Райҳона СУЛАМАЕВА,
омӯзгори мактаби №30-и
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Вақте ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қабули он 30 сол сипарӣ мешавад, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд мо-омӯзгорони фанни ҳуқуқ ва таърих аз ин иқдом хеле хушҳол гаштем, чунки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан, наврасону ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва масъулиятшинос нақши ҳалкунанда мебозад. Тақвият ёфтани донишҳои мардум, алалхусус, наврасону ҷавонон роҷеъ ба меъёрҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, риояи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат мекунад.
Аҳаммияти тарбияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар замони муосир ва шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони пуртазод дар авлавияти кори давлат ва ҷамъият қарор гирифтааст. Барои ҳамин мо, омӯзгорони фанни ҳуқуқро зарур аст, ки ба омӯзонидани нозукиҳои ҳуқуқ дар мактабҳо бештар таваҷҷуҳ намоем ва бо роҳу усулҳои гуногуни ҷалбкунандаи муосир дарсгузарониро ба роҳ монем, то ки ба ин васила, дониши хонандагонро аз ин фан зиёд намоем. Ба донишомӯзон мафҳуми дурусти қонун ва донистани ҳуқуқи худро бештар талқин намоем, чунки донистани ҳуқуқҳои худ барои он заруранд, ки моҳияти инсонии ҳар як одам ҳимоя ва риоя карда шавад. Илова бар ин, вақте инсон ҳуқуқҳои худро медонад, ба ҳуқуқҳои дигарон арҷ мегузорад.
Яке аз унсурҳои дигари маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар мебошад, ки ин низом боис мегардад, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Барои хубтар ва фаҳмо баён кардани мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ ба хонандагон ва хуб дарк кардани маънии он, метавон аз мафҳуми маърифати оиладорӣ, маърифати муносибатҳои иҷтимоӣ ва монанди инҳо истифода бурд. Эҳтироми волидон, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз кирдори бад, аз сухани зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст. Илова бар ин, арҷ гузоштан ба ҳуқуқу манфиатҳои дигарон, риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол накардани низоми мушаххасшудаи идораву муассисаҳо, аз ҷумла, риояи талаботи таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, махсус ва олии кишвар аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб мешаванд. Ин падидаҳо бештар дар осори ниёкони мо баён гардида, наврасону ҷавононро дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунанд.
Яқин аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан, барои наврасону ҷавонон кори саҳлу осон набуда, шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифатро наметавон дар як рӯз ё як солу панҷ сол тайёр намуд. Барои ин солҳои тӯлонӣ зарур аст ва ин раванд дар робита бо оила, мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа метавонад самари нек ба бор оварад. Бояд гуфт, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд аз тарзу сифати омӯзиши ҳуқуқ ва риояи меъёрҳои он вобастагии зиёд дорад. Яъне, мо, омӯзгорон ва волидон бояд ба фарзандон ва шогирдони худ, аз хурдӣ ва давраи наврасӣ чӣ будани маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром гузоштан ба қонун ва ҳуқуқи шахси дигарро дар онҳо омӯзонем. Воқеан, бо дарназардошти вазъи иҷтимоии ҷомеа баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, ки дар натиҷа фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони моро баланд мебардорад, бисёр саривақтӣ буда, ҷомеа имрӯз ниёз ба азхудкунии фарогири донишҳои ҳуқуқӣ дорад.
Ин иқдоми Сарвари давлатро агар аз лиҳози илми мантиқ ё мантиқи ҳуқуқшиносӣ таҳлил намоем, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва бемушкилӣ зиндагӣ намудани мардум пешбинӣ гардидааст. Ба ҳар як хонанда дар рафти дарсҳои ҳуқуқ бештар талқин кардан лозим аст, ки аз рӯйи нишондодҳои таърихӣ шахсони дорои донишҳои хуби ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои кору масъулияти худ кам ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Дигар ҳолатҳои надониста вайрон намудани қонун, ки ҷавобгариро истисно намекунад, аз ҷониби чунин шахсон кам мегардад.
Ҳамчунин, риояи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ барои ҳамгироии бомуваффақияти касбии шаҳрвандон муҳим буда, ба самаранокии фаъолият мусоидат менамояд. Дар ҳақиқат, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба ташаккули фарҳанги қонуният, ҳифзи ҳуқуқ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини субот дар ҷомеа таъсири назаррас мерасонад. Барои ҳамин аҳаммияти таълими ҳуқуқиро ҳам дар миқёси инфиродӣ ва ҳам дар ҷомеа дастгирӣ ва инкишоф додан зарур аст, чунки имрӯзу ояндаи ҷомеа аз наврасону ҷавонон вобастагии зиёд дорад. Танҳо насли босавод ва соҳибҳуқуқ метавонад, миллату давлати худро аз ҷаҳолат наҷот бидиҳад. Дар ҳақиқат, бе баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи дурусти ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон ҳал намудани мушкилоти гуногуни ҷомеа ғайриимкон аст.
Мо, омӯзгоронро зарур аст, ки дар рафти машғулиятҳо (соатҳои тарбиявӣ) ва гузаронидани дарсҳо аз фанни ҳуқуқ аз китобҳои дарсии фаннӣ ва дигар китобҳои соҳаи ҳуқуқ ба шогирдони худ бо тамоми нозукӣ дарс гузарем, истилоҳотро шарҳ диҳем ва талқин кунем, ки инсон худро дар ҳамон маврид озод ҳис карда метавонад, ки соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳои кафолатнок бошад. Зарурати чунин ҳуқуқҳо, ба монанди ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, таьмини иҷтимоӣ дар вақти пиронсолӣ ва чунин озодиҳо, ба монанди озодии ҳуқуқи моликият, виҷдон, сухан, матбуот ва ғайра ба ҳама маълум аст. Бе амалӣ гардондани ин ҳуқуқҳои асосии инсон ҳеч гуна озодӣ, инсондӯстӣ, адолат ва беҳбудии ҳолати инсон шуда наметавонад.
Бинобар ин, ҳар як инсоне, ки ба дунё меояд, дорои ҳуқуқ ва озодиҳои фитрӣ буда, ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд. Ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз нажод, ранги пӯст, миллат, ҷинс, забон, баромади иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, молумулкӣ, мансаб, ақида, муносибат ба дин, иштирок кардан ё накардан дар иттиҳоди ҷамъиятӣ, ҷои истиқомат ва ҳолатҳои дигар дорои ҳуқуқ ва озодиҳои баробар мебошанд. Дорои ҳуқуқ ва озодиҳои гуногун будани шаҳрвандон маънои онро надорад, ки ҳар як шахс чӣ тавре ки хоҳад, ҳамон тавр рафтор намояд. Баръакс, баамалбарории ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии ҳар як шахс набояд ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро вайрон намояд, ба ҷамъият ва атрофиён зарар расонад. Ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи кишвар ва дигар санадҳои меъёриро риоя намояд.