳои) сафеда, аминокислотаҳо
-сохтори комплементариро донанд ва шарҳ дода тавонанд.
-Структураҳои (сохторҳои) сафедаро аз ҳамдигар фарқ карда тавонанд.
Таҷҳизонидани дарс: матн, китоби дарсӣ, плакатҳо расм, тасвирҳо ва презентатсияҳо.
Методҳо: даҳонӣ (шифоҳӣ): лексия, суҳбат, нақл, аёнӣ: нақша, таблитса, расм, тасвирҳо, тахтаи электронӣ, амалӣ: мушоҳида, супоришҳо, кор бо китоби дарсӣ, методи фаъолгардонӣ, масъалагузорӣ, корҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ.
Равиши дарс:
I. Қисми ташкилии дарс:
— ба ҷо овардани одоби муошират;
— тайёр намудани хонандагон ба дарс;
— аз назар гузарондани шумораи хонандагон.
— мавҷуд будани бӯру латта.
— тоза будани синф аз ҷиҳати гигиенӣ-санитарӣ.
II. Пурсиши вазифаи хонагӣ
Аз аҳли синф ба таври индивидуалӣ ё фронталӣ бо воситаи варақаҳо, презентатсияҳо ва дигар маводди ёрирасон дар муддати 10-15 дақиқа вақт дода, вазифаи хонагиро пурсед. Ҳамин тавр, на кам аз 50-60 фоизи хонандаҳо бояд пурсида шаванд.
III. Муаррифӣ ва муҳокимаи мавзуи нав
Бо нақшаи мавзуъ хонандагонро шинос кунед ва онҳоро ба муҳокима даъват намоед. Пурсед, ки аз нақшаи гузошташуда кадомаш ба онҳо бештар наздик аст.
IV. Матни мухтасари лексияи омӯзгор
Мавзуъ: “Полимерҳои биологӣ-сафедаҳо”.
Дар байни моддаҳои органикии ҳуҷайра сафедаҳо миқдоран бартарӣ дошта, аз рӯйи аҳаммият ҷойи аввалро ишғол менамоянд. Дар ҳайвонот тақрибан 50 фоизи массаи хушки ҳуҷайраҳо ба сафедаҳо рост меояд. Дар организми одам 5 миллион намуди молекулаҳои сафедагӣ вомехӯранд, ки на фақат байни ҳамдигар, инчунин, аз сафедаҳои дигар организмҳо низ фарқ мекунанд.
Бо вуҷуди ҳамин қадар гуногунӣ ва мураккабии сохт сафедаҳо ҳамагӣ аз 20 аминокислотаи мухталиф таркиб ёфтаанд. Формулаи умумии онҳо чунин аст:
H2N-CH-COOH
NH
Дар қисми чапи молекула гурӯҳи аминӣ- HN ҷойгир шудааст, ки он хосияти асосиро зоҳир менамояд; аз тарафи рост гурӯҳи карбоксил СООН-гурӯҳи кислотагӣ ҷойгир аст, ки барои тамоми кислотаҳои органикӣ хос мебошад. Аз ин рӯ, фаҳмидан душвор нест, ки аминокислотаҳо пайвастагиҳои амфотерӣ буда, ба хосиятҳои химиявии ҳам асос ва ҳам кислота соҳибанд. Ин сабаби байни якдигар таъсири мутақобила намудани онҳо мегардад. Молекулаи аминокислотаҳо бо ҳам пайваст шуда, байни гурӯҳи карбоксилӣ (СООН) ва аминӣ (HiN) банд ба вуҷуд меоранд. Чунин бандро банди ковалентӣ, вале дар ин маврид онро банди пептидӣ меноманд. Пайваст шудани ду аминокислота дар як молекула-дипептид, се аминокислота-трипептид номида мешавад. Пайвастагии иборат аз 20 аминокислота ва боқимондаи аз он бештари аминокислотагиро полипептид меноманд.Пайваст шудани ду аминокислота дар як молекула-дипептид, се аминокислота-трипептид номида мешавад. Пайвастагии иборат аз 20 аминокислота ва боқимондаи аз он бештари аминокислотагиро полипептид меноманд. Сафедаҳо бо дигар моддаҳои органикӣ пайваст шуда, пайвастагиҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд:
1. Сафеда + карбогидрат ꞊ гликопротеид
2. Сафеда + чарб ꞊ липопротеид
3. Сафеда + кислотаи нуклеинӣ ꞊ нуклеопротеид
4. Сафеда + боқимондаи фосфат ꞊ фосфопротеид
5. Сафеда + пайвастагии рангдор ꞊ хромопротеид.
Вазифаҳои сафедаҳо
1) Бинокорӣ (пластикӣ) — мембранаҳо, органоидҳои ҳуҷайра, инчунин, сохторҳои ғайриҳуҷайравӣ (вирусҳо) аз сафедаҳо сохта мешавад.
2) Катализаторӣ — катализаторҳои биологӣ-ферментҳо моддаҳои табиаташон сафедагӣ буда, суръати реаксияи химиявиро дар ҳуҷайра то даҳҳо ва ҳазор маротиба метезонанд.
3) Ҳаракатӣ — ҳаракати мӯяк, мижгонак, қамчинак, кашишхӯрии мушакҳо (актин, миозин), ҳаракати барг дар растаниҳо.
4) Нақлиётӣ — гемоглобин-оксигенро мекашонад, интиқоли моддаҳои фаъоли биологӣ гормонҳо, кашонидани КРН аз ядро ба ситоплазма, сафедаҳои мембрана моддаҳоро мегузаронанд.
5) Муҳофизатӣ — антитела бо моддаҳои бегонаи организм антигенҳо мубориза бурда, комплекси антител-антигенро ҳосил карда, нобуд мекунанд. Ба ин сафедаҳо фибриноген ва интерферон мисол шуда метавонанд.

