Умеда ИШҚУЛОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
мактаби №116-и ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе
Кори таълиму тарбия дар мактаб танҳо бо гузаштани дарсҳои анъанавӣ маҳдуд намешавад. Муваффақияти корҳои таълиму тарбия аз бисёр ҷиҳат ба вусъат бахшидани корҳои тарбиявии берун аз синф ва берун аз мактаб вобастагӣ дорад.
Дуруст гузошта шудани корҳои таълиму тарбия дар мактаб аз омӯзгор ба таври васеъ ба роҳ мондани корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабиро талаб мекунад. Ин навъи машғулияти омӯзишӣ бо роҳбарии муаллими фаннӣ ё роҳбари синф берун аз маҳдудаи синфхона ё ин ки берун аз муҳити мактаб гузаронида мешавад.
Чорабиниҳои беруназсинфӣ қисмати ҳатмии кори мактаб ва ҳар як муаллим мебошад, зеро мактаб ва муаллим бо гузаронидани кори берун аз синф ба хонандагон ҷавобгаранд. Кори таълиму тарбия замоне натиҷадор мешавад, ки агар муаллимон, роҳбари синф ва роҳбари созмони хонандагон бо ҳам алоқаи зич дошта, падару модарон ва аҳли ҷамоатро низ ба он ҷалб намоянд.
Вазифаи ин бахши кор ду мақсади асосиро дар бар мегирад:
1. Хонандагон он ҳама дониш ва малакаҳоеро, ки аз дарсҳо гирифтаанд, бояд дар таҷриба мустақилона ба кор бурда тавонанд.
2. Ба воситаи додани маълумоти иловагӣ дониши хонандагонро вусъат диҳанд ва ҷаҳонбинии онҳоро васеъ гардонанд.
Дар воқеъ, таҷрибаҳо собит намудааст, ки корҳои беруназсинфӣ истеъдоди эҷодӣ ва ҷаҳонбинии хонандагонро тараққӣ медиҳад ва барои муайян кардани роҳи минбаъдаи ҳаёти онҳо ёрӣ мерасонад. Бинобар ин, корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб корҳоеро, ки дар дарс гузаронида мешавад, такрор накарда, балки онҳоро комилтару васеътар мегардонад.
Корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ намудҳои бисёр дошта, ба кор бурдани онҳо боиси вусъати савияи маданӣ ва сиёсии талабагон мегардад. Ин навъи машғулиятҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
1. Хониши мустақилона
2. Хониши берун аз синф
3. Кори маҳфилҳо
4. Нишастҳои адабӣ
5. Саёҳатҳои адабӣ
6. Намоишномаҳои адабӣ
7. Бозиҳои адабӣ
Аз рӯйи барномаи таълимӣ бо мақсади такмили малакаи хонишу мустақиломӯзӣ ва баланд бардоштани савияи донишу завқи бадеии хонандагони синфҳои болоӣ (5-11), ба ғайр аз мавзуъҳои асосӣ, боз чанд намуд корҳои адабиро ба сифати хониши мустақилона ва хониши берун- азсинфӣ пешниҳод кардан мумкин аст.
1. Азбаски ба муҳокимаи хониши мус- тақилона соат ҷудо карда намешавад, таҳлили онҳоро на дар машғулиятҳои алоҳида, балки дар давраи аввали ҳар як дарс бо пурсиши мавзуъҳои асосӣ якҷоя гузарондан мумкин аст. Муаллим дониши хонандагонро ҳам аз мавзуи асосӣ ва ҳам хониши мустақилона санҷидаву ба ҳисоб гирифта метавонад.
2. Хониши беруназсинфӣ яке аз намуд- ҳои асосии корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб мебошад. Муаллим бояд дар ҷараёни фаъолияти омӯзгории худ ба ин намуди кор бештар эътибор диҳад, зеро китобхонии мунтазам барои мустақилона омода намудани маводи барнома ва баланд бардоштани савияи дониш аҳаммияти бузург дорад. Он фикру ҷаҳонбинии хонандагонро сайқал дода, қобилияташонро тез ва малакаи муҳокимаронияшонро мустаҳкам мекунад.
3. Шакли дигари корҳои беруназсинфӣ ташкили маҳфилҳост.
Маҳфилҳои фаннӣ хонандагонро ба корҳои амалӣ ва ҳаётии мактаб наздик карда, барои аз худ кардани дониш ба онҳо ёрӣ мерасонад. Маҳфилҳо, инчунин, малака ва дониши шогирдонро зиёд намуда, барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани онҳо нақши муҳим мебозад.
Маҳфил бачаҳоро ба меҳнат одат кунонида, дар онҳо эҳсоси дӯстиву рафоқатро тарбия ва интизомашонро хуб менамояд. Хонандагон дар машғулиятҳои маҳфил иштирок карда, ба корҳои ҷамъиятӣ ёрӣ расондан ва сарҷамъона кор карданро меомӯзанд. Бинобар ин, дар мактаб ташкил кардани маҳфил яке аз масъалаҳои хеле муҳимми кори тарбия мебошад.
Маҳфилҳо се намуд мешаванд: маҳфилҳои адабӣ-эҷодӣ, хониши ифоданок ва нақли бадеӣ — драмавӣ.
Онҳо якчанд хусусияти умумӣ доранд:
1. Пеш аз ҳама, ҳаминро бояд қайд кард, ки кори маҳфилҳо аз машғулиятҳое, ки дар синф мегузаранд, бояд фарқ кунанд ва он такрори дарсҳои муаллимон набуда, балки дониши дар ҷараёни дарс гирифташударо комил намояд, инчунин, ба хонандагон маълумоти иловагӣ дода тавонад.
2. Машғулиятҳои маҳфил дар асоси дониши шогирдон ва фаъолияти онҳо гузаронида мешавад.
3. Дар мактаб бо иштироки аҳли маҳфили адабӣ-эҷодӣ хониши ифоданок ва драмавӣ, нишасти адабӣ ташкил карда мешавад. Нишасти адабӣ мумкин аст, ба ҳаёту эҷодиёти адибон ё санаҳои таърихӣ бахшида шаванд.
Доир ба мавзуи нишасти адабӣ маърӯзаҳо низ шунидаву муҳокима карда мешаванд. Ба сифати маърӯзачӣ муаллим ё ин ки хонандаи беҳтарин баромад мекунад. Маърӯза набояд дароз ва дилгиркунанда бошад, вай бояд мухтасару пурмазмун, ба факту далелҳои завқовар тартиб дода шуда бошад. Вале нишасти адабӣ боз намуди дигаре ҳам дорад. Масалан: маърӯзаҳо бо баромади алоҳидаи хонандагон, барномаҳои консертӣ ва баромадҳо мувофиқи матни маърӯза навбат ба навбат иҷро карда мешаванд.
Хулоса, нишасти адабӣ дар асоси барномаи пешакӣ тартиб додашуда гузаронида мешавад, то ки ҳамаи қисмҳои он: маърӯза, мусиқӣ, рақс, хониши порчаҳои адабӣ ва дигар намоишҳои саҳнавӣ ба як мақсади муайян хидмат карда тавонад.
Нишастҳои адабӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи корҳои беруназсинфӣ ва буруназмактабӣ буда, дар бобати вусъат додани дониши хонандагон ёрии калон мерасонад. Бинобар ин, дар мавридҳои зарурӣ бо иштироки узви маҳфилҳои адабиву драмавӣ ташкил кардани маҳфилҳои адабӣ низ муҳим аст.
Дар вақти ташкил намудани маҳфил бояд мувофиқи талаби мактаб ва хоҳиши худи хонандагон рафтор карда шавад. Маҳфили адабӣ бояд завқу ҳаваси бачаҳоро ба асарҳои бадеӣ ва эҷодиёти адибон зиёд намояд. Мавзуи маҳфилро бо маводҳои адабии дарс вобаста кардан низ мумкин аст.
Масалан, шавқу ҳаваси хонандагон ба асарҳои Мирзо Турсунзода бештар мушоҳида мегардад. Бо омӯзиши ҳаёту эҷодиёти ин шоир на танҳо узви маҳфилҳои адабӣ-эҷодӣ, инчунин, аксари мактаббачагон машғуланд. Завқу ҳаваси хонандагонро ба ҳисоб гирифта, мумкин аст, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир маҳфили адабӣ ташкил карда шавад. Ғайр аз ин, маҳфилҳоро бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти адибон, ҷашнҳои адабӣ, даҳа ва ҳафтаҳои адабиёт ташкил кардан низ имкон дорад.
Дар вақти тамошо бояд ташаббускорони намоиш дар назди рафҳои намоишӣ истода, ба тамошобинон доир ба ҳар як асбобу ашёи намоиш маълумоти равшан диҳанд. Ҳамчунин, дафтари махсуси қайдҳо низ гузошта мешавад, то ки тамошобинон дар он таассуроти худро аз намоиш ё намоишнома қайд кунанд.
Бозиҳои адабӣ
Дар синфҳои 5-7 доир ба адабиёт гузаронидани намудҳои завқовари бозӣ, аз ҷумла, саволу ҷавобҳо (викторина), байтбарак ва мушоира аҳаммияти калони тарбиявӣ дорад.
Викторинаи адабиро ба забони тоҷикӣ чистонҳои адабӣ номидан мумкин аст, зеро он бо баъзе аломатҳояш ба чистон хеле монанд аст. Ин намуди машғулият хеле шавқовар буда, фикри хонандагонро инкишоф медиҳад. Викторинаи адабӣ хонандагонро водор менамояд, ки бештар адабиёти бадеӣ хонанд, мундариҷа, таърихи навишташуда, номи қаҳрамонҳо ва эпизодҳои асосии онҳоро дар хотир нигоҳ доранд. Илова бар ин, викторина хонандагонро серҳаракат, ҷӯянда ва ҳозирҷавоб менамояд.
Байтбарак низ яке аз намудҳои шавқовари бозии адабист. Ин намуди машғулиятро дар давоми соли хониш дар ҳамаи синфҳо якчанд маротиба гузаронидан мумкин аст. Бартарии ин бозӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки вай вақти бисёр намегирад, вале аз ёд донистани байтҳо, порчаҳо ва пурра аз ёд кардани асарҳои калонҳаҷми манзумро талаб менамояд. Байтбаракро, ҳатто, дар дохили дарс ҳам гузаронидан мумкин аст. Байтбарак ба хонандагон завқу хушҳолӣ мебахшад ва дар машғулият ҳамаи онҳо ба рағбати том иштирок менамоянд. Бинобар ин, байтбаракро дар дарс ва берун аз синф тез-тез гузаронидан лозим аст. Байтбарак аз иштирокдорони бозӣ талаб менамояд, ки аз ҳар як шоир байт, порчаҳо ва шеърҳоро пурра аз ёд донанд. Аз ин рӯ, ба муаллим лозим аст, ки аз синфҳои ибтидоӣ сар карда, ба хонандагон бештар шеър барои азёд кардан супориш диҳанд, зеро ин метавонад шавқи шеърдониву шеърхонии хонандаро зиёд намояд.
Муошират низ дар бобати тарбияи бадеӣ -эстетикӣ, инкишофи нутқу тафаккур ва малакаи шеърдонию шеърхонии хонандагон аҳаммияти калон дорад. Ин намуди бозӣ, одатан, берун аз дарс дар нишастҳо, конфронсҳо ва ҷашнҳои адабӣ баргузор мегардад. Хонандагон ба туфайли ин намуди машғулият қобилият ва маҳорати шеърдонию шеърхонии худро намоиш медиҳанд.
Экскурсия яке аз намудҳои машғулиятҳои беруназсинфӣ мебошад, ки барои мустаҳкам кардани маводи омӯхташудаи хонандагон дар вақти дарс ва дар бобати вусъат бахшидани корҳои берун аз мактаб нақши калон мебозад. Яке аз намудҳои асосии он саёҳат — тамошои осорхонаҳо мебошад. Агар дар шаҳр ё ноҳия осорхона ё намоиши адабии доир ба маводҳои гуногуни адабӣ (аксҳо, дастнависҳо, асарҳои шоиру нависандаҳо) мавҷуд бошад, дар ҳамон ҷо гузаронидани экскурсия натиҷаовар мебошад, чунки хонандагон ба адабиёт ва санъати бадеии гузаштагон аз наздик шинос шуда, дониши худро боз ҳам мус-таҳкамтар мекунанд.
Барои хуб гузаштани экскурсия омӯзгор вазифадор аст, ки ба он пешакӣ тайёрии ҳамаҷониба бинад. Вай бояд вобаста ба саёҳат нақша тартиб диҳад ва мавзуъро васеътар омӯзад, то ки онро равшан инъикос карда тавонад.
Мундариҷаи нақша бояд чунин масъалаҳоро дар бар гирад:
1. Суҳбати роҳбари осорхона ё роҳбалади он бо хонандагон бо мақсади ҷалб намудани диққати онҳо ба мавзуи саёҳат.
2. Суҳбати муқаддимавии роҳбари осорхона ва маълумоти умумӣ доир ба мақсаду вазифа, ҷойгиршавии мавод ва нигораҳои осорхона.
3. Мувофиқи супориши роҳбари осорхона як ё якчанд шуъбаи осорхонаро омӯхтани ҳар гурӯҳи хонандагон.
4. Баёноти мухтасари хонандагон доир ба шуъбаҳои омӯхташуда. Дар ин баёнот ҳамаи хонандагоне, ки ба экскурсия рафтаанд, иштирок мекунанд. Роҳбар (омӯзгор) баъзе лаҳзаҳои кори онҳоро шарҳ дода, бо роҳи суҳбат онро пурра мекунад.
5. Сухани хотимавии роҳбари осорхона ва ё роҳбалади он. Роҳбар баъди баёноти хонандагон кори ҳар як гурӯҳи хонандагон ва натиҷаҳои мушоҳидаро ҷамъбаст менамояд ва аз экскурсия хулосаҳои даркориро мебарорад.
Экскурсияи адабиро дар чунин мавридҳо гузаронидан мумкин аст:
1. Пеш аз омӯзиши асари адабӣ.
2. Пас аз омӯхтани асари адабӣ.
Агар муаллим пеш аз омӯзиши асар экскурсия гузаронидан хоҳад, он гоҳ ба воситаи сухани муқаддимавии худ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти нависанда ё шоир маълумоти умумӣ дода, хонандагонро ба омӯхтани асарҳои ӯ ҳавасманд кунад. Агар саёҳат дар рафти таълими адабиёт, пас аз хониш ва таҳлили асар гузаронида шавад, он гоҳ омӯзгор дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти адабии нависанда ва ё шоир маълумоти пурра медиҳад ва баъд бо мақсади васеъ намудани он маълумоти хонандагонро ба он объекте, ки бо мавзуи дарсаш алоқаманд аст, ба саёҳат мебарад. Ин гуна экскурсия баъзан фикр ва маълумоти дар дарс баёнкардаи муаллимро ҷамъбаст карда, барои аз дарс хулоса баровардани хонандагон ёрӣ мерасонад. Ин гуна саёҳат характери ҷамъбастӣ дорад.
Яке аз чунин ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоб осорхонаҳои адабии устодони адабиёти муосири тоҷик — Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигар осорхонаҳои адабӣ дар шаҳру навоҳии кишвар мебошанд, ки баъд аз ҷамъбасти соати дарсӣ бурдани хонандагон ба ин ҷойҳои таърихӣ айни муддаост.