Ҳусейн АЛИЕВ,
омӯзгори биологияи
литсейи Умари Хайём
дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Фанҳои табиатшиносӣ аз муҳимтарин фанҳо дар ташаккули афкори илмии насли наврас буда, рушди иқтисодиёти кишвар ва тараққиёти соҳаҳои кишоварзии ҳар як мамлакат аз истифодаи самараноки илмии соҳаи табиатшиносӣ маншаъ мегирад. Фанҳои табиатшиносӣ фарогири муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки инсонҳо дар кору рӯзгори хеш мустақиман бо онҳо иртибот мегиранд. Дар ин дарси намунавӣ доир ба кислотаҳо, ки як бахши муҳимми табиатшиносӣ мебошанд, сухан меравад.
Мақсади дарс
Хонандагон бояд:
— Оид ба аҳаммияти кислотаҳои нуклеинӣ дар ҳуҷайра маълумот дошта бошанд.
— Доир ба кислотаи дезоксирибонуклеинат-КДН донанд ва онро бо мисолҳо шарҳ дода тавонанд.
— Структураи КДН, Нуклеотид — сохтори комплементариро донанд ва шарҳ дода тавонанд.
— Кислотаҳои нуклеиниро аз ҳамдигар фарқ карда тавонанд.
Таҷҳизонидани дарс: китоби дарсӣ, плакатҳо, расм, тасвирҳо, рӯйнамо (презентатсия).
Методҳо
1. Даҳонӣ (шифоҳӣ): лексия, суҳбат, нақл;
2. Аёнӣ: нақша, ҷадвал, расм, тасвирҳо, тахтаи электронӣ;
3. Амалӣ: мушоҳида, супоришҳо, кор бо китоби дарсӣ, усули фаъолгардонӣ, масъалагузорӣ, корҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ.

Равиши дарс

1. Қисми ташкилии дарс:
а) ба ҷо овардани одоби муошират;
б) тайёр намудани хонандагон ба дарс;
в) аз назар гузарондани шумораи хонандагон;
г) мавҷуд будани бӯру латта;
д) тоза будани синф аз ҷиҳати покизагӣ – беҳдоштӣ.
2. Пурсиши вазифаи хонагӣ
Аз аҳли синф ба таври фардӣ ва умумӣ бо воситаи варақаҳо, рӯйнамо ва дигар маводи ёрирасон дар муддати 10-15 дақиқа вазифаи хонагиро пурсед. Ҳамин тавр, на кам аз 50-60% -и хонандаҳо бояд пурсида шаванд.
3. Муаррифӣ ва муҳокимаи мавзуи нав
Ба нақшаи мавзуъ хонандагонро муаррифӣ кунед ва онҳоро ба муҳокима даъват намоед. Пурсед, ки аз нақшаи гузошташуда кадомаш ба онҳо бештар наздик аст.
4. Матни мухтасари-лексияи омӯзгор
Мавзуи дарс: “Полимерҳои биологӣ-кислотаҳои нуклеинӣ”
Аҳаммияти кислотаҳои нуклеинат дар ҳуҷайраҳои организм ниҳоят калон аст. Хусусияти сохти химиявии онҳо имкони нигаҳдорӣ, гузаронидан ва интиқоли ирсиятро таъмин менамояд. Азбаски сабаби аксари хосиятҳо ва аломатҳо дар организми зинда сафедаҳо мебошанд, бинобар ин, фаҳмост, ки устувории кислотаҳои нуклеинат шарти муҳимтарини муътадили фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра ва тамоми организм ба шумор меравад. Яъне, метавон гуфт, ки зуҳури хосият ва функсияи кислотаҳои нуклеинат ба хосият ва функсияҳои сафедаҳо дар организм сахт вобаста аст. Ҳар гуна тағйирот дар сохти кислотаҳои нуклеинат сабаби тағйироти структураи ҳуҷайра ё фаъолияти равандҳои физиологии онҳо мешавад.
Структураи кислотаҳои нуклеинат бори аввал аз тарафи биологи амрикоӣ Ҷ. Уотсон ва физики англис Ф. Крик омӯхта шуда буд. Онҳо изҳор намудаанд, ки тадқиқ ва фаҳмиши аломатҳо дар ҷисми зинда, ҳамчунин, тадқиқи қонуниятҳои иҷрои вазифаи чи ҳуҷайраҳои алоҳида ва чи системаи ҳуҷайраҳо-бофтаҳо ва узвҳо аҳаммияти хеле калон дорад. Дар организм ду навъи кислотаи нуклеинат — кислотаи дезоксирибонуклеинат( КДН) ва кислотаи рибонуклеинат ( КРН) мавҷуданд.
Кислотаи дезоксирибонуклеинат — КДН. Кислотаи дезоксирибонуклеинат полимери биологӣ буда, аз ду занҷири (силсилаи) полинуклеотидӣ, ки бо ҳамдигар пайваст шудаанд, иборат аст. Полимери массаи молекулавии КДН хеле калон мебошад. Мономерҳое, ки занҷирҳои КДН-ро таркиб медиҳанд, пайвастагиҳои мураккаби органикӣ буда, асосҳои нитрогенӣ доранд: аденин (А), тимин (Т), ситозин (С), гуанин (Г), қанди панҷатома-пентоза-дезоксирибоза, ки аз рӯйи он худи КДН ном гирифтааст, инчунин, боқимондаи кислотаи фосфат.
Дар як молекулаи КДН108 ва бештар нуклеотидҳо дохил мешаванд. Дар ҳар занҷир нуклеотидҳо бо ҳамдигар тавассути банди фосфодиэфирии байни як дезоксирибоза ва боқимондаи кислотаи фосфати нуклеотиди баъдина пайваст шудаанд. Ду занҷир дар молекулаи ягона бо ёрии бандҳои гидрогенӣ, ки байни асосҳои нитрогенӣ ба вуҷуд меоянд, муттаҳид мешаванд. Асосҳои нитрогенӣ ба таркиби нуклеотидҳо, ки силсилаҳои гуногун ба вуҷуд меоранд, дохил шудаанд. Миқдори бандҳои гидрогенӣ байни асосҳои нитрогении гуногун нобаробар аст, аз ҳамин сабаб, онҳо фақат метавонанд ҷуфт-ҷуфт (дутоӣ) пайваст шаванд: асоси нитрогении А-и як занҷири полинуклеотидҳо ҳамеша бо Т-и дигар занҷир, вале Г-и бо се банди гидрогенӣ бо асоси нитрогении С муқобили силсилаи полинуклеотидӣ пайваст мебошанд.
Ҳамин гуна, қобилияти интихобии пайвастшавии нукпеотидҳо, ки дар натиҷаи он ҷуфтҳои А-Т ва Г-С ба вуҷуд меоянд, қобилияти комплементарӣ номида мешавад.
Истилоҳот:
Рибоза-қанди панҷатома, ки дар таркиби КРН мавҷуд аст.
Дезоксирибоза-қанди панҷатома, ки дар таркиби КДН мавҷуд аст.
Нуклеотид-мономери кислотаҳои нуклеинӣ.
Денатуратсия-вайроншавии структураи сафедаҳо.
Ренатуратсия — барқароршавии молекулаи сафедаҳо.
Ген-як порчаи молекулаи КДН.
КРН-як намуди кислотаи нуклеинӣ буда, вазифаи кашонидани аминокислотаҳоро иҷро мекунад.
Қоидаи Чаргаф-суммаи асосҳои пуринӣ ба суммаи асосҳои пиримидинӣ баробар аст.
Принсипи комплементарнокӣ-мувофиқи ин принсип ҳамавақт Аденин бо Тимин ва Ситизин бо Гуанин пайваст мешавад.
6. Арзёбӣ саволу ҷавоб
Бо истифодаи саволҳои умумӣ оид ба матн сатҳи фаҳмиши хонандагонро санҷед. Ҷавоби хонандагонро мушоҳида кунед ва барои худ оид ба инкишофи онҳо қайдҳо кунед.
Намунаи саволҳо:
1. Кадом хелҳои кислотаҳои нуклеинӣ мавҷуданд?
А) КДН ва АТФ В) КРН ва АТФ
С) КДН ва КРН D) АТФ ва АДФ
2. Ба таркиби нуклеотидҳои КДН дар баробари моддаҳои химиявии дезоксирибоза ва боқимондаи кислотаи фосфат боз чӣ дохил мешавад?

А) кислотаҳои равғанӣ
В) асосҳои нитрогенӣ
С) эфирҳои мураккаб
D) кислотаҳои нитрогендор
3. Ба таркиби нуклеотид ба ғайр аз қанди панҷатома ва боқимондаи кислотаи фосфат боз кадом модда мансуб мебошад?
А) кислотаҳои равғанӣ
В) асосҳои нитрогенӣ
С) эфирҳои мураккаб
D) кислотаҳои нитрогендор
4. Ба таркиби молекулаи КДН кадом моддаҳои химиявӣ дохил мешаванд?
А) асоси нитрогенӣ, дезоксирибоза, боқимондаи кислотаи фосфат
В) асоси нитрогенӣ, дезоксирибоза, боқимондаи кислотаи сулфат
С) асоси нитрогенӣ, рибоза, боқимондаи кислотаи фосфат
D) асоси нитрогенӣ, глюкоза, боқимондаи кислотаи фосфат
5. Ба таркиби молекулаи КРН кадом моддаҳои химиявӣ дохил мешаванд?
А) асоси нитрогенӣ, дезоксирибоза, боқимондаи кислотаи фосфат
В) асоси нитрогенӣ, дезоксирибоза, боқимондаи кислотаи сулфат
С) асоси нитрогенӣ, рибоза, боқимондаи кислотаи фосфат
D) асоси нитрогенӣ, глюкоза, боқимондаи кислотаи фосфат
6. Ҷуфти комплиментарии нуклеотидҳои занҷири дучандаи КДН бо кадом бандҳо нигоҳ дошта мешаванд?
А) дисулфидӣ В) пептидӣ
С) гидрогенӣ D) ковалентӣ
7. Дар молекулаи КДН нуклеотидҳои як занҷир байни ҳам тавассути кадом намуди бандҳо пайваст гардидаанд?
А) дисулфидӣ В) фосфодиефирӣ
С) гидрогенӣ D) ковалентӣ
7. Ҷамъбаст ва хулоса
Кӯшиши хонандагон қадр карда мешавад. Омӯзгор бо ин мақсад аз суханони руҳбаландкунанда истифода мебарад: «Ба ҳама ташаккур!», «Дар ин дарс шумо фаъолона иштирок намудед!», «Ман аз фаъолияти шумо хеле хурсанд шудам!» ва ғайра. Диққати хонандагонро ба мақсади таълимии дарс равона сохта, аз онҳо пурсед: Оё аз нақшаҳои пешниҳодшуда, ба кадомаш ноил гаштанд? Барои ин дар раванди дарс кадом корҳоро иҷро карданд? Вазифаи хонагӣ: Аз хонандагон хоҳиш намоед, ки вазифаи хонагиро барои дарси оянда дар хона иҷро намоянд.
8. Супориши вазифаи хонагӣ
Мавзуи “Полимерҳои биологӣ-кислотаҳои нуклеинӣ”-ро аз саҳифаи 82 то 84 хонед.
Ҷамъбасти дарс
Бо ҳамин дарс ба анҷом мерасад ва омӯзгор метавонад дарси худро дар танҳоӣ таҳлил ва хулоса кунад, ки барои дарсҳои оянда кадоме аз хонандагонро барои ҳавасманд шуданаш таҳрик диҳад ва барои кадом хонанда усулҳои муассиртари дарсро истифода барад. Ин раванд ба ташаккули афкори илмии хонандагон мусоидат намуда, барои пешрафти зеҳнии хонандагон дар самти илмҳои табиатшиносӣ заминаҳои илмӣ — педагогиро фароҳам менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *