А. Муҳаммадиев,
омӯзгор

Қалбу мағзи сари кӯдакро ба оинаи мусаффо ва варақи нонавиштаи сапед шабеҳу монанд медонанд. Ин маъниро аҳли илму адаб дар саҳифаҳои китобҳои зиёд таъкид намудаву дар суҳбатҳо зикр мекунанд. Агар муҳокимаву мулоҳизот ва тавсияҳои дар китобу рисола ва мақолот дарҷшударо ғундошта, фишурдаи онро ба тариқи иҷмол баён кунем, чунин мешавад: Вақте дар паҳлуямон кӯдак ҳаст, хоҳ бо ӯ дар тамос ва муоширати бевоситаи рӯ ба рӯ бошем, хоҳ бепарво аз ҳузури ӯ банди кору бори худ, ҳамеша бояд дар назар дошта бошем, ки бача ба ҳарфамон гӯш карда, ба кору кирдорамон нигариста, аз мо чизе меомӯзад ва он чиз ба бинишу донишаш илова мешавад, чизеро мепазирад ва он чиз ба оҳангу тобиши гуфтор ва тарзу усули кирдору ҳаракоташ омезиш меёбад ва оҳиста-оҳиста дигаргун месозад, шакл мегиронад ва комил мекунад. Аммо хулосаи муҳокима ин аст, ки ҳар феълу атвор, ҳар кору ҳаракате, ки аз бача сар мезанад, хоҳ хуб бошад, хоҳ бад, аксуламале ба ягон амали мо ё нусхае аз гуфтор, кору кирдор ва феълу хӯйи мо мебошад. Мо киҳо ҳастем? Волидон, хешу табор, ҳамсояҳо, раҳгузарон, меҳмонони ҳамешагӣ ё тасодуфан аз роҳи дуру наздик омадаи хонавода, “бачаҳои сари кӯча”, мураббиёну муаллимон,  умуман, ҳар кас, ки бача дар зиндагии ҳаррӯзааш бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Агар равшантар бигӯем, ки раванди тарбия бо панду андарз хондан, бо меъёрҳои одобу ахлоқро тафсир кардани тарбиягар маҳдуд набуда, худи тарбиягир низ аз дидаву шунидаҳои ҳамешагӣ ва тасодуфиаш ба муқтазои завқи фитриаш чизе писандида ва пазируфта, ба диду шинохташ, ба рафтору кирдораш меомезад. Аз ин нигоҳ кори таълиму тарбия чӣ мураккабу сершоха ва мушкил аст! Решаи асосии тарбия ба замини ибратнишондиҳиву ибратбинӣ, яъне, мушоҳидаву пазириш фурӯ меравад. Умқу муҳтавои мулоҳизаи боло касро сари хулосае меорад, ки раванди тарбия ва назорату пешбурди таълим бештар аз он ки бар уҳдаи оила ва мактаб бошад, кори ҷамъиятист. Барои тақвият ёфтани ин маънӣ ҳамин нуктаро зикр бояд кунем, ки ҳар фарди ҷомеа ба ҳар андоза бо педагогика алоқа ва сарукоре дошта, хоҳу нохоҳ ба савдои насиҳат гуфтан ё ба касе роҳе нишон додан барин чизҳо, ки воситаҳои тарбиятанд, меафтад. Як пораи ба назар намоёни яхкӯҳи уқёнуси педагогикаи мардумии мо-тоҷикон ҳамин аҳвол мебошад. Чаро кори таълиму тарбияро заминаи зиндагии дурахшони ояндаи ҳар фарди ҷомеа гуфтем? Чунки бача на танҳо барои таъмини фардои волидон, барои созмони зиндагии шахсии худ (ин ду нукта барои мо-тоҷикон аз якдигар муҳимму муҳимтар аст!), балки барои мардум, барои ҷумҳурӣ, муболиға нашавад, барои ҷаҳон – хуллас, барои бунёди зиндагии беҳтар (!) бояд тарбия ёфта, таълим гирифта ба воя бирасад. Бо навиштани ҷумлаи боло ба муболиғаи боварнакардание роҳ додем? На. Барои чӣ муболиға бошад? Оё гузаштаро фаромӯш сохтем? Ба оянда бо чашми умед ва дилгармона нигаристан ва ба ҳамон умеду дилгармӣ мувофиқ кору ҳаракат карда, ба чунин ҳадафи бузург расиданро сазовор нестем? Чаро мардуми мо, ки замоне Буалӣ Синою Закариёи Розӣ, Ал-Хоразмию Берунӣ, Хайёму дигарон дошт, ки бемуҳобо, дар замони худ ба илмҳои муҳимми даврони мо заминаи мусоид фароҳам оварданд; ба илмҳои гуногун тағйирот дароварданд; кашфиёт карданд; дар шинохт, таҳқиқ, таҳлил ва тадқиқи зиёд доир ба қонуниятҳои ҳаёт ва табиат аввалинҳо буданд; бисёр тасаввуроту ақидаҳои дар замонашон роиҷро инкор, табдил ё ислоҳу дақиқ карданд, ки баъдан дигарон навгониҳои илмии онҳоро пазируфта, бар асоси онҳо бисёр кашфиёти илмиву фановарии худро гузоштанд, имрӯз натавонад, ки Эйнштейну Нобел, Николу Гейтсҳои худро тарбия карда ба воя расонад? Шояд… аз байни шогирдони имрӯзаи мо, ки дар синфхона рӯ ба рӯйи худ нишонда, холисона ба таълиму тарбияташон машғулем, чунинҳо ба воя бирасанд. Оё барои ба дараҷаи аллома расидани ӯ заминаю шароити иҷтимоӣ, маънавӣ ва таълимӣ муҳайё ҳаст? Магар имрӯз мо-омӯзгорон аллома тарбия карда метавонем? Мо-омӯзгорон таълиму тарбияи шогирдонро бояд чунон ҳадафмандона ба роҳ монем, ки дар зиндагӣ инсонҳои донишманду саодатманд ва дорои тахассусҳои зарурию муфид гарданд, то ояндаи рӯзгорашон дурахшон бошад. 

Омӯзгоронро, вобаста ба он ки дар кадом синфҳо дарс мегӯянд, ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд. Чунончи, омӯзгорони ба таълиму тарбияи хонандагони хурдсол машғулро муаллими синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгори аз синфи панҷум ба баъд дарсгӯяндаро муаллими синфҳои болоӣ меноманд. Ба андешаи шумо, кори кадоме аз ин ду гурӯҳ омӯзгорон душвор, заминавӣ ва созандаю ташаккулдиҳанда (ҳамчун инсони ҷӯянда, шахсияти пӯянда, ҳунарманди кӯшо…) аст? Сидқан иқрор бояд шуд, ки заҳмати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ нисбатан тавонрабою тоқатфарсо, кораш мураккабу душвортар аст. Вай бояд дар ниҳоди хурдтаракони ба печутобҳо ва муаммоҳои зиндагӣ ҷиддан рӯбарӯшудаистода асосҳои ҳунару малакаи зиёди аз нигоҳи дурусткориву саҳеҳандешӣ ва оянданигариву ояндасозӣ, ба шароит мувофиқ шудан ё шароитро ба табъи худ мувофиқ кунонданро бедор созад. Зеро маҳз омӯзишу пазириши дурусти донишҳо ва роҳу равишҳои аз ин роҳ ба ҳақиқат расиданро ёд додану ёд гирифтан на танҳо як масъалаи асосии кори таълиму тарбия, балки яке аз муаммоҳои бузурги зиндагӣ мебошад… Аз ҳамин назаргоҳ ба кори таълиму тарбия нигаристан дуруст асту самти фаъолияти ҳар фарди ба ин кор алоқадорро ҳамвору устувор мегардонад.

Оғози кор кадом аст? Муаллим корро аз чӣ ва бо кадом равиш бояд сар бикунаду шогирдонро бо истифода аз кадом роҳҳо омода созад? Дар ибтидо ӯ ба онҳо ҳарфу рақам шинохтан, хондану навиштан, ҳисоб кардан, расмкашӣ, сурудану рақс кардан, нигаристан ба муҳит ва аз содатарин ҳаводиси муҳит хулоса бароварда тавонистан, умуман, хеле корҳоро ёд медиҳад, ҳавасу малакаи аз ин ҳунарҳо истифода бурданро дар ниҳодашон пайдо ва бедор месозад, яъне, пойдевори ташаккули ояндаи шахсияти огаҳ, ҳадшиносу худшиносро мегузорад. Ин маънӣ — шинохти ҳарфу рақамҳо, ба назари сатҳӣ саҳлу осон ва як далели содагуна менамояд. Чун нек мулоҳиза намоем, хоҳем дарёфт, ки кӯдак даставвал маҳз ҳарфҳо, рақамҳо ва ҳар гуна аломати ишоракунанда ва мураккабтарин донишҳои башариятро шинохта, баъдан дар асоси ин шинохту бардошту пазириш ба амиқану боровар омӯхтани аҳволи одаму олам, шахси худ ва муҳити худ қадамҳои устувори нахустин мегузорад. Маҳз омӯзгору мураббӣ ё устод аст, ки бо дахолату назорати нозукбинона, дархӯр ва мусоиду мувофиқи худ ақлу ҳуш, мулоҳизаву муҳокима, шинохт, тамиз ва пазириш барин қувваҳои ботини шогирдро ба ҷунбиш овардаву сайқал дода, ӯро ба ҳайси як шахси донову ҷӯё, бохабар аз аҳволи дунё ба камол мерасонад, ё ба камолоти бошууронаву донистаи минбаъдаи вай заминаи устувору боэътимод мегузорад. Агар маъниро тафсил дода бигӯем, ки аҳволи ҳар ду олам: ҳам моддӣ ва ҳам маънавиро, чунон ки ҳаст, танҳо аз роҳи заковату ақл кашф ва маълум кардан мумкин аст ва омӯзгор бояд шахси чунин сифат доштаро аз роҳи таълими босифату дуруст тарбия карда расонад, фақат он гоҳ чӣ масъулияте бори гардани омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буданашро ба андозае равшан тасаввур хоҳем кард. Яъне, муаллими синфи ибтидоӣ, ки дар ибтидои омӯзиши ҷиддии кӯдак ҳамроҳу ҳамнавард ва дастгиру ҳидоятгари ӯст, набояд бо хушку беруҳ шиносондани ҳарфу рақамҳо ба кӯдак, сабук ва сатҳӣ омӯзондани хондану навиштан маҳдуд шавад, балки ба бача дар ҳудуди имкони имрӯзааш дар паси ҳар як амал дида тавонистани аҳвол ва чигунагии одаму олам ва дунёро бояд ёд бидиҳад. Мураккаб ва душвор будани кори омӯзгори синфи ибтидоӣ, ана дар чист ва то куҷост!

Оё маънии зикршуда далел бар он нест, ки умуман, муаллим будан кори хеле душворест? Зеро, чунонки аз ишораҳои боло низ бармеояд, барои муаллим шудан фанеро хуб донистан ниҳоят кам аст. Дониши фанниро бо чигилҳои зиндагӣ пайваста, шарҳ дода тавонистан ҳам илоҷу интиҳои кор нест. Бар илова, бачаҳоро самимона дӯст доштан, хайрияти онҳоро хостан, бовиҷдону боинсоф будан, дарёдилу дарёҳавас, хайрандешу хайрхоҳ, машаққатпазиру пуртоқат будан, муҳимтар аз ҳама, бар заминаи сифатҳои зикршуда ҳар амалро дурусту покиза, босамар ва матлубнатиҷа иҷро карда тавонистан мебояд. 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *