Назира БАРОТОВА,
омӯзгори математикаи
Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе
Бозиҳои математикӣ дар дарс яке аз манбаъҳои асосии самаранокии фанни омӯхташаванда ба шумор рафта, дар дохили дарс, мавзуъҳои алоҳида, корҳои беруназсинфӣ, дарсҳои кушод ва дигар намуди машғулиятҳо ҳамчун манбаи асосии ташкили бозиҳо истифода мешаванд. Илова бар ин, ингуна бозиҳо яке аз воситаҳои хуби таълиму тарбияи хонандагон низ ба шумор рафта, бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои гузашта ва равнақ додани қобилияти ҳозирҷавобӣ барои дарсҳои ояндаи хонандагон истифода бурда мешаванд.
Ҳамзамон, бозиҳои математикӣ ва шавқоварии раванди дарсҳои математика барои мактаббачагон, хусусан, хонандагони дар зинаи якуми таҳсилот таҳсилкунанда зарур мебошанд, зеро онҳо барои арифметика базаи фундаменталӣ мегузоранд ва он бояд мустаҳкам бошад. Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки бозӣ низ як навъи дарс ба шумор рафта, барои гуногунрангӣ ва қолабшиканӣ кардани дарсҳои дилгиркунанда ҷиҳати риояи мақсадҳои мусбат ва лаҳзаҳои фароғатии хонандагон гузаронида мешавад. Дигар ин ки бозӣ ва машқҳои шавқангез давоми раванди омӯзиш буда, барои ба фанни математика шавқу ҳавас пайдо кардан ва бартараф намудани хатоҳои хонандагон ёрӣ мерасонад ва малакаю маҳорати ҳисобкунии онҳоро инкишоф медиҳад.
Моҳияти тарбиявии бозиҳои математикӣ хеле калон аст, зеро ин амали омӯзгор хонандагонро барои боинтизом шудан раҳнамун сохта, ҳамзамон, ҳар як бозӣ фикр кардан, мустақил будан, ҳозирҷавоб шудан, лаёқатманд будан, иҷрои ҳатмии қоидаҳоро риоя кардан ва ғалаба карданро дар бозӣ меомӯзонад. Инчунин, бачаҳое ҳастанд, ки бисёр шармгин мебошанд, дар ин раванд метавон қобилиятҳои гум кардани хислатҳои зишти равониро зиёд намуда, дараҷаи сухандонӣ ва суханварии онҳоро низ сайқал додан мумкин аст.
Мунтазам гузаронидани бозиҳо ва машқҳои шавқовар дар хонандагон ҳисси коллективона кор карданро тарбия намуда, онҳоро барои ба саволҳо пурра, дақиқ, саривақт ва ба овози баланд ҷавоб додан водор мекунад.
Бояд гуфт, ки дар китобҳои дарсӣ бозиҳое ҷой дода шудаанд, ки барои иҷрои онҳо дар барномаи таълимии фанни математика барои синфҳои ибтидоӣ соатҳои алоҳида ҷудо нашудаанд. Ба хотири баланд бардоштани саводи мантиқӣ ва математикии хонандагон аз ҳисоби дарсҳои такрорӣ ё мисолу масъалаҳои маъмулӣ барои чунин бозиҳо соатҳои алоҳида ҷудо кардан ба нафъи хонандагон мебошад. Тавре ки қайд кардем, бозиҳо ин давоми ҳар як дарс мебошанд ва аз ин ҳисоб дар охири дарс ё дар байни дарс, баъд аз фаҳмонидани мавзуи нав ё оид ба дарсҳои гузашта, баъди ҳалли мисолу масъалаҳо гузаронида шаванд ҳам, аз натиҷаи мусбат орӣ нестанд.
Агар хонандагон ҳангоми бозӣ аз як тараф лаҳзаи истироҳатию фароғатиро гузаронанд, аз тарафи дигар дониши худро мустаҳкам намуда, мустақил ва ташкилкунандаи ҳар гуна бозиҳо мегарданд.
Ба хонандагони синфҳои 1-4 барои гузаронидани бозиҳо рӯзҳои аввал 4-6 дақиқа сарф карда шавад, баъдтар ин вақтро ба 5-10 дақиқа мебояд дароз кард. Барои босамар будани бозиҳо асбобҳои аёнӣ, варақҳои ребусӣ, сканворд ва филвордҳои математикии осонро тайёр намуда, истифодаи онҳоро мавқеи аввалиндараҷа додан мувофиқ ба мақсад аст.
Оид ба интихоби мавзуи бозӣ масъалаҳои махсусро интихоб кардан шарт нест, балки ҳамон мавзуъҳое мувофиқи мақсад мебошанд, ки на фақат худи бозиҳо ҳатто, номи онҳо низ барои хонандагон ғайриодӣ бошанд. Метавон бозиҳоро чунин номгузорӣ кард: «Занҷирчаи ададӣ», «Сафи рақам ва ададҳо», «Кӣ зудтар меёбад?», «Кӣ рафт ва кай омада буд?», «Ман як ададро дар хотир гирифтам», «Ҳисобро аз кадом адад сар кунӣ, ба ҳамон адад тамом кун», «Квадрати шавқовар» ва монанди инҳо.
Барои дурусттар шарҳ додан ва интихоби бамавриди бозиҳо намунаи мисолҳои шавқоварро барои хоҳишмандон пешниҳод мекунем, шояд барои омӯзгорони ҷавон ҳамчун маводи методӣ ба кор оянд.
1. Бозингар ҳангоми бозӣ кардан мушоҳида намуд, ки дар қафояш 5 ҷуфт ва дар пешаш 7 нафар бозӣ доранд. Чанд нафар дар бозӣ иштирок доранд?
(Ҷавоб: 18 нафар).
2. Фотима соати 9:19 аз хона баромада, соати 14:39 ба хона баргашт. Фотима чанд соат дар берун буд?
(Ҷавоб: 5 соату 20 дақиқа).
3. Ба синфхонаи математика барои дарс то нисфирӯзӣ 150 нафар хонанда барои 6 соати дарсӣ даромаданд. Дар давоми ҳар як дарс синфхона чанд нафарӣ хонанда дошт?
(Ҷавоб: 26 нафарӣ).
4. Нуҳ сар гӯсфанд дар 3 рӯз 27 дарза алафро мехӯранд. Чанд дарза алаф лозим аст барои хӯрдани 5 гӯсфанд дар панҷ рӯз?
(Ҷавоб: 25 дарза).
5. Салмон ба бозор рафта, дар 5000 сомонӣ асп харид ва дид, ки нархи асп боло рафтааст ва аспро гашта, бар ивази 6000 сомонӣ фурӯхт. Баъди каме гаштан фикр кард, ки пиёда гаштан намехоҳад ва аспро ду бора ба 7000 сомонӣ харида, ба 8000 сомонӣ фурӯхт. Салмон дар натиҷаи ин хариду фурӯш чӣ қадар фоида ба даст овард?
(Ҷавоб: 2000 сомонӣ).
6. Хонаи кирм дар баландии 15 метр ҷойгир аст. Кирм аз сатҳи замин ҳар рӯз 5 метр боло шуда, 3 метр ба поён меғеҷад. Кирм дар чанд рӯз ба хонааш мерасад?
(Ҷавоб: Дар 8 рӯз).
Чунин шакл бозиҳои математикӣ барои рушди тафаккури ҳисоббарории насли наврас, васеъ шудани донишҳои риёзии онҳо ва бедор намудани ҳисси эҷодкорияшон муфид буда, шавқи таълимгирандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ зиёд мегардонад.