Абдуфаттоҳ Шарифзода,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Фирдавс Шарифзода,
котиби якуми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кишвари дар Аврупои Марказӣ ҷойгирифтаи Словакия (масоҳаташ 49,035 км2 ва аҳолияш 5,4 млн. нафар) бо манзараҳои фараҳангези табиияш, кӯҳҳо, мағораҳои қадим, кушкҳои асримиёнагӣ ва шаҳрчаҳои ҷозиб, ёдгориҳои меъмории мардумӣ, осоишгоҳҳои минералӣ ва лижаронӣ, чашмаҳои гарму шифобахш дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ мебошад. 40%-и ҳудудашро ҷангалҳо иҳота карда, 80%-и мамлакат дар баландии 750 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад (қуллаи баландтарин – Герлаховски-Штит (2655 м) дар кӯҳҳои Татраҳои Баланди қаторкӯҳҳои Карпати Ғарбӣ). Шояд маҳз ҳамин аст, ки дар соли 2018 аз ин кишвари ҷолиби аврупоӣ 15,3 млн. нафар сайёҳ, яъне шумори се баробари аҳолии он, дидан кардаанд[3]. Аммо на ҳамагон аз мақоми сиёсӣ ва зарфиятҳои иқтисодии Словакия бохабаранд, ки аҳли зиёро бо фишурдаи он пеш аз иншои сатҳу муҳтавои муносибатҳояш бо Тоҷикистон дар поён шинос мекунем.
Ҷумҳурии Словакия пас аз фурӯпошии осоиштаи давлати Чехословакия 1 январи соли 1993 истиқлол ба даст овард. Словакия ҷумҳурии парлумонии демократӣ мебошад. Раиси ҳукумати он – Сарвазир – ихтиёрдори воқеии ҳокимияти иҷроия ва сарвари давлат – Президент – роҳбари расмии ҳокимияти иҷроия буда, дорои ваколатҳои хеле маҳдуд аст[6].
Словакия узви СММ, САҲА, Шурои Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Аврупо ва СААШ (НАТО), минтақаҳои Шенген (2007) ва Евро (2009) ба шумор меравад[6]. Братиславаи расмӣ барои саҳмгузорӣ ба таҳкими ҳамгироӣ дар дохили Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва тавсеаи он аз ҳисоби давлатҳои Балкани Ғарбӣ, ташаккули иттиҳодияҳои энергетикӣ, бонкӣ ва асъорӣ, татбиқи сиёсати умумии хориҷӣ, амниятӣ ва мудофиавии ИА талош меварзад. Фаъолият дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама, Гурӯҳи Вишеград (Словакия, Чехия, Венгрия ва Полша) ва “Формати Славковӣ” (Словакия, Австрия ва Чехия) бо такя ба пешбурди манфиатҳои кишварҳои узв дар ҳамдастӣ бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, татбиқи лоиҳаҳои фаромарзии нақлиётӣ, энергетикӣ ва кооператсионӣ, мусоидат ба таъмини манофеи ИА дар кишварҳои “Шарикии Шарқӣ” ва Осиёи Марказӣ авлавиятҳои дипломатияи словакиро таҷассум мекунад[5].
Аз лиҳози иқтисодӣ Ҷумҳурии Словакия кишвари нисбатан рушдкардаи саноатӣ-аграрӣ буда, мувофиқи арзёбии соли 2023 маҷмуи маҳсулоти дохилияш 133 млрд. долл. ШМА ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 24,5 ҳазор долл. ШМА-ро ташкил додааст. Сохтори соҳавии ММД-и Словакия аз саноат (28%), савдо, молия ва хизматрасониҳои маишӣ (26%), бахши иҷтимоӣ (11%) ва сохтмон (7%) иборат аст. Шарики асосии тиҷоратияш Иттиҳоди Аврупо (Олмон, Чехия, Полша, Австрия) буда, ба аъзои иттиҳод 80% содироти Словакия ва айнан ҳамин андоза воридот аз ИА рост меояд[6].
Шохаҳои муҳими соҳаи саноати Словакияро автомобилсозӣ, мошинсозӣ, электроника ва электротехника, истеҳсоли пӯлод, кулолгарӣ, бофандагӣ, коркарди хӯрока ва нӯшокӣ, аслиҳасозӣ ва маҳсулоти нафтӣ дар бар мегиранд. Дар ин кишвар ширкату корхонаҳои оламшумули автомобилсозӣ – «Volkswagen», «Peugeot», «Kia Motors», «Hyundai Mobis», металлургия «U.S. Steel» ва электроника «Samsung Electronics» бомуваффақият фаъолият доранд[2]. Дар ин радиф он нукта ҷолиб аст, ки Словакия дар дунё истеҳсолгари бузургтарини автомобилҳо ба ҳар сари аҳолӣ эътироф шуда, дар соли 2019 он 1,1 миллион адад мошин истеҳсол кардааст.
Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба рушди минбаъда ва тақвияти муносибатҳо бо Словакия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангу маориф ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак аҳаммият медиҳад. Равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия 4 феврали соли 1993 барқарор шуда, дар дарозои беш аз сӣ соли сипаришуда муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар дар руҳияи дӯстиву рафоқат ва эътимоду эҳтироми мутақобила ба таври муътадил ташаккул ёфтаанд. Дар ин давра мукотибаи дипломатӣ байни сарони ду давлат, табодули сафарҳои сатҳи баланд ва вохӯриву музокироти ҳайатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷараён доштанд.
Аз қадамҳои аввалини баҳамойии ҷонибҳо таъйини сафирон ғайримуқим буда, 7 октябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулода ва мухтори Словакия дар Тоҷикистон ҷаноби Роман Палданро ба муносибати супоридани эътимоднома қабул карданд. Дар рафти суҳбати дӯстона Сардори давлати тоҷикон изҳори дилпурӣ намуданд, ки оғоз шудани рисолати дипломати словакӣ ба пойдорсозиву густариш ёфтани равобити Тоҷикистону Словакия дар бахшҳои гуногун мусоидат карда, Тоҷикистон чӣ дар соҳаи тараққии саноат ва чӣ дар соҳаи тиҷорат пешомадҳои фаровон дорад. Имзо шудани созишномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника, гарави инкишофи минбаъдаи муносиботи ҳарду давлат хонда шуд[8].
Дар партави талошҳо баҳри таҳкими робитаҳои сиёсии мутақобилан судманди ду кишвар 30-31 августи соли 2007 сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Словакия ҷаноби Ян Кубиш ба Душанбе анҷом ёфта, ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат масъалаҳои роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Словакия ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи шарикӣ дар сохторҳои аврупоӣ (САҲА, ИА) ва байналмилалӣ (СММ) муҳокима гардиданд[1, с. 277]. Қабл аз оғози мулоқот Президенти кишвар аз нақши бевоситаи Ян Кубиш дар барқарорсозии сулҳи миёни тоҷикон ёдовар шуда, ӯро бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардониданд ва ин мукофоти олии давлатиро нишонаи қадршиносии арзандаи давлат ва мардуми Тоҷикистон маънидод карданд. Ҳангоми гуфтушунид ривоҷу равнақ додани ҳамкориҳо дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла, сиёсати байналмилалӣ, иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, кишоварзӣ, илму техника ва фарҳангу маориф тақозои замон ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои аслии ду кишвар арзёбӣ гардид [20, 267-268].
Пазироии навбатии намояндаи Словакия дар шаҳри Душанбе 21 майи соли 2019 сурат гирифт. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷаноби Мирослав Лайчак масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Словакия дар соҳаҳои гуногун, бавежа иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва варзишу сайёҳӣ матраҳ шуданд. Ҷонибҳо барои таҳкими шарокати байнидавлатии Тоҷикистону Словакия дар ин бахшҳо омодагии худро собит карданд. Ҳамзамон, баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар хусуси муқовимат ба терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Душанбе аз тадбирҳои муҳими байналмилалӣ дар мубориза бо ин вабои аср арзёбӣ гардид[9].
Дар навбати худ, номаҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Словакия хонум Зузана Чапутова ба унвони Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 ва 2020 ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбину умедбахш ҳастанд. Ӯ бо хушнудӣ муносибатҳои неки Словакия ва Тоҷикистонро зикр намуда, итминон додааст, ки равобити ду кишвар бар асоси барои ҷонибҳо судманд дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак минбаъд низ густариш меёбанд. [19].
Саъю кӯшишҳои ҷомеаҳои дипломатии ҷонибҳо ҷиҳати ҷонноксозии муносибатҳои гуногунҷабҳа дар зарфи даҳ соли охир тақвият ёфта, натиҷаҳои муайян доданд. Ҳамин тавр, 26 ноябри соли 2014 дар Братислава сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо иқоматгоҳ дар Вена) Насредин Исматулло (ҳоло муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Словакия Андрей Киска супорид. Дар рафти мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Словакия, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ ва таҳкими муҳовараи созанда баррасӣ шуданд[18]. Бо гузашти қариб як сол, дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ (3 октябри соли 2015) вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Словакия ҷаноби Мирослав Лайчак мулоқот ороста, зарурати вусъат додани муколамаи сиёсиро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи қолаби ҳамкории Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо таъкид доштанд. Зимни дидор М. Лайчак роҷеъ ба қарори Ҳукумати Словакия ҷиҳати расонидани кумак ба Ҳукумати Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои офати табиии дар кишварамон рухдода С.Асловро хабардор намуд[15].
4 ноябри соли 2016 ва 20 апрели соли 2018 мутаносибан дар шаҳрҳои Душанбе ва Братислава даврҳои навбатии машваратҳои сиёсӣ, ки дар он ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҷониби Словакияро Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури Аврупо Лукаш Паризек роҳбарӣ намуданд, барпо гаштанд. Зимни гуфтушунидҳо мавзуоти мубрами равобити Тоҷикистону Словакия, аз ҷумла, рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва сайёҳӣ муҳокима гардиданд. Омодагии ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ ва зарурати андешидани тадбирҳои муштарак дар раванди татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ таъкид гардид.
Бояд зикр кард, ки зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон (ноябри 2016), ҳайати расмии Словакияро ҳайати соҳибкорони бонуфузи словакӣ ҳамроҳӣ намуда, дар мизи мудаввари соҳибкории Тоҷикистону Словакия ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур имкониятҳои равнақ додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, ба роҳ мондани тамосҳои мустақим миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику словакӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд[14].
Рӯйдодҳои болозикр аз динамикаи баланди рушди муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории иқтисодӣ дарак дода, дар солҳои баъдӣ чунин тамоюл низ идома ёфт. Чунончи, 18 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури аврупоии Ҷумҳурии Словакия баргузор шуд, ки дар рафти он тарафҳо баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳангию башарӣ мароқ зоҳир карданд[13].
Роҳбари ҳайати Тоҷикист зимни машваратҳои сиёсӣ дар Братислава (апрели 2018) бо аъзои Шурои миллӣ (Парлумон)-и Словакия таҳти роҳбарии раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Словакия Петер Марчек мулоқот карда, зимни баррасии масъалаҳои роҳандозӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду давлат ба зарурати табодули сафарҳои вакилони мардумии ҷонибҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуд[16].
Солҳои охир маъракаҳои ба роҳандозии пайвандҳои муфиди Тоҷикистону Словакия дар бахшҳои муҳимми иқтисодию тиҷоратӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар иртибот ба ин, 14 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо раиси Шурои содироткунандагони Словакия Лукаш Паризек баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои умдаи рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иқтидори сармоягузорӣ бо назардошти зарфиятҳои содиротии Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт[12]. Возеҳан созишҳои дар Душанбе ҳосилгардида буд, ки бо гузашти тахминан ним сол, 28 феврали соли 2023 дар шаҳри Братислава аввалин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия бо иштироки муовини вазири корҳои хориҷии кишвар ва муовини вазири иқтисоди Словакия Питер Шветс баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Словакия ва соҳибкорони ҳарду кишвар дар самтҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, истихроҷи нафту газ, фармасевтӣ ва ғайра ширкат варзиданда, робитаҳои судманд ба роҳ монданд[17].
Ахиран, 8 январи соли 2024 вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати словакӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқот сафири фавқулода ва мухтори Словакия дар Тоҷикистон В.Боретско азму нияти ҷониби Словакияро ҷиҳати густариш додани равобити тиҷоратӣ ва афзоиши табодули молу маҳсулот бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт. Директори Бонки содироту воридоти Словакия М. Демак омодагии бонкро барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти роҳу нақлиёти Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи насби тарозуҳо барои ченкунии воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт изҳор намуд. Раҳбари ширкати «Betamont» Ростислав Бабитс бошад гуфт, ки метавонад бо шарикони тоҷикистонӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Вазири нақлиёт А.Иброҳим ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ изҳор намуд. Дар поёни музокирот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар бораи тахсиси қарз ва гранти имтиёзнок барои иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Словакия ба имзо расид[10].
Миёни Тоҷикистону Словакия созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи кумаки сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ қаблан ба имзо расидаанд, вале дар ин самт иқтидору имкониятҳои фарох истифоданошуда боқӣ мондаанд[11]. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду давлат қаноатбахш набуда, дар соли 2023 он 1 млн. 276 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст[7].
Аз ин рӯ, ҳангоми музокираҳо миёни Тоҷикистону Словакия дар оянда бахшҳои рушдёфтаи саноати коркард ва коркардшаванда, электроника, мошинсозӣ, аз ҷумла, саноати мудофиавӣ, кимиё, сохтмон, нақлиёт, энергетика, тандурустӣ ва дорусозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ метавонанд дархӯри ниёзу таваҷҷуҳи ҷониби мо маънидод гарданд. Бад-ин хотир, созишҳо дар мавриди таъсис ва фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, баргузории ҳамоишҳои соҳибкорону сармоягузорон, баимзорасонии санадҳои бунёдии соҳавӣ (созишномаҳои канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ) ва шартномаҳо дар бораи шарикии тиҷоратӣ ва бахшҳои давлатию хусусӣ ба татбиқи амалии ҷанбаҳои гуногуни ҳамгироии иқтисодӣ бо Словакия заминаи мусоид ва қавӣ хоҳанд гузошт.
Дар бобати ҳамкориҳои гуманитарӣ бояд гуфт, ки ҳамасола дар доираи барномаи Ҳукумати Словакия ба довталабони тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар риштаи магистратура аз рӯи соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод мегарданд[4]. Дар баробари ин, ҳамкориҳои гуногунҷанбаи воқеӣ набояд танҳо бо соҳаи таҳсилоти олӣ маҳдуд шаванд, балки фарогири тадбирҳои мушаххас дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаҳои илму техника, сайёҳӣ ва омӯзиши комёбиҳои Словакия дар зербахшҳои гуногуни саноат бошанд. Барои ташвиқу таконбахшии чунин равандҳои матлуб албатта ба сатҳи олӣ бардоштани робитаҳои мустақими сиёсӣ, идомаи мантиқии муколамаи ҷомеаҳои дипломатӣ ва мақомоти соҳавии ду кишвар шароити мусоид муҳайё хоҳад кард.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ
1. Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Дар ду ҷилд. Ҷилди 1 / Зери назари Ҳ. Зарифӣ. – Душанбе, 2009. – 296 с.
2. “Иқтисоди Словакия” дар Донишномаи Britannica [Манбаи электронӣ]. URL: https://www.britannica.com/place/Slovakia/Economy (ба забони англисӣ)
3. Маҷмуаи омори солонаи сайёҳии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ [Манбаи электронӣ]. URL: https://data.worldbank.org/ indicator/ST.INT.ARVL?locations=SK&name_desc=false
4. “Муносибатҳои Тоҷикистон бо Словакия”//Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: https://mfa.tj/tg/main/view/1385/ munosibathoi-tojikiston-bo-slovakiya
5. Маълумотномаи кишвари Словакия//Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия. [Манбаи электронӣ]. URL: https://mid.ru/ru/maps/sk/
6. Маълумотномаи кишварии Словакия [Манбаи электронӣ]. URL: https://european-union.europa.eu/principles-countries-history/country-profiles/slovakia_ru
7. Омори савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]. URL: https://gumruk.tj/index.php/2018-06-12-04-34-10/2018-06-14-07-44-16/2018-06-14-07-45-21/117-2018-06-23-19-42-48
8. Супурдани эътиборнома // Ҷумҳурият. – 1997. – 11 октябр. – №58 (19.976). – С.1.
9. Суҳбати Пешвои миллат бо Мирослав Лайчак // Садои мардум. – 2019 – 23 май. — №58.
10. “Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид” дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”. [Манбаи электронӣ]. URL: https://khovar.tj/2024/01/bajni-vazorati-na-liyoti-to-ikiston-va-bonki-sodirot-va-voridoti-slovakiya-yoddoshti-tafo-umi-amkor-ba-imzo-rasid/
11. “Таджикистан и Словакия подпишут Соглашение о поощрении и взаимной защиты инвестиции”//Агентии иттилоотии “Азия плюс”. [Манбаи электронӣ]. URL: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/politics/20130204/tadzhikistan-i-slovakiya-podpishut-soglashenie-o-pooshchrenii-i-vzaimnoi-zashchity-investitsii
12. “Вохурӣ бо раиси Шурои содироткунандагони Словакия”// Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]. URL: https://mfa.tj/tg/ main/view/10997/vokhuri-bo-raisi-shuroi-sodirotkunandagoni-slovakiya
13. Хабари иттилоотии “Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Словакия” дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]. URL: https://mfa.tj/tg/main/view/2240/vokhurii-vaziri-korhoi-khorijii-tojikiston-bo-kotibi-davlatii-vazorati-korhoi-khorijii-jumhurii-slovakiya
14. “Машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия”//Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: https://mfa.tj/tg/main /view/1790/mashvarathoi-sijosii-bainiidoravi-mijoni-jumhurii-tojikiston-va-jumhurii-slovakiya
15. “Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Словакия”// Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]. URL: https://mfa.tj/tg/main/view/1107/muloqoti-vazironi-korhoi-khorijii-tojikiston-va-slovakiya
16. “Мулоқоти М. Ҳусейнзода бо аъзои Парлумони Словакия”// Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]. URL: https://mfa.tj/tg/main/view/3181/muloqoti-m-huseinzoda-bo-azoi-parlumoni-slovakiya
17. “Нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия” // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: https://mfa.tj/tg/main/view/12157/nakhustin-anjumani-sohibkoroni-tojikistonu-slovakiya
18. “Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти Словакия”//URL: https://mfa.tj/tg/main/view/619/suporidani-etimodnomai-safiri-tojikiston-ba-prezidenti-slovakiya
19. “Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 09.09.2020” // Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: http://www.president.tj/node/23774
20. Шарифзода А. Эмомалӣ Раҳмон: Оғози марҳилаи нав (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар соли 2007). Китоби 17. Нашри дуюм. / А. Шарифзода, З. Қосимӣ. – Душанбе: Ифрон, 2011. – 372 с.