Аслинисо КАСИРОВА,
омӯзгори кафедраи химияи органикӣ
ва биологии Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Салоҳият маҷмуи ҳамгироиҳои дониш, малака ва маҳоратро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи таҷрибаи амалӣ ва фаъолият бо истифодаи ин донишҳо ба даст омадааст. Худи фаъолият бо шавқу завқ сахт алоқаманд буда, барои шахс муҳимтарин василаи кор ва омӯзиш маҳсуб меравад. Муносибати босалоҳият кӯшиши ҳал кардани ин ихтилоф: омӯзонидани далелҳои алоҳида ва маълумоти назариявӣ не, балки маҳорати бомуваффақият истифода кардани ин донишҳо ҳангоми ҳалли мушкилиҳост. Ақидаи боз ҳам ояндабинона ва пурқувват ҳаст: донишҳои мушаххасро не, балки усулҳои зуд ва самаранок аз худ кардани онҳо (маҳорати омӯхтан)-ро таълим додан лозим аст. Дар фаҳмиши имрӯзаи муносибати босалоҳият ба таълим тамоми таҷрибаи беҳтарини дар амалияи педагогика коркардшуда истифода мешавад: муносибати ба шахсият нигаронидашуда, омӯзиши якҷоя (омӯзиш дар ҳамкорӣ), методҳои таҳқиқотӣ ва проблемавӣ. Арзёбии ташаккулдиҳанда, инчунин, усулҳои дигари зиёди интерактивӣ. Бо мақсади ин ки шарҳи мо маҳсулнок бошад, кӯшиш менамоем, ки муносибати босалоҳият ба таълимро тавассути унсурҳо, ҷанбаҳои сохтории зерин нишон диҳем.
Муносибати босалоҳият барои пурра расидан ба мақсад ва баланд бардоштани сифати таълим бештар мусоидат намуда, омӯзгорро водор менамояд, то роҳу усулҳоеро ҷустуҷӯ намояд, ки онҳо дар хонандагон чунин арзишҳои иҷтимоӣ, ба монанди серталабӣ ба дониш, мустақилона азхудкунии донишҳо, интихоби роҳҳои нисбатан муносиби донишомӯзон дар ҳалли масъалаҳои таълимӣ, банақшагирӣ дар омӯзиш, худбаҳодиҳӣ, дар амал татбиқ намудани донишҳои бадастовардаро ташаккул диҳад.
Тибқи талаботи муносибати босалоҳият раванди таълим дар дарс ба нақша гирифта мешавад.
Барои ҳар як лаҳзаи дарс фаъолиятҳои зерин муайян карда мешаванд:
Эҷодкорӣ: пайдо намудани хаёлот, эҷоди андешаҳои гуногун, малакаи шарҳи муаммо, қобилияти ҷустани сабабҳои ин ё он рӯйдодҳо, эҷоди маҳсули фаъолияти эҷодии хонанда мебошад.
Тафаккури интиқодӣ: дар ин қисми дарс мо ақидаҳои хонандагонро муайян мекунем. Бо фаҳмишҳои худ кор кардан ва омӯзиши маводи нав. Муайян намудани алоқамандиҳои мазмуни нав ва донишҳои захиравӣ.
Маҳорати омӯзиш: имконият ва омода намудани мақсадҳо барои худомӯзӣ, банақшагирии қадамҳои омӯзишӣ, мустақилона ё ҳамроҳ бо дигарон гирифтани маълумот барои омӯзиш, қобилияти истифода бурдани донишу малакаҳои бадастовардашуда барои ҳалли проблемаҳо, инчунин, худтанзимкунӣ аз натиҷаи омӯзиши худ. Талабот ба омӯзиш танҳо дар мавриди мавҷуд будани манфиатҳо ва кӯшишҳо барои ягон мақсад пайдо шуда метавонад.
Ҳамкорӣ: маҳорат ва малакаи якҷоя кор кардан ба сифати узви гурӯҳ ё даста барои ҳалли якҷояи мушкилот, татбиқи ақидаҳои умумӣ ва лоиҳаҳо, маҳорати самаранок ва бо эҳтиром фаъолият намудан, барпо карда тавонистани ҳамкорӣ дар гурӯҳҳои ҳайаташон гуногун ва ғайра, набояд монеа бошад.
Бо дарназардошти зинаҳои дарс омӯзгорро зарур аст, ки методҳои мувофиқро интихоб намуда, барои ташаккули салоҳиятҳои хонандагон ва такмили малакаҳо супоришҳои амалиро роҳандозӣ намояд.
Истифодаи метод, усул ва роҳҳои фаъолияти таълимӣ бо мақсадгузориҳо ва муайян намудани натиҷаҳои интизоршаванда муайян карда мешавад. Дар дарсҳои химия низ ҳамкории хонандагон дар равандҳои амалия, таҷрибаҳо, озмоиш ва ба даст овардани назария сайқал дода мешавад. Омӯзгор бояд муайян созад, ки дар лаҳзаҳои дарс кадом роҳу усулро истифода менамояд. Масалан, дар баъзе мавридҳо Синквейнро, ҳам дар марҳилаи водорнамоӣ ва ҳам дар марҳилаи мулоҳизаронӣ, истифода кардан мумкин аст. Ин вобаста ба мақсадҳои таълимии дарс мебошад.
Барои ташаккули зеҳнӣ ва инкишофи нутқ метавон усулҳои шифоҳӣ, навиштани эссе, синквейн, реферат, баромадҳо дар семинар, маҳфилҳои илмӣ — назариявӣ манфиатоваранд.
Ташаккули салоҳияти асосии тафаккури интиқодӣ бо такмил додани малака ва маҳорати корӣ дар шаклҳои шифоҳӣ, навишторӣ, мустақилона фаъолият кардан, баёни фикр, ба иттилои нав бо тарзҳои гуногун кор карда тавонистан, таҳлил ва муқоиса, тартиб додани ақидаҳои худ ва пазироии ақидаҳои дигарон, арзёбӣ ва хулосабарӣ намудан рушд меёбад.
Фанни химия, ки илми даққиқ аст, дар қатори дигар фанҳо барои хонанда хеле муфид ва зарур мебошад. Омӯзгорро мебояд то барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва фаъолияти онҳо дар омӯзиши ин фан, боло бурдан ва ташаккул додани салоҳиятҳои хонандагон дар омӯзиши он таҷрибаҳои методологӣ, технологӣ ва дидактикии худро дар фаъолияти педагогӣ равона созанд.

 

МАВЗУЪ: «АМИНОКИСЛОТАҲО»

Мақсади дарс:
• Пайдо намудани хаёлот, эҷоди андешаҳои гуногун, малакаи шарҳи муаммо, қобилияти ҷустани сабабҳои ин ё он рӯйдодҳо, эҷоди маҳсули фаъолияти эҷодии хеш.
• Оид ба аминокислотаҳо маълумот гирифта, фикру ақидаи худро дар бораи аҳаммияти кислотаҳо, зарари онҳо баён карда метавонанд.
• Дар бораи изомерия ва номенклатураи «α — Аминокислотаҳо» маълумот дода метавонанд.
• Пайдо намудани маълумот дар бораи аҳаммияти биологӣ «α — Аминокислотаҳо».
• Усули реаксия ҳосил кардани «α — Аминокислотаҳо» ва доир ба хосиятҳои физикӣ ва химиявӣ гурӯҳбандӣ карда метавонанд.
Эҷодкорӣ: Маҳорати таҳияи ягон чизи нав, мустақилона пайдо кардани роҳҳои ғайримаъмулии ҳал дар масъалаҳои нав, тахайюлпазирӣ ва образнокии фикрронӣ, ҳамгиро кардани усулҳои маълуми фаъолият бо фаъолиятҳои нав, ҳалли комилан нави вазъияти проблемавӣ, ки ба ақидаҳои нав ва кашфиёт боис мешаванд.

Нақшаи дарс

1. Водорнамоӣ
А) Ангезиши зеҳн-ҷамъи ақидаҳо (3 дақиқа)
Дар ин қисмати дарс мо ақидаҳои хонандагонро муайян мекунем ва аз диаграммаи Т — нақша истифода мебарем.
Омӯзгор ба хонандагон дар масъалаи «Маълумоти умумӣ дар бораи аминокислотаҳо» суҳбат мекунад. Савол ба хонандагон пешниҳод мешавад. Аз чунин диаграмма истифода мебарем. Ин ҳолат ба хонандагон чунин саволҳо пешниҳод мешавад ва ҳар як хонанда ба саволҳои додашуда ҷавоб медиҳанд. Масалан:
Саволи 1. Ба фикри шумо кислотаҳо бо кадом хосиятҳои химиявӣ ва физикиашон аз якдигар фарқ ва монандӣ доранд?
Кислотаҳои ғайриорганикӣ: HCI, HNO2, H2SO4, H3PO4
Кислотаҳои органикӣ: H-COOH, CH3-COOH, CH3 – CH2 –COOH
Аминокислотаҳо: H2N – CH2 – COOH, H2N – CH(CH3) – COOH, H2N – CH(CH2)4 – COOH, H2N – CH(CH2 — COOH) – COOH,
H2N – CH(CH2 — SH) – COOH
Саволи 2. Фарқият ва монандии кислотаҳоро муайн кунед.
Дар ин диаграммаи истифодабурдаамон хонандагон дар бораи хосиятҳои физикию химиявӣ ва ҳолатҳои агрегатиашон фарқият ва монандиро меомӯзанд, инчунин, формуларо муқоиса менамоянд.

В) Супориш ба шогирдон дар шакли кори гурӯҳӣ: фаъолгардонии донишҳои мавҷуда, бунёди вазъияти ҷустуҷӯӣ, барқарорсозии алоқамандиҳо бо мавзуъҳои гузашта: (6 дақиқа)
Супориш:
а) Аминокислота чист?
б) Формулаи аминокислотаҳоро нависед?
в) Дар организм чӣ аҳаммият дорад?
г) Аминокислотаҳои алифатиро нависед?
ғ) Аминокислотаҳои дуасосаро нависед?
д) Таркиби аминокислотавии сафедаҳоро кадом олим муайян кардааст?
е) Пай дар пай пайвастшавии аминокислотаҳоро чӣ меноманд?
ё) Сафеда чӣ гуна модда аст?
Гурӯҳҳо дар бораи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои донистаи худро мегӯянд.
Пас аз 3 дақиқа омӯзгор мулоҳизаронӣ гузаронида бо хулосаҳои асосӣ натиҷаҳои кори гурӯҳҳоро ҷамъбаст менамоянд.
2. Даркнамоӣ: Саволҳо барои таҳлил имкон медиҳанд, ки сохтори том фаҳмо ва алоқамандии байни қисматҳо ошкор гардад, маълумотҳо арзёбӣ шаванд (3 дақиқа).
Саволҳои фронталӣ:
а) Аминокислотаҳо аз чӣ таркиб ёфтаанд? (формула).
б) Аминокислотаҳо кадом хосияти химиявиро доранд? (реаксияҳо).
в) Аминокислота аз рӯйи таркиб ба кадом пайвастагӣ дохил мешавад?
г) Аминокислотаҳо дар организм чӣ аҳаммият доранд?
ғ) Реаксияи ҳосилшавии дитрипептидиро нависед?
д) Навиштани реаксияҳои химиявӣ (усули истеҳсол ё хосиятҳои химиявӣ) (6 дақиқа).
Хондани матни мавзуи «Аминокислотаҳо саҳифаҳои 11-23».
е) Татбиқи донишҳои нав: аз худ кардани тарзҳои нави фаъолият.

Кори гурӯҳӣ: Аҳли синф ба гурӯҳҳои хурд ҷудо карда мешаванд.
Супориш: аз рӯйи таснифот формулаҳои аминокислотаҳоро нависед!
1) Формулаҳои аминокислотаҳои алифатӣ;
2) Формулаҳои аминокислотаҳои дикарбонӣ;
3) Формулаҳои аминокислотаҳои дуасоса;
4) Формулаҳои аминокислотаҳои сулфурдор;
5) Формулаҳои аминокислотаҳои ароматӣ.
Пурра кардани тасавурот ва амалҳо: Муаррифии корҳои гурӯҳӣ (12 дақиқа).
2. Мулоҳизаронӣ.
а) Татбиқи дониш ва малакаҳо дар гурӯҳҳо (8 дақиқа).
Супориш барои кор: Дар бораи ҳар як аминокислотаҳо усули ҳосилкунӣ ва хосияти химиявии реаксияҳоро навишта, маълумоти заруриро тахминан 4-5 реаксияҳоро навишта, маълумот мегирад.
б) Робитаи мутақобил ҷамъбасти натиҷаҳо
Рефлексия: якдигарбаҳодиҳӣ, таҳлили таҷриба ва малакаҳои андухтаи якдигар. (арзёбии фаъолияти гурӯҳҳо ба якдигар) (5 дақиқа).
Арзёбии фаъолияти гурӯҳи якум аз тарафи гурӯҳи чаҳорум
Меъёри баҳо;
• Муаррифии маълумот дар бораи аминокислотаҳо ва аҳаммияти онҳо дар организм.
• Реаксияҳои усули ҳосилкунии аминокислотаҳо.
• Реаксияҳои хосиятҳои химиявии аминокислотаҳо.
• Ороиши муарифиҳои гурӯҳи №.1.
Дараҷаи баҳо;
аъло_________
хуб_________
қ/б________
ғқ/б_______
Эзоҳ: Ба ҳар як гурӯҳ 5 варақа дода мешавад ва як гурӯҳ ба 5 гурӯҳи дигар баҳо дода, арзёбии кардаашонро ба нишонии гурӯҳҳо пешниҳод менамоянд. Ҳар як гурӯҳ аз тарафи 5 гурӯҳи дигар арзёбӣ карда мешавад.
в) Супориши вазифаи хонагӣ: (2 дақиқа).
1) Дар асоси матн аз саҳифаҳои 11-23, реаксияҳо ва масъалаҳои додашуда мисол ҳал намоед.
2) Татбиқи донишҳоро пешбинӣ мекунанд. Дар бораи аҳаммият ва зарари аминокислотаҳои интихобкардаатон эссе нависед.
а) Усулҳои ҳосилшавии аминокислотаҳоро бо реаксияҳои химиявӣ навишта нишон диҳад.
б) Хосиятҳои химиявии аминокислотаҳо бо реаксияҳо дар озмоишгоҳ нишон диҳед.
в) Аҳаммияти аминокислотаҳо дар тиб чӣ гуна аст?
г) Усулҳои аз маводҳои биологӣ ҷудо намудани сафедаҳо ва гузаронидани реаксияҳои сифатии ба аминокислотаҳо хос буда, бояд таҷрибаҳоро гузаронида, маълумоти аниқ пайдо кунанд.
Эзоҳ:
Натиҷаи омӯзиш:
Хонандагон дар гурӯҳҳо кор карда метавонанд.
Хонандагон озодона фикру андешаи худро баён карда метавонанд.
Хонандагон натиҷаҳои коркарди маълумотро матнӣ (нақл) ва дар ҷадвалҳо омода карда метавонанд.
Барои беҳтар ва пурмазмун ҷамъбаст ва муаррифии омӯзишҳояшон кӯшиш намуда, малакаҳои худашонро сайқал медиҳанд.
Таҷриба ва малакаҳои якдигарбаҳодиҳӣ, таҳлили таҷриба ва малакаҳои андӯхтаи якдигарро ташаккул медиҳанд.
Оид ба мавзуи таҷриба ва малакаҳои хонандагон ташаккул меёбад.
Салоҳиятҳои хонандагон:
-ҳамкорӣ
-демократӣ
-эҷодкорӣ
-эҳсоси масъулият дар ҳалли мушкилот
-ҳамкорӣ
-иҷтимоӣ
-ҳамкорӣ
Омӯзгор варақаҳоро ҷамъ оварда, пас аз дарс натиҷаҳои татбиқи дониш ва малакаҳоро дар гурӯҳҳо таҳлил намуда, арзёбӣ менамояд. Барои дарсҳо ва фаъолияти оянда самтҳоро муайян менамояд.
Салоҳиятҳои зарурии омӯзгор:
• Маҳорати ташкил, гузаронидан ва назорати фаъолияти ҳамкории хонандагон.
• Қобилияти ташкили фазои эҷодии хонандагон.
• Салоҳияти ҳамкории омӯзгорӣ дар дарс.
• Салоҳияти эҷодкорӣ.
• Салоҳияти машваратдиҳӣ ва роҳбаладӣ ба хонандагон.
• Қобилияти муошират бо гурӯҳҳо.
• Қобилияти идоракунии вақт.
• Салоҳияти арзёбӣ ва таҳлил намудан тавонистани натиҷаҳои фаъолият ва салоҳияти хонандагон аз натиҷаҳои дарсҳо ва раванди таълим.
• Салоҳияти муайян кардани вазифаҳои наздик ва дурнамои таълим.
Омӯзгор бо чунин тарзи истифода аз усулҳои санҷидашуда дар раванди дарсҳо аз як ҷиҳат дарсҳоро шавқовар намуда, аз ҷониби дигар завқи хонандагонро ба дарсҳо, махсусан, ба фанҳои дақиқ бештар тамоюл мебахшад.

Адабиёт:
1. Хихлова Д.А. Формативное оценивание. http://www.rusnauka.com/-43…/Pedagogica/5_203152.doc.htm.
2. http://открытыйурок. РФ/статьи/581708/
3. Григорьева Э.С. Использование технологии критического мышления на уроках химии. http://открытый урок. РФ /статьи/528850/.
4. Ирина Н.К. Приемы развития критического мышления в чтении и письме на уроках физики. http://открытый урок. РФ/статьи/654233/.
5. Пукевичюте В.Ю. Тенденции умения учиться как важной компетенции в современном образовании // личность, семья и общество: вопросы педагогики и психологии: сб. ст. по матер. xi междунар. науч.-практ. конф. часть i. – Новосибирск: Сибак, 2011. https://sibac.info/conf/pedagog/xi/25892.
6. Теория сильного мышления. Теоретические основы сильного мышления. https://sites.google.com/site/teoriasilnogomyslenia/.
7. Нас ждут серьезные изменения в системе обучения. Размышления о новой функции образования и о триз — педагогике https://trizway.com/art/form/26.html.
8. Простой алгоритм составления задач самостоятельно. https://triz way.com/art/open task/381.html.
9. Гин А.А. Приемы педагогической техники: Свобода выбора. Открытость. Деятельность. Обратная связь. Идеальность: Пособие для учителя / А.А. Гин. – 7-е изд. – М.: Вита-Пресс, 2006. – 112 с.
10. Джени Стил, Керт Мередис, Чарльз Темпл. Проект: Чтение и письмо для развития критического мышления. Пособия 1-8. – Бишкек: 1999.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *