Ибодулло АБДУЛЛОЕВ,
омӯзгори калони кафедраи
таҳсилоти касбӣ ва информатикаи
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳои худ ба масъалаи илму маориф таваҷҷуҳи хос намуда, илмро дар авлавияти сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст. Махсусан, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: «Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат дар самти маориф ва илм бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст ва мо — омӯзгорон бояд барои рушди таълиму тарбияи шогирдон усулҳоеро коркард созем, ки ба салоҳиятнокии онҳо мусоидат карда тавонад. Ба вежа, дар самти омӯзиш яке аз муҳимтарин воситаи ташхиси натиҷаи таълим арзёбӣ мебошад.
Арзёбӣ ҷузъи калидии раванди таълим буда, аз омӯзгор маҳорати баланди касбиро талаб мекунад, зеро ин раванди доимии назорат ва мушоҳидаи таълими хонанда ба шумор меравад. Арзёбии ташаккулдиҳанда ғайрирасмӣ буда, дар асоси меъёрҳои мутақобилаи хонандаю омӯзгор ба роҳ монда мешавад. Арзёбии диди назар ба омӯзгор имкон медиҳад, ки маводи таълимиро пешакӣ ташхис карда, раванди таълимро ба дараҷаи фаъолияти хонанда мутобиқ созад. Ба хонандагон низ ин навъи арзёбӣ имкон фароҳам меорад, ки сатҳи баланди масъулиятро нисбат ба таълим дарк намоянд. Бояд тазаккур дод, ки арзёбии ташаккулдиҳанда барои беҳбудии таълим ва баландбардории маърифатнокии хонанда ёрӣ мерасонад. Арзёбӣ натиҷаи таҳсили хонандагонро таҳти назорати доимӣ нигоҳ дошта, дараҷаи азхудкунии хонандагонро ташхис медиҳад, ба онҳо ёрӣ мерасонад ва раванди таълимро дуруст роҳандозӣ мекунад. Одатан банақшагирии раванди таълим дар асоси натиҷаи арзёбӣ ба роҳ монда мешавад, ки чунин аст:
1. Арзёбии ташакккулдиҳанда — ҷузъи асосии банақшагирии дарс
Дар ин намуди арзёбии ташаккулдиҳанда омӯзгор ҳангоми банақшагирии дарс фаъолиятҳоеро бояд ба нақша гирад, ки ҳам ба омӯзгор ва ҳам ба хонанда барои назорати раванди таълим шароит фароҳам оварда тавонад. Ин намуди арзёбӣ, асосан, бо се рукн тарҳезӣ карда мешавад:
Дар раванди омӯзиш ба роҳ мондани чунин намуди арзёбӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки дар марҳалаи банақшагирии дарс роҳу воситаҳои арзёбӣ муайян шуда, дараҷаи эътимоднокии он таҳлил карда шавад.
2. Арзёбии ташаккулдиҳандаи ба таҳлили раванди омӯзиш нигаронидашуда
Мақсади ба роҳ мондани чунин шакли арзёбӣ аз он иборат аст, ки хонандагон бояд дар раванди омӯзиш ба саволҳои зерин ҷавоб диҳанд:
Ин шакли арзёбӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки раванди таълимро таҳлил карда, ба дараҷаи дониши азхудкардаашон боварӣ ҳосил намоянд. Пас аз иҷрои ҳар як фаъолияти таълимӣ омӯзгорро лозим аст, ки ба воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳанда дараҷаи фаъолияти хонандагонро муайян намуда, таҳлил ва хулоса барораду фаъолияти минбаъдаи худро аз рӯйи натиҷаҳои ниҳоӣ муайян намояд.
3. Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун меҳвари дарс
Ҳар як фаъолияти таълимӣ, ки дар дарс амалӣ карда мешавад, бояд хусусияти арзёбии ташаккулдиҳанда дошта бошад, ба монанди супоришҳои амалӣ, саволу ҷавоб ва дигар фаъолиятҳои таълимӣ тарзе тарҳрезӣ карда шавад, ки ба хонандагон имкон фароҳам оварад, то ин ки раванди омӯзиши худро таҳлил карда тавонанд.
4. Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун рукни асосии омодагии касбии омӯзгор
Омӯзгорро лозим аст, ки дар раванди фаъолияти худ дониш ва маҳорати касбии худро баланд бардорад, малакаю маҳорати истифодаи воситаҳои гуногуни арзёбӣ дошта бошад ва онҳоро амалӣ карда тавонад. Манбаъҳои омӯзиш ва баланд бардоштани малакаю маҳорати омӯзгор чунин аст, ба ҷадвал нигаред:
5. Арзёбии ташаккулёбандае, ки ба дастовардҳои таълимии хонанда равона шудааст
Натиҷаи асосии кори ҳаррӯзаи омӯзгорро дастовардҳои хонанда ташкил медиҳад, ки дар давоми омӯзиши худ соҳиб шудааст. Ҳангоми арзёбӣ омӯзгорро лозим аст, ки тамоми дастовардҳои таълимии хонандаро ба эътибор гирифта, онро қадрдонӣ кунад. Ҳар як хонанда бояд имкони гирифтани тавсия, тақриз ва таҳлили фаъолияти худро дошта бошад. Агар омӯзгор дастовардҳои хонандагонро дуруст арзёбӣ накунад ва ҳавасманд нагардонад, қобилияти маърифатҷӯии хонанда паст мегардад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як дастоварди хонанда дар доираи имкон қадрдонӣ карда шавад.
6. Арзёбии ташаккулдиҳандаи асоснок ва қабулгардида
Омӯзгор ҳангоми пешниҳоди тавсияю натиҷаҳои арзёбӣ бояд чӣ гуна таъсир доштани онро ба эътибор гирад? Тавсияҳо ба хонанда то кадом андоза таъсири манфӣ ё мусбат расонида метавонад? Тавсия ва нишондодҳое, ки омӯзгор ба натиҷаи кори хонанда медиҳад, бояд ба тамоми фаъолияти хонанда иртибот гирад, на ба шахсияти ӯ. Тавсияву тақризҳое, ки омӯзгор ба хонанда медиҳад, бояд ба фаъолияти хонанда асоснок бошад, то зинаҳои дигари таҳсил ба натиҷаи хуб ноил шудани ӯ мусоидат кунад.
Дар ин намуди арзёбӣ натиҷаи он бояд боиси қабули тарафҳо бошад.
7. Арзёбии ташаккулдиҳандае, ки ба шавқу ҳаваси хонанда нигаронида шудааст
Арзёбӣ барои баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба таҳсил нақши муҳимме дорад. Омӯзгорро лозим аст, ки дар раванди арзёбӣ аввал ба дастовардҳои хуби хонанда диққат диҳад, сипас, фаъолияти дигари он, аз ҷумла, ғалату камбудиҳои ӯ таҳлил карда шавад. Тавсия карда мешавад, ки омӯзгор ҳангоми муошират ва таҳлили фаъолияти хонанда дар қадами аввал ҷиҳатҳои хуби корро баррасӣ кунад, баъд аз он роҳу усулҳои такмилдиҳии фаъолияти хонандаро мавриди амал қарор диҳад. Дар ин ҳолат хонанда ҳавасманд шуда, омӯзиши худро такмил медиҳад.
8. Арзёбии ташаккулдиҳандаи ба рушди минбаъдаи хонанда таъсиррасон
Барои таъсир расонидан ба самти рушди минбаъдаи хонандагон аз тарафи омӯзгор тавсияҳо дода шавад, ки боиси инкишофи минбаъдаи хонандагон шуда тавонад. Тавсияҳои омӯзгор бояд ба чунин шакл бошанд:
Тавсияҳо ҳамчун дастур пешниҳод карда мешаванд, то ки хонандагон самти такмилдиҳии омӯзишашонро пурра дарк карда тавонанд, дар ин маврид савияи донишашонро инкишоф дода, ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шуда тавонанд.
9. Арзёбии ташаккулдиҳандаи мақсади таълим ва меъёрҳои он
Хонанда дар раванди таълим бояд аз мақсади таълим огоҳ бошад, моҳияти омӯзиши онро дарк карда тавонад, то он ки мақсади онро фаҳмида, дар хусуси гирифтани таълим масъулияти баланд ҳис намояд. Чунин намуди меъёрҳои таълим се рукни асосиро дар бар мегиранд:
Омӯзгор дар оғози дарс мақсади омӯзиши онро муаррифӣ карда, дар раванди таълим бояд натиҷаи ниҳоияшро нишон диҳад. Хонанда низ бояд дарк карда тавонад, ки ҳар як дигаргуние, ки дар омӯзишаш пайдо мешавад, мавриди таваҷҷуҳ ва таҳлили омӯзгор қарор дода мешавад. Бояд тазаккур дод, ки амалисозии меъёрҳои арзёбӣ ва донистани он ба хонанда имкон медиҳад, ки тамоми фаъолияти таълимиашро ба тартиб дарорад ва онро барои ба даст овардани мақсаду натиҷаҳои муайян равона созад. Ба ҳамаи меъёру натиҷаҳои арзёбӣ бояд хонанда огоҳ бошад ва иштирок намояд. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки арзёбии ташаккулдиҳанда барои баланд бардоштани фаъолияти ҳаррӯза ва минбаъдаи хонандагон мавқеи асосӣ дошта, раванди таълим низ аз тарафи омӯзгор мавриди назорату таҳлил қарор дода мешавад. Баррасии арзёбии ташаккулдиҳанда ба омӯзгор имкон медиҳад, ки раванди таълимро мушоҳида намуда, ба ин васила, бо маслиҳату машварат фаъолияти худро барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии таълим равона созад. Ин навъи арзёбӣ хонандагонро водор месозад, ки фаъолияти ҳаррӯзаи худро инкишоф диҳанд, барои дастрасии фаъолияти ояндаашон шароиту имконият фароҳам созанд.