Дониёр САНГИНЗОД,
муовини ректори Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор

Эътироф, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷузъи маърифати ҳуқуқӣ буда, бе донишомӯзӣ, бе маърифатнокии аҳолӣ, бе ҷараёни мунтазами таълим номумкин аст. Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ маърифатнокӣ ва тарбияву таълимоти ҳуқуқиро металабад. Инсон ҳар чӣ қадар бештар аз ҳуқуқу озодиҳои фардӣ бархурдор бошад, сатҳи истифодаву риояи онҳо ҳамон қадар беҳтар мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи фарҳанги умумиинсонӣ буда, маҷмуи арзишҳои ҳуқуқиест, ки аз насл ба насл то ба замони мо омада расидааст.
28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, чунки дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиноси касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, такмили сиёсати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои ҳуқуқшинос, баланд намудани сатҳи донишомӯзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо дар назар доштани дурнамои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои дорои донишҳои махсуси иттилоотӣ дар шароити васеъ шудани иттилои ҳуқуқӣ, таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои нави ҳуқуқшиносон, ки барои кор дар шароити роҳандозии ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омодаанд, мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот бо дар назар доштани ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла, ҷорӣ намудани махзани иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, иттилоъгардонии фаъолияти судӣ, тафтишотӣ, мурофиавӣ, оперативӣ-ҷус- туҷӯӣ, иттилои ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
-ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
-таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
-таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.
Таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 сол, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин Фармон имкон дод, ки чунин ҳадафҳои эълони 2024-ро ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» муайян ва ошкор намоем:
1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
2. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ.
3. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он.
4. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун.
5. Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.
6. Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ.
7. Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.
Барои дарки пурра ва мукаммали ин ҳадафҳо онҳоро шарҳ хоҳем дод.
1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:
— дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани фанҳои ҳуқуқшиносӣ;
— бо роҳи ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояшон ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо;
-ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
-таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
-таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.
Гузаронидани тадбирҳои зикршуда ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок мекунанд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
2. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ
Арзишҳои ҳуқуқӣ арзишҳое фаҳмида мешаванд, ки дар қонун комилан ё қисман таҷассум ёфтаанд. Ба чунин арзишҳо озодӣ, адолат, баробарӣ, кумаки мутақобила, яъне, арзишҳое дохил мешаванд, ки дар доираи чорчӯбаи қонун ва ахлоқ амал мекунанд. Дар айни замон муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат мебошанд. Арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ дар шароити волоияти қонун бо мазмуни нав пур шудаанд, зеро падидаи ҳуқуқӣ вобаста ба тағйирёбии шароити иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ метавонад рушд ёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шароити муосир ташаккул ёфтааст, қодир аст, кафили арзишҳои ҳуқуқии демократӣ бошад.
Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки доираи муайяни субъектҳо оид ба паҳн намудани дониш оид ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва роҳҳои татбиқи онҳо, ба таври мунтазам таъсир расонидан ба шуур ва рафтори насли наврас бо мақсади ташаккули ақидаҳо, арзишҳои мусбӣ, самтҳо, муносибатҳое, ки риоя, иҷро ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин, ташаккули шуури ҳуқуқиро таъмин мекунанд.
Масалан, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ барои хонандагон ва донишҷӯён ин фаъолияти мақсадноки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ (мактабҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, техникумҳо, донишкада ва донишгоҳҳо), ки ба фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии муҳассилин дар асоси арзишҳои ҳуқуқии умумибашарӣ нигаронида шудааст.
Ин тарғиб бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:
-фароҳам овардани шароит барои ошкор ва рушди қобилияти эҷодии донишҷӯён, худмуайянкунии шаҳрвандӣ ва худшиносӣ дар рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонӣ;
— ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён;
— ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва шуури ватандӯстӣ;
— ташаккули сифатҳои шахсии барои фаъолияти самараноки касбӣ зарурӣ;
— тарбия намудани малакаҳои идоракунии даста дар шаклҳои гуногуни худидоракунии донишҷӯён;
— мустаҳкам намудан ва беҳтар намудани ҳолати ҷисмонӣ, кӯшиш ба тарзи ҳаёти солим, тарбия намудани муносибати оштинопазирона ва рафтори зиддиҷамъиятӣ;
— пешгирии ҷинояткорӣ.
3. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он
Институти ҳуқуқи инсон муҳимтарин институти ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад. Оғози ибтидоии ташаккули мақоми ҳуқуқии шахс аз он иборат аст, ки шахс ба шаҳрвандии давлати муайян мансуб аст, ки қобилияти ҳуқуқии ӯ бевосита аз он бармеояд. Асоси ҳуқуқии ташаккул ва рушди он принсипҳои умумибашарӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон, амали бевосита, баробарӣ ва принсипи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои давлат мебошад. Ҳамаи ин принсипҳои конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳо самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян намуда, асоси мақоми ҳуқуқии он мебошанд. Мазмуни институти ҳуқуқи инсон маҷмуи ҳуқуқу озодиҳое мебошад, ки онҳоро ба ҳуқуқҳо дар соҳаи бехатарии шахс, ҳаёти шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тақсим кардан мумкин аст.
Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун ин муносибати эҳтиромона мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ки ба шаъну шарафи шахс асос ёфта, баробарии вазъи иҷтимоии онҳоро ифода ва таъмин менамояд. Ин фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба эътироф, муттаҳид намудан дар сарчашмаҳои меъёрӣ, ҳифзи тамоми маҷмуи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як шахс мебошад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ мебошад. Бидуни эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он вобаста аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ, таъмини бетарафӣ ва адолати ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.
4. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун
Баланд бардоштани мақоми қонун (Волоияти қонун) яке аз принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ дар аксари кишварҳост. Ин принсип маънои онро дорад, ки қонун сарчашмаи олии меъёру қоидаҳо дар ҷомеа буда, тамоми меъёрҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба он мувофиқ бошанд ва хилофи он набошанд.
Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун дар асоси принсипи асосии зерин амалӣ мегардад:
— шинохти қонун ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқӣ ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он;
— тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ вазифадоранд, ки дар доираи қонун амал кунанд ва ҳуқуқ надоранд ба он мухолифат намоянд;
— ҳама гуна қоидаҳо, меъёрҳо ё қарорҳое, ки ба қонун мухолифанд, эътибор надоранд ва татбиқ карда намешаванд;
— риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо фароҳам овардани қоидаву расмиёти равшану пешгӯишаванда таъмин мегардад;
— судҳо ҳуқуқ доранд, ки риояи волоияти қонунро назорат кунанд ва қарору амали ғайриқонунии мақомоти давлатиро бекор кунанд.
5. Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ
Рафтори ҳуқуқӣ як навъи рафторест, ки дар он ирода ва амалҳои (амал ё беамалӣ) шахс ба меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда мувофиқат мекунанд. Ба маънои дигар, рафтори ҳуқуқӣ рафтори шаҳрванди қонунриоякунанда аст. Рафтори ҳуқуқӣ натиҷаи маърифати ҳуқуқии ташаккулёфта мебошад. Дар навбати худ, худи маърифати ҳуқуқӣ ба эътирофи арзишҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва институтҳои ҳуқуқӣ ҳамчун танзимгари беғаразонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ асос меёбад. Масалан, дар муассисаҳои таълимӣ рафтори ҳуқуқии донишҷӯёнро танҳо дар сурате ташаккул додан мумкин аст, ки агар барои ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои таълимӣ маърифати умумии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад. Яъне, рафтори ҳуқуқӣ дар ҳолати мавҷуд будани ду шарт ташаккул дода мешавад: сатҳи зарурии шуури ҳуқуқӣ ва сатҳи зарурии маданияти ҳуқуқӣ. Агар ин ду шарт мавҷуд бошанд, мо метавонем бигӯем, ки мо як шаҳрванди қонунриоякунанда мебошем.
Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ яке аз муҳимтарин принсипҳои масъулияти ҳуқуқӣ, шарти асосии самаранокии он мебошад. Аҳаммияти пешгирикунандаи ҷазо на бештар аз вазнинии он, балки ба ногузирии он вобаста аст. Ногузир будани масъулият маънои онро дорад, ки ягон ҳуқуқвайронкунӣ набояд ошкорнашуда, аз назари давлат ва ҷомеа, бе вокуниши манфии онҳо, дур намонад. Вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо тамоми қувваи қонунро истифода баранд, то ки одамон дар ҳар маҳал ғамхории давлатро дар бораи сулҳу осоиш ва поквиҷдонии худ ҳис кунанд ва мутмаин бошанд, ки ягон ҳуқуқвайронкунанда аз ҷавобгарӣ раҳо нахохад шуд.
Ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳама ҳуқуқвайронкунӣ бояд вокуниши давлатро ба бор орад. Ин вокуниш дар ҷазои ногузир ба ҷинояткор ва барқарор намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ифода меёбад. Ҷазо ҳамчун аксуламали ногузир на ба хотири худ, балки ба хотири як ҷанбаи дигари ногузир амалӣ мешавад, то дар оянда субъект вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо вайрон накунад.
6. Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ
Иттилооти ҳуқуқӣ маҷмуи тадбирҳоест, ки дар давлат ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилооти ҳуқуқӣ дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ нигаронида шудаанд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилоти давлатӣ, дигар мақомоту ташкилоте, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд.
Принсипҳои асосии таъмини ҳуқуқи дастрас кардани иттилоот инҳоянд:
а) дастрас ва ошкоро будани иттилоот;
б) ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот;
в) сари вақт пешниҳод кардани иттилоот;
г) ҳифзи ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот, аз ҷумла, аз тариқи суд;
д) ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот;
е) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сеюм ҳангоми вогузоштани иттилоот;

ж) маҳдудияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро муқаррар намудани қонун танҳо ба ҳадде, ки он барои ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат, обрӯву эътибор ва беғаразии адолати судӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарур мебошад.
Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбат ба ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад:
а) қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис- тон бояд ҳатман нашр гарданд;
б) дар бораи ҳолатҳои фавқулодае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгириҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра, зарур аст;
в) дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархурдоранд;
г) дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;
д) дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилот ва шахсони мансабдори онҳо.
7. Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон
Дар назди таҳсилоти ҳуқуқии муосир вазифаи тайёр кардани мутахассиси босалоҳият ва рақобатпазир меистад. Касби ҳуқуқшинос на танҳо маҳорати касбӣ, балки бенуқсон донистани забони давлатӣ ва беш аз ду забони хориҷӣ, маҳорати дақиқ, возеҳ ва мантиқии андешаро тақозо мекунад. Маълум аст, ки калом дар ҳар як соҳаи фаъолияти ҳуқуқшиносӣ воситаи асосии пешбурди дурусти кор мебошад. Салоҳияти касбии ҳуқуқшинос хусусияти қобилияти ӯ дар ҳалли масъалаҳое мебошад, ки хусусиятҳои фаъолияти касбӣ, вижагиҳои салоҳиятҳои забони хориҷӣ ва тафовути таҷрибаи ватанӣ ва хориҷиро дар соҳаи ҳуқуқ инъикос мекунанд. Салоҳиятҳои касбии забони хориҷӣ ҳамчун мафҳуми педагогӣ бояд чунин ҷанбаҳои фаъолияти касбии ҳуқуқшиносро, аз қабили ҳавасмандӣ-ихтиёрӣ, функсионалӣ, коммуникативӣ ва рефлексивиро инъикос намуда, дониш, малака ва маҳорати ҳалли масъалаҳои мушаххаси фаъолияти касбии ҳуқуқшиносонро муттаҳид созанд. Салоҳиятҳои касбии забони хориҷӣ ба чор гурӯҳ тасниф мешаванд: лингвистӣ-коммуникатсионӣ, функсионалӣ-методӣ, касбӣ-амалӣ ва равонӣ.
Раванди ташаккули салоҳияти касбии забони хориҷии донишҷӯи ҳуқуқшинос бояд дар асоси моделе сурат гирад, ки ҷузъҳои ташхисӣ, таҳлилӣ, мақсаднок, моддӣ ва мурофиавӣ, марҳилаҳои азхудкунии салоҳиятҳои касбии забониро дар бар мегирад. Модел, инчунин, маҷмуи шартҳои психологию педагогиро дар бар мегирад: пешбурди салоҳиятҳои забони касбӣ дар ихтисоси ҳуқуқӣ ҳамчун ҳадафҳои таълими забони хориҷӣ; интихоб ва сохторбандии мундариҷаи маводи таълимӣ ба забони хориҷӣ бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти ояндаи касбии ҳуқуқшинос дар шароити ҳамкории байналмилалӣ; истифодаи усулҳо ва шаклҳои таълим, ки намунаҳои инкишофи қобилиятҳои заруриро барои азхудкунии салоҳиятҳои касбии забонӣ амалӣ менамоянд ва ғайра.
Аз ин рӯ, эълони соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои расидан ба ҳадафҳои номбаргардида равона гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Адабиёт:
1. Сотиволдиев Р. Ш. Назарияи давлат ва ҳуқуқ. — Душанбе, 2018.
2. Саъдизода Ҷ., Пирова Г. С. Унсурҳои таркибии тарбия дар қаринаи тарбияи ҳуқуқӣ// Вестник Филиала Московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе. 2022. Т. 2. № 4 (28). — Саҳ. 112-120.
3. Саъдизода Ҷ. Ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқи инсон дар шароити эъмори давлати ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. — Душанбе, 2017.
4. Раҷабзода Р. М. Мафҳум ва мазмуни фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ// Маҷаллаи академии ҳуқуқ. 2020. № 2 (34). Саҳ. 74-76.
5. Маҳмудзода М. А., Раҳимзода М. З. Асос-ҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ барои синфи 8-ум. — Душанбе, Маориф, 2017.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *