Маърифат АШӮРОВА,
мудири шуъбаи кадр ва котиботи
ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд

Дар замони кунунӣ ҳамон хонандае ба мақсад мерасад, ки дорои дониш, малака ва маҳорат ва сифатҳои баланди инсонӣ, монанди ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва меҳнатдӯстӣ бошад. Барои бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намудани шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миё наи умумӣ, пеш аз ҳама, омӯзгорон бояд дониши мукаммал дошта бошанд, онро ба шогирдони худ дода тавонанд, аз усулҳои муосири таълим истифода намоянд, муносибати худро ба таълим аз рӯйи муносибати бо салоҳият ба роҳ монанд. Имрӯз дар тамоми макотиби ҷумҳурӣ оид ба муносибати бо салоҳият ба таълим ҳарф мезананд ва барои амалӣ намудани он дар раванди тадрис кӯшиш менамо янд. Бояд донист, ки ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим аз тағйир ёфтани шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҷаҳонишавӣ ва ворид шудан ба низоми ягонаи таҳсилот, талаботи нав ба шахсият ва сифатҳои касбии шахс, суръати навшавии маълумот дар тамоми соҳаҳо маҳсуб меёбад.

Бо дарназардошти паҳлуҳои муносибати босалоҳият дар таълими забони тоҷикӣ ташаккули ду самти асосӣ ба назар гирифта шудааст: ташаккули салоҳиятҳои забонӣ ва иртиботӣ. Салоҳияти забонӣ, асосан, ба омӯзиши қоидаву қонунҳои забон шиносӣ алоқамандӣ дошта, салоҳияти иртиботӣ бошад, барои такмили маҳорати суханварӣ, мураттаб сохтани матни ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ ҳам чунин, ҷиҳати тақвияти донишҳои фанни адабиёт шароити мувофиқ фароҳам меорад.

Тарзи омӯзиши ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ, ба инсон ҳамеша муҳим аст. Аз ин рӯ, дар навиштаи мазкур ба таври намуна аз рӯйи муносибати боса лоҳият ба таълим нишон дода шудааст, ки метаво над барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос чун маводи ёрирасон ҳангоми таълими мавзуъҳои ҳуҷҷатнигорӣ истифода шавад, ҳамзамон, барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чун маводи дарсӣ дар вақти омӯзиши мавзуи кор бо матни ҳуҷҷатҳо ёрӣ расонад.

  Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷатгузорӣ дар қаламрави кишвар танҳо бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Дар моддаи 6-и боби 2 «Забони кории мақомоти ҳокимияти давлатӣ» омадааст: «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд». Ин маънои онро дорад, ки низомнома, оиннома, қарор, фармону фармоиш, ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ, маълумотномаҳо бояд бо забони тоҷикӣ омода карда шавад. Дар ҳолатҳои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони дигар тарҷума карда мешаванд. Дар моддаи 16-и боби 4 «Забони коргузории ташкилотҳо» чунин оварда шудааст: «Кор гузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо забони давлатӣ сурат мегирад. Забонҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд». Аз ин рӯ, тарзи дурусту бехато омӯзонидани ҳуҷҷатҳо ба шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз талаботи қонуни мазкур ва муносибати боса- лоҳият ба таълим ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки асоси низоми давлату давлатдориро коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ташкил медиҳад. Дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ, умуман, дар ҳама ҷо тартибу низоми кор аз коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ оғоз мешавад. Яке аз талаботи ҳуҷҷатгузорӣ сарфаи вақт аст. Коргузорӣ усули таъсис, таҳия ва тартиб додани ҳуҷҷатҳо, шакл, намуд, қоидаи баррасии худро дорад. Донистану риояи он хеле зарур аст, чунки маҳз коргузорӣ фаъолияти идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва кормандонро ба тартибу танзим медарорад. Дурусту самаранок омӯзиши ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ ҳар гуна бенизомию бетартибӣ ва бемасъулиятиро дар идораву таш килот ва муассисаҳо пешгирӣ карда метавонад. Ҳуҷҷатҳо чор намуд мешаванд:

1 Ҳуҷҷатҳои ташкилӣ-фармоишӣ: қонун, фармон, қарор, дастурамал, низомнома, оиннома.

2. Ҳуҷҷатҳои ахборотию иттилоотӣ: таъкиднома, қарордод, шартнома, аҳднома, гузориш, шаҳодатно ма, аннотатсия, тақриз, барқия, тавсиянома, мактуб, баёнот, ваколатнома.

3. Ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ: ариза, тарҷумаи ҳол, тавсифнома, варақаҳои шахсӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, ИНН (рақами мушаххаси андозсупоранда), СИН (суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа).

4. Ҳуҷҷатҳои оморӣ.

Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷат аз навиштани ҷумлаҳои мураккаб, шарҳталаб бояд худдорӣ намуд. Матни ҳуҷҷат бояд кӯтоҳ ва аниқу возеҳ бошад, матлабро мушаххас ифода карда тавонад. Аксари ҳуҷҷатҳои идорӣ дар шакли қолабҳои тайёр сурат мегиранд ва ин тақозо мекунад, ки фикр боз ҳам кӯтоҳ, мухтасар, яъне, фишурда ва муъҷаз ифода ёбад.

Услуби расмӣ-коргузорӣ аз воситаҳои тасвири бадеӣ, ба монанди маҷоз, тавсиф, ташбеҳ орӣ буда, калимаҳо ба маънои аслиашон кор фармуда мешаванд. Дар ҳуҷҷатҳо бояд:

а) фикр мухтасар ва бе сухани зиёдатӣ бошад;

б) ба кӣ аз тарафи кӣ навишта шуданаш аниқ бошад;

в) бо хати хоно ва беғалат навишта шуда, калимаи духӯра надошта бошад; г) ба қолаби намуди стандартишудаи ҳуҷҷат мувофиқ бошад.

Омӯзиши ҳуҷҷатҳо бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим (ба таври намуна)

Ариза бо истифода аз усули «кластер» фаҳмонда мешавад. Аризаи маъмулӣ, ки аксаран кормандон онро менависанд, аризаи ба кор қабул шудан, ба рухсатӣ рафтан ва ё аз кор озод шудан мебошад. Аризаро аслан дар варақи А4 бо даст менависанд, ё дар компютер чоп мекунанд. Навишти қисми ариза, ки дар он вазифа, унвон, ному насаби роҳбари муассиса, вазифа, унвон, ному насаби аризадиҳанда аз мобайни варақ бе сархат оварда мешавад.

Намунаи матни баёнот

                                                                           Ба директори муассисаи таҳсилоти                                                    миёнаи умумии рақами 45, шаҳри Хуҷанд                                                                       Абдуллоева М. Д.

                                               аз номи омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ

                                                                                                                    Обидова М. Д.


                                                            Баёнот

Санаи 15-уми декабр аз сабаби бемор шуданам, ба кор дар вақти муқарраршуда омада натавони стам, зеро дар қабули духтури оилавӣ будам. Дар инбора маълумотномаи тиббӣ, ки аз тарафи духтури оилавӣ дода шудааст, пешниҳод карда мешавад.

                                                    Имзо Обидова М. Д.

                                               16-уми декабри соли 2019

Тарҷумаи ҳол санад-маълумотномаест, ки дар бораи ҳаёт, ҳолу аҳволи шахс аз тарафи худи ӯ навишта мешавад. Ин санад қолабӣ нест. Дар ин ҳуҷҷат тартиби замонии маълумот бояд пурра риоя гардад. Тарҷумаи ҳол дар шакли озод, дастӣ, бидуни ислоҳ ва хато, бо тасвири ҳатмии масъалаҳои зерин тартиб дода мешавад:

1. Моҳ, сол ва ҷойи таваллуд, дар кадом оила ба дунё омадааст, падару модар қаблан дар куҷо кор мекарданд, ҳоло ба чӣ кор машғуланд.

2. Кай ва дар кадом муассисаи таҳсилоти таълимӣ таҳсил кардааст, соҳиби кадом маълумот мебо шад.

3. Аз кадом вақт ба кори мустақилона шурӯъ кардааст, сабаби ба кори дигар гузаштан.

4. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ.

5. Ҳизбият ва собиқаи ҳизбӣ.

6. Кадом корҳои ҳизбию ҷамъиятиро иҷро кардааст (дар куҷо, кай, ба ҳайси кӣ?).

7. Аъзои оила ба маълумоти кӯтоҳ дар хусуси хешовандони наздик (бародарон, хоҳарон, шавҳар, зан, падару модари шавҳар ва зан).

8. Кадоме аз хешовандон аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум шудааст, танбеҳ гирифтааст, суд ва ё аз болояш тафтиш гузаронида шудааст (барои чӣ, дар куҷо ва кай?).

9. Дигар маълумоте, ки метавонад ҳолномаро мукаммал намояд.

10. Нишонӣ.

11. Тарҷумаи ҳол бояд бодиққат навишта шавад.

Варақаи тарҷумаи ҳол бо нишондоди талаботи боло бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ дар шакли тайёр мавҷуд аст.

Намунаи тарҷумаи ҳол:

                                                       Тарҷумаи ҳол

Ман, Асадова Малика Ёдгоровна, 25-уми декабри соли 1990 дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Деваштич дар оилаи деҳқон таваллуд шудаам. Падарам Асадов Ёдгор соли таваллудаш 1965 дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Арзанда» ба ҳайси бригадир кор мекунанд ва модарам Асадова Марям Бобоев на соли таваллудаш 1967 соҳибхоназан мебошанд. Соли 2007 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и деҳаро ба охир расонида, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанд омада, ба ДДХ ба номи ака демик Б. Ғафуров, ба факултети филологияи тоҷик дохил шудам. Донишгоҳро соли 2011 бо дипломи аълои ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гаштам. Аз соли 2011 инҷониб дар рӯзномаи «Маорифи Суғд» фаъолият менамоям.

Ман як хоҳару як додар дорам. Хоҳарам Асадова Маҳина Ёдгоровна (соли таваллудаш 2002) дар синфи 11 ва додарам Асадов Масрур Ёдгорович (соли таваллудаш 2007) дар синфи 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳия таҳсил доранд.

Аз аҳли оилаи мо касе ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст, доғи судӣ надоранд.

Ман дар суроғаи ноҳияи Деваштич, деҳаи Меҳробод, кӯчаи Озодӣ 15 бо аҳли оила зиндагӣ дорам.

                                                 Имзо Асадова М. Ё. 

                                              25 августи соли 2019

                                                            Замима

Муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар карда шудааст:

1. Китоби фармоишҳо — 75 сол

2. Китоби бақайдгирии коркунони педагогӣ — 75 сол

3. Китобҳои қарори Шурои педагогӣ абадӣ

4. Китоби қайди алифбои хонандагон — 50 сол

5. Парвандаи (дело)-и шахсии хонандагон — 35 сол

6. Китоби бақайдгирӣ ва супоридани гувоҳнома дар бораи хатми МТМУ — 50 сол

7. Китоби баҳисобгирии мукофотонидани хонандагон — 50 сол

8. Китоби бақайдгирии дарсҳои ногузашта ва ивазшуда — 5 сол

9. Журнали синфӣ — 70 сол

10. Дафтари гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ — 3 сол

11. Китоби қарорҳои ҷаласаи назди директор — 5 сол

 12. Ҳуҷҷатҳои шахсии омӯзгорон — 75 сол

13. Китоби қарорҳои Шурои методӣ абадӣ

14. Ҷадвали баҳоҳои ҷамъбастӣ — 25 сол

15. Дафтари баҳисобгирии аттестатсияи омӯзгорон — 50 сол

16. Қарорҳои комиссияи аттестатсияи хатм ва гузариш — 75 сол

                                                       Адабиёт

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе, 2015.

4. Маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ (қисмҳои 1 ва 2). – Душанбе соли 2014.

5. Диловаров М. Ҳуҷҷатнигорӣ. / М. Диловаров, С. Қурбонов. – Душанбе: Эр – граф, 2012.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *